Интиқоди Омрико аз вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон

Интиқоди Омрико аз вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон

Вазорати хориҷаи Омрико мегӯяд, ки дар Тоҷикистон маҳалгароӣ ҳоким аст ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, ва бештари аъзои кобинеаш зодагони як минтақа ҳастанд.

Дар гузориши солонаи Вазорати хориҷаи Омрико дар бораи ҳуқуқи башар, ки шоми панҷшанбеи 27 феврал мунташир шуд, ба маҳдудият дар фаъъолияти аҳзоби сиёсӣ, адами рақобати воқеъӣ дар интихоботи 6 ноябри соли гузашта ва мутобиқ набудани ин интихобот бо меъёрҳои байналмилалӣ таъкид шудааст.

Тибқи ин гузориш, мавориди шиканҷа ва озору азияти боздоштшудагон аз ҷониби кормандони ниҳодҳои амниятӣ ва пулис, таъқиби фаъъолони сиёсӣ, нақзи озодии баён, аз ҷумла, масдуд шудани сойтҳои мустақилли хабарӣ, шароити номусоъиди озодии виҷдон ва хушунат алайҳи зан аз мушкилоти ҷиддии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон арзёбӣ шудаанд.

Дар ин гузориш боздоштҳои худсарона, додгоҳи ноъодилона, вазъи ногувори зиндонҳо, мамнӯъияти вуруди нозирони байналмилалӣ ба зиндонҳо, маҳдудият дар омӯзиши динии кӯдакон, фасод ва қочоқи инсон барои суиистифодаи ҷинсӣ ва кори иҷборӣ низ аз мавориди нақзи ҳуқуқи башар унвон шудаанд.

Вазорати хориҷаи Омрико мегӯяд, ки кормандони ниҳодҳои амниятию пулис ва сохторҳои давлатӣ барои мавориди нақзи ҳуқуқи башар банудрат дар додгоҳҳо муҳокима шуда ва ин афрод умдатан на ба иттиҳоми нақзи ҳуқуқи башар, балки сӯиистифода аз мақоми хидматӣ муҷозот мешаванд.

Аз ҷумла, дар моҳҳои июл ва августи соли 2012 созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳои мустақилли Тоҷикистон аз кушта ва захмӣ шудани афроди ғайринизомӣ дар ҷараёни амалиёти низомии нерӯҳои давлатӣ дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, хабар доданд.

Он замон Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, аз кушта шудани 21 узви гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ, 18 сарбозу афсари давлатӣ ва ду ғайринимозӣ гузориш дода буд. Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, таъкид карда буд, ки ниҳодҳои зирабт қазияи кушта шудани афроди ғайринизомиро бозрасӣ мекунанд.

Аммо пайвандони афроди кушташуда ба созмонҳои ғайридавлатии мудофеъи ҳуқуқи башар ва расонаҳои мустақил гуфтаанд, ки натоиҷи ин бозрасӣ то кунун расман эълом нашуда ва онҳо дар бораи илали марги наздиконашон иттилоъе дарёфт накардаанд.

Хуон Мендез гуфтааст, ки то ҳол дар Тоҷикистон мавориди шиканҷа зиёд астИн дар ҳолест, ки созмонҳои ғайридавлатии мудофеъи ҳуқуқи башар аз кушта шудани 22 ғайринизомӣ дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар шаҳри Хоруғ гузориш дода ва гуфтаанд, ки ба далели қатъи иртибот бо Хоруғ имкони дарёфти иттилоъи дақиқ дар мавриди талафоти ҷонӣ душвор будааст.

Дар моҳи марти соли гузашта Салимбой Шамсиддинов, раиси бахши Ҷамъияти узбакҳои Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, нопадид шуд. Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҳизби мухолифи сусиёл-демукрот, гуфта буд, ки оқои Шамсиддинов қабл аз ин ҳодиса ба ӯ аз фишору таъқиби ниҳодҳои давлатӣ шикоят кардааст.

