Исфара: Зардолупарвар шиканҷа шудааст?

Оилаи Содиқовҳо дар қатори дигар мардуми зардолупарвари Исфара ба парвариши зардолу машғул буда, зиндагии худро аз ин ҳисоб таъмин мекунанд. Онҳо дар пайи иҷрои ин шуғли бобоии худ аз навоҳии зардолупарвари Суғд боғҳои зардолуро харидорӣ карда, меваи боғҳоро хушк карда, ба бозор ва ҳатто ба хориҷ аз кишвар содирот менамоянд. Аммо ҳодисае, ки рӯзи 12-уми июн бо Фарҳод Содиқов - фарзанди ин хонадон иттифоқ афтод, онҳоро дар ҳайрат гузошт ва аз он то ҳол дар тааҷҷубанд.

Субҳи 12-уми июни соли 2017 Фарҳод Содиқов ҳамроҳи бародараш Фаррух ва хоҳару хоҳарарӯсаш барои ғунучини ҳосили боғи зардолу роҳи сафарро ба ноҳияи Ашт пеш мегиранд. Дар дидбонгоҳи “Зархок”-и шаҳри Исфара кормандони БДА дар қатори мошинҳои дигар мошини онҳоро низ нигоҳ медоранд. Фаррух, ки ронанда буд, ҳуҷҷатҳои ронандагиашро гирифта, аз мошин фаромада, ба назди корманди БДА меравад. Дар ин ҳангом кормандони ШВКД №1-и шаҳри Исфара бо сардории Маҷид Ҷалилов ба дастони Фарҳод Содиқов завлона зада, ӯро ба мошини худ савор карда, ба ШВКД №1-и шаҳри Исфара мебаранд. Сабаби ин боздошташонро шарҳ надода, нисбати ӯ тибқи моддаи 479 (итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди милитсия ва шахси дигар, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро иҷро менамояд)-и Кодекси ҳуқуқвайронкуии маъмурии ҶТ парвандаи маъмурӣ тартиб медиҳанд. Худи ҳамон рӯз дар утоқи кории кормандони ШВКД №1-и шаҳри Исфара мурофиаи судӣ баргузор мегардад. Раисикунанда Бобоҷонзода Н. Ш. нисбати ӯ 7 рӯз ҷазои ҳабси маъмурӣ таъин мекунад.

Баъд аз эълони 7 рӯз ҳабси маъмурӣ кормандони ШВКД №1-и шаҳри Исфара Фарҳод Содиқовро дар ғорати манзили Нурилло Музаффаров, воқеъ дар суроғаи шаҳри Исфара, ҷамоати Навгилем ва рабудани маблағи пулӣ ба миқдори 150 000 сомонӣ, 2 млн рубли русӣ, 10 500 доллари ИМА аз манзили ӯ дар моҳи апрели соли 2017 ва инчунин дуздии 110 000 сомонӣ аз дохили автомашинаи Фаридун Салоев, сокини ҷамоати Чоркуҳи шаҳри Исфара дар соли 2016 гумонбар мешуморанд.

Бояд зикр намуд, ки соли 2009-ум Фарҳод Содиқовро бо гумони куштори Оқил Шаропов - собиқ бозоркоми шаҳри Исфара тибқи моддаи 104, қисми 2-и КҶ ҶТ боздошт ва ба муҳлати 27 сол аз озодӣ маҳрум карда буданд. Аммо баъд аз муайян шудани қотилони асосӣ ва бегуноҳ эътироф шуданаш, баъди 4 сол ӯро аз маҳбас раҳо карданд.

Санаи 19-уми июни соли 2017, яъне пас аз адо шудани муҳлати ҳабси маъмурӣ нисбати Ф. Содиқов чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс татбиқ карда мешавад.

Рӯзи 7-уми июли соли 2017 нисбати ӯ дар асоси моддаи 244, қисми 3, банди “а” ва моддаи 249, қисми 4, банди “б”-и КҶ ҶТ айб эълон карда мешавад.

