Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Файзалӣ Икромов, падари Ҳамза Икромзода, маҳбусе, ки тирамоҳи соли гузашта дар маҳбаси шаҳри Душанбе ба ҳалокат расида, ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон мехоҳад изҳори эътироз кунад.
Амиралӣ Икромов, бародари Ҳамза Икромзода, дар ин бора ба TojNews иттилоъ дода, гуфт, падараш чанд рӯз пеш ҳуҷҷатеро имзо кардааст, ки ба гумони ғолиб, парвандаи ду нафар аз онҳое, ки дар қазияи куштори додараш муттаҳам мешаванд, қатъ карда мешавад.
- Баъд аз он ки падарам ҳуҷҷатеро дар прокуратура бо талаби муфаттиш имзо кардааст, адвокат нигаронӣ кард, ки падарам рафта фаҳмад, ки чиро имзо кардааст.
Дар Прокуратураи генералӣ қазияро шарҳ намедиҳанд.
Амиралӣ мегӯяд, падараш ба Шерхон Салимзода, прокурори генералӣ, мактуби шикоятӣ навиштааст ва мехоҳад шахсан ба дасташ супорад.
Файзалӣ Икромов дар як суҳбати телефонӣ бо TojNews гуфт, "президент Эмомалӣ Раҳмон шахсан супориш дода буд, ки қазияи писари маро Шерхон Салимзода таҳти назорат гирад ва қазияро одилона ҳал кунад, аммо то ҳол касе ба доди мо намерасад".
Ёдрас мешавем, ин мактуби аввали наздикони Ҳамза Икромзода ба Шерхон Салимзода нест.
Январи ҳамин сол онҳо бо як мактуби дастаҷамъона муроҷиат карда буданд, ки дар он падару модари Ҳамза Икромзода аз он ки маълумотнома дар бораи натиҷаи ташхиси сабабҳои марги фарзандашон ба онҳо дастрас нашудааст, нигаронӣ мекарданд.
Ҳамчунин, дар ин мактуб онҳо навиштанд, ки “натиҷаи бо шиканҷаи зиёд ба ҳалокат расидани маҳбус баррасӣ шуда буд, ҷавоби ташхис куштор буд, аммо аз чӣ сабабе бошад, ки баъд аз яку ним моҳ ташхис тағйир ёфт. Ба мо маълум шуд, ки ду маротиба Иззатулло Шарифов ба назди эксперт даромадааст. Дар натиҷа эксперт дигар шуд”, - мегӯяд манбаъ.
Наздикони Ҳамза Икромзода дар мактуб мегуфтанд: “Баъд аз ҷинояти содиркардашуда Рустам Тоштемиров (сардори Муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе) бо ҳаммаслаконаш шоҳидони ҳамин қазия, маҳбусон Ризоев Суннатулло ва Қайсро ба маҳбасхонаи Хуҷанд бурда, зери латукӯби шадид қарор додаанд. Онҳо маҷбуран аз шоҳидӣ даст кашиданд. Бинобар ин талаб мекунем, ки шоҳидон оварда, бозпурсӣ карда шаванд ва дар мурофиаи судӣ низ иштирок намоянд”.
Ахиран, чанд нафар аз маҳбусони Хуҷанд навори видеоиро ба рӯзноманигорон фароҳам оварданд, ки дар он гуфта мешуд, бо интиқоли онҳо ба Хуҷанд мавриди бадрафторӣ ва шиканҷа қарор ёфтанд.
Дар навори видеоӣ маҳбусон аз муносибати дурушти нозирони маҳбаси Хуҷанд шикоят карда гуфтаанд, ки дар ин ҷо ҳеҷ гуна қонун нест ва шикояти онҳоро низ касе шунидан намехоҳад.
Ёдрас мешавем, ки ҷасади Ҳамза Икромзода, маҳбуси 28-солаи Муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе, бо осори зиёди шиканҷа ба наздиконаш 21-уми сентябри соли 2012 супурда шуд.
Наздикони Ҳамза Икромзода масъулини муассисаи мазкур, аз ҷумла, роҳбари Муассисаи ислоҳии №1 Рустам Тоштемировро дар латукӯб ва шиканҷаи маҳбус айбдор мекунанд.
Дар Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон ин иддаоро рад карда, мегӯянд, Ҳамза Икромзода худкушӣ кардааст. Иззатулло Шарифов, раиси Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон, зимни суҳбати рӯ ба рӯ бо наздикони Ҳамза Икромзода ва хабарнигорон гуфта буд: - Ҳоло рафти тафтишот идома дорад ва тибқи қонун салоҳияти танбеҳ додани сардори маҳбасхонаро надорад.
- Аммо ин маънои онро надорад, ки Рустам Тоштемиров барои ин ҳодиса танбеҳ нагирифт ё намегирад. Бояд натиҷаи тафтишотро интизор шавем, то донем, ки омилҳои марги маҳбус дар чӣ будааст, - гуфт Иззатулло Шарифов.
Баъдтар, Прокуратураи назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон аз хулосаи таҳқиқи ин қазия изҳорот дода буд, ки сабаби марги Ҳамза Икромзода бинобар "хунукназарӣ"-и масъулин рух додааст.
Ахиран, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дар як мактубаш ба мактуби хонаводаи Ҳамза Икромзода ҷавоб гуфта, навишт, ки ин қазия таҳти назорати Президент Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт.