Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар айни шурӯ шавқи ҷавонӣ, дар синни 26-солагӣ баъди 1 рӯзи боздошт кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Вахш Низомиддин Ҳомидовро зинда ва сиҳату саломат боздошт намуда, рӯзи дигар ҷасадашро ба волидайнаш доданд. Ин як “рекорд” дар Тоҷикистон гардид, зеро қаблан нафарони латукӯбшуда то чанд рӯз зинда мемонданд.
Асли воқеа дар он аст, ки бегоҳии 30 ба 31-уми март кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Вахши вилояти Хатлон Низомиддин Ҳомидов, як сокини 26-солаи ин ноҳияро, ки қаблан муҳоҷири меҳнатӣ будаасту ду моҳ пеш аз муҳоҷират баргашта, дар маркази тиббии ноҳияи Вахш фаъолиятро оғоз карда будааст, бо гумони дуздӣ дастгир карданд.
Ба гуфтаи падари Низомиддин, Ҷунайдуло Ҳомидов намояндагони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Вахш субҳи 30-юми март барои гузаронидани амалиёти ҷустуҷӯйӣ ба хонаи онҳо омаданд. Кормандони ШКД-и Вахш бе нишон додани ягон ҳуҷҷат хонаи онҳоро кофтукоб карданд.
-Охирон маротиба шаби аз 31-уми март ба 1-уми апрел ӯро духтур зинда дида буд. Ў гуфтааст, ки саломатии Низомиддин хеле бад аст ва бояд ӯро оҷилан ба беморхона баранд…
Ўро куштанду боз то 1-уми апрел ба ман ҷасадашро надоданд. Ман чанд соат дар дами дари ШКД истодам, лекин ба назди писарам маро иҷозат надоданд», - нақл кард падари фавтида. Ҷунайдуло Ҳомидов илова кард, ки дар тани фарзандаш нишонаҳои марги иҷборӣ дида мешавад: қабурғаҳояш шикаста, дар пушташ, дастонаш ва гарданаш доғи кабуди латма дида мешавад. «Онҳо мегӯянд, ки фарзанди ман худро бо таҳпӯшаш овехта куштааст.
Гӯиё ин корро дар боздоштгоҳи муваққатӣ карда бошад. Оё имкон дорад, ки бо як таҳпӯш одам худро кушад? Ман ин боздоштгоҳи муваққатиро надидаам ва барои ҳамин гуфта ҳам наметавонам, ки оё дар он ҷо имкони худкушӣ вуҷуд дорад ё не. Аммо ҷасади писарам тамоман бараҳна дар долони милисахона буд. Ва дар тамоми баданаш нишонаҳои шиканҷаро дидан мумкин буд. Ду доғи кабуд дар гарданаш нишонаи он аст, ки ӯро буғӣ кардаанд», - нақл кардааст Ҷунайдуло Ҳомидов ба хабаргузории Азия-Плюс.
Илова ба ин Ҷунайдулло Ҳомидов дар сӯҳбат ба “Нигоҳ” мегӯяд, доду фарёди писарамро сокинони назди шуъба шунидаанд.
Мақомот то ҳол ин ҳодисаро шарҳ надодаанд. Танҳо Юсуфҷон Юсуфзода, прокурори ноҳияи Вахш дар сӯҳбат ба хабаргузории TojNews гуфтааст, Прокуратураи ноҳияи Вахш дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.
Прокурори ноҳия мегӯяд, айни ҳол Низомиддин Ҷунайдов мавриди экспертизаи судӣ қарор гирифтааст. Ва бинобар халал нарасонидан ба рафти тафтишот аз ироаи маълумоти бештар худдорӣ кард. Баъдан мақомот эълон карданд, ки парванда алайҳи навбатдори ШКД-и Вахш Зайниддин Назриев тибқи моддаи 322-и Кодекси ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Аммо Абдураҳмон Каримов сардори ШКД-и ноҳияи Вахш дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ ба “Нигоҳ” иддаои падари мақтулро дар бораи ба ҳалокат расидани писараш аз дасти кормандони ин ниҳодро рад кард. Ў гуфт: куштани ягон кас зарурат надорад. Тоҷикистон соли 92 нестай. Мо дар ҷомеаи пешрафтаи дунё зиндагӣ мекунем.
