"Чаро"-ҳои марги маҳбус

"Чаро"-ҳои марги маҳбус

Пайвандони Ҳамза Икромзода мегӯянд, ки қотилонро медонанд, аммо худро ба нодонӣ мезананд

«Ман аз Иззатулло Шарифов, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон пурсиданиам, ки оё дар маҳбасхонаҳо чӣ мегузарад? Қонун ҳаст, ё нест? Бо маҳбусоне, ки ҷиноят содир кардаанд ва адои ҷазо мегиранд, бояд рафтори ваҳшиёна кард?». Ин суханони Зулайхо Ҷӯраева, модари Ҳамза Икромзода, маҳбуси 27- сола буданд, ки 28-уми сентябр дар саҳни бинои Сарраёсати иҷрои ҷазо ва дар ҳузури хабарнигорон садо доданд.

Зулайхо Ҷӯраева бо иддае аз занон 28-уми сентябр, як ҳафта пас аз ҷанозаи писараш назди бинои Сарраёсати иҷрои ҷазо омаданд, то асрори марги писарашро аз Иззаттуло Шарифов, ба истилоҳ роҳбари маҳбасхонаҳои кишвар бипурсанд. Ҳангоми дар назди бино ҷамъ шудани пайвандони Ҳамза Икромзода, масъулони Сарраёсат огоҳ шуда, онҳоро ба утоқи Иззатулло Шарифов бурданд.

- Мо аз марги Ҳамза Икромов хабар дорем ва хеле ҳам афсӯс мехӯрем, ки ин ҳодиса шуд. Тассалиёти моро қабул кунед, хонаводаи азиз. Мо ҳам аз ҳамон рӯз ба худ наомадаем. Тафтишот аллакай аз тарафи Прокуратураи генералӣ ва худи Сарраёсат оғоз шудааст. Агар нафаре аз кормандон дар марги вай даст дошта бошад, ҷазо мебинад. Мо дар 21 муассисаи ислоҳии кишвар ҳамеша талош дорем, ки шиканҷа дар нисбати маҳбусон нашавад ва набошад. Аммо ин кор аст, бе камбудӣ намешавад. Аммо ин маънои онро надорад, ки дар муассисаи ислоҳӣ ягон ҳодиса сурат гираду гунаҳкорон бе ҷазо монанд,- баён дошт Иззаттулло Шарифов дар ҳузури пайвандони Ҳамза Икромзода.

Аммо Зулайхо Ҷӯраева аз Иззатулло Шарифов талаб мекард, ки Рустам Тоштемуров, сардори муассисаи ислоҳие, ки писараш он ҷо адои ҷазо мекард ва ба ҳалокат расид, ҳозир карда шавад, то ба суолҳои онҳо посух гӯяд.

- Ман се рӯз пас аз ҷанозаи писарам барои гирифтани сарулибосаш рафтам. Дод зада, "бачам" гуфта гиристам, аммо касе дари маҳбасро накушод. Баъди се соат сарулибоси писари маро оварда доданд. Нагузоштанд аз маҳбусони дигар пурсам, ки писари ман ба ҳангоми ҷон додан чӣ гуфт? Оча гуфт, пул гуфт, чӣ гуфт...? Рустам Тоштемуров як маротиба набаромад. Писари маро куштанд! Чанд маротиба Шумо ба дидори маҳбусон меравед ва аз аҳволи онҳо мепурсед? Писари ман гушна буд, чун дигар маҳбусон! Шумо онҳоро хабар мегиред?,- суол мекард Зулайхо Ҷӯраева аз Иззатулло Шарифов. Аммо мухотаб гушнагии маҳбусон ва бар асари шиканҷа ба ҳалокат расидани Ҳамза Икромзодаро рад карда, гуфт, ки "шахсан аз маҳбасхонаҳо дидан намуда, аз шароити моддӣ ва маънавии онҳо огоҳам. Маҳбусон гӯшти бирён мехӯранд. Ман ҳам мусалмонам. Пулгирӣ ин ҷиноят аст. Агар нафаре, ки аз Шумо пул талаб кардааст, гӯед, ман ҳоло ҷазояшро медиҳам".

Дилхоҳ Икромзода, хоҳари Ҳамза Икромзода аз Иззатулло Шарифов талаб кард, ки Рустам Тоштемуров ва нафаронеро, ки дар куштори бародараш гунаҳкор медонанд, ҳозир намешаванд, пас ҳадди ақал табибе, ки пайи ҷароҳатҳои бадани марҳумро изи "баклашкаи гарм" гуфтааст, куҷост?