Шиканҷа дар зиндону боздоштгоҳҳо

Хуон Мендез, гузоришгари вижаи СММ, ки дар соли 2012 аз Тоҷикистон дидан карда буд, аз мавориди зиёди шиканҷа дар ин кишвар гузориш додааст. То ҳол бештари тавсияҳои оқои Мендез аз ҷониби давлати Тоҷикистон иҷро нашудаанд.

Дар ин гузориш ба кушта шудани Ҳамза Икромзода бар асари шиканҷа дар зиндон, мавриди шиканҷа қарор гирифтани Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев дар зиндон дар Тоҷикистон ишора шудааст.

Дар Тоҷикистон 10 зиндон, аз ҷумла, як зиндони занон ва 12 боздоштгоҳ фаъъолият мекунанд. Шароити воқеъии зиндонҳо рӯшан нест, аммо боздоштшудагон ва зиндониён шароити худро ногувор, ғайрибеҳдорӣ ва бо афроди аз меъёр зиёд арзёбӣ кардаанд.

Беморӣ ва гуруснагӣ аз мушкилоти аслии зиндонҳо маҳсуб шуда ва бино ба иттилоъи СММ теъдоди мубталоён ба амрози сил ва вируси нақси эмании инсонӣ (HIV) зиёд, аммо ироаи хадамоти беҳдоштӣ хуб нест.

Ҳарчанд кумисери ҳуқуқи башар ё омбудсмени Тоҷикистон аз зиндонҳо дидан мекунад, аммо ин ниҳод ҳаққи назорат бар шароити зиндонҳоро надорад. Маълум нест, ки маҳбусон имкони ибодат кардан доранд ё хайр.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати адлияи Тоҷикистон мукарраран дархости созмонҳои байналмилалӣ, бо шумули Кумитеи Байналмилалии Салиби Сурх ва созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон барои вуруд ба зиндонҳоро рад кардааст.

Аксе аз мавориди шиканҷа дар зиндонДар ҳамин ҳол, Кумитеи Байналмилалии Салиби Сурх гуфтааст, ки дар Тоҷикистон боздоштҳои худсарона як амри муқаррарӣ маҳсуб мешавад.

Дар моҳи июли соли гузашта Кумитеи амнияти миллӣ Маҳмурод Одинаев, узви гурӯҳи Кумитеи мардумӣ алайҳи шиканҷа дар ноҳияи Ҳисорро, барои пахши навори видеуӣ аз мавориди шиканҷаи Суннатулло Ризоев дар зиндонҳои Душанбе ва Хуҷанд дар сафҳаи интернет боздошт кард.

Суннатулло Ризоев дар бораи ҳодисаи шиканҷа ва марги Ҳамза Икромзода дар зиндон шаҳодат дода буд.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар бораи мавориди боздоштҳои худсарона ва бозрасии ҳаводиси шиканҷа дар ин кишвар дар соли 2013 гузорише пахш накардааст. Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар аз мавориди боздоштҳо бо иттиҳомоти сохта ва бо ҷанбаи сиёсӣ дар Тоҷикистон гузориш додаанд.

Аз ҷумла, дар моҳи майи соли 2013 Зайд Саидов, тоҷири саршинос, ба иттиҳоми ришвахорӣ, чандзанӣ, сӯиистифода аз мақом, қаллобӣ ва таҷовуз ба номус боздошт шуда ва дар моҳи декабри соли гузашта ба муддати 26 сол равонаи зиндон шуд.

Тарафдорони оқои Саидов ин қазияро сиёсӣ хонда ва гуфтаанд, ки мушкили ӯ пас аз эъломи таъсиси ҳизби ҷадиди “Тоҷикистони нав” дар остонаи интихоботи риёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар пайдо шуд.

Дар моҳи октябри соли 2013 Умедҷон Тоҷиев, узви ҲНИТ дар ноҳияи Исфара, дар шимоли Тоҷикистон, ба иттиҳоми “созмон додани гурӯҳи табаҳкор” боздошт шуда ва баъдан аз табақаи дуюми боздоштгоҳ худро ба зер андохт ва пояш захмӣ шуда буд.

