Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Хатмкардаи бахши арабию англисии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мамадов Хушбахт Раҳматҷонович мехост афсари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шавад. Аз ин рӯ баъди хатми Донишгоҳ таври ихтиёрӣ ариза навишта ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст. Баъди як соли адои хидмат вай ба шаҳри Душанбе рафт ва хост ба яке аз мақомоти қудратӣ ба кор дарояд ва хидмати халқу Ватан кунад. Он ҷо гуфтанд, ки дониши забони англисиятро каме мукаммалтар куну баъдан биё! Донишашро такмил медод, ки тақдир ӯро ба чӣ мусибатҳо гирифтор кард.
Ҳамон тавре модари Хушбахт - Муътабар Мамадова иброз медорад тахминан соати 20: 00-и 11-уми декабри соли 2017 дари хонаи онҳоро дар суроғаи шаҳри Конибодом, ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, деҳаи Ҷаҳонзеб, кӯчаи Садриддин Айнӣ-46 кӯфтанд. Вақте берун баромаданд, диданд, ки раиси ҷамоат истодааст. Вай ба Хушбахт муроҷиат карда гуфт, ки «нисбати ту шикоят шудагӣ, бояд ҳамроҳи мо равӣ!». Онҳо илтимос мекунанд, ки ҳоло шаб шудааст. Оё имкон нест, ки фардо саҳарӣ равад? Дар ҳамин лаҳза, ду нафаре, ки дар мошин нишаста буданд, аз мошин берун баромада, ба наздашон омаданда гуфтанд, ки «мо коргарони амнияти миллӣ. Аз болои писаратон занаш шикоят кардагӣ аст. Бояд ҳамроҳи мо равад. Фардо ҷавоб медиҳем». Писараш розӣ шуду ӯро корманди амниятӣ П. Ҷ. ва ронандаи ӯ Сӯҳроб гирифта бурданд».
Назар ба суханоне, Хушбахт дар аризаи шикоятияш аз 03.01.2018 ба номи прокурори вилояти Суғд, муҳтарам Ҳабибулло Воҳидов навиштааст, «маро ба бинои бахши КАМТ дар шаҳри Конибодом оварда ба дасташ наручник зада, гуфтанд, ки тува то саҳара вақт. Ончи занат нисбати ту баёнот дод, қоил шав… Ман баъд фаҳмидам, ки занам нисбати ман туҳмат кардааст, яъне ман бо ришу шимҳои калта ва бо ҳамроҳии салафиҳо якҷоя мегаштиям. Ман вақти саҳар ҳамаи ин суханҳоро рад кардам ва П.Ҷ. маро дар ҳавзи амният, ки бо оби хунук пур буд, дароварда маҷбур кард, ки иқрор шавам. Ман ним соат дар даруни об будам. Зора кардам, илтимос акаҷон, раҳм кунед. Ин ҳама туҳмат, занам бори сеюм аст, ки нисбати ман туҳмат мекунад… Маро гуфт: Ҳозир ҳез шуда мерӣ. Ман боз «туҳмат» гуфтам. Маро аз даруни ҳавз бароварда, болои битони яхбоин шинонд ва ду почакамро бо як пояш зер карда, ба таги поям бо дубинкаи резинии нӯгаш канда шудагӣ зада гуфт: ин дубинкая нӯгаш дар тани салафиҳо шикастагӣ! Бар таги поям задан гирифт.Дар вақти задан Алишер-ако навбатдори амният омада гуфт, ки «Хушбахт қоил шав, набошад маъюб мешӣ!»