Ҳаким Туғаев, табибе, ки ҳангоми вазнин шудани саломатии Ҳамза кӯмаки тиббӣ расонидааст, худро 37-сола муаррифӣ кард ва гуфт, ки таҷрибаи даҳсолаи кори терапевтӣ дорад. Ба гуфтаи вай, ҷароҳати бадани Ҳамза Икромзода пайи "баклашка"-и оби гарм будааст, ки ба хотири ба кор даровардани дил ва ба ҳаракат даровардани хунаш истифода кардаанд. Аммо ба суоли пайвандони Ҳамза Икромзода, ки "биё, барои таҷриба баклашкаи оби гармро дар бадани шумо монем, паяш пӯсти бадани шуморо месӯзонад ва ҷароҳат меорад, пайи баклашкаи оби гарм монанд ба пайи утюк мешавад?" посух нагуфту сар хам кард.

Табиб розӣ нашуд! Чаро?

Бале, табиб сарашро паст гирифта, хомӯш буд, посух надошт. Иззатулло Шарифов табибро аз банди суолҳои беҷавобмондаи пайвандони Ҳамза Икромзода раҳо кард ва боз ҳам масъулияти ором кардани даъвогаронро ба худ гирифт.

Зулайхо Ҷӯраева ба Иззатулло Шарифов шоҳидӣ медод, ки дар ҳар як дидорбинии фарзанди маҳбусаш ба ӯ пул меовард. Он рӯзҳоро ба роҳбари рақами аввали маҳбасхонаҳо, дар шоҳидии муовинонаш ва хабарнигорон нақл мекард:

- Зимистони имсола, бириҷаи писарамро милисаҳои маҳбасхона гирифтанд. Бачама сардаш зад, пешобаш хун шуд. Як маротиба бачам гуфт, ки "оча, айб ҳам бошад, пушти маро бин". Пушти бачам сиёҳ буд, аз зарби лат. Мегуфт, оча даҳ поста мегузарам, ба ҳар яки он сӯм медиҳам. Барои ҳамин се ва панҷсӯма карда биёр. Акаи Иззатулло, ин сарнавишти талхи писари ман нест, садҳо маҳбуси дигар ҳам ҳамин ҳолро доранд. Писари ман аз бекорӣ, вазъи бади зиндагӣ ҷиноят содир кард, аз мастӣ накард. Аз суд мо пора медодем. Гуноҳҳои нокардаро ба калла гирифт, таҳдидаш карданд, ки баъд озодат мекунем, ҳатто...

Зулайхо Ҷӯраева аз зане ситоиш кард, ки корманди маҳбасхона буд ва пора намегирифт. Бо ин вуҷуд посухи Иззаттулло Шарифов ба хонаводаи Ҳамза Икромзода ин буд, ки анҷоми тафтишотро интизор шаванд.

Сӯҳбати рӯ ба рӯи Иззатулло Шарифов бо хонаводаи Ҳамза Икромзода аз се соат зиёд давом кард. Пайвандони марҳум аз Шарифов талаб карданд, ки амнияти маҳбусони шоҳиди мавриди латукӯб қарор гирифтани Ҳамза таъмин карда шавад, то сарнавишти талхи Ҳамза ҳам болои онҳо наояд. Иззатулло Шарифов онҳоро бовар мекунонд, ки маҳбусон зери назорат ҳастанд ва касе ба онҳо таҳдид намекунад ё фишор намеорад, аммо Рустам Тоштемуров барои ин хунукназарӣ аз вазифааш барканор хоҳад шуд. Вай гуфт, ки агар тафтишот далелҳои дигарро ҳам исбот кунад, ҳар нафаре, ки даст дорад, ҷазо мегирад. "Аммо агар худкушӣ бошад, мо чизе гуфта наметавонем",- хулоса кард Шарифов.

Ёрии тиббӣ чор рӯз пас расид! Чаро?

Маҳбусон мегӯянд, ки ҳодисаи ба сари Ҳамза Икромзода омада шаби 16-уми сентябр, соати 2-и шаб сар шуд. Дар ин соат Ҳамзаро хоб намебарад. Масъули маҳбасхона ӯро ҳақорат мекунад, ки "к... оча, чаро хоб нестӣ?". Боз чанд ҳақорати дигар ва мушти обдор (сабт ҳаст). Ин таҳқирро Ҳамза таҳаммул накарда, муқобилат нишон медиҳад.