Фарҳод Содиқов бо он айбдор дониста шудааст, ки гуё ӯ санаи 25-уми апрели соли 2016 тахминан соатҳои 15:00 дар асоси маслиҳати пешакӣ бо рафиқонаш Воҳидов Абдураҳмон бо мақсади дуздӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр то назди автомашинаи шаҳрванд Фаридун Салоев, сокини шаҳри Исфара, ҷамоати Чоркуҳ, ки дар пушти бозори марказии шаҳри Исфара қарор дошт, омадаанд. Онҳо аз фурсат истифода бурда, дар вақти набудани соҳиби автомашина Фаридун Салоев ва дигар шахсони бегона оинаи автомашинаро бо санг шикаста, аз бордони он 110 000 сомонӣ маблағи пулиро, ки дар дохили халтаи селофанӣ ҷойгир будааст, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Сипас Фарҳод Содиқов ва рафиқаш Абдураҳмон Воҳидов маслиҳат кардаанд, ки маблағи тасарруфкардаашонро ба хонаи ӯ бурда пинҳон кунанд. Аз рӯи маслиҳати пешакӣ маблағҳои пулиро ба хонаи ӯ бурда, ҳисоб кардаанд, ки 75 000 сомонӣ баромадааст.

Баъд аз гузаштани се чор рӯзи ҳодиса он замон кормандони милиса аввал нисбати Ф. Содиқов ва А. Воҳидов бо моддаи 479-и КҲМ ҶТ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, аз ҷониби суд ба онҳо 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин карда мешавад. Ҳангоми дар ҳабси маъмурӣ қарор доштанашон А. Воҳидов ва Ф. Содиқов оид ба ҳолати дуздӣ мавриди пурсиш қарор дода мешаванд.

Гӯё баъди раҳо шуданашон онҳо, яъне  Ф. Содиқов ва А. Воҳидов якҷо ба хонаи ӯ рафта, маблағҳои пулии тариқи дуздӣ ба даст овардаашонро байни ҳам тақсим кардаанд. Гӯё бо сабаби он, ки ӯ пешниҳоди дуздӣ дода ва оинаи автомашинаи Ф. Салоевро шикаста, аз дохили мошин маблағҳои пулиро тасарруф кардааст, 45 000 сомонӣ ва А. Воҳидов 30 000 сомонӣ гирифтааст.

Аммо ба гуфти Гулсара Ниёзова - ҳамсари Ф. Содиқов, санаи 12-уми июн баъд аз боздошт ва таъин шудани 7 рӯз ҳукми маъмурӣ нисбати шавҳараш се нафар корманди ШВКД №1-и шаҳри Исфара ба хонаи онҳо рафта, бидуни иҷоза ҳама ҷиҳози хонаи онҳоро тагурӯ карда, пул ҷустуҷӯ мекунанд. Гулсара Ниёзова кӯшиш кардааст, ки ҳолати дағалона ворид шудани кормандони милиса ба хонаашро акс гирад ва ба мақомоти прокуратура шикоят барад, аммо онҳо телефони ӯро ба зӯр кашида гирифтаанд. Онҳо пул пайдо накарда, яхдон, телевизор, газбалони ошхона ва инчунин гӯшвору ҳалқаҳоеро, ки ба нияти тӯйи духтарчааш харида буд, ҳамчун далели шайъӣ бо худ гирифтаанд.

Бино ба гуфти Гулсара Ниёзова, он рӯз кормандони милиса ӯро низ ҳамроҳи худ ба ШВКД №1-и шаҳри Исфара бурдаанд. Дар утоқи кории Фирдавс Улчаев ӯро нигоҳ дошта, гуфтаанд, ки нависад: ”Шавҳарам маблағи саррофро дуздӣ карда, барои хона ҷиҳоз харид”. Вақте Гулсара гуфтаи онҳоро иҷро намекунад, Маҷид Ҷалилов дар ҳақаш суханони қабеҳ гуфта, баклашкаи обро, ки дар пешаш будааст, гирифта, чанд маротиба ба сари ӯ задааст.  Ҳамин тавр, Гулсараро то соати 21:00-и шом дар ШВКД №1-и шаҳри Исфара нигоҳ дошта, пурсиш кардаанд.

