Моҷарои латукӯб дар Шаҳритуз: Баҳс идома дорад

Рӯзи 11-уми октябр дар саҳифаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла «Фейсбук» хабаре пайдо шуд, ки гӯё кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳритуз сокини 17-солаи ҳамин ноҳия Бахтовар Мамадиевро латукӯб кардаанд. Чаро кормандони комиссариати ҳарбӣ ин ҷавони ноболиғро латукӯб кардаанд? Оё воқеан онҳо кормандони комиссариати ҳарбӣ буданд? Ё инҷо муаммои дигар аст? Мақомот дар пайи ин ҳодиса чӣ чорае андешидаанд? Инҳо суолҳое буданд, ки баҳри дарёфти ҷавобашон роҳ сӯи ноҳияи Шаҳритуз пеш гирифтем.

Бахтоварро дар хонаи падараш пайдо намудем. Ӯ гуфт, ки дирӯз аз беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии Қарияи Болои шаҳри Душанбе омадааст. Баъди 7 рӯзи табобат ӯро аз беморхонаи ноҳиявӣ табибон ҷавоб додаанд, ҳарчанд худи Бахтовар мегӯяд, ки «ман то охир шифо наёфта Будам». Аз ин хотир, ӯ ба шаҳри Душанбе барои давом додани табобат меравад.

Суҳбати мо бо Бахтовар Мамадиев дар ҳузури адвокаташ Умед Ниёзов ва бо иҷозаи хаттии падараш Исмоил Мамадиев сурат гирифт.

Сабаби моҷаро: Хоҳиши модар аз мақомот…

Чуноне аз суҳбат бо модари Бахтовар ва дигар шоҳидони ин моҷаро бароямон маълум гардид, кормандони комиссариати ҳарбӣ ва мизи ҳарбии ҷамоати шаҳрак дар пайи муроҷиати шифоҳии модари Бахтовар дар хусуси ба хизмат даъват кардани писари дигараш Муслимбек ба хонаи Бахтоварино даромадаанд. Ва ин сабаби латукӯби писари хурдиаш гардидааст.

Туҳфа Мамадиева - модари Бахтовар дар суҳбат бо мо гуфт, ки ӯ ҳанӯз моҳи сентябр ба назди комиссари ҳарбӣ омада, хоҳиш кардааст, ки писараш Муслимбекро ба хизмат даъват намоянд.

Туҳфа Мамадиева, модари Бахтовар

- Ман чанд маротиба аз комиссари ҳарбии ноҳия ва кормандони ҷамоати шаҳракамон хоҳиш кардам, ки писарам Муслимбекро ба хизмат даъват кунанд. Онҳо ба ман гуфтанд, ки мавсими даъват оғоз шавад, ҳатман писарамро даъват мекунанд. Ман шаби 6 ба 7-уми октябр дидам, ки Муслимбек ба хонааш даромад. Саҳар ба Самад - корманди ҷамоати шаҳрак занг задам, ки писарам дар хонааш асту омада ӯро ба хизмат баред. Онҳо омаданд, бо ҳамроҳии ман хона даромадем ва дидем, ки нест. Ман аз онҳо хоҳиш кардам, ки таҳхонаро ҳам даромада бинанд. Як нафараш таҳхонаро даромада дид, ки Муслимбек онҷо низ нест. Баъди ин баромада рафтанд. Писарам вақтҳои охир рафтораш дигар шудааст. Аз зану хушдоманаш сахт метарсад. Хонадоршавиашонро се сол шуда бошад ҳам, то ҳоло соҳиби кӯдак нашудаанд. Занаш ё хушдоманаш агар сӯяш сахтар гап зананд, гиря мекунад. Ҳар сол хушдоманаш ӯро бурда дар ноҳияи Ҳамадонӣ то 3 моҳ пинҳон мекунад. Аз ин хотир, хостам ӯро ба хизмат гиранд, шояд онҷо рафтори пешинаашро гирад,- мегӯяд модар.

Гуфтаҳои модарро раиси ҷамоати шаҳраки Шаҳритуз Зафар Давлатов, комиссари ҳарбии ноҳия Шавкат Девонаев, мизи ҳарбии ҷамоат Абдусамад Ҷурақулов ва худи Бахтовар низ тасдиқ мекунанд. Инчунин, аз идораи ҷамоати шаҳрак ба мо нусхаи баёноти Туҳфа Мамадиевро доданд, ки дар он низ ин гуфтаҳояш омадаанд.

Пулро кӣ гирифт ва оё пул буд?