Мусоҳиби мо аз маҳбасхона мегӯяд, ки "хуллас, соати 4-и шаб бо ҷароҳати вазнин дар сару баданаш ӯро аз ШИЗО - камераи ҷазодиҳӣ оварданд. Ман нигоҳаш кардам, сараш ганда задагӣ буд. Гуфт, ки фалониву фалонӣ (номҳоро як ба як меорад, агар барои суд лозим шавад, ин садоҳо дода мешаванд) ин корро карданд... Ҳамон рӯз баъди чанд соат боз "амалиёт"-и латукӯб сар шуд. Ҳамза "оча, ҷигарам кафид" мегуфт. Чанд соат "ҷигарам кафид" гуфта, нола мекард, аммо ҳатто табибон ҳам наомаданд".

Суоли матраҳ ин аст, ки агар саломатии Ҳамза аз 16-уми сентябр вазнин шуда бошад, пас чаро 20-уми сентябр ба ӯ ёрии тиббӣ расониданд? Яъне баъди чаҳор рӯз? Ҳаким Туғаев мегӯяд, ки ба ӯ 20-уми сентябр муроҷиат шудааст. Пас чаро масъулони маҳбасхона 16-уми сентябр кӯмаки тиббӣ нарасониданд?

Дар мавриди он, ки оё ҷароҳати вазнини дасти Ҳамза Икромзода ҳам аз пайи "баклашкаи гарм" аст, табиб гуфт, ки "не, намедонам пайи чӣ аст". Дар ҳоле, ки шармгоҳи Ҳамза Икромов ҳам ҷароҳат дошт, Ҳаким Туғаев мегӯяд, ба он ҷо "баклашкаи оби гарм" намондааст. Дар мавриди ҷароҳатҳои банди дасту пой ва гардани марҳум ҳам табиб изҳори беиттилоӣ кард. Иззатулло Шарифов мегӯяд, ки аз бемории Ҳамза Икромзода 20-уми сентябр иттилоъ ёфтаанд ва муовинашро фавран фиристодаанд.

Фақат генералҳо. Чаро?

Сарнавишти ин маҳбус ва тафтишоти марги ӯ имтиҳони сангин аст барои Прокурори генералӣ, Суди Олӣ, Вазорати адлия, ваколатдори ҳуқуқи инсон, вакилони Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон дар кулл, ки унвонии ҳамаи инҳо нома, аксу наворҳо аз ҷароҳатҳои бадани ин ҷавони маҳбус фиристода шудааст. Акнун дигар ҷои гурез аз далелҳо нест. Ҳифзи қонун ва шонси аз даст нарафтаи эътимоди мардум аз ҳукуматдорони вақт - ин аст имтиҳон. Ин қазия набояд аз сӯи Шерхон Салимзода, прокурори генералӣ, ба сабаби наёфтани шиканҷагарон қатъ карда шавад. Далели ин гуфта: Д. Муродов моҳи августи соли 2009 дар муассисаи ислоҳии №3/1-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ба ҳалокат расид. Пайвандонаш мегӯянд, ки марҳум бар асари шиканҷа вафот кард. Ҳимоятгарон ва модари ӯ ба оғози парвандаи ҷиноятӣ ва баргузории як қатор амалиёти тафтишотӣ ноил гардиданд. Вале моҳи феврали соли 2012 Прокуратураи генералӣ чунин ҷавоб додааст, ки "тафтишоти парванда аз сабаби муайян нагардидани шахсе, ки бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад, мутаваққиф карда шуд".

Ё парвандаҳои Сафаралӣ Сангов (соли 2010), Баҳром Шодиев (соли 2011) ва Исмоил Бачаҷонов дар судҳо то ба ҳол гунаҳкоронро наметавонанд аниқ кунанд.

Коршиносон мегӯянд, ки маҳз ҳамин сафедкуниҳои мақомоти тафтишотӣ ва реша давонидани фасод дар ин системаҳо фазо ва амалҳои шиканҷа дар нисбати маҳбусонро зиёд кардааст. Ҳоло ин имтиҳони сангин ба ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ва генералҳояш - Шерхон Салимзода, Рамазон Раҳимов, Иззатулло Шарифов... мебошад, ки то куҷо ҷомеаи кишвар ва ҷаҳониро бовар мекунонанд, ки онҳо шиканҷагаронро ҳам ҷазо дода метавонанд, на дастгирӣ.

Набояд фикр кард, ки баъди боздиди намояндаи СММ оид ба шиканҷа касе мехоҳад "баҳои панҷ"-и Иззатулло Шарифовро ду кунад! Баҳои ҳақиқӣ акнун маълум мешавад!

Ҳарамгули Қодир, Нигоҳ