Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Солҳои охир шикоят аз дохили маҳбас ва аризаи падару модарон дар расонаҳои дохиливу беруна зиёд ҳангома мешавад. Пайваста зиндониҳо аз шароит ва муносибати бади маъмурони муассисаҳои ислоҳӣ ва зери шиканҷа қарор доштанашон шикоят мекунанд.
Ин ҳама сару садоҳо дар зиндон пас аз марги Ҳамза Икромзода, ки гуфта мешуд бар асари шиканҷа аз ҷониби ходимони зиндон ба ҳалокат расидааст, бештар сурат гирифт. Ҳарчанд додситони кулли Тоҷикистон баъд аз таҳқиқи ин ҳодиса гуфта буд, ки Икромзода даст ба худкушӣ задааст, вале наздикони Икромзода ба таҳқиқоти бурдаи ин сохтор куллан розӣ нестанд. Ин ҳодисаи сарбаста диққати ташкилоту созмонҳои байнулмилалӣ ва рӯзноманигоронро ба худ ҷалб кард.
Пас аз ин боз як навори видеоии маҳбусони шаҳри Хуҷанд дар сомонаҳои хабарӣ пахш гардид, ки дар он зиндониён аз вазъи бади муносибати кормандони маҳбасхона шикоят бурда, нишонаҳои латукӯби баданашонро нишон медоданд. Бо ин навор маҳбусон мехостанд аз мақомоти дахлдор кӯмак пурсанд, то онҳоро маъмурони зиндон зери шиканҷа қарор надиҳанд. Мақомот бошад, ин ҳамаро рад карданд. Баъдан раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳам пас аз дидани маҳбасхонаҳо хабарҳо дар бораи зиндониёнро «беасос» ва «иғвогарӣ»-и расонаҳо хонд. Гӯё дар тӯли санҷиши серӯзааш ӯ дар зиндонҳои шаҳри Душанбе ягон асари шиканҷаро мушоҳида накардааст. Ҳамаи он наворҳои бо дасти маҳбусон сабтшударо муфтӣ беасос хонда, расонаҳоро муттаҳам кард.
Бо вуҷуди ҳамаи ин, ҷомеаи шаҳрвандӣ бовар надорад, ки шиканҷа дар маҳбасҳо набошад. Маҳз ба ҳамин хотир раиси ҲУСДТ Раҳматилло Зойиров аз рӯи муроҷиати волидайни маҳбусон тасмим гирифт, ба мақомоти дахлдор пешниҳод кунад, то як комиссия барои гузаронидани санҷиш дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистон таъсис дода шавад.
Зойиров рӯзи 19-уми декабр ба «Озодӣ» гуфта буд, ки ба раиси КДАМ-и Тоҷикистон ва парлумон нома фиристода, оид ба мавриди шиканҷа қарор гирифтани маҳбусони Хуҷанд сухан карда, пешниҳод намудааст, ки як комиссия таъсис дода шавад. Аммо 3-юми январ Зойиров боз ба «Озодӣ» гуфтааст, ки ба пешниҳодашон оид ба таъсиси комиссия аз КДАМ, Омбудсмен ва Маҷлиси намояндагон то ҳол ҷавобе нагирифтааст.
Зойиров мегӯяд, ки «пас аз муроҷиати мо мақомоти ислоҳии маҳбасҳо гурӯҳи ҳуқуқшиносонро ба маҳбаси ноболиғон иҷозат дод, аммо вакилону намояндагони ҳизб даъват нашудаанд».
Чаро намояндаи ҳизбро даъват накардаанд, маълум нест. Ба андешаи коршиносон, чунин муносибат аз он сабаб аст, ки мақомот аз ҳизбҳои мухолифи ҳукумат ҳарос доранд. Вагарна намояндаи ин аҳзоб низ метавонистанд чун раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аз зиндонҳо боздид карда, бо вазъи воқеии маҳбусон ошно гарданд.
