AI ба Эмомалӣ Раҳмон: Ба ҳуқуқи башар таваҷҷуҳ кунед

AI ба Эмомалӣ Раҳмон: Ба ҳуқуқи башар таваҷҷуҳ кунед

Созмони Amnesty International аз раисиҷумҳури мунтахаби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват кард, ки дифоъ аз ҳуқуқи башарро дар меҳвари фаъолияти ҳукуматаш қарор диҳад.

Amnesty International (AI) ё Афви Байнулмилал дар як ёддошт дар робита ба интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми раисиҷумҳур гуфтааст, ки ба қонуншиканиҳои зиёд дар бахши ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ва бидуни муҷозот мондани гунаҳкорон бояд хотима дода шавад.

Аз нигоҳи ҳомиёни ҳуқуқи башар, баъди бори чаҳорум ба ифои вазифаи раисиҷумҳурӣ шурӯъ карданаш Эмомалӣ Раҳмон бояд ба раванди ислоҳот дар бахши дифоъ аз ҳуқуқи башар сарварӣ кунад ва аз ҷумла, рӯи ислоҳоти низоми адолати додгоҳӣ ва арҷгузорӣ ба ҳаққи мардум барои ибрози назар тамаркуз намояд.

ШИКАНҶА – ПАДИДАИ МАЪМУЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН?

Дар ёддошти AI аз чанд пешрафти солҳои ахир дар бахши ҳуқуқи башар, аз ҷумла, муқаррар кардани муҷозоти ҷиноӣ барои шиканҷа, манъи ҳукми қатл, тасвиби қонуни ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ ва чораҳои зарурӣ барои ҳифзи ширкаткунандагони мурофиаи додгоҳӣ, ба вижа, осебдидагон ва шоҳидон аз фишору тарсдиҳӣ истиқбол шудааст. 

Бо вуҷуди ин, гуфта шудааст дар ёддошти AI, шиканҷа ва бадрафторӣ чун падидаи маъмулӣ боқӣ мемонанд ва масъулине, ки аз ин иқдом кор мегиранд, беҷазо мемонанд. Намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва вакилони мудофеъ дар Тоҷикистон дар робита ба 96 шикоят аз шиканҷа ва бадрафторӣ дар солҳои 2010-2012 санад таҳия кардаанд ва аммо фақат аз рӯи ҳамагӣ чанд шикоят тафтиши беғаразона ва муассир сурат гирифтаасту халос. Аксар вақт тафтиши ҳолатҳои шиканҷа ва бадрафторӣ бо ҷазои ночиз ба гунаҳкорон анҷом меёбад. Парвандаҳои ҷиноӣ низ аксар вақт аз рӯи банди “сӯиистифода аз ваколат” ифтитоҳ мешаванд ва на аз рӯи банди нави Қодекси ҷиноӣ, ки шиканҷаро манъ кардааст, навиштаанд муаллифони ёддошт ва афзудаанд, ки то ҳол фақат се ҳолати истифода аз банди нави қонун сабт шудаасту халос.

Бар пояи хабарҳо, ахиран чанд корманди мақомоти интизомӣ, ки аз рӯи банди “сӯиистифода аз ваколат” маҳкум ба зиндон шуда буданд, бар пояи Қонуни афви соли 2011 аз ҳабс озод карда шуданд. Ҳамчунин, ба навиштаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, аксар вақт робитаҳои наздики шахсӣ ё кории додситонҳо ва намояндагони ҳифзи тартибот тафтиши беғаразонаи парвандаҳоро номумкин месозанд.

ВАКИЛОНИ ДИФОЪ МУСТАҚИЛ НЕСТАНД

AI аз тарҳи қонун “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти вакилони мудофеъ” ҳам изҳори нигаронӣ кардааст. Бархе бандҳои ин тарҳ, ки аз сӯи гурӯҳи кории Вазорати адлия баррасӣ мешавад, ба мустақилияти вакилони дифоъ таҳдид мекунад, зеро Комиссиюне, ки дар мавриди додан ё лағв кардани муҷаввизи адвокатӣ тасмим мегирад, бояд таҳти сарпарастии вазорати адлия фаъолият намояд. Муаллифони ёддошт аз он нигаронанд, ки ин шояд баҳонае барои бозхондани муҷаввизи вакилони дифоъ бо далелҳои сиёсӣ гардад.

Ҳамза Икромзода бар асари шиканҷа дар маҳбас даргузаштAI аз он ҳам изҳори ташвиш кардааст, ки дар Тоҷикистон дастрасии вакилони дифоъ ба боздоштшудаҳо маҳдуд аст, ба вижа, ҳангоми боздошт ва тафтишот, замоне ки онҳо метавонанд мавриди шиканҷа, бадрафторӣ ё фишори ғайриқонунӣ қарор бигиранд. Зиёда аз ин, вакилони дифоъи тоҷик мегӯянд, ки онҳо барои мулоқот бо афроди таҳти ҳимояташон бояд иҷозаи хаттии кормандони милисаву мақомоти амниятиро дарёфт намоянд. Ин гуна маҳдудиятҳо хоси боздоштгоҳҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва раёсати махсуси вазорати умури дохилии кишвар аст.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ахиран теъдоди ҳарчи бештари маҳбусон ба мубориза алайҳи беҷазо мондани он нозирони зиндон бармехезанд, ки ҳуқуқҳои онҳоро дағалона поймол месозанд. Аммо ин мубориза мунҷар ба таъқибу фишори ҳарчи бештари худи маҳбусон мегардад. Аз ҷумла, муассисаи ислоҳии 3/3 дар шаҳри Хуҷанд бо он “машҳур” шуд, ки нозиронаш алайҳи ин гуна маҳбусони “саркаш” аз тарсонидан, латукӯб, дар ҳуҷраҳои танҳо нигаҳ доштан, сарпечӣ аз хадамотӣ тиббӣ ва боз кардани парвандаҳои тақаллубӣ ва ба ин васила тамдид кардани муҳлати ҳабс кор гирифтанд. Афви Байнулмилал навиштааст, аз ҷумла, маҳбусоне, ки дар бораи истифодаи шиканҷа ва бадрафторӣ нисбати Ҳамза Икромзода қабл аз маргаш дар моҳи сентябри соли 2012 дар маҳбаси шаҳри Душанбе хабар доданд, аз сӯи масъулини зиндон муҷозот шудаанд.