Саҳарӣ Гулсара ба Прокуратураи шаҳри Исфара рафта, шикоят мекунад, ки аз ӯ кормандони милисаи Исфара таҳти озору шиканҷа баёнот гирифтанд. Баъдан нисбати ӯ экпертиза таъин мекунанд.

- Як зан худро эксперт муаррифӣ намуда, моро аз назар гузаронд. Аз сабаби он, ки дар он ҷо кормандони милиса қарор доштанд, мо оид ба шиканҷа ягон чӣ гуфта натавонистем. Бинобар ин, экпертиза ягон хулосаи дуруст набаровард,- мегӯяд Г. Ниёзова.

Ба нақли Маъсуда Содиқова - модари Ф. Содиқов, бинобар суханони фарзандаш, шоми рӯзи 12-уми июн кормандони милиса писарашро аз ШВКД №1-и шаҳри Исфара ба мошин савор карда, ба сӯи Хуҷанд равон мешаванд. Дар ҳудуди роҳи ноҳияи Б. Ғафуров ба сари Фарҳод Содиқов линга мепӯшонанд ва ӯ намедонад, ки ба куҷо равонаанд. Писарашро кормандони милисаи Исфара ба ШВКД-и шаҳри Бӯстон мебаранд. Дар он ҷо  4-5 нафар, ки дар сар ниқоб пӯшида будаанд, ба дасту пой ва дигар аъзои бадани Фарҳод Содиқов барқ пайваст мекунанд ва то дами саҳар мавриди латукӯб қарор медиҳанд. Баъди ин ҳама гӯё Фарҳод Содиқов ба баёноти худиқрории аз ҷониби кормандони милиса тартибдодашуда оид ба дуздии маблағи 110 000 сомонии Фаридун Салоев дар рӯзи 25-уми апрели соли 2016 ва ғорати 150 000 сомонӣ, 2 млн рубли русӣ, 10 500 доллари ИМА аз манзили Нурилло Музаффаров дар рӯзи 8 ба 9-уми апрели соли 2017 иқрор шуда, имзо гузошта ва нисбати дигар шариконаш низ баёнот медиҳад.

Абдуманнон Воҳидов - падари Абдураҳмон мегӯяд, ки санаи 12-уми июни соли 2017 саҳар дари квартираи хонаашон тақ-тақ шуд. Аз даруни дар ӯ мепурсад, ки “кист?”. Ҷавоб медиҳанд, ки домкоми маҳалла. Аммо вақте дарро боз мекунад, корманди милиса вайро тела дода, вориди хона мешавад. Баъдан маълум шудааст, ки нафари ӯро теладода корманди ШВКД №1-и шаҳри Исфара Абдуҷамил Воҳидов будааст. Баробари ворид шудан ба хона, онҳо Абдураҳмон Воҳидовро аз ҷойгаҳи хобаш бо як тагпӯш гирифта мераванд. Ҳатто имкон надодаанд, ки ӯ либосҳояшро пӯшад. Баъд аз кофтукови ҳуҷраи истиқоматиашон, ҳамсари А. Воҳидов - Мавлуда Воҳидоваро, ки кӯдаки панҷмоҳа доштааст, гирифта бурдаанд. Аз сабаби он, ки аз хона маблағи пулӣ дарёфт накардаанд, танҳо пойафзоли фарзандону телевизори хонаи онҳоро ҳамчун далел бо худ мегиранд. 

Ба гуфти Мавлуда - ҳамсари А. Воҳидов, дар ШВКД №1-и шаҳри Исфара ӯро аз кӯдаки ширмакаш ҷудо кардаанд. Дар давоми 14-15 соате, ки ӯро нигоҳ доштаанд, танҳо як маротиба кӯдаки 5-моҳаи хурдсолашро барои шир додан дароварда, дар ин муддат танҳо як маротиба иҷозат додаанд, ки ӯ ба ҳоҷатхона равад. Ӯро ҳар як корманди милиса бо навбат даромада ҳақорату дашном додааст. Одил ва Умед ном кормандони милиса ба ӯ таҳдидҳо кардаанд, то ба коғаз имзо гузорад ва шарик будани ҳамсараш дар дуздии маблағҳоро тасдиқ намояд.