…Почаҳом варам кард, сиёҳ шуд, дардба дигар тоқат карда натавониста гуфтам: Майлаш ҳарчӣ гӯӣ ҳамонро мекунам. Баъд «аз ҷоят хез, аз пушти ман биё. Ман аз ҷоям хеста рост истода наметавонистам. Маро гуфт: Хез, тез-тез роҳ рав! Ман бо азоб то кабинеташ рафтам ва аз ман маҷбур карда баёноти худиқроркунӣ гирифт. Аниқ мекунам, ки маҷбуркунию задан санаи 12-уми декабр тахминан аз соати 8:00 то 9:00 буд. Ман аз санаи 1-декабр то санаи 19 декабр дар шуъбаи амнияти шаҳри Конибодом будам. Баъдан санаи 19-декабр Пиров Ҷумахон маро ба кабинеташ дароварда ба баёнотҳои тайёрбуда имзоямро гирифт ва гуфт,ки ту таълимоти салафиягиро аз Эшонов Тӯйчӣ гирифтӣ, яъне туро ба равияи Салафия аъзо кардааст…Баъдан маро ба прокуратураи шаҳри Конибодом бурд. Тахминан соати 16:20 онҷо маро камера карда гуфт: ҳозир туро ба камера мегирем. Ту аз баёнот гап мезанӣ. Баъд суханро Р.Эмомализода (муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Конибодом. Noturture.org ) оғоз карда гуфт, ки гумонбаршаванда Мамадов Хушбахт Раҳматҷонович аз соли 2013 то инҷониб ба равияи Салафия аъзо будааст ва бо тарзи ин равия намоз мехондааст. Ман рад кардам. Муфаттиш камераро (камерачиро гуфт): «ист, шах кун!. Манба гуфт: Ту намедони-мӣ? Салафиҳо чӣ хел намоз мехонад. Ман «Не» гуфтам: Муфаттиш гуфт: Аз ҷоят хез! … Манба нишон дод тарзи намозхонии салафиҳоро. Гуфт: Ҳозир камеранда нишон медиҳӣ.»
Назар ба суханони модари Хушбахт баъд аз он ки корманди амниятӣ таҳдид мекунад, ки агар салафӣ буданатро ба гардан гирӣ, агар гуфтагии маро (иҷро) кунӣ ман дар зали суд мегӯям,ки «ин бача дар ҳақиқат сахт пушаймон шудагӣ аст,… «гуноҳашро сабук кунетон( (кунед)», ба ту ягон моддаи сабук медиҳанду бо авф ё як ҷарима катӣ халос мешавӣ. Агар иқрор нашавӣ ҳама аъзои оилаатон, яъне падару модар, хоҳару бародаратро ҳабс мекунем. Хушбахт аз таъсири лату кӯб ва тарси ҳабс шудани оилаашон , ба суханони П.Ҷ. бовар карда, ба ҳамаи варақҳо имзо гузоштааст».
Ҳамон тавре дар маводҳои парванда маълум мегардад, пас аз ин, П.Ҷ. дар бораи ин ки гӯё Хушбахт ба фармони корманди мақомоти давлатӣ ҳангоми овардани ӯ аз хонаашон ба бинои КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом муқобилат нишон додаст, маводи маъмурӣ тартиб дода, онро ба Суди ноҳияи Конибодом пешниҳод кардааст. Дар асоси ин санад судяи суди Конибодом Муҳиддинзода М.Б. санаи 14-уми декабри соли 2017 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро аз рӯи моддаи 479 қисми 1-и Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба маҳлати ҳафт шабонарӯз таъин кард. Пас аз гузаштани ҳафт рӯз Хушбат Мамадов ба тавқифгоҳи тафтишотии 9/2 СРИҶҶ ВА ҶТ дар шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуд.
Ҳангоми дар он тавқифгоҳ қарор доштанаш Хушбахт Мамадов ва ҳимоятгари ӯ Файзулло Насруллоев ду маротиба ба номи Прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов дар бораи дар бинои КДАМ дар шаҳри Конибодом мавриди озору шиканҷа қарор гирифтанаш аз тарафи ваколатдори ҳамин шуъба П.Ҷ. ва амалҳои муфаттиши прокуратураи шаҳри Конибодом Р.Ш. Эмомализода аризаи шикоятӣ пешниҳод карданд. Вале он шикоятҳо ҳеҷ натиҷа надоданд ва парванда бо нусхаи фикри айбдоркунӣ аз рӯи моддаи 307 -3 қисми 2-и Кодекси ҷиноятиҶумҳурии Тоҷикистон санаи 26.02. 2018 барои баррасӣ ба суди Конибодом фиристода шуд. Баъдан муҳокимаи судӣ оғоз гардид.
