Чаро маҳбуси 22-сола "худкушӣ" кард?

Чаро маҳбуси 22-сола "худкушӣ" кард?

Маҳаммадшариф Насриддинов, маҳбуси 22-солаи маҳбаси №1 пойтахт шаби 1-уми феврали соли ҷорӣ ба ҳалокат расидааст. 

Талбак Насриддинов, падари маҳбус, имрӯз 4-уми феврал ба ТоjNews гуфт, бомдоди рӯзи шанбеи гузашта муовини раиси маҳбас ба ӯ занг зада, хабари марги писарашро расонидааст.

“Вақти намоз хеста будем, ки занг омад, ҷавоб додам. Гуфтанд, ки писаратон ҳамин хел худкушӣ кардааст. Бовар накардам, шухӣ фаҳмидам. Хестем, рафтем, ки аллакай моро интизоранд,  се-чор нафар маҳбус ҳам он ҷо буд ва гуфтанд, ки худкушӣ кардаанд...

Баъд бо кормандони маҳбас рафта, ташхиси тиббӣ гузарондем, табибон ҳам гуфтанд, ки худкушӣ аст... Намедонам, тасдиқ кардан душвор аст...”

Падари маҳбус мегӯяд, боре писараш аз зиндагӣ шикоят надошт ва ҳамеша мегуфт, ки падарҷон, ман ислоҳ шудам ва вақте баромадам, маро хонадор кун. Се-чор рӯз қабл аз ҳодисаи марги Маҳмадшариф, падараш барои вай ғизо, сару либос ва рупӯш бурд.

Баҳром Абдулҳақов, муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии назди Вазорати адлия ҳамчунин марги маҳбусро худкушӣ унвон  кард.

“Хонаводаашон ҳам розӣ шуданд, ки ин худкушӣ аст. Наздикони марҳум мегӯянд, писарашон даст ба худкӯшӣ задааст ва даъвое нисбати кормандони маҳбас надоранд”, - гуфт вай дар суҳбат бо хабарнигори TojNews. 

Дар ҳамин ҳол, Баҳром Абдулҳақов иқрор мешавад, далелҳое, ки худкушӣ будани сабаби марги маҳбусро исбот кунанд, дар даст надоранд. 

Орзу Насриддинов, яке аз бародарони маҳбус мегӯяд, додараш ягон маротиба дар бораи дилсард шуданаш аз ҳаёт ҳарф намезад, аз ин рӯ, бовар надорад, ки вай даст ба худкӯшӣ зада бошад.

“Ҳарчанд, мо даъвои судӣ нахоҳем кард, аммо боварнокарданист, ки додарам бо истифода аз болопӯши рахти хоб худкушӣ кардааст”, -мегӯяд Орзу. 

Наздикони марҳум сару садо дар бораи он, ки гӯё Маҳмадшариф Насриддинов бо сабаби доштани телефони мобилӣ мавриди шиканҷа қарор гирифтааст, гуфтанд, вай аз маҳбас бо воситаи телефонҳои дигарон бо онҳо суҳбат мекард.

Қаблан гуфта мешуд, масъулини маҳбас аз ӯ баъди кашф шудани телефони мобилӣ, барои халосӣ аз боздоштгоҳи ҷаримавӣ ҳазор сомонӣ талаб кардаанд. Вақте маҳбус гуфтааст, маблағ надорад, мавриди лату кӯб ва шиканҷа қарор гирифтааст.    

Бинобар иттилои наздиконаш, Маҳмадшариф Насриддинов як сол пеш бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (дуздӣ) барои се соли зиндон маҳкум шуда буд. Худкушӣ кардани ҷавони 22-солае, ки аз се як ҳиссаи ҷазои ҷиноиро адо карда, баъди ду сол ба ба озодӣ мебаромад, воқеан боварнокарданист.