Дар ҳамин ҳол сухангӯйи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия Одинашо Муродов мегӯяд, ки ҳар сол мувофиқи нақшаи раёсат намояндагони Кумитаи дин ва муфтиётро ба маҳбасхонаҳо бурда, бо маҳбусон вохӯрӣ мегузаронанд: «Маҳз дар ҳамин асос муфтии Тоҷикистон аз маҳбасхонаҳо боздид карда буд. Вале пешниҳоди Раҳматилло Зойировро мақомот иҷозат надодааст. Раёсати мо тобеъи вазорат аст. Агар онҳо иҷозат аз мақомоти болоӣ гиранд, метавонанд даромада, санҷиш гузаронанд. Дигар ин ки аз дасти ҲУСДТ чӣ ҳам меояд? Ба ин восита онҳо мехоҳанд дар бадбахтии маҳбусҳо як рейтинги сиёсӣ кунанд, дигар ҳеҷ».
- Вақте ки дар мавриди шиканҷа дар маҳбасхонаҳо Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоте, ки махсус ба тафтиш вобастагӣ доранд, санҷида истодаанд, боз аз болои онҳо истода, як кумита ё гурӯҳ ташкил карда, рафта тафтиш мекарда бошанд? Онҳо аслан мехостанд аз парламент иҷозат гиранд ва чаро ба онҳо иҷозат надоданд, инро бояд аз худашон пурсид. Чун онҳо хуб медонанд, ки кӣ иҷозат надодааст. Ба мо муроҷиат накардаанд, - афзуд Муродов.
Аммо Зойиров мақсад аз таъсис додани комиссияро чунин шарҳ медиҳад: «Вақте мо аз рӯйи муроҷиати модарони ноболиғ бевосита бо намояндаҳои ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрдем, дар ин ҷо намояндаи раёсат аз Вазорати адлия ва як-ду прокурор ҳам ҳузур доштанд. Онҳо ба маҳбасҳо рафта, санҷиш гузаронида, баъдан пешниҳоди худашонро карданд. Пас аз ин боз ба наздикӣ як нафар дар маҳбасхона худкушӣ кард. Барои ҳамин ин масъаларо ҷиддӣ гузоштан лозим буд, ки як комиссия ташкил карда шавад. Вале ташкили ин гуна комиссия ба ваколати Маҷлиси намояндагон вобаста аст. Азбаски чунин корҳоро пештар МН накардааст, масъаларо ба дарозо мекашанд. МН ба Омбудсмен ва Вазорати адлия супориш додааст, ки то санҷиш гузаронида, баъдан ба онҳо пешниҳод кунанд. Барои ҳамин, то он вақте ки масъала пешниҳод мегардад, МН ба муддати як ё ду моҳ мӯҳлат медиҳад. Баъдан баҳона мекунад, ки мо баррасӣ карда истодаем. Аз ин рӯ, баъд аз маҷлиси колонияи ноболиғон оид ба ин масъала боз ба падару модарони ноболиғон сӯҳбат хоҳам кард. Баъдан боз як муроҷиати дигар омода мекунем. Чун дар муроҷиати пешниҳодкардаам муроҷиати волидайн замима нашуда буд».
Зойиров дар сӯҳбат оид ба таъсиси комиссия гуфт: «Мо пешниҳод кардем, ки натанҳо аз ҳизби мо, балки аз дигар ҳизбҳои сиёсӣ ба комиссия ворид карда шаванд. Ба МН махсус пешниҳод кардам, ки ҲУСДТ тайёр аст 5 ҳуқуқшиносро пешниҳод кунад, то ба ҳамин корҳо ҷалб карда шаванд. Агар ҷониби МН гӯянд, ки мо кадр ё вақт надорем, мегӯям, ки шумо салоҳияташро пешниҳод кунед, кадрҳо аз ҷониби мо таъмин карда мешаванд. Вақте ки салоҳият дода мешавад, ҳар як созмон ё ҳизб метавонад кори худро анҷом диҳад. Муҳим он аст, ки объективона ҳолати воқеии имрӯзаи маҳбусҳоро муқаррар бояд кард».