Ҳамон тавре аз ҳукмномае, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон судяи Суди шаҳри Конибодом Абдулҳамид Ғаффорзода аз 27-уми марти соли 2018 содир кардааст, маълум мегардад, «судшаванда Мамадов Х.Р. дар маҷлиси судӣ худро гунаҳкор эътироф накард». Шоҳидон Камолов А.С, Қобилов А.Р ва Тошматов М, ки ҳамчун имом хатиби масҷиди Имом Бухории деҳаи Ҷаҳонзеб ва Ниёзбек фаъолият дошта, дар рафти мурофиа изҳор намудаанд,ки Хушбахт ва чанд нафари дигар вақти намоз хондан пойҳояшонро васеъ монда, дастонашонро аз ноф боло гузошта намоз мехондаанд ва вақти дуо хондан омин намекардаанд, ба масҷид бо шимҳои кӯтоҳ меомадаанд. Намоз хондан ва рафтори онҳо ба тарзи намоз хондани аъзои равияи Салафия монанд будааст. Шоҳид Қобилов А.Р. гуфтааст,ки «ӯ …ба сафи якум баромада, аз шахсони калонсол пеш истода намоз мехондааст ва реши дароз доштааст».
Ваколатдори шуъбаи КДАМ ҶТ дар шаҳри Конибодом П.Ҷ. дар маҷлиси судӣ гуфтааст, ки «моҳи ноябри соли 2017 ба онҳо маълумотҳои фаврӣ ворид шудаанд, ки Мамадов Х.Р. аъзои равияи ғайриқонунии динии Салафия мебошад ва дар фаъолияти ин равия иштирок кардааст… Ӯ дар асоси маводу маълумотҳои ҷамъовардашуда ва аз рӯи супориши роҳбарият санаи 11.12.2017 сол Мамадов Х.Р-ро ба Шӯъбаи КДАМ дар шаҳри Конибодом ҳозир намудааст… Барои санҷиш хабари ҳамсари Мамадов Х.Р- Мамадова М.Р. асос нашудаанд… Пурсиш, рӯбарӯкунӣ ва ҳамаи ҳаракатҳои дигар бо риояи тартиби муқарраркардаи қонун анҷом дода шудаанд. Нисбати Мамадов Х.Р. зӯроварӣ, фишор, фиреб ва дигар амал ва ҳаракатҳои ғайриқонунии тафтиш истифода нашудаанд. Нишондод ва шикоятҳои худи Мамадов Х. Р. ва аъзои оилааш дар бораи нисбати охирон истифода шудани усулҳои ғайриқонунии пурсиш бошанд, беасос мебошанд.»
Шоҳид Мамадова М.Р. - ҳамсари Хушбахт Мамадов дар рафти мурофиа изҳор доштааст, ки «ӯ, модараш, ё хоҳараш нисбати Мамадов Х.Р. ягон хабари бардурӯғ надода, барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудан ё ба ҳабс гирифта шудани ҳамсараш кӯшиш накардаанд».
Шоҳидон Мӯътабар Мамадова, Мамадов Н. –бародар, Мамадова И.- ҳамсари бародар, Ғаниев- ҳамсари хола ва Абдуллоев Р-ҳамсари холла, Истамова Р, Кабиров Р, Худойбердиева –омӯзгорони мактаби миёнаи №29-и деҳаи Ҷаҳонзеб; Акрамзода Р., Камолов А. - ҳамкурсони Хушбахт Мамадов дар маҷлиси судӣ изҳор доштаанд, ки Хушбахтро ҳаргиз бо шими кӯтоҳ, риши дароз надидаанд, ақидаҳои равияҳои ғайриқонуниниро пайравӣ кардани ӯро мушоҳида накардаанд. Вале суд ин ҳамаро умуман ба эътибор нагирифт.
Мӯътабар Мамадова изҳор дошт, ки муфаттиши прокуратураи шаҳри Конибодом Р. Эмомализода ҳамчун адвокат Шӯҳрат Тӯхтаевро, ки бо кори худаш онҷо омада будааст, даъват кардааст. Ҳол он ки писараш адвокати дигарро талаб кардааст. Адвокат ҳамагӣ дар як пурсиши Хушбахт ҳамчун гумонбаршаванда, иштирок кардааст. Вале вай дар се протоколи рӯбарӯкунии Хушбахт бо шоҳидон: Абдусамӣ Камолов, Мансур Тошматов, Ашӯр Қобилов имзо гузоштааст.
