Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Амиралӣ Икромов, бародари маҳбуси ҳалокшуда, дар толори Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мавриди латукӯб қарор гирифта, модари Ҳамза Икромзодаро дар ҳузури судя Мирзоев таҳқир кардаанд.
Дар ин бора худи Амиралӣ Икромов ба TojNews иттилоъ дод.
Бино ба гуфтаи вай, оилаи Икромовҳо бо даъвати суд имрӯз,15-уми апрел ба Суди ноҳияи Сомонӣ ҳозир шуда, аз мурофиаи судии Маҳмуд Исмоилов, ки дар даст доштан дар қазияи марги маҳбус муттаҳам мешавад, огоҳ набудаанд.
- Мо намедонистем, ки он ҷо мурофиа ҳаст. Моро даъват карданд, гуфтанд, соати 10:00 ба кабинети №4 биёед. Мо омадем, моро ба мурофиа дароварданд. Он ҷо аз 30 нафар ҳам бештар омада буданд. Маҳмуд Исмоилов паси панҷара хандида меистод ва ба мо гуфт, ки ҳар чӣ аз дастатон ояд, кунед. Мо гуфтем, ки адвокатмон нест, то 5-уми май баррасии парвандаро мавқуф гузоред. Бо ариза расман муроҷиат кардем. судя Рустам Мирзоев аризаи моро ба инобат нагирифта, мурофиаро давом додан гирифт. Ман гуфтам, ки мо иштирок намекунем. Маро кашола карда, ба берун бароварданд. Модарам ҷанҷол бардошт, ман хоҳиш кардам, ки модарамро аз толори Суд берун кунам, аммо маро кашола карданд, дастам ҷароҳат бардошт. Як нафар, ба назарам, аз кормандони Суд буд, галстук дошт, маро ба рӯям зад, - мегӯяд Амиралӣ Икромов.
Зулайхо Ҷӯраева, модари Ҳамза Икромзода, бо чашмони гирён мегӯяд: "Дар Суд гуфтанд, ки айбдоршаванда Маҳмуд Исмоилов 11 бародар доштааст, ҳама либосҳои низомӣ доштанд. Яке аз онҳо маро дар назди Суд, назди судя таҳқир кард, гуфт, "очата ме...м, саг", - "чӣ коре аз дастат ояд, кун", - гуфт".
Дар Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба TojNews гуфтанд, "ҳоло дар суд касе нест, ҳоло вақти "обед" аст..."
Дар наздиктарин фурсат TojNews шарҳи Суди Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо ба хонандагон пешниҳод хоҳад кард.
Ёдрас мешавем, ҷасади сокини 28-солаи ноҳияи Ҳисор, Ҳамза Икромзода, тирамоҳи соли гузашта ба наздиконашон бо осори зиёди шиканҷа, аз ҷумла, осори сӯхта супурда шуда буд.
Прокуратураи генералӣ бо супориши президент Эмомалӣ Раҳмон қазияро ба дӯш гирифта, гуфта буд, ба даст доштан дар ҳодисаи марги Ҳамза Икромзода се нафар гумонбар дониста мешаванд.
Наздиконаш мегӯянд, Ҳамза Икромзода қурбонии шиканҷа аз ҷониби масъулини маҳбаси №1-и шаҳри Душанбе бо шумули Рустам Тоштемиров, роҳбари ин муассиса, шудааст.
Чанд тан аз маҳбусони маҳбаси №1, ки дар қазияи мазкур шоҳидӣ дода буданд, баъдтар ба маҳбаси Хуҷанд интиқол дода шуда, гуфта мешавад, таҳти шиканҷа аз баёноти худ даст кашидаанд.
Маҳмурод Одинаев, падари яке аз маҳбусон - шоҳидони қазияи марги Ҳамза Икромзода мегӯяд, ҳоло ду нафар - Садриддин Тошев, маъруф ба Қорӣ Садриддин ва Суннатулло Ризоев, ки ғайриқонунӣ ба маҳбаси Хуҷанд интиқол ёфтанд, аз баёноти додаашон дар мавриди латукӯб ва куштори Ҳамза Икромзода даст накашидаанд.
Ахиран, баъди расонаӣ шудани сабти видеоӣ ва аксҳое, ки дар он маҳбусон ҷароҳатҳои дар натиҷаи шиканҷа бардоштаашонро ба навор гирифтаанд, нисбати ҳар дуи онҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, мақомот онҳоро ба сохтакории далелҳои айбдоркунӣ муттаҳам мекунад.
Бино ба гуфтаи адвокат Файзинисо Воҳидова, мақомоти прокуратура зерҳимояашро тибқи моддаи 346, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дидаву дониста, расонидани хабари бардурӯғ, бо роҳи сохтани далелҳои сунъии айбдоркунӣ, бо истифода аз воситаҳои ахбори омма гунаҳкор мекунанд.
- Мақомот дар натиҷаи тафтишот ба хулосае омаданд, ки он аксҳое, ки дар ҳафтаномаи “Азия-Плюс” ва сомонаи бахши тоҷикии Радиои "Озодӣ" бо нишони латукӯб ва шиканҷаи маҳбусон ба чоп расиданд, кори худи маҳбусон буда, онҳо ҳамдигарро ба ин ҳол расонида, сипас, аксбардорӣ намуда буданд.
Инчунин, онҳо бо моддаи 332-и Кодекси ҷиноӣ, ки дар он барои кирдорҳое, ки кори ҷойҳои маҳрумият аз озодиро номураттаб месозанд, айбдор карда мешаванд, - афзуд Файзинисо Воҳидова.