Бахтовар Мамадиев мегӯяд: «Вақте бародарам занг зад, ки ба хона як гуруҳи ҳарбиён даромаданд, аз бозор давида хона омадам. Аммо аллакай онҳо баромада рафта буданд. Ман ба бародарам Муслимбек, ки тайи 3 моҳ боз дар Русия мебошад, занг зада, ҳодисаро нақл кардам. Ӯ ба ман гуфт, ки «хона даро, дар таги палос 100 ҳазор рубли русӣ, 20 адад 5-купюрҳои 5-ҳазора аст, гирифта ба падарам бидеҳ». Ман хона даромадаму дидам, ки палос як тараф партофтагию пул нест. Боз ба Муслимбек занг задам, ки пул нест. Баъди ин ба комиссариати ҳарбӣ рафтам. Онҷо Саид ва Рустамро кормандони комиссариати ҳарбӣ, ки ба хонаи мо даромада буданд, дидам ва пурсидам, ки “кӣ ба хонаи мо рафта буд?”. Вале онҳо инкор карда, гуфтанд, ки «мо нарафтаем». Вақте ҳамроҳи бародари калониам Ҳасан назди бозор рафтем, ӯ ки даромадани онҳоро ба хона дида буд, шинохташон. Ҳасан, Рустам, Саид - кормандони комиссариати ҳарбӣ ва Абдусамад - корманди ҷамоат ва ронандаи онҳо Ҳалимро шинохт. Саид корманди комиссариати ҳарбӣ, ҳамсинфи Муслимбеки бародарам аст. Аз ин хотир, ба Муслимбек занг зада гуфтам, ки ба хона Саиди ҳамсинфат, капитан даромадааст. Муслимбек гуфт, ки “исто, ҳоло зангаш мезанам, баъд пешаш рав”. Баъдан, ман ба Саид занг задам, ки гуфт «назди комиссариати ҳарбӣ биё, аз наздик гап мезанем». Дар телефон Саид ба ман гуфт: “Мо хонаатон даромадему пулҳоро гирифтем”. Дар назди комиссариати ҳарбӣ ба Саид гуфтам, ки «биё ака пулро тиед, ман ба милитсия наменависам». Саид «бо ту гап зада намешавад,… ҳозир ист» гуфта, рафту Самадро овард. Ман бо ӯ салому алек кардам. Ӯ бошад, маро ҳақорат карда, гуфт, ки “ту чӣ моро туҳмат карда истодаӣ, бо ин “храпат” моро ҳичӣ карда наметавонӣ”. Ӯ маро ҳақорат кард, ман ҳам ӯро ҳақорат кардам. Баъди ин бо мушташ дуто маро заду кашола карда дар мошин шинонд».

Ин дар ҳолест, ки Самад мегӯяд, «вақте мо ба хонаи бародари Бахтовар - Муслимбек даромадем, модараш ҳам ҳамроҳамон буд. Мо ягон хел пулро нагирифтаем, ин болои мо туҳмат аст. Воқеан мо таҳхонаро дидем, вале ягон хел пулро надидаем».

Модари Бахтовар ин гуфтаҳои Самадро тасдиқ карда мегӯяд, ки  «вақте кормандони комиссариати ҳарбӣ ҳамроҳи Абдусамад омаданд, худам пешвозашон гирифтам ва ба хонаи писарам даромадем. Мутаассифона, ӯ набуд. Ман аз кормандони комиссариати ҳарбӣ хоҳиш кардам, ки таҳхонаро даромада бинанд. Даромада диданд, онҷо касе набуд. Баъдан баромада рафтанд. Дар хонаи писарам ягон хел пул набуд. Ман вақте беморхона ба назди Бахтовар рафтам, ӯ гуфт, ки аз хона пулҳоро гирифтаанд. Ман ба Бахтовар гуфтам, ки «Писарам, ту ҳоло ҷавон астӣ, ба ин хел туҳматкунӣ одат накун». Бахтовар асабӣ шуда, маро аз пешаш ронд».

Дар ин маврид Бахтовар мегӯяд, ки “... модарам бо онҳо забон як кардааст.  Модарам дар беморхона бо забони худаш гуфт, ки «пулҳоро мо гирифтем. 50 ҳазорашро ман гирифтааму 50 ҳазори дигарашро Самад». Модарам бо мо як сол боз ҷангӣ аст”.

Исмоил Мамадиев, падари Бахтовар 

Исмоил Мамадиев, падари Бахтовар низ мегӯяд, ки онҳо пулҳои меҳнатии Муслимбек мебошанд: «Ӯ хонаҳоро аз “нол” сохт ва он 100 ҳазор рубл бақияи пулаш мебошад, ки монда, се моҳ пеш ба Русия рафт».