Дар гузориши Вазорати хориҷаи Омрико вазъи зиндонҳои Тоҷикистон ногувор арзёбӣ шудаастПулис ин амали оқои Тоҷиевро қасди фирор аз боздоштгоҳ эълом карда, аммо вакили мудофеъ гуфта буд, ки бар асари шиканҷа Умедҷон Тоҷиев маҷбур шудааст худро ба зер андозад.

Созмони Афви Байналмилалӣ мегӯяд, ки бархе аз афроди пулис ва қуззот ба ивази ришва сатҳи ҷароими боздоштшудагонро камтар карда ё аз боздоштгоҳ озод мекунанд. Вукалои мудофеъ гуфтаанд, ки додситонҳо афроди мазнунро аз муддати муқаррар бештар нигоҳ дошта ва танҳо бо эътирофи гуноҳ боздоштшуда расман сабти ном мешавад.

Тибқи гузориши вазорати хориҷаи Омрико, ҳарчанд дар қавонини Тоҷикистон муддати боздошт то 3 моҳ муқаррар шудааст, аммо имкон дорад ин муддат то 15 моҳ тамдид шавад.

Дар Тоҷикистон системи қазоӣ мустақил эълом шуда, вале дар бештари маворид мақомоти давлатӣ ба додситонӣ ва қозиҳо фишор ворид мекунанд. Фасод ва бекифоятӣ аз мушкилоти умдаи ин систем маҳсуб мешаванд.

Ҳарчанд дар Тоҷикистон ҷаласоти додгоҳӣ озод аст, аммо бархе аз парвандаҳое, ки ҷанбаи сиёсӣ дошта ва дар ҷомеъа сару садоҳоеро дар пай доштааст, ба таври “пӯшида” анҷом мешавад.

Муҳокимаи Шерик Карамхудоев, раҳбари дафтари ҲНИТ дар Хоруғ, Зайд Саидов, тоҷири маъруф ва даъвои Рустам Ҳукумов алайҳи нашрияи “ИмрӯзNews” пушти дарҳои баста баргузор шуданд.

Вазорати хориҷаи Омрико мегӯяд, ба далели он ки давлати Тоҷикистон вуҷуди зиндониёни сиёсиро дар кишвар такзиб мекунад, мушаххас кардани теъдоди ин гуна маҳбусон душвор аст.

Озодии баён ва матбӯъот

Қонуни асосии Тоҷикистон озодии баён ва матбӯъотро тазмин карда, аммо мақомоти ин кишвар мукарраран ин ҳуқуқро нақз мекунанд. Аз ҷумла, мақомот аз тариқи боздошт, таъқиб ва таҳдиди ҷаримаи сангин озодии баёнро нақз мекунанд. Масалан, мумкин аст, хабарнигор барои таҳқири раиси ҷумҳурӣ ба муддати 5 сол равонаи зиндон шавад.

Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар қазияи Зайд Саидовро "сиёсӣ" хондаандДар моҳи феврали соли 2013 додгоҳ нашрияи “ИмрӯзNews”-ро барои чопи матлаби интиқодӣ дар бораи наздикони раиси ҷумҳурӣ ба миқдори 50 ҳазор сомонӣ ё 10 ҳазор дулори омрикоӣ ҷарима кард. Рӯзи 28 октябри соли гузашта Маҳмадюсуф Исмоъилов ба иттиҳоми “таҳдид ва ришваситонӣ ба миқдори 400 сомонӣ” ба муддати 11 сол равонаи зиндон шуд.

Дар пайи пахши барномаҳои интиқодӣ дар бораи хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, тавассути Додоҷони Атовулло, хабарнигори мухолиф ва табъидӣ, дар моҳи май дастрасӣ ба шабакаи телевизиюнии “К+” дар ҳудуди Тоҷикистон масдуд шуд.

Тибқи қавонини Тоҷикистон, сонсур дар ин кишвар мамнӯъ аст, аммо мавориди фишору таҳдид ва таъқиб нашрияҳо ва хабарнигорони мустақилро водор кардааст, то даст ба худсонсурӣ зада ва аз пахш ё чопи матолиби “доғ” худдорӣ кунанд.