СУОЛҲОИ БЕҶАВОБИ ҲАВОДИСИ ХОРУҒ

Рӯзҳои амалиёти низомӣ дар ХоруғAфви Байнулмилал ба нақзи ҳуқуқи мардуми осоишта ҳангоми амалиёти низомӣ дар шаҳри Хоруғ дар моҳи июли соли 2012 алайҳи фармондеҳи собиқи мухолифини мусаллаҳ Толиб Айёмбеков ҳам таъкид кардааст.“Ба иддаои намояндагони нерӯҳои амниятии ҳукуматӣ, амалиёти низомӣ алайҳи “ҷинояткорони ҳамдаст бо гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Афғонистон” равона шуда буд”, навиштаанд муаллифони ёддошт. Пажуҳише бо пуштибонии Бунёди ҳуқуқи башари Ҳелсинки ва гурӯҳи созмонҳои ғайриҳукуматии Тоҷикистон дар моҳҳои феврал ва марти соли 2013 собит кард, ки низомиён ҳангоми амалиёт барои дифоъ аз аҳолӣ чораи зарурӣ наандешиданд ва ин мунҷар ба ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани сокинони осоишта гардид. Муқаррар гардид, ки дар амалиёти низомӣ 20 сокини осишта кушта ва тақрибан 40 нафари дигар захмӣ шуданд. Айни ҳол дар бораи тафтишоте, ки Додситонии кулли Тоҷикистон дар робита ба талафоти аҳолӣ гузаронд ва ҳамчунин талафот миёни низомиён дар ин амалиёт иттилое мавҷуд нест.

AI аз нақзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон барои озодии баён ва ширкат дар ҷамъомаду гирдиҳамоиҳо изҳори нигаронӣ кардааст. Муаллифон аз тақозои ҳукумат барои ба Тоҷикистон истирдод кардани нахуствазири пешин Абдумалик Абдуллоҷонов ва тоҷир Умаралӣ Қувватов ва парвандаи ҷиноӣ алайҳи Зайд Саидов, ки ангезаи сиёсӣ доранд, ёдовар шудаанд. Ба ақидаи нозирони байнулмилалӣ, таъқибу фишори мақомот болои фаъолони сиёсӣ ва таҳдиди ин гуна таъқиб ширкати мухолифин дар интихоботи раёсатҷумҳуриро ба таври назаррас маҳдуд кард. Aфви Байнулмилал аз афзоиши фишор болои Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳамлаву таҳдид ба аъзои ин ҳизбу пайвандони онҳо ва маъракаи густурдаи бадномсозии наҳзатиҳо қабл аз интихоботи раисиҷумҳурӣ ҳам ёдовар шуда афзудааст, ки ҳамла ба муовини раиси ҳизб Муҳаммадалии Ҳайит дар шаҳри Душанбе тафтиш нашудааст.

AMNESTY INTERNATIONAL АЗ РАИСИҶУМҲУР ЧӢ МЕХОҲАД?

Дар фарҷоми ёддошт AI ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавсия додааст, ки имзову тасвиби Протокол ба Муоҳадаи алайҳи шиканҷа ва ташкили низоми мустақили тафтиши маҳбасу боздоштгоҳҳо, дастрасии бидуни монеаи нозирони мустақил ва фаъолони шаҳрвандӣ ба маҳбасҳо, аз ҷумла, ба зиндони 3/3-и шаҳри Хуҷандро таъмин кунад. Аз сарвари Тоҷикистон дархост шудааст, ки барои мубориза бо далелҳои бидуни ҷазо мондан тавассути таъсиси бунгоҳи мустақили тафтиши ҳама арзу шикоятҳо оид ба нақзи ҳуқуқи башар аз сӯи кормандони ҳифзи тартибот ва мақомоти амниятӣ иқдом кунад. Ҳомиёни ҳуқуқи башар мехоҳанд, ки раҳбари Тоҷикистон ба мавзӯи таъмини дастрасии боздоштшудагон ба вакили мудофеъ билофосила баъд аз боздошт ва имкони машварати чашм ба чашми онҳо низ таваҷҷуҳ намояд.

AI тавсия додааст, таъқибу муҷозоти осебдидагон ва шоҳидоне, ки дар бораи шиканҷаву бадрафторӣ хабар медиҳанд, қатъ карда шавад. Муаллифони ёддошт хостори тафтиши воқеъбинона ва беғаразонаи ҳодисаҳои ҳалокату ҷароҳат бардоштани мардуми осоишта дар амалиёти шаҳри Хоруғ, ба додгоҳ кашидани муҷримон ва ҷуброн ба хонаводаҳои қурбониён шудаанд. Онҳо аз раисиҷумҳури Тоҷикистон хостаанд, ки аз ҳаққи мардум ба изҳори ақида ва ширкат дар ҷамъомаду гирдиҳамоиҳо, аз ҷумла, дар арафаи интихоботи парлумонии соли 2015 дифоъ кунад.

Ozodi