Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Нозири минтақавиро кушодани ҷинояти содиршуда бесаранҷом карда буд. Азбаски ҳавсалаи пайгирӣ кардан, атрофиёнро пурсидан ва дигар нишонаҳои дар мавзеи ҷиноят содиршударо надошт, ба қароре омад, ки шахсеро зӯран ба ин ҷиноят айбдор мекунад.
- Бояд нозири минтақавӣ Алиев ба роҳбар ҳисобот диҳад, ки ҷиноятро кушодааст,- бо ғурур зери лаб мегуфт ӯ.
Барои амалӣ шудани ин нияти нопокаш, нозир ноболиғ Хушвақти Маҳмадсаидро интихоб кард. Оқибат Хушвақтро ёфта, ба утоқи кориаш оварда, бо дӯғу пӯписа ба пурсупос оғоз кард. Вақте Хушвақт гуфт, ки аз мурданам хабар дораму аз ин ҳодисаи дуздӣ не, нозир сахт дар ғазаб шуда, ба рӯяш чанд торсакӣ зада, маҷбур кард, ки ҳамаашро ба гардан мегирӣ. Ҳоло ба хонаатон рав, ман боз туро даъват мекунам.
Хушвақт маъюсу хиҷил ба хона омад. Ӯ ки дар умраш кори баде накарда буд, номусаш омад, ки ба падару модар арзи дил кунад. «Аз ин қадар азобу шиканҷа дидана марг авлотар аст»,- худ ба худ андешид ӯ ва ба анборхона рафта, худашро бо ресмон овехт. Хушбахтона, падару модари ноболиғ аз ин ҳолат огоҳ шуда, ӯро аз дами марг раҳо намуда, ба беморхона оварданд. Баъд асрори золимии нозири минтақавӣ Машраф Алиев ошкор шуда, аз болояш тафтишот оғоз гардид.
Ҳайфи кас меояд! Баъзан шахсоне пайдо мешаванд, ки ҷинояти милисаи бадкирдорро пардапӯш кардан мехоҳанд. Аммо чуноне ки мегӯянд, «ҳақиқат гоҳо чун мӯй борик мешавад, вале намеканад».
Дар рафти тафтишот ва мурофиаи судӣ адвокатҳо бар он талош доштанд исботи сунъӣ созанд, ки корманди милиса Алиев дар шиканҷаи Хушвақти Маҳмадсаид даст надорад. Шахсони алоҳидае низ ба волидайни ӯ таъкид мекарданд, ки агар аз даъвояшон нагузаранд, онҳоро бебало намемонанд. Вале падару модар аз раъяшон нагаштанд, зеро ҳамагӣ чанд лаҳза монда буд, то ҷигарбандашонро, ки бегуноҳ мавриди шиканҷаву таҳдидҳои милиса қарор гирифта буд, аз даст медоданд.
Прокурор бо далелҳои раднашаванда ва аз рӯи инсофу адолат айбдории нозири минтақавии ШКД-и ноҳияи Ёвон М. Алиевро собит намуда, пешниҳод кард, ки ӯ ба муддати 8 сол аз озодӣ маҳрум карда шавад. Суд ҳукми одилона баровард. Собиқ нозири минтақавӣ Машраф Алиев ба мӯҳлати 7 сол аз озодӣ маҳрум гардид. Ҳукми мазкурро бисёр созмонҳои байналмилалӣ хуш пазируфта, онро аввалин мурофиаи судӣ вобаста ба шиканҷа ва ҷазои сазовор гирифтани корманди милиса арзёбӣ карданд.
Шояд ин сабақ шавад ба он милисаҳое, ки тасодуфӣ ба ин мақомоти бонуфуз чун магас дар асал афтодаанд. Шояд ин дарси ибрат шавад барои он милисаҳое, ки гиреҳи ҷиноятро бо зӯрию таҳлука кушодани мешаванду роҳу усулҳои маъмул ва касбияти махсусро соҳиб нестанд.
Шиканҷа додани боздоштшудагон аз ҷониби милисаҳо (аз рӯи далелҳои дар дасти мо мавҷудбуда) дар дигар шаҳру навоҳии мамлакат низ ҷой дорад. Ҳарчанд баъзе шахсони масъул инро барои сиёҳ нашудани ҳампешаҳои худ рад кардаву талошҳои зиёд мекунанд. Вале офтобро бо доман пӯшонида намешавад.
Дар ВКД-и ҷумҳурӣ иброз доштанд, ки лоиҳаи ислоҳоти бунёдии ниҳодҳои корҳои дохилии кишвар омода шудааст. Дар ин лоиҳа шумораи кормандон ва сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷиддан коҳиш хоҳад ёфт. Вобаста ба Стратегияи ислоҳоти милисаи Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ ислоҳоти муҳимеро рӯи кор хоҳад овард. Стратегияи ислоҳоти милисаи Тоҷикистонро, ки қарор аст дар давоми солҳои 2013 то 2020 иҷро шавад, ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо омода кардааст. Ҳамоҳангсози ин барнома ва муовини сардори Раёсати равобити байналмилалӣ дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, полковник Зумрад Солиева гуфт, ки ҳоло лоиҳа барои баррасӣ ба ҳукумат ирсол шудааст.
- Вазоратҳо дар мавриди ин барнома ҷавобҳои худро пешниҳод кардаанд. Мо - гурӯҳи корие, ки аз намояндаҳои вазоратҳо иборат аст, ҳамаи пешниҳодҳоро ҷамъбаст карда, тарҳи охиринашро ба вазир пешниҳод мекунем. Баъд аз пешниҳоду эродҳо ҳукумат барномаро тасдиқ хоҳад кард,- афзуд ӯ.
Умед бар он мебандем, ки дар ин маврид аз сафи мақомот барканор кардани шахсони тасодуфие, ки шиканҷаро барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ ба бегуноҳон раво мебинанду номи пуршарафи милисаро мисли Алиев доғдор мекунанд, аз мадди назар дур нахоҳад монд.