Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Баҳси мавҷудияти шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон беш аз пеш ба мавзӯи гарм табдил меёбад. Дар пайи марги мармузи Ҳамза Икромзодаи 28-сола аз деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор, ки ба қавли пайвандонаш, дар ҷисмаш нишонаҳои маҷбуран ба қатл расонидан аён будааст, даъвоҳо, додхоҳиҳо, худсафедкуниҳо ва бозпурсиҳо авҷ гирифтанд.
Пас аз он, ки маҳбуси ба тозагӣ аз маҳбасхонаи №1-и пойтахт раҳошуда Сайидалӣ Казаков дар мавриди бархӯрди зиндонбонҳо бо маҳбусон ба расонаҳои хабарӣ мусоҳибаҳо анҷом дода, нозирони маҳбасро дар сӯиистифода аз номи президент ва раҳбарони дигари масъул муттаҳам донист, маҳбуси дигаре бо номи Рафаэл Мақсудов садои эътирози худро баланд намуд.
Ин маҳбуси зиндони №1 иддао кардааст, ки шоҳиди бевоситаи латукӯб ва ба марг расидани Ҳамза Икромзода будааст. Мавсуф рӯзи 18-уми октябр дар тамоси телефонӣ ба Озодӣ гуфтааст, ки феълан таҳти ҳимояти мақомоти прокуратура ба мақомоти марбута маълумоти шоҳидии заруриро пешниҳод намудааст.
Ба қавли номбурда, рӯзи 15-уми сентябри соли ҷорӣ ҳангоми шумурдани маҳбусон, азбаски сари вақт дар саф ҳозир намешавад, вайро ба ШИЗО (утоқи ҷаримавӣ) бурдаанд, ки дар онҷо Ҳамза Икромзода низ будааст. Ба қавли Рафаэл, "субҳи ҳамон рӯз ходими маҳбас Темур Тоштемиров, Ҷамол, Давлатманд, Маҳмуд, Шерафган вориди ШИЗО шуда, бо дастбандҳои оҳанӣ дастони Ҳамзаро бастанду то хуншор шудани сару рӯяш лагадкӯб карданд".
Ин маҳбус дар идомаи нақлаш гуфтааст, ки "тақрибан 10 дақиқа ӯро латукӯб намудаанд. Дар танаш либос надошт. Лаҳзаи латукӯб фарёд мекард, ки ҷигарам кафид, лекин ӯро бо ҳамин ҳол парфтотанду рафтанд. Ягон кӯмак нарасониданд. Вақте ба пеши вай омаданд, аллакай дер шуда буд. Ҳамза пештар гуфта буд, ки борҳо ба онҳо пул дода будааст, аммо дафъаи охир, ки аз додани пул худдорӣ кардааст, ба ӯ чунин ҷазоро раво дидаанд".
Рафаэл Мақсудов гуфтааст, ки ин ҳодиса ва ҳамчунин фактҳои дигарро дар хусуси шиканҷаи Ҳамза Икромзода ба муфаттишон баён кардааст. Чуноне Рафаэл ба «Озодӣ» гуфтааст, пас аз ҳодисаи марги Ҳамза Икромзода кормандони маҳбас ба зиндониҳо боз ҳам бадтар муносибат мекунанд. "Бо баҳонаҳои кӯчак ба ШИЗО мебаранду латукӯб мекунанд",- мегӯяд ӯ.
Рафаэл Мақсудов дар бораи худаш гуфтааст, ки бо ҷурми дуздӣ барои сеюним соли маҳрумият аз озодӣ ба маҳбас маҳкум шуда, 2,5 сол давраи ҷазоро паси сар гузоштааст.
Баҳси мавҷудияти шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон маъмулан пас аз он ки Президент дастур дод, то қазияи фавти мармузи Ҳамза Икромзода дақиқ санҷида шавад ва зимнан, иброз дошт, ки қазияро таҳти назорати худ қарор хоҳад дод, маҳбусони дигарро ҷасорат бахшид ва садои додхоҳӣ аз адолат баланд карданд. Аз сӯи дигар, яқинан, мақомот низ баъди ин супориши Президент ба масъала ҷиддитар муносибат намуданд.
Ин аст, ки ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода ба Прокуратураи генералии ҶТ оид ба ҳолати марги Икромов Ҳамзалӣ муроҷиат намуда, иброз дошт, ки ҷонибдори тафтиши беғаразонаи қазияи марги Икромзода аст.