А. Воҳидовро дар як утоқи корӣ ва ҳамсарашро дар дигар утоқи корӣ дар ШВКД кормандони милиса мавриди пурсиш қарор медиҳанд. Дар ин ҳолат А. Воҳидов овози гиряи кӯдаки хурдсолашро шунида, иброз менамояд, ки барои чӣ ҳамсар ва кӯдаки ӯро боздошт намудаанд? Дар ҷавоб кормандони милиса мегӯянд, ки агар лозим шавад, ҳамсарашро низ барои шарикӣ ҳабс мекунанд. Баъд аз шунидани ин суханон Абдураҳмон Воҳидов баҳри баён намудани норозигии худ дар яке аз утоқҳои кории кофтукови ҷиноятии ШВКД №1-и шаҳри Исфара дар натиҷаи фишори равонӣ бо алмоси ришгирие, ки дар болои сейфи утоқи корӣ қарор доштааст, рагҳои дастонашро мебурад.

Бино ба нақли Гулнора Аминова - адвокати А. Воҳидов, аз суханони зерҳимояаш бармеояд, ки бегоҳии рӯзи 12-уми июни соли 2017 баъди хӯроки шом кормандони милиса Абдураҳмон Воҳидовро ба мошини тамғаи “Мерседес” савор карда, роҳ сӯи Хуҷанд пеш мегиранд. Дар ними роҳ ба сари А. Воҳидов линга мепӯшонанд. Абдураҳмон бо чунин ҳолат дар даруни мошин то дами субҳ, яъне то соатҳои 4:00 мешинад. Вақте ба телефони кормандони милиса занг ворид мешавад, ки “биёред”, онҳо ӯро аз мошин фароварда, ба бинои ШВКД-и шаҳри Бӯстон медароранд, ки он ҷо кормандони зиёди милиса қарор доштаанд. Абдураҳмон Воҳидов онҷо Фарҳод Содиқовро мебинад, ки дар ҳолати хеле бад қарор доштааст. Кормандони милиса ӯро таҳдид мекунанд, ки агар ба гуноҳаш иқрор нашавад, ҳолаш аз ҳоли Фарҳод бадтар мешавад. Абдураҳмон Воҳидов чунин ҳолати Фарҳод Содиқовро дида, ба додани баёноти иқроршавӣ розӣ мешавад.

Баъдан, дар вақти қарор доштанаш дар ШВКД №1-и шаҳри Исфара, корманди милиса А. Воҳидовро бо ҳамсараш рӯ ба рӯ мекунанд. Дар ин ҳолат А. Воҳидов ба ҳамсараш мегӯяд, ки “раву пулҳои барои харидани хона чанд сол боз ҷамъкардаамонро, ки дар хонаи модарарӯсам ҳаст, ба кормандони милиса бароварда деҳ!”. Ҳамсари А. Воҳидов бо ҳамроҳии кормандони милиса ба хонаи модараш рафта, маблағҳои пулии тӯли чанд сол ҷамънамудаи онҳоро ба кормандони милиса медиҳад ва ин маблағҳоро онҳо ҳамчун далел мегиранд.

