Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар ҳоле, ки то оғози мавсими даъвати баҳорӣ ба артиш якуним моҳи дигар мондааст, кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ якҷо бо масъулони ҳукуматҳои маҳаллӣ дар шимоли Тоҷикистон хона ба хона гашта, ҷавонони даъватшаванда ба хидмати ҳатмии ҳарбиро сабти ном мекунанд. Мақомот мегӯянд, ин кор ба хотири ихтиёрӣ сафарбар шудани даъватшавандагон ба хидмати ҳарбӣ ва ҷилавгирӣ аз ҷалби иҷбории онҳо роҳандозӣ мешавад.
Илҳом Бониёзов, муовини сардори комиссари ҳарбии вилояти Суғд гуфт, ба қайдгирии хона ба хонаи даъватшавандагон тибқи амри вазири мудофиаи Тоҷикистон кормандони комисариатҳои низомӣ, бахшҳои шиносномадиҳӣ ва раҳбарони маҳаллаҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, ҷараён дорад. Ӯ рӯзи 15 - уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бархе ҷавононро вақти даъват ба артиш пайдо карда наметавонанд, зеро онҳо бо ташвиқи волидайнашон ба муҳоҷирати корӣ ба Руисия мераванд.
Бинобар ҳамин, ба гуфтаи ӯ, ҳамин ҳоло ин даъватшавандаҳоро дарёфт карда, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳояшонро мефаҳмонанд ва ҳамчунин огоҳ мекунанд, ки баъди гирифтани даъватнома дар рӯз ва соати таъиншуда ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шаванд. Дар акси ҳол қонун барои сарпечӣ аз хидмати ҳатмии ҳарбӣ ҷавобгарӣ таъин кардааст.
Ба қавли Илҳом Бониёзов, шумораи ҷавононе, ки солҳо аз хидмати ҳарбӣ сарпечӣ мекунанд, чандон зиёд нест. Онҳо умдатан қабл аз оғози даъват ба хидмати ҳарбӣ ба қасди муҳоҷирати корӣ дар Русия аз Тоҷикистон берун мераванд. Вале бархе аз онҳо дар ҳоли иҷборан даъват шудан ба хидмати ҳарбӣ, аз “облава”-и худ сару садо баланд мекунанд.
Сокинон мегӯянд, кормандони комисариатҳои ҳарбӣ ҳамроҳи намояндаи кумитаи маҳалла манзили онҳоро дар кӯфтаанд ва зимни сӯҳбат гуфтаанд, ки дар сурати сарпечии даъватшаванда, алайҳи ӯ дар доираи қонун чора дида мешавад. Рафоат Хоҷаева, як зан аз ноҳияи Зафаробод ба Радиои Озодӣ гуфт: “Омаданд ва аз писарам пурсиданд. Гуфтам, ки дар Маскав кор мекунад ва ягона ноновари хонавода мебошад. Ман ҳам хурсанд, агар биёяду ба ватан хидмат кунад. Аммо мегӯяд, ки баъди 2-3 сол бародараш мактабро тамом кунаду ҷояшро гирад, баъд бармегардад.”
Аммо мусоҳиби дигарамон Носирҷон Шералиев аз ноҳияи Зафаробод гуфт, “баъзан мешунавам, ки дар баъзе қисмҳои ҳарбӣ бачаҳои собиқадор нав ба хизматрафтаҳоро латукӯб мекунанд. Барои ҳамин, ман тарафдори он, ки шароити хидматро хуб кунанд, баъд фарзандамро худам фотеҳа дода, ба аскарӣ гусел мекунам. “
Илҳом Бониёзов, муовини сардори комиссари ҳарбии вилояти Суғд мегӯяд, ба хотири рафъи шубҳаи сокинон, дар қисмҳои низомӣ “рӯзҳои дарҳои боз” эълон мекунанд ва падару модарони сарбозон ва дигар сокинони хоҳишманд метавонанд ба қисмҳои ҳарбӣ рафта, бо шароити будубош ва вазъи аскарон аз наздик шинос шаванд.
Дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳии соли 2016 беш аз 1.5 ҳазор ҷавонони даъватшаванда ба комиссариатҳои ҳарбӣ барои адои хидмати ҳатмии ҳарбӣ ҳозир шуданд. Маросими "Нонгазон" ва гусели онҳо ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар "Қасри Арбоб"-и Хуҷанд, дар ҳузури ҳазорон тамошобин, роҳбарони ҳукумат ва комиссариати ҳарбии Суғд сурат гирифт. Волидони наваскарон ба онҳо "нон газонда" гуфтанд, ки фарзандашон ихтиёрӣ ба хидмати ҳарбӣ мераванд ва мақомот низ хидмати бидуни осеби онҳоро кафолат додаанд.
Дилрабо Самадова, раҳбари созмони ҷамъиятии “Маркази озодиҳои шаҳрвандӣ”, ки мақараш дар Душанбе ва дифоъ аз ҳуқуқи даъватшавандагон як бахши аслии фаъолияти ин созмон аст, мегӯяд, аз иқдоми мақомот ҷиҳати огоҳонидани даъватшавандагон аз ӯҳдадориву ҳуқуқҳои онҳо ба шарти дар доираи қонун сурат гирифтан истиқбол мекунад. Чунки аз нигоҳӣ ӯ, фаҳмонидани қаблӣ барои бо роҳи қонунӣ ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ мусоидат мекунад ва аз ҷалби иҷборӣ, ба истилоҳ “облава”-и онҳо мусоидат мекунад.
“Агар ин маърака ба даъватшавандагон қонун ва ӯҳдадориву масъулиятҳои онҳоро фаҳмонида истода бошанд, бе таҳдид ва фишор ба даъватшаванда ин хуб аст. Чунки қонун аз синни 16 солагӣ ба ҷавонон барои риоят накардан ба тартиби сабти ном ва вақти даъвати расмӣ ҳозир нашудан ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ кардаасст. Ва инро даъватшавандагон бояд донанд, агар надонанд, ба онҳо фаҳмонида шавад.” - афзуд ӯ.
Ӯ афзуд, фаҳмонидани қоидаҳои даъват ба ҷавонон аз ҷалби иҷборӣ ё “облава” –и онҳо ҷилавгирӣ хоҳад кард. Зеро ба қавли ӯ, ҷаримаи даъватшаванда дар ҳолати риоят накардан ба қоидаву тартиби сабти ном ва даъват ба хидмати ҳарбӣ боиси норизоии ӯ ва вволидайнаш мегардад, ки онҳоро дар ин бора қаблан огоҳ накарда буданд.
Хонум Самадова гуфт, вале дар солҳои охир сабти ном, фаҳмонидан ва огоҳонидани даъватшавандагон ба хидмати ҳарбӣ аз ҷониби масъулон ҷиддӣ роҳандозӣ мешавад ва мавридҳои ҷалби иҷборӣ ё “облава” –и даъватшавандагон коҳиш дорад. Дар соли 2016 ин созмон аз даъватшавандагону волидайни онҳо дар мавриди “облава” танҳо ду шикоят дарёфт кардааст. Вале се-чор сол пеш сокинон мавридҳои зиёди бо роҳи иҷборӣ аз кӯчаву бозор дошта, ба сафи Артиши миллӣ равон кардани фарзандони худро расонаӣ мекарданд.