Баррасии шикояти модари ҷавони фавтида ба таъхир афтод

Мурофиаи судӣ бо шикояти Тоҷинисо Каримова, модари Шамсиддин Зайдуллоев, ки ба гуфтаи наздиконаш дар натиҷаи шиканҷа аз ҷониби кормандони Агентии зидди маводи нашъаовар ба ҳалокат расидааст, ба ҷумъаи оянда гузошта шуд.

Ин мурофиа бояд нимаи дуюми рӯзи 13-уми январ дар Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор мегардид, аммо, ба гуфтаи адвокат Саймумин Кабиров, бо сабаби ҳозир нагардидани намояндаи Прокуратураи генералии кишвар мавқуф гузошта шуд.

Тавре Кабиров, адвокати оилаи Зайдуллоевҳо дар суҳбат боFaraj.tj гуфт, “бо қарори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳодисаи марги Зайдуллоев Шамсиддин парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида буд. Аммо баъдан бо сабаби гӯё набудани аломати ҷиноят парвандаи ҷиноятии зикршуда қатъ карда шуд. Вале мо чунин ақида дорем, ки амали ҷиноят дар ин ҳодиса мавҷуд аст, бинобар ҳамин, ба ин қарори прокуратура розӣ нашуда, ба суд оиди беамалии мақомоти давлатӣ, яъне Прокуратураи генералӣ шикоят овардем. Имрӯз бояд шикояти мо баррасӣ мешуд. Чӣ тавре, ки дар суд ба мо гуфтанд, бо сабаби наомадани намояндаи Прокуратураи генералӣ баррасии парвандаи мазкур ба ҳафтаи дигар гузошта шуд. Сабаби ҳозир нашудани намояндаи прокуратураро ба мо нагуфтанд».

Ба қавли адвокат, вобаста ба баррасии ин парванда дар Суди ноҳияи Сино бори дуюм аст ҷамъ меоянд. Аммо маротибаи аввал низ, ки мурофиа рӯзи 27-уми октябри соли гузашта таъин шуда буд, баргузор нагардид.

Шамсиддин Зайдуллоев, сокини 25-солаи шаҳри Душанбе, ронандаи таксӣ моҳи апрели соли 2015 аз ҷониби кормандони Агентӣ бо гумони гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар боздошт шуд. Ӯ баъди чанд рӯзи нигаҳдорӣ дар боздоштгоҳи муваққатии Агентии назорати маводи нашъаовар аз дунё гузашт. Пайвандони ҷавон мегӯянд, ки марги ӯ дар натиҷаи латукӯб ва шиканҷа фаро расидааст.

Ба гуфтаи модари қурбонии эҳтимолии шиканҷа Тоҷинисо Каримова, писари ӯ Шамсиддин ба мусофиркашонӣ машғул буд. 8-уми апрели соли 2015, тахминан соати 18, вақте ки писараш дар кор буд, ба наздаш се нафари ношиноси либоси мулкипӯш омаданд (баъдан ӯ номи онҳоро дониста гирифтааст, ки Зафар, Умед ва Фирдавс ном доштаанд), бо ӯ ба мошин нишаста ва бе он кихудро муаррифӣ кунанд, ба дастонаш завлона зада, ба баданаш бо даст кӯфтаанд. Пас аз он, ки чанд нафар аз ҳамсояҳову роҳгузарон монеъи латукӯби Шамсиддин мегарданд, ҳар се ӯро раҳо карда, завлонаро аз дастонаш мекушоянд. Баъдан падару модари Шамсиддин ҳам расида омада, ҳамроҳ бо ҳамсояҳо ӯро ба хона бурдаанд.

Бинобар гуфтаи Саидҷон Зайдуллоев, падари Шамсиддин, ҳамон бегоҳ, 8-уми апрели соли 2015, тахминан соати 20 ба хонаи онҳо кормандони Агентии назорати зидди гардиши маводи нашъаовар бо се мошини сабукрав омаданд. Ин навбат онҳо худро муаррифӣ карданд ва миёнашон нафарони бо номи Зафар, Умед ва Фирдавс, ки пештар нисбати Шамсиддин аз зӯрӣ истифода бурданд, будаанд.