Дар айбнома ҳамчунин омадааст, ки гӯё Фарҳод Содиқов ҳаркатҳои ҷинояткоронаашро давом дода, такроран шаби 8 ба 9-уми апрели соли 2017 тахминан соатҳои 1:30 дақиқа дар асоси маслиҳати пешакӣ ва нақшаи таҳрезикарда, ҳамроҳи рафиқонаш Воҳидов Абдураҳмон ва Баҳоваддинов Ҳоҷиисмоилхон бо мақсади роҳзанӣ, яъне ҳуҷум бо қасди тасарруфи молу мулки ғайр бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок бо ҳадафи ба миқдори махсусан калон ба даст овардани маблағи пулӣ тавассути автомашинаи тамғаи “ВАЗ 2107”, ки ба Ф. Содиқов тааллуқ дошт, то назди варзишгоҳи ҷамоати Навгилем омада, автомашинаро дар он ҷо монда, ба сарашон ниқоб кашида, бо чӯбдаст мусаллаҳ гашта, то назди хонаи истиқоматии шаҳрванд Нурилло Музаффаров, воқеъ дар шаҳри Исфара, ҷамоати Навгилем, кӯчаи Қушдевор омадаанд. Сипас онҳо ба воситаи даричаи иловагии ҳавлии мазкур вориди ҳавлӣ гашта, ғайриқонунӣ ба ҳуҷраи хоби соҳибхона Нурилло Музаффров, ки ӯ ҳамроҳи ҳамсараш М. Музаффарова хоб будаанд, ворид шудаанд. Н. Музаффаров ва ҳамсараш аз ин амали онҳо бохабар шуда, пеши роҳи онҳоро гирифтанӣ мешаванд, ки Фарҳод Содиқов ва Ҳоҷиисмоилхон Баҳоваддинов бо мушт ва чӯбдасти дар даст доштаашон онҳоро бо истифодаи зӯроварӣ зери латукӯб қарор медиҳанд. Дар ин вақт Абдураҳмон Воҳидов ҳуҷраи мазкурро кофтуков намуда, халтаи селофаниро, ки дар дохилаш маблағҳои пулӣ ба миқдори 150 000 сомонӣ, 2 млн рубли русӣ, 10 500 доллари ИМА ҷойгир будааст, тасарруф мекунад ва онҳо аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Онҳо гӯё миёни ҳам маслиҳат кардаанд, ки баъди ором шудани ин ҳодиса маблағҳои пулиро тақсим мекунанд. Бо ҳамин, онҳо ба кору бори худ машғул шуда мегарданд, ки рӯзе кормандони милиса Ф. Содиқов ва Ҳ. Баҳоваддиновро барои пурсиш ба бинои ШВКД №1-ии шаҳри Исфара меоранд. Сипас Ф. Содиқов ва Ҳ. Баҳоваддинов ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ кашида шуда, бинобар тасдиқ нашудани шарикиашон дар ҷонияти мазкур баъд аз адои муҳлати ҳабси маъмурӣ ҷавоб дода мешаванд.

Пас аз чанд рӯзи ин ҳодиса онҳо гӯё сарҷамъ мешаванд ва Ф. Содиқов пакети пулро кушодаву шуморида, ба се кас тақсим кардааст, ки ба ҳар кадоме 32 000 сомонӣ, 3 100 доллари ИМА ва 35 000 рубли русӣ расидааст.

Бино ба гуфти адвокат Г. Аминова, Ҳоҷиисмоилхон Баҳоваддиновро санаи 15-уми июни соли 2017 кормандони милиса аз кӯча боздошт карда, ба ШВКД №1-и шаҳри Исфара мебаранд. Дар утоқи кории сардори шуъбаи тафтишоти ҷиноятӣ кормандони милиса ба дастони Ҳоҷиисмоилхон Баҳоваддинов завлона зада, ӯро бо дубинка латукӯб мекунанд. Кормандони милиса таҳдид мекунанд, ки агар ба даст доштанаш дар ғорати маблағи пулӣ аз Нурилло Музаффаров иқрор нашавад, хоҳарашро ба милисахона даъват карда, ҳар коре, ки барои паст гардидани шаъну шарафаш лозим ояд, мекунанд.

Насиба Баҳоваддинова - модари Ҳ. Баҳоваддинов иброз мекунад, ки Ҳоҷиисмоил Баҳоваддинов ҳангоми дар ШВКД №1-и шаҳри Исфара қарор доштанаш ба телефони ӯ занг зада хоҳиш мекунад, ки 1000 доллари ИМА ёфтаву оварда даруни ҷевони хона гузорад. Агар не, кормандони ШВКД №1-и шаҳри Исфара ӯро азоб медиҳанд. Ӯ ин суханони фарзандашро шунида, 1000 доллари ИМА ёфта оварда даруни ҷевони хонааш мегузорад. Дар ШВКД №1-и шаҳри Исфара ба Ҳоҷиисмоилхон Баҳоваддинов мегӯянд: “Ба модарат гӯй, ки аз хона берун равад, зеро онҳо гирифтани пулро сабт мекунанд”. Модари Баҳоваддинов ба ин розӣ намешавад.