"Худкушӣ"-и маҳбусон ҳам зиёд шудааст, ки ҷасадашон пур аз захмҳои сиёҳу кабуд ва бо осори сӯхта ба наздиконашон супорида мешаванд.    

Ахиран, ҷасади Ҳамза Икромзода, маҳбуси 27-солаи ҳамин маҳбас бо ҷароҳатҳои зиёд ва пайи сӯхта 21-уми сентябри соли гузашта ба наздиконаш супорида шуд. 

Масалан, наздикони Ҳамза Икромзода дар латукӯб ва шиканҷаи марҳум кормандони маҳбас, аз он ҷумла роҳбари ин муассиса, Рустам Тоштимировро айбдор медонанд. 

Дар Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон ин иддаоро рад карда, мегӯянд, Ҳамза Икромзода худкушӣ кардааст. Иззатулло Шарифов, раиси Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон, зимни суҳбати рӯ ба рӯ бо наздикони Ҳамза Икромзода ва хабарнигорон гуфта буд: - Ҳоло рафти тафтишот идома дорад ва тибқи қонун салоҳияти танбеҳ додани сардори маҳбасхонаро надорад.

Иззатулло Шарифов, сардори Раёсати муассисаҳои ислоҳии назди Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфта буд: - Рустам Тоштемиров барои ин ҳодиса танбеҳ гирифтааст. Бояд натиҷаи тафтишотро интизор шавем, то донем, ки омилҳои марги маҳбус дар чӣ будааст.

Баъдтар Прокуратураи назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон аз хулосаи таҳқиқи ин қазия изҳорот дода буд, ки сабаби марги Ҳамза Икромзода бинобар "хунукназарӣ"-и масъулин рух додааст.

Ахиран, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дар як номааш ба мактуби хонаводаи Ҳамза Икромзода ҷавоб гуфта, навиштааст, ин қазия таҳти назорати Президент Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст.

Шерхон Салимзода, прокурори генералии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ахираш гуфта буд, се нафар ба даст доштан дар шиканҷаи маҳбус Ҳамза Икромзода гумонбар дониста мешаванд ва тафтишоти қазия идома дорад. 

Моҳи дуюм аст, ки Прокуратураи генералӣ дар тафтишоти ин қазия кашолкорӣ мекунад. 

Аксу сабтҳои видеоӣ, ки вуҷуди шиканҷаро дар маҳбасҳо тасдиқ мекунанд, боиси истеъфо ё ба ҷазои ҷиноӣ кашида шудани масъулини маҳбасҳо намешавад, ки боиси коҳиши имиҷи Тоҷикистон ва худкома муаррифӣ шудани ҳукумат дар арсаи байналмилалӣ шудааст.    

Аз солҳои ахир метавон ин ҳодисаҳоро ба ёд овард: 26-уми июни соли гузашта Аҷик Қаюмов, соли таваллудаш 1986, зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дар маҳбаси №3 Ваҳдат аз захми теғ, ки худ ба пояш задааст, аз заҳролуд шудани таркиби хун фавтида буд. 

Гуфта мешавад, маҳбус 22-юми июн ҷароҳат бардошта, баъди чор рӯз ба ҳалокат расид. Дар ин муддат ба маҳбус ёрии тиббӣ расонида нашудааст. 

Ҳамон сол 6-уми июн дар ҳамон маҳбас Нӯъмон Сатторқулов, соли тавалудаш 1973, зодаи ноҳияи Конибодом, дар ҳолати асроромез худро ба дор овехта, ба ҳалокат расид.

22-юми июни ҳамин сол варзишгари тоҷик Алишер Қосимов, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Душанбе, ба ҳалокат расид. Аз худкушии Далер Азизов, маҳбуси дигари ҳамин муассиса, пешгирӣ карда шудааст.

Дар вақти муоинаи тиббӣ дар гардани маҳбус ҷароҳатҳои теғи бурранда мушоҳида шудааст. 

TojNews