Ба иттилои «Азия-Плюс» бо истинод ба маркази матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, дар муроҷиат аз марги Ҳамза Икромзода изҳори нигаронӣ шуда, аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост мегардад, ки тафтиши қазияи мазкур фавран ва беғаразона сурат гирифта, аз натиҷаҳои он ба Ваколатдор хабар дода шавад. Таври маълум, ях ба обшавӣ шурӯъ намуд…
Ба думболи ин қазия, билохира парвандаи дигари пурсарусадо вобаста ба шиканҷа дар зиндони шаҳри Ваҳдат, ки бо номи маҳбасхонаи «Кирпичный» миёни омма маъруф аст, аз анҷоми марҳилаи аввали худ дарак дод. Гап сари ҳаводиси пурпечутобе меравад, ки давоми бист рӯзи моҳи июни соли ҷорӣ яку якбора се маҳбуси маҳбаси «Кирпичный»-и шаҳри Ваҳдат даст ба худкушӣ зада буданд. Чунончи, рӯзи 6-уми июн Нӯъмон Сатторқулов, соли тавалудаш 1973, зодаи ноҳияи Конибодом бо сабабҳои номаълум дар камера худро ба дор овехт. Баъдан, 22-юми июн Алишер Қосимов, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Душанбе дар бемористони маҳбас ва рӯзи 26-уми июн Аҷик Қаюмов, соли таваллудаш 1986, зодаи ноҳияи Фархор аз захми теғи ба пои худ задааш, ки таркиби хунаш заҳролуд шудааст, фавтидаанд. Ахиран, ба иттилои манобеи хабарӣ, аз худкушии маҳбуси дигар Далер Азизов ҷилавгирӣ шудааст, ки дар вақти муоина дар гарданаш ҷароҳатҳо аз теғи алмос мушоҳида гаштааст.
Дар пайи ин силсилақурбониҳои маҳбасӣ сарвари муассисаи ислоҳии ЯС 3/2-и Ваҳдат ва муовинаш аз вазифаҳои худ барканор шуда буданд. Ин барканориҳо бар асари чанд худкушии мармуз ва беназмиҳо дар ин муассиса иттифоқ афтода бошад ҳам, вале он замон мақомоти Сарраёсати ислоҳотии ҷазои Вазорати адлияи Тоҷикистон ба ВАО иброз дошта буданд, ки барканории сарвари муассисаи ислоҳӣ ба ин ҳаводис рабт надорад, балки ӯ ба кори дигар гузаронда шудааст.
Аммо пас аз ин ҳаводис, бино ба иттилои расонаҳо, додситонӣ алайҳи сардухтури маркази тиббии Муассисаи ислоҳии шаҳри Ваҳдат дар робита ба ду «худкушӣ»-и мармуз дар ин муассиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард. Ва билохира парвандаи ҷиноятии вобаста ба масъулини муассисаи ислоҳии ЯС 3/2-и Ваҳдат ба охир расид ва ҳукми суд содир шуд. Тибқи ин ҳукм Суди ш. Ваҳдат сардори сардори собиқи зиндони рақами 3 Давлат Бобоевро барои бепарвоӣ ва хунукназарӣ 26 ҳазор сомонӣ ҷарима карда, сардухтури он Саид Имроновро барои саривақт нарасонидани кӯмаки тиббӣ ба Аҷик Қаюмов ба мӯҳлати ду сол ба зиндон фиристодааст.
Қазияи ба ин монанд, марги мармузи як сокини шаҳри Душанбе Сафаралӣ Сангов аст, ки моҳи феврали соли гузашта ба таври асроромез ҷон дода буд. Мақомот дар ин қазия ду корманди собиқи шӯъбаи умури дохилии Сино-2 - Абдураҳмон Яъқубов ва Қодир Ҳасановро барои хунукназарӣ муттаҳам медонистанд. Вале ҳафтае пеш Суди шаҳри Душанбе онҳоро бар асоси Қонуни афв аз маҳбас озод намуд.
Ин ҳама сарусадо ва гузоришу бозтобҳо дар ҳолеянд, ки масъулони Вазорати адлияи Тоҷикистон мавҷудияти шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои кишварро рад мекунанд, аммо мегӯянд, «кор бе камбудӣ» намешавад…
Ва ахиран, ин ҳам боз дар ҳолест, ки соли сипаришуда сардори маҳбасхонаҳои Тоҷикистон генерал Шарипов дар мавриди дархости 24 зиндонии №3-и шаҳри Душанбе аз мақомоти марбутаи Тоҷикистон перомуни интиқол додани эшон ба маҳбаси Хуҷанд ба расонаҳо иброз дошта буд: «Маҳбусони мо эрка шудаанд». Шояд ҳамин тавр аст? Ё шояд ранҷу ситам дар зиндонҳои кишвар ба ҳадде афзудааст, ки дигар косаи сабру таҳаммул лабрез шудааст? Ман намедонам.