Рӯзи 16-уми июн онҳо бе иштироки Ҳ. Баҳоваддинов ба хонаи онҳо рафта, пулро, ки иборат аз 10-дона купюраи 100-долларӣ будааст, наворбардорӣ карда мегиранд.

Бо ҳамин, Ҳ. Баҳоваддиновро модараш дар СИЗО - 2-и шаҳри Хуҷанд мебинад.

Охирҳои моҳи июни соли 2017 дар вақти мулоқот дар СИЗО - 2-и шаҳри Хуҷанд модари Ҳ. Баҳоваддинов мебинад, ки дар бадани фарзандаш боқимондаи осори латукӯб мавҷуд аст. Он замон Ҳоҷиисмоилхон Баҳоваддинов ба модараш нақл мекунад, ки ҳатто ба узви мардонааш низ барқ монда, аз ӯ нишондод гирифтаанд. Баъди шунидани ин суханон модари Ҳ. Баҳоваддинов ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз болои амали кормандони ШВКД №1-и Исфара шикоят мекунад. Баррасии шикояти онҳо ба Прокуратураи вилояти Суғд вобаста карда мешавад. Дар рӯзи 8-уми сентябри соли 2017 ба модари Ҳоҷиисмоилхон Баҳоваддинов посух медиҳанд, ки шикояти онҳо барои баррасӣ ба Прокуратураи шаҳри Исфара фиристода мешавад: «Аризаи мо мавриди санҷиш қарор дода шуд, лекин ягон натиҷаи дилхоҳ надод». Баъдан, ҳангоми оғози мурофиаи судӣ онҳо аз ҷониби Прокуратураи вилояти Суғд мавриди пурсиш қарор дода шудаанд.

Санаи 3-юми ноябри соли 2017 баъд аз гузаронидани санҷиши прокурорӣ қарор дар бораи рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати кормандони ШКВД №-1-ро қабул мекунанд.

Дар тафтишоти пешакӣ санаи 15-уми июни соли 2017 ба Ҳ. Баҳоваддинов ва А. Воҳидов аз ҷониби давлат адвокат Исоева Б. С. таъмин карда мешавад. Ин адвокат мехоҳад дар Суди шаҳри Исфара иштирок кунад, аммо ҷониби судшавандаҳо ва волидони онҳо аз сабаби он, ки ба ӯ эътимод надоштаанд, аз хизмати ӯ даст кашидаанд. Баъдан, барои ҳимоя кардани ҳуқуқҳои онҳо дар суд адвокат Гулнора Аминова таъин карда мешавад.

Рӯзи 7-уми июли соли ҷорӣ тибқи моддаи 244, қисми 3, банди “а” ва моддаи 249, қисми 4, банди “б”-и КҶ ҶТ нисбати Фарҳод Содиқов ва Воҳидов Абдураҳмон ва рӯзи 8-уми августи соли 2017 тибқи моддаи 249, қисми 4, банди “б”-и КҶ ҶТ нисбати Ҳоҷиисмоилхон Баҳоваддинов аз ҷониби шуъбачаи тафтишотии ШВКД-1 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара айб эълон карда шуда, барои баррасӣ парванда ба Суди шаҳри Исфара интиқол дода мешавад.

Бо сабаби розӣ набудан бо ҳайати суд ва умуман аз ҷониби Суди шаҳри Исфара баррасӣ намудани парвандаи мазкур, судшавандаҳо ва адвокат ба ҳайати суд ва Суди шаҳри Исфара раддия пешниҳод мекунанд.