Зебо Қосимова вакили мудофеъи хонаводаи Ҳомидовҳо мегӯяд, “агар воқеан Низомиддин худкушӣ накарда бошад, пас чаро мақомот аз додани варақаи хулосаи ташхис худдорӣ мекунанд?”
Латукӯб ва ба ҳалокат расидани Низомиддини 26-сола дар ҳоле мавриди баррасии ҷомеаи Тоҷикистон қарор дошт, ки дар шабакаи иҷтимии Ютюб наворе аз ҷониби Наҷмиддин Фозилов пахш шуд, ки дар он расонаҳои кишвар бахусус хабаргузории “Азия-плюс”-ро ба дурӯғгӯӣ муттаҳам мекарданд.
Пеш аз он ки ба шарҳи ҷузъиёти навор гузарем бояд гуфт, ки сифати ин навор хеле паст буда, чеҳраҳо дар он хуб шинохта намешаванд. Дар ин навор ҷасаде нишон дода мешавад, ки онро ҳамчун ҷасади Низомиддин муаррифӣ мекунанд. Марде ки гӯё Ҷунайдулло Ҳомидов падари ҷавони ҳалокшуда болои ҷасад дода фарёд бардошта, мегӯяд, “бо дасту пои худам аз хона пешат кардам. Аз хона пешат кардам то дигар арақ, нахӯрӣ, наркотик назанӣ.” Ҳамчунин дар ин навор тирезаи боздоштгоҳе нишон дода мешавад, ки дар он як тагпӯш (майка)-и мардона овезон аст ва гуфта мешавад, ки Низомиддин худашро бо ин тагпӯш овехтааст.
Кадри асосие ки дар навор гаштаю баргашта нишон дода мешавад, ин қафаси синаи Низомидди мебошад, ки ягон пайи латкӯб надорад. Аммо дар аксе ки падари Низомиддин ба расонаҳо додааст, дида мешавад, ки тахтапушти мақтул аз зарби латукӯб сиёҳ шудааст. Инчунин дар ин навори тақрибан 3 - дақиқагӣ варақаи хулосаи ташхис бо имзои коршиноси судии тиббӣ Эсанов К. нишон дода шудааст, ки сабаби марги Низомиддинро дар фишурда шудани роҳҳои нафас арзёбӣ мекунанд. То ҳол мақомот расман тасдиқ накардаанд, ки ин наворро онҳо пахш карданд ё не.
Аммо Ҷунайдулло Ҳомидов мегӯяд, “ин навор сохта аст ва Низомиддин ӯ на арақ мехӯрду на маводи мухаддир истифода мекард.”
-Писари ман духтури тозагӣ буд. Чӣ гуна духтур ҳам арақ мехӯраду ҳам маводи мухаддир истифода мекунад? Дигар ин ки ман писарамро аз хона пеш накардаам, кадом падару модар писарашро аз хона пеш мекунад. Ҳамааш бардурӯғ аст, ҳамаашро харидагӣ ҳастанд. Ин корро мақомот аз пеши худашон кардагӣ ҳастанд,- мегӯяд падари мақтул.
Ба ҳалокат расидани Низомиддин дар ШКД-и Вахш мавриди баррасии прокуратураи Хатлон қарор дорад. Ахиран Ҷунайдулло Ҳомидов ба Шерхон Салимзода, прокурори генералии Тоҷикистон, низ муроҷиат карда, хостори расидагӣ ба қазияааш шуда буд.
Бояд гуфт, ки ҳалокати Низомиддин дар ШКД-и ноҳияи Вахш дар Тоҷикистон бори аввал набуда, чандин боздошшудагони дигар низ ба тарзи мармуз ба ҳалокат расиданд. Намунаи барҷастаи аз ошёнаи 3-юми бинои ШКД-и Исфара афтидани шодравон Умедҷон Тоҷиев узви ҲНИТ буд, ки ахиран бар асари ҳамон латукӯб дар беморхона ҷон дод.
Ба монанди ин қазияҳои Баҳромиддин Шодиев, Сафаралӣ Сангов ва дигарон низ мисол шуда метавонанд.