Латукӯб дар мошин: Кӣ рост мегӯяд?

Бахтовар қисса мекунад, ки «вақте капитан Саид Самадро ба наздамон даъват кард, ман бо ӯ салому алек кардам. Абдусамад бошад, маро дашном карда, гуфт, ки “чӣ ту моро туҳмат карда истодаӣ? Ин “храпат” намегузарад”. Маро ҳақорат карда, ду муштам зад ва баъд дастонамро тоб дода, дохили мошини Ҳалим - ВАЗ 2106 маҷбуран саворам карданд. Дар мошин ману Самад ҷанҷол карда рафтем. Ногаҳон Ҳалим гуфт, ки “чӣ дар мошини ман ҷанҷола бардоштаед?”. Ман гуфтам, ки «мошинро манъ кун, мо мефароем, гап мезанем». Ҳалим бошад, маро ҳақорат карду як мушт зад. Ман хостам Ҳалимро занам, Самад бо «кастет» (оҳан)-и дасташ як мушт ба сарам зад. Ин дафъа хостам Самадро занам, ки Ҳалим бо “кастет” ба болои биниам зад. Ман дастҳояшонро газидаму аз мошин худамро дар назди беморхона партофтам. Вақте мегурехтам, Самад аз қафо Давида, бо туфлиаш аз қафоям зад, ғалтидам. Баъди ин Шуҳрат - шавҳари духтари холаам омада, моро ҷудо кард».

Аммо Самад Ҷурақулов гуфтаҳои Бахтоварро рад намуда, мегӯяд: «Соати 11 Бахтовар Мамадиев назди комиссариати ҳарбӣ омада, ҷанҷол бардошта, таҳқиру ҳақорати зиёд кардааст. Ман он лаҳза набудам, аз пайи корҳои хизматиам будам. Мераваду боз соати 13 омада, ҷанҷол мебардорад. Ман аз хӯроки нисфирӯзӣ омадам, ки ҷанҷол дорад. Рафта бо ӯ саломуалек кардам. Мо ҳарчанд ба ӯ мефаҳмондем, ки «ором шав, модарат ба мо хабар дод, ки рафта бародаратро биёрем», гӯш намекард. Ман ба ӯ гуфтам, ки «биё пеши модарат равем». Розӣ шуда, дар мошин нишаст. Хостем ба хонаашон равем. Дар роҳ ӯ боз ҷанҷол бардошта, якбора ба ман, ки дар қабати ронанда шишта будаму Бахтовар дар қафо, дарафтода, аз қафо ба пушти сари ман зад. Дастонашро қапидам, ки ӯ хост бо шатта занад, аммо сараш ба мошин бархӯрду кафид. Боз ронандаро яктои дигар зад. Мо дар назди  беморхона аз мошин фаромадем. Онҷо боз ба ман часпид ва бо сараш ба пеши қошам зад. Ӯ аз ҳамонҷо гашта тарафи комиссариати ҳарбӣ омад ва ман тарафи беморхона рафтам, то аз муоинаи духтур гузашта, аз болои ин бача ба милитсия шикоят барам. Вале аз комиссариати ҳарбӣ зангам заданд,  гашта омадам. Дар назди комиссариати ҳарбӣ падараш истода буд, ки маро дашномҳои қабеҳ дода, як мушт дар пешониам зад. Кормандони комиссариати ҳарбӣ маро гирифта ба дарун дароварданд”.

Самад Ҷурақулов

Шоҳиди асосии ин занозаниҳо ё яке аз иштирокдорони он ронадаи ВАЗ 2106 Ҳалимро натавонистем пайдо кунем, то андешаҳояшро вобаста ба гуфтаҳои Бахтовар бипурсем.

Падари Бахтовар - Исмоил Мамадиев гуфтаҳои Самадро, ки гӯё ӯро зада бошад, рад карда, мегӯяд: «Ман ба ӯ даст нарасонидаам. Ман аз ҳодиса вақте фаҳмидам, ки писарам аллакай дар назди ШКВД буд. Вақте расида рафтам, сару рӯяш хуншор буд. Писарамро аз онҷо гирифта ба комиссариати ҳарбӣ рафтем. Аз роҳбарони комиссариати ҳарбӣ пурсидам, ки чаро писарамро латукӯб кардаанд. Онҳо Самадро занг заданд, омад. Аз ӯ пурсидам, ки «чаро фарзанди маро латукӯб кардед?». Самад бошад, гуноҳро ба писари ман бор мекард, ки гӯё Бахтовар онҳоро зада бошад. Ростӣ, ман Самадро ҳақоратҳои зиёд кардам. Он аҳволи фарзандамро дида, сахт асабӣ шуда будам. Агар кормандони комиссариат намешуданд, мезадамаш. Вале моро қапиданду нагузоштанд, ки ӯро занем. Ҷои ман каси дигар мешуд, ғазабу эҳсосашро дошта наметавонист”.