Санаи 30-юми августи соли 2017 дар рафти мурофиаи судӣ дар Суди шаҳри Исфара бо нишони эътироз ва нобоварӣ ба кормандони суд ва Прокуратураи шаҳри Исфара, Фарҳод Содиқов бо алмоси риштарошӣ рагҳои шикам ва дастонашро мебурад.

Бо дархости адвокати судшавандаҳо бозбинии минбаъдаи парванда ба Суди шаҳри Конибодом гузаронида мешавад.

Дар рафти мурофиаи судӣ дар Суди шаҳри Конибодом, ки аз санаи 26-уми сентябр то 2-юми октябри соли 2017 давом кард, Фарҳод Содиқов, Абдураҳмон Воҳидов, Ҳоҷиисмоилхон Баҳоваддинов худро гунаҳгор нашуморида, таъкид мекунанд, ки онҳо нишондодҳояшонро зери озору зарбу лат ва фишори шадиди равонии кормандони ШВКД №1-и шаҳри Исфара додаанд.

Дар рафти мурофиаи судӣ судшавандаҳо аз судя аввал шифоҳӣ ва баъдан хаттӣ талаб мекунанд, ки айбдоркунандаи давлатӣ, корманди Прокуратураи шаҳри Исфара Наҷмиддинзода дигар карда шавад, зеро ба ӯ бовар надоранд. Вале суд ин хоҳиши онҳоро бинобар “беасос будани раддияашон” ба инобат нагирифтааст. Ҳамчунин, судя ба адвокат иҷозати сабти аудиоии мурофиаи судиро надодааст.

Бо дархости айбдоркунандаи давлатӣ санаи 2-юми октябри соли 2017 аз рӯи далели истифода шудани шиканҷа нисбати Фарҳод Содиқов, Абдураҳмон Воҳидов ва Ҳоҷиисмоилхон Баҳоваддинов санҷиши прокурорӣ таъин шудааст. Дархост аз ҷониби судя санаи 2-юми октябри соли 2017 қонеъ гардида, баррасии парванда то гузаронидани санҷиш мавқуф гузошта ва парвандаи ҷиноятӣ барои гузаронидани санҷиши прокурорӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд ирсол карда шудааст.

Санаи 28-уми ноябри соли 2017 аз ҷониби суд ба иштирокчиёни мурофиаи судӣ қарор дар бораи рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ эълон карда шуд. Маълум гардид, ки он яктарафа, нопурра ва ғайриобъективона гузаронида шудааст, зеро танҳо аризаи модар ва ҳамсарони судшавандагон мавриди санҷиш қарор дода шуда, ҷабрдидаҳои асосии зери шиканҷа ва таҳқир қароргирифта, ки маҳз бо шикояти онҳо гузаронидани санҷиш дархост шуда буд, умуман мавриди пурсиш ва таҳлил қарор дода нашудаанд.

Тавре адвокати А. Воҳидов ва Ҳ. Баҳоваддинов - Гулнора Аминова мегӯяд, «худи хулосаи мазкур шубҳанок буда, он ба таври дахлдор ва воқеъбинона гузаронида нашудааст. Зеро аз нишондоди дар рафти суд додаи судшавандагон ва ҳамсарони онҳо муайян гардид, ки онҳоро ҳангоми азназаргузаронӣ эскперти тиббии ҷинси зан бо номи С. Иброҳимова ташхис гузаронидааст. Чи тавре, ки аз нишондоди дар рафти мурофиаи судӣ додаи шоҳиди иловагӣ - эксперти тиббӣ А. Х. Нодиров муайян гардид, С. Иброҳимова ҳамчун коргузор фаъолияти корӣ доштааст, на эксперти касбӣ. Вале А. Х. Нодиров дар рафти мурофиаи судӣ бардурӯғ баёнот дод, ки гӯё ташхисро худаш гузаронидааст. Аммо исбот гардид, ки судшавандаҳо ӯро бори аввал мебинанд ва он ҳам дар мурофиаи судӣ».

