Додхоҳии пайвандон аз мавориди "латукӯби" зиндониён

Додхоҳии пайвандон аз мавориди "латукӯби" зиндониён

Иддае аз пайвандони зиндониёне, ки ахиран дар маҳбасҳои Тоҷикистон "шиканҷа" шудаанд, барои додхоҳӣ дар назди бинои Додситонии кулли ин кишвар таҷаммӯъ кардаанд.

Дар миёни ин афрод волидони бархе аз зиндониёни шумораи яки шаҳри Душанбе, ки дар мавриди марги як зиндонии ин маҳбас шавоҳид додаанд, низ ҳузур доштанд.

Шиканҷа барои ҳақиқатгӯйӣ

Ба гуфтаи онҳо, ин пайвандони онҳо баъд аз додани шавоҳид алайҳи нозирони зиндон латукӯб шуда ва афзун бар он, ин афродро аз зиндони шаҳри Душанбе ба зиндоне дар шаҳри Хуҷанд интиқол додаанд. Ин афрод, ки ҳудуди 30 нафар будаанд, субҳи рӯзи чоршанбеи 7-уми ноябр дар назди бинои Додситонии кулли Тоҷикистон мунтазири мулоқот бо масъулони ин ниҳод буданд.

Тавре иддае аз афроди гирдиҳамомада гуфтанд, тақозои аслии онҳо аз масъулони додситонӣ таҳқиқи фаъолияти идораи умури зиндонҳо ва бавижа раҳбари он буда ва иддае низ тақозои муҷозот кардани раҳбари зиндони шумораи яки шаҳри Душанберо кардаанд.

Ҳамчунин ба гуфтаи падари яке аз ин зиндониён, фарзанди зиндонии вай ахиран баъд аз додани шавоҳид дар мавриди шиканҷа шудани яке аз дигар маҳбусон аз сӯйи зиндонбонҳо латукӯб шуда ва дар зиндон ниёз ба табобат доштааст.

Маҳмурод Ризоев, падари Суннатулло Ризоев, яке аз зиндониёнест, ки дар паврандаи ҷиноӣ дар робита ба марги Ҳамза Икромзода ба унвони шоҳид ширкат кардааст.

Оқои Ризоев мегӯяд, ки нозирони зиндонҳо ҳамвора аз маҳбусон пул талаб мекунандОқои Ризоев муваффақ шуд, ки субҳи имрӯз бо яке аз додситонҳо дар мавриди вазъияти бади фарзандаш сӯҳбат кунад.

Вай афзуд: “Шерхон Салимзода имрӯз дар додситонӣ набуда, дар сафари хидматӣ будааст. Маро Раҳматулло Холов қабул кард ва гуфт, ки ин корро таҳқиқ мекунем. Фарзанди маро ба маҳбасхонаи шумораи 23-и шаҳри Хуҷанд, ки ин зиндонро “Гуантанамо” ном мебаранд, фиристодаанд”.

Оқои Ризоев барои исботи суханони худ, ки фарзандаш шиканҷа шудааст, сӯҳбати телефонии сабтшударо ба хабарнигорон шунавонд.

Ҳамчунин пайвандони Ҳамза Икромзода, сокини ноҳияи Ҳисор, ки беш аз як моҳи қабл дар зиндони шумораи як фавтид, дар миёни афроди таҷаммӯъкарда буданд.

Агар Президет аз ин корҳо хабар медошт...

Падари Ҳамза мегӯяд, ки фарзандони сокинони дигар барои гуфтани ҳарфи ҳақиқат ба душворӣ рӯ ба рӯ шуда ва ӯ барои дифоъ аз ҳуқуқи ин зиндониён ба волидони онҳо пайвастааст.

Файзалӣ Икромов мегӯяд: “Ҳарчанд бозрасон таҳқиқоти парвандаи писарамро идома медиҳанд, вале хабари латукӯб шудани шоҳидон маро нигарон кардааст. Ман аз додситони кулл дархост дорам, ки шоҳидонро, ки ба Хуҷанд бурданд, дубора ба Душанбе бозгардонанд”.

Оқои Икромов ба ин бовар аст, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳомии мардуми ин кишвар аст, дар бораи он ҳодисот ва фаъолиятҳое, ки дар мақомоти ин муассисаҳо мегузарад, иттилоъ надорад.

Вай афзуд: “Мо раисҷумҳури хубе дорем, вале ба вай хабарҳои нодуруст мебаранд. Охир вай барои мо сулҳ овард, кишварро обод кард. Агар ӯ аз ин кор бохабар шавад, ман бовар дорам, ки Эмомалӣ Раҳмон Иззатулло Шариповро аз кор мегирад ва раиси зиндони яки Душанберо ба додгоҳ мекашад”.

Ҳамза Икромзода ду сол қабл аз сӯйи додгоҳе дар авбошӣ муҷрим шинохта ва барои 8 сол равонаи зиндон шуда буд.

Ҷасади Ҳамза 21-уми сентябр аз зиндони шумораи яки шаҳри Душанбе ба пайвандонаш мунтақил шуд. Аҳли хонаводаи вай ҳамон рӯз эълом карданд, ки Ҳамза дар зиндон дар асари шиканҷа кушта шудааст.