Давлати Тоҷикистон аз фаъъолияти шабакаҳои мустақилли родию ва телевизиюн монеъ шуда, Кумитеи давлатии телевизиюн ва родию ба телевизиюнҳо ва родиюи мустақил муҷаввизи фаъъолият намедиҳад.

Дар авоили соли гузашта сойтҳои хабарии интернетии “TJKNews”, “TopTJ”, “YouTube”, родиюи “Озодӣ” ва “Facebook” низ барои чопи матолиби интиқодӣ масдуд шуда ва мақомоти Идораи мухобироти Тоҷикистон далели ин амрро “мушкилоти фаннӣ” арзбӣ карда буданд.

Озодиҳои иҷтимоъӣ

Вазорати хориҷаи Омрико мегӯяд, ки ҳарчанд қавонини Тоҷикистон баргузории тазоҳуроти осоиштаро дар ин кишвар тазмин кардааст, аммо сокинони кишвар наметавонанд аз ин ҳаққи худ истифода кунанд.

Маҳмадюсуф Исмоъилов ба иттиҳоми “таҳдид ва ришваситонӣ ба миқдори 400 сомонӣ” ба муддати 11 сол равонаи зиндон шудМасалан, дар моҳи август 4 писар ва домоди Зайд Саидов, Маҳмудҷон Қосимов, узви гурӯҳи мубтакирони таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” барои таҷаммуъи сулҳомез барои озодии оқои Саидов ба муддати 5 рӯз боздошт шуда ва Мавҷуда Соҳибназарова ба миқдори 280 сомонӣ ё 59 дулор ҷарима шуд.

Дар моҳи январ маркази “Ҷамъияти маъмурӣ” дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, барҳам хӯрд. Ин марказ дар соли 2011 ба манзури пуштибонӣ аз аҳзоби сиёсӣ ва таҳияи қонуни интихобот таъсис шуда, аммо бахши Вазорати адлия дар шаҳри Хуҷанд фаъъолияти ин ниҳодро ба иттиҳоми “тағйири нишонии марказ ва гирифтани тасмим бидуни мувофиқаи аъзои он” мутаваққиф кард. Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ин иқдомро “сиёсӣ” арзёбӣ карданд.

Тиқи гузориши Вазорати хориҷаи Омрико, дар Тоҷикистон дар рафтуомад ба манотиқи мухталифи он маҳдудият вуҷуд дорад. Масалан, ба истиснои диплумотҳо ва кормандони созмонҳои хайрия атбоъи хориҷӣ ҳаққи наздик шудан ба хатти марз бо Афғонистону Чин дар вилоёти Хатлон ва Бадахшонро надоранд.

Дар бахши пуштибонӣ аз ҳуқуқи паноҳандагон, додани паноҳгоҳ ва мақоми паноҳандагӣ низ Омрико давлати Тоҷикистонро ба кӯтоҳиҳе муттаҳам кардааст. Ҳамчунин, дар соли гузашта 27 паноҳандаи афғон аз Тоҷикистон ихроҷ карда шудаанд.

Феълан дар ин кишвар 2286 паноҳанда ва 1897 паноҳҷӯ сабт шудаанд, ки 97 дарсади онҳоро атбоъи Афғонистон ташкил медиҳанд. Ин афрод дар дастрасӣ ба иштиғол, ғизо, паноҳгоҳ ва омӯзиш мушкил доранд.

Эҳтиром ба ҳуқуқи сиёсӣ

Дар Тоҷикистон раиси ҷумҳурӣ ҳаққи таъйин ва сабукдӯш кардани мақомоти даватиро дошта ва ҳизби ҳокими халқи демукрот дар ҳарду маҷлиси порлумон курсиҳои аслиро ишғол карда ва аксари кулли аъзои сохтори давлатӣ низ намояндагони ин ҳизб ҳастанд.

Ҳайъати нозирони Сомони Амнияту Ҳамкории Урупо интихоботи риёсати ҷумҳурӣ дар 6 ноябри соли гузаштаро сулҳомез хонда, вале гуфтааст, ки ин интихобот бидуни рақобати воқеъӣ анҷом шуд. Ойниҳол Бобоназарова, танҳо намояндаи мухолифон, ба унвони номзад сабти ном нашуд.