Адвокат Гулнора Аминова мегӯяд: «Ба назари мо, аз ҷониби кормандони ШВКД №1-и Исфара як силсила қонуншиканиҳо содир шудааст. Абдураҳмон Воҳидов бо қарори суд ҳабси маъмуриро бояд адо менамуд ва дар тавқифгоҳи муваққатӣ (ИВС) бояд нигоҳ дошта мешуд. Аммо санаи 13-14-уми июн дар вақти дар ҳабси маъмурӣ қарор доштанаш Фозилов Х. Д. - корманди ШВКД №1-и шаҳри Исфара ӯро ҳамчун шахси гумонбар пурсиш карда, протоколи пурсиши гумонбаршуда тартиб додааст. Бояд таъкид кард, ки баёнотҳои худиқрории судшавандаҳо Абдураҳмон Воҳидов ва Ҳоҷиисмоилхон Баҳовадинов дар натиҷаи шиканҷа гирифта шуда, тибқи талаботи қисми 3-и моддаи 88-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, далелҳое, ки дар ҷараёни таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ бо роҳи зӯрӣ, таҳдид, азобу шиканҷа, рафтори бераҳмона ва ё усулҳои дигари ғайриқонунӣ ба даст оварда шудаанд, беэътибор дониста, барои айбдоркунӣ асос шуда наметавонанд».

Адвокат Гулнора Аминова таъкид медорад, ки “мебоист кормандони ШВКД №1 дар шаҳри Исфара нисбати гумонбарон аз роҳҳои ғайриқонунии шиканҷаи ҷисмониву равонӣ кор намегирифтанд. Зеро зери шиканҷа қарор додани гумонбарон танҳо ба хотири худиқрорӣ сурат мегирад. Дар қонунгузории кишвар истифодаи шиканҷа манъ аст. Ин аз паст будани сатҳи касбияти кормандони милитсия гувоҳӣ медиҳад, ки чунин амалҳоро раво мебинанду истифода мекунанд”.

Санаи 20-уми декабри соли 2017 дар мурофиаи судӣ, ки дар Муассисаи тафтишотии №2-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, судяи Суди шаҳри Конибодом Муҳиддинзода М. бо ҷурми дуздии 110 000 сомонӣ аз дохили автомашинаи Фаридун Салоев дар рӯзи 25-уми апрели соли 2016 ва тасарруфи 150 000 сомонӣ, 2 млн рубли русӣ, 10 500 доллари ИМА ва 100 евро маблағ аз манзили сарроф Нурилло Музаффаров дар рӯзи 8 ба 9-уми уми апрели соли 2017 ба Фарҳод Содиқов ва Абдураҳмон Воҳидов 16 сол ва ба шарики онҳо Ҳоҷиисмоилхон Баҳоваддинов 15 соли зиндон таъин намуд. Аммо адвокати Фарҳод Содиқов - Таҳмина Раҳимова ин ҳукми додгоҳро алайҳи зерҳимояаш ва шарикони ӯ ноодилона мешуморад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, дар рафти мурофиаи судӣ оид ба ҷой доштани мухолифатҳо ва гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотӣ бояд дархост оид ба гузаронидани тафтишоти иловагӣ сурат гирад, аммо ин дархости онҳо беасос рад карда шудааст.

Инчунин, дар рафти тафтишоти пешакӣ аз тарафи онҳо дархост барои гузаронидани як қатор ҳаракатҳои тафтишотӣ ба муфаттиши парванда ва прокурори шаҳри Исфара пешниҳод гардида будааст, аммо аз тарафи муфаттиши парванда он камбудиҳое, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ ҷой доштанд, бартараф карда нашудаанд.

Таҳмина Раҳимова мегӯяд, ки судя низ ҳама дархости онҳоро вобаста ба ҷой доштани шиканҷа, дақиқ бандубаст нашудани далелҳои тафтишот ва ба таври бояду шояд ошкор нагардидани далелҳои шайъӣ ба инобат нагирифтааст. Бинобар ин, онҳо ин қарори Суди шаҳри Конибодомро ноодилонаву ғайривоқеӣ дониста, аз болои он ба суди марҳилаи кассатсионӣ шикоят мебаранд.

NoTorture.Tj