- Кормандони Агентӣ бо изҳори ин, ки дар бораи шарик будани ӯ дар ҷиноят тамоми далелҳоро дар даст доранд, аз Шамсиддин талаб карданд, то ҳамроҳашон равад, аммо кадом ҷиноят, маълумоти дақиқ надоданд. Дар ҳар ду ҳолат ҳам онҳо ягон ҳуҷҷати худро пешниҳод накарданд ва ниҳоят Шамсиддинро ба Агентӣ бурданд,- мегӯяд падари сарсону ҳайрон, ки маъюби гуруҳи дуюм асту чашмонаш хира мебинанд.

Тоҷинисо Каримова, модари зору музтари Шамсиддин дар идома мегӯяд, рӯзи дигар, 9-уми апрел бо писараш Шамсиддин дар бинои Агентӣ мулоқот доштааст.

 - Вақте ман сари писарамро сила кардам, ӯ ногаҳон гуфт, ки аз пушт ҷароҳат дорад ва он дард мекунад. Ман оҳиста пурсидам, ки магар ин ҷо ӯро заданд? Дар ҷавоб Шамсиддин бо нишони тасдиқ сар ҷунбонд. Ман гаштаву баргашта аз писарам пурсидам, ки агар ягон гуноҳе карда бошад, қоил шавад, дар колонияи ислоҳотӣ будан беҳтар аз он аст, ки ин ҷо латукӯб шавӣ. Вале ӯ гуфт, ки «оча, ман ронандаи оддиям, куҷое мизоҷ гӯяд, ба ҳамон ҷо мебарам. Ман дар ягон кор гунаҳкор нестам». Аммо баъдтар мо фаҳмидем, ки чанд рӯз қабл аз ин яке аз мизоҷони дар мошинаш нишаста «шартнома»-и маводи нашъаовар доштааст. Вале барои чӣ писари ман ҷонашро қурбон кард?,- нақл мекунад Тоҷинисо Каримова, замоне, ки гиря гулӯгираш мекард.

Ба гуфтаи ин модар, 10-уми апрел, вақте ки ӯ боз ба Агентӣ барои дидани писараш омад, муфаттиш дар ҷояш набудааст. Рӯзи дигар, 11-уми апрел, боз мулоқоти ӯро бо писараш рад кардаанд. Ҳамон бегоҳ Шамсиддин бо телефони муфаттиш ба модараш занг зада, хабар додааст, ки барои ӯ адвокат бигиранд, зеро имрӯз дар суд нисбаташ бо ҷурми гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар чораи пешгирикунанда дар намуди ҳабс муқаррар кардаанд. Волидони ин қурбонии эҳтимолии шиканҷа мегӯянд, ки хостанд бо адвокат рӯзи 12-уми апрел Шамсиддинро бубинанд, аммо бо муфаттиш дар тамос шуда натавонистаанд. Субҳи барвақти 13-уми апрел, тахминан соати 06:30 волидон ба бинои Агентӣ рафтаанд, то ба писарашон хӯрокворӣ расонанд, аммо дар ҳамин вақт ба падари Шамсиддин ҷиянаш занг зада, хабар додааст, ки Шамсиддин даргузаштааст.

Волидон ҳамон замон ба даромадгоҳи Агентӣ шитофтанд ва талаб карданд, ки писарашонро нишон диҳанд. Яке аз кормандони Агентӣ хабар додааст, ки Шамсиддин зинда аст ва дар шуъбаи эҳёгарии Маркази миллии таббӣ қарор дорад.

 - Мо ба он ҷо рафтем, аммо дар бинои 5-ум ба мо гуфтанд, ки писартон нест ва бояд ба бинои 15-ум (сардхона) равем. Дар роҳ ба бинои мазкур ба ман як хешам занг зада, хабар дод, ки ҷасади писарам дар сардхонаи ВКД (дар ҳудуди Шаҳраки тиббӣ) аст. Баъд мо ба он ҷо рафтем ва ҷасади писарамонро шинохтем. Бадани ӯ пур аз доғ ва хунрезиҳо буд. Бо пойфишории зиёд азназаргузаронии ҷасадро талаб кардем. Вале ташхиси судӣ-тиббӣ муайян намуд, ки гӯё Зайдуллоев Ш. бар асари пневмонияи дутарафа ба ҳалокат расидааст. Писари мо дар ҳаёташ бемории ҷиддие надошт ва маводи нашъаовар ҳам истифода намекард. Ӯ яке аз мошинҳои ширкати «Эйшн экспресс»-ро иҷора гирифта, таксиронӣ мекард ва дар як шабонарӯз 200 сомонӣ ба ширкат месупурд. Пас чӣ гуна писари мо нашъаманд будаасту пневмония доштааст. Ин дар ҳолест, ки пеш аз оне, ки ба ин ширкат ба кор қабул шавад, ташхиси хун карда, аз назорати чандин духтур гузашта буд. Илова бар ин, ронандаҳои мусофиркаш ҳар субҳ пеш аз ба кор баромадан аввал аз назорати духтур мегузаранд. Ман сад дар сад бовар дорам, ки писарам дар натиҷаи муносибати бераҳмонаи кормандони ин идора фавтидааст,- гуфт Тоҷинисо Каримова.