«-Ҳамин тавр, Шӯҳрат Тӯхтаев манфиатҳои писарамро ҳимоя накарда, баракс, манфиатҳои писарамро бо имзоҳои худ фурӯхт,- таъкид мекунад Мӯътабар Мамадова. –Ин ҳама сабаб бар он гардид, ки писарам ноҳақ ҳукм гирад».
Санаи 27-уми марти соли 2018 раисикунандаи суд, судяи Суди шаҳри Конибодом Абдулҳамид Ғаффорзода аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукм кард: «Мамадов Хушбахт Раҳматҷонович дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 307-3 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбигардида, гунаҳкор дониста шавад. Ба Мамадов Хушбахт Раҳматҷонович ҷазои ҷиноятӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати панҷ сол таъин карда шавад».
Назар ба андешаи вакили дифоъ Файзулло Насруллоев дар ҷараёни боздошт ва баррасии парвандаи маъмурӣ ва ҷиноятии шахси зерҳимояаш, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушбахт Мамадов қонун дар лаҳзаҳои зерин риоя нашудааст:
«Пас аз он, ки маводҳои маъмурӣ ба суди шаҳри Конибодом ворид гардид, судя М. Б. Муҳиддинзода парвандаи маъмуриро яктарафа баррасӣ карда, танҳо худи Хушбахт Мамадовро пурсида, ба ӯ беасос ва бе далелҳои кофӣ аз рӯйи моддаи 479 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати ҳафт шабонарӯз таъин кард. Ҳабси маъмуриро ӯ аз рӯи қарори ғайриқонунии суд бар хилофи Қонун дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар маҳкамаи муваққатӣ нагузаронида, балки дар утоқи навбатдории бинои шуъбаи КДАМ ҶТ дар шаҳри Конибодом гузаронидааст. Дар ин вақт П.Ҷ баёнотҳои ба худ заруриро сохта, ба онҳо имзои Хушбахт Мамадовро гирифт. Санаи 12-уми декабри соли 2017 ӯ бо ҳамроҳии муфаттиши ШКВД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом рафта хонаи истиқоматии Х. Мамадовро , ки он ба волидайнаш тааллуқ дошт, бе иҷозати суд кофтуков намудааст. Барои он ки дар прокуратура ҳолатҳои кор тасдиқ шаванд, П.Ҷ. дар утоқи корияш Х. Мамадовро бо шоҳидон М. Тошматов ва А.Қобилов пешакӣ ва ғайрирасмӣ ва ғайриқонунӣ рӯ ба рӯ кард. Баъди ба итмом расидани ҳабси маъмурӣ маводҳо нисбати Хушбахт Мамадов ба прокуратураи шаҳри Конибодом фиристода шуданд. Дар он ҷо санаи 19-уми декабри соли 2017 ӯро бо роҳи фиреб ва таҳдиди зӯроварӣ бе иштироки ҳимоятгари интихоб намудааш ҳамчун гумонбаршуда таҳти пурсиш қарор доданд ва аз ӯ бо ин роҳ нишондодҳои худиқрорӣ гирифта шуд. Пас аз ин 20-уми декабри соли 2017 дар рафти тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ аз тарафи муфаттиш Р. Эмомализода, умуман бе иштироки ҳимоятгар рӯбарӯкунии расмии Хушбахт Мамадов бо се нафар шоҳидо - Мансур Тошматов, Ашӯр Қобилов ва Абдусамӣ Камолов сурат гирифт. Шикояти Хушбахт Мамадов аз тарафи прокуратураи шаҳри Конибодом яктарафа ва ғайрихолисона санҷида шудааст. Санҷиши прокурорӣ аз се-чор баёноти шахсони манфиатдор ва кормандони шуъбаи КДАМ ҶТ дар шаҳри Конибодом иборат мебошад. Барои инкор