Дар мавриди он, ки дар ҳолати иҷозат додани ин сохтор оё комиссия метавонад мушкилии ҷойдоштаро бартараф созаад, Зойиров гуфт: «Не, албатта, бо як кори комиссия наметавон тамоми мушкилиро бартараф кард. Ман пешниҳод кардам, ки ислоҳоти куллӣ дар мақомоти ислоҳӣ гузаронида шавад. Барои ислоҳот гузаронидан роҳбари мақомоти ислоҳӣ аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд таъин карда шавад. Ҳар нафаре набошад, метавонад ин мақомотро идора кунад. Ҳатто КДАМ ё ВКД-ро шаҳрванд метавонад идора кунад. Ин дар тамоми ҷаҳон қабул шудааст. Аз ин хотир, шарт нест барои роҳбар шудан ягон рутба дошта бошӣ. Кадрҳои калидии дар ин сохторҳо бударо аттестатсия гузаронида, нафаронеро интихоб кардан лозим аст, ки фикрронии гуманитарӣ дошта бошанд. Агар сиёсати кадрӣ дар ин мақомот дароварда нашавад, фикр мекунам, ин шиканҷаву дигар чизҳо бартараф карданаш бениҳоят мушкил мегардад».
Пас аз ин гуфтаҳо ба Маҷлиси намояндагон муроҷиат кардем, ки баррасии ин масъала дар кадом сатҳ қарор дорад. Ватанов Маҳмадалӣ, вакили Маҷлиси намояндагон - раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон гуфт: «Албатта, аз номи тамоми вакилони МН сухан ронда наметавонам, вале ман ҳанӯз чунин пешниҳоди Зойировро надидаам. Аз ин чиз хабар надорам».
Оид ба пешниҳоди Раҳматилло Зойиров ба КДАМ муроҷиат кардем. Нозирҷон Бӯриев, сухангӯйи ин кумита гуфт, ки «ман аз ин пешниҳод огоҳ нестам ва чизе гуфта наметавонам». Маҳз бо ҳамин масъала ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат кардем, ки баррасии пешниҳоди ҲУСДТ дар чӣ ҳол аст. Солиев Азиз, котиби матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон чунин гуфт: «Ба мо муроҷиат нашудааст. Танҳо як муроҷиатнома аз номи модарони маҳбусони ноболиғ буд, ки намояндагони мо рафта, аз ин муассисаи колонияи тарбиявии шаҳри Душанбе дидан карданд. Дар он муассиса санҷиш гузарониданд, ягон нишонаи шиканҷа ба қайд гирифта нашуд. Маҳбусон бо шароити хуб таъмин карда шудаанд. Вале аз ҷониби ҲУСДТ оид ба таъсиси комиссия ба мо муроҷиат нашудааст. Балки аз ҷониби ҳизб ба парлумон муроҷиат шудааст, ки як комиссия таъсис дода шавад оид ба гузаронидани санҷиши шиканҷа дар маҳбасхонаҳои кишвар. Агар парлумон пешниҳоди ҳизбро дастгирӣ кунад, мо ҳам метавонем аъзои ин комиссия бошем».
Боз барои дақиқ кардани он, ки дар ҳақиқат пешниҳоди раиси ҳизб ба парлумон ворид гардидааст ё не, муроҷиат кардем. Дар сӯҳбат бо мо Убайбулло Давлатов, вакили МН гуфт, ки «моддаи нави қонун дар бораи шиканҷа ба КҶ ҶТ ворид карда шуд. Маҳз ба хотири он, ки ба мо зиёд муроҷиат мекарданд, ки дар маҳбасхонаҳо зиндониёнро мавриди шиканҷа қарор медиҳанд. Пас аз қабули ин қонун ҳар касе, ки шиканҷаро раво мебинад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Аммо аз пешниҳоди ҲУСДТ хабар надорем».
Боз ба худи Р. Зойиров муроҷиат намудем, ки ба кадоме аз шумо бовар кунем? ӯ гуфт: «Мо расман ба номи Шукурҷон Зуҳуров муроҷиатро пешниҳод кардаем ва рақами қайдашро низ дорем. Шояд аз пешниҳоди мо ба вакилон дастур дода нашуда бошад, ки онҳо огоҳ нестанд. Мо ба парлумон як мактуб дастӣ ва яке ба почта супорида будем. Вале дар мавриди он, ки котиби матбуотии Омбудсмен мегӯяд, ки мо аз пешниҳоди ҳизб огоҳ нестем, ҳайронем. Онҳо чӣ хел огоҳ нестанд, ки вақте аз рӯйи муроҷиатҳои ҳизб дар колонияҳои ислоҳӣ рафта санҷиш мегузаронанду боз имрӯз мегӯянд, ки ба мо муроҷиат накардааст. Котиби матбуотиаш шояд аз ин корҳо огоҳ набошад».