Ҳасан Мамадов - писари калонии Исмоил Мамадов ин гуфтаҳои падарашро тасдиқ намуда, илова кард, ки «мо мехостем Самадро бизанем, вале моро нагузоштанд. Вале, на ману Бахтовар ва на падарам ба ӯ даст нарасондаем».

Яке аз шоҳидони ҳодиса - Шуҳрат Наҷмиддинов изҳор дошт, ки тасодуфан назди беморхонаи ноҳиявӣ ҷанҷолро дидаю мошинашро манъ карда, онҳоро ҷудо кардааст: “Ҳамон рӯз тақрибан соати 13:00 буд, ки ман аз тарафи Полигон тарафи маркази ноҳия меомадам. Дар назди беморхона дидам, ки ду нафар як нафарро зада истодаанд. Вақте ман истодам, як нафараш мошинашро ронда рафт ва Бахтовар бо Абдусамад часпочасп доштанд. То расида ҷудо карданам Бахтовар бо сараш Самадро зад. Аммо маълум буд, ки Бахтоварро сахт зада буданд. Сару рӯяш хуншор буд. Ман онҳоро ҷудо кардам. Бахтоварро гуфтам беморхона рав, ӯ розӣ нашуд ва хоҳиш кард, ки ӯро то ШВКД-и ноҳия бубарам. Бо мошинам то назди ШКВД бурда мондам. Баъдан падар ва бародарашро аз ҳодиса огоҳ кардам”.

Комиссари ҳарбии ноҳия Шавкат Девонаев изҳор дошт, ки дар вақти сар задани моҷаро дар хӯроки нисфирӯзӣ ва баъди баргашатанаш дар утоқи кориаш нишаста, пайи корҳои хизматиаш будааст. Моҷаро чӣ гуна сар шудаву чӣ бо чӣ анҷом ёфтааст, надидааст.

- Бахтовар Мамадови ноболиғ ба ҷои бародараш омада дар назди комиссариати ҳарбӣ ғавғо бардоштааст. Ҳамаи рафторҳояш дар камераи мушоҳидавии мо сабт шудааст, метавонед онро бубинед. Наздам даромаданд, вале ӯ бо корманди ҷамоат ҷанҷол кардааст, на бо кормандони комисариати ҳарбӣ,- гуфт Девонаев.

Мутаассифона, вақте мо камераи мушоҳидавии тарафи даромадгоҳи комиссариати ҳарбиро тамошо кардем, маълум гардид, ки камера ҳамон рӯзи 7-уми октябр кор накардааст. Агар ин камера кор мекард, метавонистем ба чандин суолҳои худ посух бигирем.

Мақомот чӣ чора дид?

Бахтовар мегӯяд, ки «вақте ба ШВКД-и ноҳия рафтам, касе гӯшам накард. Ҳатто навбатдор “фаршро хунолуд мекунӣ” гӯён, маро аз дар берун кард. Дар берун истодам. Интизор шудам, ки шояд нафаре аҳволи маро дида, баромада мепурсад. Аммо касе наомад. Бародарамро занг задам, ки омада маро барад. Баъд падарам омаду ҳамроҳ ба прокуратура рафтем. Бо прокурори ноҳия Холиқзода ба комиссариати ҳарбӣ рафтем. Онҷо прокурор гуруҳи фаврии ШКВД-ро даъват кард. Дар онҷо баёнотҳои онҳоро гирифтанд, ман ба судэкспертиза рафта, баъдан ба беморхона рафтам».

Дар ин ҳол, прокурори ноҳияи Шаҳритуз Абдулфайз Холиқзода мегӯяд, ки «шахсан худам Бахтоварро қабул карда, ӯро гирифта ба комиссариати ҳарбии ноҳия бурдам. Онҷо ҳамаи кормандони комиссариати ҳарбиро ҷамъ карда, аз Бахтовар пурсидам, ки кадоме аз онҳо ӯро задааст. Аммо Бахтовар гуфт, ки «нафарони маро латукӯбкарда инҷо нестанд». Баъдан муайян намудем, ки Бахтовар бо корманди ҷамоат ҷанҷол кардааст. Мо санҷиш гузаронида, ҳамаи маводҳоро баррасӣ кардем. Ба хулосае омадем, ки нисбати ҳарду тараф парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ бо ҷурми майдаавбошӣ тартиб дода, бо ҳамин ҷавобашон диҳем. Аз ин хотир, маводҳоро ба ШКВД фиристодем. Инҷо ягон ҷинояти вазнине нашудааст. Бо ҳам ҷанг хӯрдаанду инаш инашро як ё думуштӣ задаст».