кардани ваҷҳи Хушбахт Мамадов дар бораи ҳавзи пуроби дар назди бинои КДАМ дар шаҳри Конибодом мавҷудбуда, прокурори шаҳри Конибодом пешакӣ оби ҳавзро холӣ карда, аксҳояшро гирифта, дар қарораш пешниҳод кардааст, ки дар моҳи декабр дар ҳавз об набуд. Илова бар он, аз тарафи прокурори шаҳри Конибодом дар рафти санҷиш чунин амалҳо иҷро нашудааст. Сабтҳои ҳамаи камераҳои мушоҳидавии шуъбаи КДАМ дар шаҳри Конибодом аз 11 –ум то 19-уми декабри соли 2017 гирифта нашудаанд. Маҳз дар ана ҳамин рӯзҳо Хушбахт Мамадов дар ин ҷо нигоҳ дошта шуда, зери латукӯб ва шиканҷа қарор гирифта буд ва ҷароҳати ҷисмонӣ дошту роҳ гашта наметавонист. Сабаби дар шуъбаи навбатдории бинои мазкур ба муддати ҳафт рӯз нигоҳ дошта шудани Хушбахт Мамадов ба ҷои он, ки вай мебоист дар Маҳкамаи нигаҳдории муваққатӣ ҷойгир карда мешуд, аз тарафи прокуратура тафтиш карда нашуда ва ба он баҳои ҳуқуқӣ дода нашудааст. Аз рӯйи парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати Хушбахт Мамадов, ки дар суди шаҳри Конибодом мавҷуд аст, дида мешавад, ки гӯё Хушбахт Мамадовро санаи 12-уми декабри соли 2017 ба шуъбаи КДАМ ҶТ дар шаҳри Конибодом оварда бошанд. Аммо аз ҳукми суди шаҳри Конибодом аз 27-уми марти соли 2018 аз нишондодҳои судшаванда Хушбахт Мамадов, шоҳидон, азҷумла, худи П.Ҷ маълум мегардад, ки Хушбахт ба шуъбаи КДАМ ҶТ дар шаҳри Конибодом санаи 11-уми декабри соли 2017 оварда шудааст. Баръало дида мешавад, ки П.Ҷ. дар рафти баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати Хушбахт Мамадов нишондодҳои бардурӯғ дода, як шабонаррӯз ғайриқонунӣ аз озод маҳрум кардани ӯро рӯпӯш кардааст. Дар рафти санҷиш адвокат Ш.Тӯхтаев оид ба кирдорҳои ғайриқонунии муфаттиш Р. Эмомализода пурсида нашудааст ва сабаби дар рафти рӯбарӯкунӣ иштирок накарданаш муайян карда нашудаааст. Санҷишгари шикоят, прокурори шаҳри Конибодом ваҷҳҳои таҳти шиканҷа қарор дода шудани Хушбахтро ҳаматарафа насанҷида, ба ҷои он дар қарори худ далелҳои дар содир кардани ҷиноят айбдоркунандаро овардааст. Ҳолатҳои дигаре, ки аз тарафи П.Ҷ. ва Р. Эмомализода вайрон шудани қонунро исбот мекунанд, аз диққати прокурор дур мондаанд. Хешу табори Хушбахт Мамадов умуман пурсида нашудаанд.
Алҳол шарқшинос, мутахассиси забонҳои англисию арабӣ, Хушбахт Мамадови 28-сола дар муассисаи ислоҳии низомаш умумии №3/6-и ноҳияи Ёвон адои ҷазо менамояд. Сарвари хонадон, яъне падари Хушбахт Раҳматҷон Мамадов, ки ҳамчун муаллими забони англисии деҳа фаъолият мекард, баъди ноҳақ маҳбасӣ шудани писараш ба ғаму ғусса ғӯтид ва бармаҳал аз дунё гузашт. Модари ӯ Мӯътабар Мамадова, ки беш аз 40 соли ҳаёти хешро сарфи тарбияи фарзандони мардум намудааст, ҳанӯз ҳам ба тантанаи адолат бовар дорад. Вай умед бар он дорад, ки онҳое, ки дар ҳаққи писараш тӯҳмат заданд ва ӯро таҳти озору шиканҷа иқрор ба гуноҳи накардааш кунонидаанд, рӯзе дар назди қонун ҷавоб хоҳанд дод.