Адвокат Саймумин Кабиров мегӯяд, чанд соат пеш аз вафоти Зайдуллоев Ш., табибони «Ёрии таъҷилӣ»-е, ки кормандони Агентӣ даъват намуда, ӯро бурдаанд, ташхис гузаронидаанд, вале ягон хел нишонаи пневмонияро муайян накардаанд. Ҳангоми ба АНМН бурдан низ Зайдуллоев аз ҷониби табибони қисми тиббии Агентӣ муоина карда шудааст ва солим будани ӯро зикр намудаанд, ки дар ин бора сабти ҷавобгӯ вуҷуд дорад. Рӯзи 14-уми майи соли 2015 аз ҷониби Прокуратураи генералии ҶТ ташхиси судӣ-тиббии комиссионӣ таъин карда шуд, ки ба он намояндагони Маркази ташхиси судӣ-тиббии ҷумҳуриявӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шомил гардиданд.

- Илова бар ин, рӯзи 27-уми май бо ҳузури ман эксгуматсияи ҷасади Зайдуллоев Шамсиддин гузаронида шуд. Мувофиқи хулосаҳои ташхиси судӣ-тиббии комиссионӣ, ки аз ҷониби Маркази ташхиси судӣ-тиббии ҷумҳуриявӣ 3-юми августи соли 2015 гузаронида шуд, марги Зайдуллоев Ш. метавонист аз зарари вазнини ҷисмонӣ фаро расад: дар ӯ 4-5 қабурғаи шикаста аз тарафи чапи қафаси сина ва ҷароҳати пӯшидаи косахонаи сар аз қисми пушт муайян карда шуд. Ин аз расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ дар боздоштгоҳи муваққатии Агентӣ аз ҷониби кормандони ниҳоди мазкур шаҳодат медиҳад, зеро ҳангоми интиқол ба тавқифгоҳи муваққатии АНМН Зайдуллоев аз муоинаи тиббӣ гузашта, сиҳат баромада буд ва аз чизе шикоят надошт,- гуфт Кабиров.

Дар ҳамин ҳол, Агентии назорати зидди гардиши маводи нашъаовари кишвар даст доштани кормандони худро дар марги боздоштшуда Ш. Зайдуллоев рад кардааст.

Дар посухи расмии ин ниҳод гуфта мешавад, ки «Рӯзи 12-уми апрел, тахминан соати 14 ҳолати Зайдуллоев Шамсиддин, ки барои фурӯши маводи нашъаовар аз ҷониби кормандони Агентӣ боздошт шудаву ҳамон вақт дар тавқифгоҳи муваққатии АНМН нигаҳдорӣ мешуд, нохуб гардид: ба баданаш ларза афтод. Навбатдорони Агентӣ «Ёрии таъҷилӣ»-ро даъват карданд, ки баъди 20 дақиқа расида омад. Боздоштшударо муоина карда, қайд намуданд, ки ӯ қаблан маводи нашъаовар истеъмол мекардааст, ки дар натиҷа ба «ломка» афтод ва тавсия доданд, то ӯро ба диспансери наркологӣ баранд. Боздоштшударо ба Диспансери наркологии ҷумҳуриявӣ бурданд, ки дар он ҷо ба ӯ ёрии зурурии тиббӣ расонида шуд. Зайдуллоев ду соат зери «капелнитса» қарор дошт. Баъд боздоштшударо барои идомаи муоина ба истгоҳи «Ёрии таъҷилӣ» бурданд. Дар истгоҳи «Ёрии таъҷилӣ» бемор Зайдуллоев пурра муоина карда шуд. Аз ҷониби табибон бемории шадид ташхис гардида, барои гузаронидани эзогастроскопия тавсия дода шуд. Аммо Зайдуллоев ин амалиётро тамоман рад карда, ҳатто дар ин бора забонхат навишт. Тахминан соати 23:15 ӯро боз ба Агентӣ оварданд, ки он ҷо ӯ то субҳ дар камера буд. Тамоми ин муддат навбатдорони Агентӣ ва нозирони тавқифгоҳи муваққатӣ бевосита дар назди дари камераи ӯ қарор доштанд ва ҳолаташро назорат мекарданд.