Ҳамчунин, давлати Тоҷикистон аз фаъъолияти озоди аҳзоби мухолиф монеъ мешавда. Аз ҷумла, Вазорати хориҷаи ин кишвар ба 200 меҳмони хориҷӣ, ки аз ҷониби Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби умдаи мухолиф, барои ширкат дар кунферонсе байналмилалӣ даъват шуда буданд, визои Тоҷикистонро надодааст.

Маҳмадалӣ Ҳаит мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифта ва дар бемористон бистарӣ шуда будАз сӯйи дигар, дар моҳи апрел афроди номаълум ба Маҳмадалӣ Ҳаит, муъовини раҳбари ҲНИТ, ҳамла карданд ва бар асари он оқои Ҳаит дар бемористон бистарӣ шуд. Созмони “Хонаи Озодӣ” ин ҳамларо ба интихоботи риёсати ҷумҳурӣ марбут хонд. Давлат дар мавриди ин ҳодиса ҳатто парванда боз накард.

Бино ба гузориши Ожонси омори Тоҷикистон, дар соли гузашта 19 дарсади занҳои аз 15 то 49-сола мавриди хушунати ҷисмонӣ қарор гирифтаанд. Бештари хушунати хонаводагӣ, назири рафтори хашин алайҳи духтарон, озору азияти хушдоманҳо ва никоҳи бармаҳал бо баҳонаи “қазияи хонаводагӣ” бозрасӣ нашудаанд.

Дар гузориши Вазорати хориҷаи Омрико ҳамчунин омада, ки дар бештари маворид ба далели тарс аз ворид шудани латма ба эътиборашон духтарони тоҷик аз озори ҷинсӣ дар маҳалли корашон шикоят намебаранд.

Феълан ҳузури занҳо дар сохторҳои давлатӣ танҳо 30 дарсадро ташкил дода, дар пайи эъломи фатвои Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон дар соли 2004 занҳо аз ҳаққи рафтан ба масҷид барои намоз маҳрум мондаанд.

Бар асоси созмони ЮНИСЕФ 20 дарсади духтарон дар Тоҷикистон ба далели фақр дар хонавода аз мактабҳои ҳамагонӣ дар канор монда ва волидон дар синни ноболиғӣ бидуни хосташон онҳоро иҷборан шавҳар медиҳанд. Дар ин сурат ин издивоҷ расман сабт нашуда ва ба таври мазҳабӣ анҷом мешавад.

Ин гуна никоҳ имкон медиҳад як мард бидуни мушкилоти ҳуқуқӣ бо 2 ё 3 зан издивоҷ кунад ва ин гуна занҳо пас аз талоқ аз ҳаққи дарёфти кумакҳои молӣ аз шавҳари пешин маҳрум монанд.

Дар гузориш аз вазъи ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ шудааст. Ҳарчанд қонунҳои Тоҷикистон баробарии ҳуқуқи ақаллиятҳои ҷинсиро тазмин карда, асноди ҳуқуқӣ ин афродро аз табъиз дифоъ намекунанд. Дар мавриди озору азияти ҷинсию равонии ҳамҷинсгароён низ гузориш шудааст.

Мавориди табъиз нисбат ба мубталоён ба Эч-Ой-вӣ ва ЭЙДЗ (ВИЧ/ СПИД) низ дар Тоҷикистон ба мушоҳида расидааст. Дар гузориши Вазорати хориҷаи Омрико ба истифода аз нерӯи кӯдак дар Тоҷикистон ишора шудааст, ки дар бештари маворид кӯдакон аз хонаводаҳои фақир аз синни 10-солагӣ ба кор дар бозору хиёбонҳо ё ҷамъоварии маҳсули панба водор мешаванд.

Бино ба гузориши Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират (IOM) дар соли гузашта давлати Тоҷикистон алайҳи 31 корфармо, ки аз нерӯи кӯдакон истифода карда, парвандаи идорӣ боз карда ва онҳоро ба маблағи 28 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима кардааст.

Би-би-сӣ