Аммо пизишки зиндони шумораи як таъкид карда, ки Ҳамза Икромзода худкушӣ карда ва нишонаҳои сӯхтагӣ дар бадани ӯ дар натиҷаи гарм кардани андомаш пайдо шудааст.

Хонум Холмуродова мегӯяд аз он бим дорад, ки ин фарзанди вай дар натиҷаи шиканҷа дар зиндон ҷон диҳадДар миёни афроди таҷаммӯъкарда ҳамчунин модарон ва ҳамсарони он идда аз зиндониёне буданд, ки дар парвандаи ҷиноии дар робита ба Ҳамза Икромзода шавоҳид надодаанд, вале ин афрод низ аз шиканҷа шудани пайвандони зиндонии худ шикоят мекарданд.

Ба гуфтаи онҳо, шашуми ноябр Идораи умури зиндонҳои Тоҷикистон бидуни огоҳӣ ва эъломе ба онҳо ҳудуди 60 нафарро аз зиндонҳои Душанбе ба зиндонҳои вилояти Суғд интиқол додааст.

Ҳусния Яқубова, ҳамсари Илҳом Рустамов, ки ахиран ба шаҳри Хуҷанд интиқол ёфтааст, мегӯяд, ки шавҳараш дирӯз телефонӣ ба онҳо хабар додааст, ки ӯро шадидан латукӯб карда ва ҳоло вазъи саломаташ хуб набудааст.

Вай мегӯяд, ки шавҳари ӯро махсус ба зиндони шаҳри Хуҷанд интиқол додаанд, то пайвандонаш натавонанд аз ҳоли вай бамаврид хабар гиранд.

Хонум Яқубова мегӯяд: “Шавҳари ӯ бо моддаи 104, яъне куштор маҳкум шуда, вале дарвоқеъ вай гунаҳкор нест. Дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ гапи шоҳидони мо ба назар гирифта нашуд. Вай ки як бор дар маҳбас нишаста буд, барои ҳамин бори дувум низ ба осонӣ бе таҳқиқоти ҷиддӣ ӯро барои 29 сол маҳкам карданд”.

Вай мегӯяд, ки ба додситонӣ омадааст, то ки аз нозирони зиндоне, ки шавҳарашро он ҷо задаанд, шикоят кунад. Вале касе ба доди онҳо намерасад.

Набуди шароити молӣ барои аёдати фарзандони зиндонӣ

Момагул Холмуродова, модари Умед Холмуродов, яке аз зиндониёни дигаре, ки ба вилояти Суғд аз зиндони шумораи шаш интиқол ёфтааст, мегӯяд, ки яке аз писаронаш дар Русия фавт карда ва фарзанди бузургаш дар зиндон аст.

Ӯ меафзояд: “Ман шароити хабаргирии фарзандам дар шаҳри дурро надорам. Умед танҳо ноновари хона аст, агар бо вай ягон воқеа шавад, ман бо набераҳои хурди бесарпарастам чи кор мекунам?”.

Хонум Яқубова мегӯяд, ки шавҳараш дар вазъи баде дар зиндон қарор дорадИн хонум низ бовар дорад, ки фарзандаш бегуноҳ ҳукм шуда ва мегӯяд, ки фарзандаш танҳо барои сафед кардани худ ба ниҳодҳои марбута нома ва ариза менавишт.

Шикоят аз шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон дар ҳолест, ки талошҳои мо барои гирифтани посух аз масъулони Идораи умури зиндонҳои Тоҷикистон бенатиҷа анҷом ёфт.

Ахиран дар Тоҷикистон бурдани шикоят ба масъулони зидахл аз шиканҷа ва кушта шудани зиндониён дар маҳбасхонаҳо афзоиш ёфтааст.

Қаблан хешовандони зиндониён дар маҳбасхонаи шаҳри Ваҳдат аз шиканҷа ва кушта шудани пайвандонашон дар ин зиндон ба мақомот ва расонаҳо шикоят бурда буданд.

Аз сӯйи дигар, гарчи қаблан Додситонии кулли Тоҷикистон ваъдаи таҳқиқоти парвандаи ҷиноӣ дар робита ба марги Ҳамза Икромзодаро ба хешовандони вай карда буд, вале то ҳол дар робита ба анҷоми ин тақиқот ин ниҳод расман нишасте баргузор ва натиҷаи таҳқиқотро эълом накардааст.

Ин дар ҳолест, ки бисёре аз вукалои мудофеъ дар Тоҷикистон сабаби ҷой доштани шиканҷа дар муассисаҳои баста дар ин кишварро беҷазо мондани кормандоне медонанд, ки ба ҳангоми таҳқиқи парвандаҳо аз шиканҷа ва зӯр истифода мекунанд.

Ҳарчанд Тоҷикистон дар соли 1996 ба Конвенсияи манъи шиканҷа пайваста, аммо протоколи ихтиёрӣ дар мавриди шиканҷаро то ҳол имзо накарда ва аз ин рӯ бисёре аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ба зарурати сареъи имзои ин протокол аз сӯйи давлати ин кишвар таъкид мекунанд.

Афви Байналмилалӣ низ борҳо аз мақомоти тоҷик хостааст, ки бедиранг дар мавриди ҳамаи иддаоҳо ва шикоёти марбут ба шиканҷаи боздоштиёну зиндониён таҳқиқоти густардае анҷом диҳанд.

Заринаи Хушвақт, ВВС