Қариб соати 5-и субҳ нозири тавқифгоҳи муваққатӣ ба қисми навбатдорӣ хабар дод, ки вазъи боздоштшуда Зайдуллоев Ш. ногаҳон бад шудааст. Навбатдор фавран «Ёрии таъҷилӣ»-ро даъват намуд, ки ҳозир шуда, «марг аз камбудии дил»-ро қайд кард.

 Дар бораи ин ҳодиса мақомоти прокуратура ва корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ фавран хабардор карда шуданд. Кормандони прокуратура ҳамроҳ бо ташхисгари судӣ-тиббӣ ҷасадро аз назар гузаронида, протоколи муносиб тартиб доданд. Дар он зикр шудааст, ки «нишонаҳои зоҳирии марги маҷбурӣ дарёфт нашуд». Ва бо ҳамин далели муносибати бераҳмона аз ҷониби кормандони АНМН аз байн рафт.

Ба ғайр аз ин, дар ҳамаи биноҳои Агентӣ, аз он ҷумла дар ҳар ду ошёнаи тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ камераҳои назоратӣ насб карда шудаанд, ки бо кӯмаки онҳо назорати шабонарӯзии ҳамаи ҳодисаҳои дар АНМН рухмедода пеш бурда мешавад.

Дар рафти тафтишот Зайдуллоев нишондод дод, ки тахминан аз моҳи декабри соли 2013 ба истеъмоли героин оғоз кардааст. Модари Зайдуллоев зикр намуд, ки тахминан якуним сол пеш писари ӯ дар Диспансери наркологии ҷумҳуриявӣ барои вобастагӣ аз героин табобат гирифтааст».

Вале волидони марҳум Зайдуллоев Ш. мегӯянд, бо дархости Мамараҷаб Одинаев, адвокати онҳо аз Маркази клиникии наркологии ҷумҳуриявии ба номи М. Ғ. Ғуломов аз 4-уми май ҷавоб омадааст, ки Шамсиддин Зайдуллоев дар қайди диспансери наркологӣ 9-уми апрели соли 2015 будааст.

- Яъне, дар асл, ӯ ба қайди муассисаи мазкур рӯзи дуюми баъди боздошташ аз ҷониби кормандони АНМН гузошта шудааст. Аз ин бармеояд, ки ӯ пештар дар қайди МКНҶ набудааст,- мегӯянд волидон. Прокуратураи генералӣ нисбати қазияи марги Шамсиддин Зайдуллоев тибқи талаботи қисми 3, моддаи 143 прим 1 (шиканҷа) КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард. Аммо 23-юми декабри соли 2015 муфаттиши Прокуратураи генералӣ дар бораи қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ дар мавриди марги Зайдуллоев Ш. бинобар сабаби мавҷуд набудани нишонаи ҷиноят, ки аз ҷониби модари ин ҷавон шикоят шуда буд, қарор баровард. Дар ҳамин ҳол, ба онҳо гуфтаанд, ки метавонанд аз болои ин қарор ба мақомоти дигар шикоят баранд.

Ҳамин тавр, шикояти Тоҷинисо Каримова дар бораи ғайриқонунӣ қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбати қазияи марги писараш ба Суди ноҳияи Сино супорида шуд. Аз моҳи апрели соли 2016 адвокат Саймумин Кабиров чандин маротиба бо дархости оғоз кардани баррасии шикояти Каримова Т. ба суд муроҷиат намуд, аммо суд бо асоси он, ки Прокуратураи генералӣ маводҳои парвандаи ҷиноятиро пешниҳод намекунад, баррасии шикоятро кашол дод.

Faraj.tj