Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Масъули дафтари Кумитеи Байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон гуфт, ки ин созмон ба талошҳои худ барои дастрасӣ ба зиндонҳои ин кишвар идома хоҳад дод.
Северин Шопоз рӯзи чаҳоршанбеи 18 декабр дар ҳамоише дар иртибот бо 150-умин солгарди таъсиси КБСС ва 20-умин солгарди фаъъолияти ин созмон дар Тоҷикистон гуфт, ки дар зарфи чанд соли ахир Кумитеи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) бо давлати Тоҷикистон мавзӯъи дастрасӣ ба зиндонҳоро баррасӣ карда, аммо ҳанӯз дар ин замина тавофуқе ҳосил нашудааст.
Хонуми Шопоз гуфт: "Бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ, дар шароити ҷанг КБСС имкон дорад аз маҳалли даргириҳо боздид ва бо асирони ҷангӣ суҳбат кунад. Дар шароити одӣ, ин созмон бо касби тавофуқи давлатҳо метавонад аз зиндонҳо дидан кунад ва бо шароити буду боши маҳбусон ошно шавад."
Ӯ гуфт, ки Кумитеи Байналмилалии Салиби Сурх дар 80 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои Осиёи Миёна, чун Туркманистону Узбакистон, имкони дидори бидуни огоҳии қаблӣ аз зиндонҳоро дошта, аммо дар Тоҷикистон чунин дастрасӣ ба зиндонҳо вуҷуд надорад.
Зариф Ализода, омбудсмен ё кумисери ҳуқуқи башари Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе дар авоили соли ҷорӣ далели имзо нашудани мувофиқатномаи ҳамкорӣ бо СБСС-ро “ба масоили амниятӣ” марбут хонда буд.
Оқои Ализода таъкид дошт, ки Кумитеи Байналмилалии Салиби Сурх ба дидори танҳо ба танҳо бо зиндониён пофишорӣ карда ва гуфтааст, ки аз натоиҷи таҳқиқоташ дар зиндонҳои Тоҷикистон ба давлат гузориш нахоҳад дод. Аз ин лиҳоз, Вазорати адилияи Тоҷикистон ин шарту шароити КБСС-ро напазируфтааст.
Аммо мудофеъони ҳуқуқи башар мегӯянд, ки мақомоти тоҷик ба дастрасии озоди Кумитаи Байнлмилалии Салиби Сурх ба зиндонҳои Тоҷикистон тамоюле надоранд, зеро онҳо аз ифшои мавориди густардаи шиканҷа ва озору азияти зиндониён тавассути маъмурони давлатӣ бим доранд.
Тайи солҳои ахир мавзӯъи истифода аз шиканҷа тавассути пулис ва маъмурони зиндон ба мавзӯъи баҳсбарангезе дар ҷомеъаи Тоҷикистон табдил шудааст.
Моҳи декабри соли гузашта дар шабакаҳои иҷтимоъӣ видеуе мунташир шуд, ки нишон медод, шуморе зиндонӣ андомҳои шиканҷашудаи худро ба дурбин нишон дода ва мегуфтанд, ки маъмурони зиндоне дар шимоли Тоҷикистон онҳоро шиканҷа кардаанд.
Ин афрод иддаъо карданд, ки маъмурон ба шиканҷаи онҳо баъд аз интиқоли онҳо аз Душанбе ба Суғд, ки дар пайи қатли Ҳамза Икромзода, як зиндонӣ сурат гирифт, даст задаанд.
Дар ҳамин ҳол, Северин Шопоз, раҳбари дафтари Кумитеи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Тоҷикистон гуфт, ки дар мавриди дастрасӣ ба зиндонҳои Тоҷикистон музокироташро бо давлати ин кишвар идома хоҳад дод.
Дафтари КБСС дар шаҳри Душанбе дар моҳи январи соли 1993, ба ҳангоми ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон, ифтитоҳ шуд. Он замон масъулони ин созмон ба хонаводаҳои осебдида аз даргириҳо, паноҳандагони дохилӣ ва афроди маҷрӯҳ маводди ғизоӣ ва дору тавзеъ кардаанд.
Феълан Кумитеи Байналмилалии Салиби Сурх дар заминаи эътои аъзои маснӯъӣ ва коласкаҳои маълулӣ барои афроди осебдида аз инфиҷори мин ва кумак ба хонаводаҳои онҳо, ироаи дору ва таҷҳизоти пизишкӣ ба бемористонҳо, тармиму бозсозии муассисоти беҳдоштию маъориф, тахсиси вомҳои кӯчак ба хонаводаҳои фақир барои парвариши зироъату чорво ва бозомӯзии афсарони ниҳодҳои интизомию низомии Тоҷикистон тарҳҳоеро ба иҷро мерасонад.
Аз сӯйи дигар, хонуми Шопоз аз фаъъол шудани сохтори ҷадиди ин ниҳод дар шаҳри Душанбе барои кумак ба Афғонистон хабар дода ва гуфт, ки ба далели масоили амниятӣ бархе аз кормандони хориҷии КБСС аз Афғонистон ба Тоҷикистон нақли макон кардаанд.
Ӯ гуфт, ки ин тасмим дар пайи ҳамлаи интиҳорӣ ба дафтари КБСС дар шаҳри Ҷалолободи Афғонистон дар 29 майи соли ҷорӣ гирифта шудааст. Бар асари ин инфиҷор муҳофизи дафтари КБСС дар Ҷалолобод кушта ва чаҳор нафари дигар, бо шумули кормандони хориҷӣ, ҷароҳат бардошта буданд.
Кумитеи Байналмилалии Салиби Сурх аз соли 1987 ба ин сӯ дар Афғонистон фаъъолият мекунад. Феълан дар 17 вилояти ин кишвар 1800 корманди дохилию хориҷии ин созмон кор мекунанд.
Кумак ба асирони ҷангӣ, арзаи хадамоти тавонбахшӣ, хадамоти беҳдоштӣ ба қурбониёни ҷанг, тавзеъи маводди ғизоӣ ва ғайриғизоӣ, кумак ба беҷошудагони дохилӣ ва беҳбуди хадамоти обрасонӣ аз фаъъолиятҳои ин ниҳод дар Афғонистон маҳсуб мешаванд.