Як манбаи мо дар ШКВД-и ноҳияи Шаҳритуз гуфт, ки муфаттишони шуъба маводҳои ҷамъовардашударо ба ду қисмат ҷудо карда, яке аз ин қисматҳоро ба хотири вайрон шудани дахлнопазирии манзили шахсии Муслимбек Мамадиев аз тарафи кормандони комиссариати ҳарбӣ барои санҷиш ба прокуратураи гарнизони ҳарбии Қӯрғонтеппа мефиристанд. Дар мавриди қисмати дуюми мавод вобаста ба латукӯби Бахтовар Мамадиев, ки зарари сабуки ҷисмонӣ бардоштааст, аз оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шудааст.  Дар ин маврид тарафҳо метавонанд ба суд тариқи айбдоркунии хусусӣ даъво пеш оранд.

Муслимбек Мамадиев куҷост?

Муслимбек Мамадиев - бародари Бахтовар, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ ва мизи ҳарбии ҷамоати шаҳраки Шаҳритуз барои ба хизмат ҷалб карданаш ба хонааш зада даромадаанд, дар куҷост?

Модари Муслимбек мегӯяд, ки ӯро шаби 6 ба 7-уми октябр тақрибан соатҳои 21-и шаб дидааст, ки Муслимбек ба хонааш даромадааст. Ба гуфти модараш Туҳфа Мамадиева, ҳар сол ҳангоми оғоз шудани мавсими даъват ба хизмат Муслимбекро зану хушдоманаш бурда дар ноҳияи Ҳамадонӣ дар хонаи хушдоманаш пинҳон мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки падари Муслимбек - Исмоил ва бародаронаш Ҳасану Бахтовар мегӯянд, ки Бахтовар ҳанӯз 3 моҳ пештар ба Русия рафтааст. Мо аз Бахтовар рақамҳои телефони Муслимбекро гирифта, ба ӯ занг задем. Мо аз як дӯсти дар Маскав будаамон хоҳиш кардем, то ин рақамро бисанҷад. Ва ба гуфти дӯсти дар Маскав буда, ин нафар воқеан Муслимбек Мамадиев будааст.

Умед Ниёзов, адвокати Бахтовар мегӯяд, ки дар пайи аризаи падари Бахтовар - Исмоил Мамадиев аз 7-уми октябр оид ба латукӯби писараш, Прокуратураи ноҳияи Шаҳритуз санҷиш гузаронида, 11-уми октябр маводҳои ҷамъшударо аз рӯи тобеият ба ШВКД-и ноҳияи Шаҳритуз ирсол кардааст.

Муфаттиши ШКВД аз рӯи ин маводҳо санҷиш гузаронида, санаи 20-уми октябр қарори худро қабул кардааст. Муфатиши ШКВД қарор дар бораи рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ қабул кардааст.

Дар қарори муфаттиш омадааст, ки ҳаракатҳои санҷиш муайян намуд, ки дар ҳаракатҳои корманди мизи ҳарбии ҷамоати шаҳраки Шаҳритуз Самад Ҷурақулов ва ҳамроҳи ӯ Ҳалим Шарипов аломатҳои ҷиноятӣ дар моддаи 112 КҶ ҶТ (Қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ) дида мешавад, ки ин ҷиноятҳо аз тарафи мақомоти судӣ ба таври айбдоркунии хусусӣ баррасӣ мегардад.

Вобаста ба ҳолати ғайриқонунӣ дохил шудан ба манзили истиқоматӣ ва тасарруфи маблағи пулӣ, маводҳо аз рӯи тобеият ба Прокуратураи ҳарбии гарнизони Қӯрғонтеппа фиристода шудааст. Яъне, аз сабаби он, ки ба манзили Муслимбек ва Бахтовар Мамадиевҳо ҳамроҳи Самад Маҷидов кормандони комиссариати ҳарбӣ низ будаанд, санҷишу тафтишоти ин ҳолат ба масъулияти прокуратураи ҳарбӣ дохил мешавад.

- Ман ҳамчун адвокат ва зерҳимояҳои ман бо қарори қабулнамудаи муфаттиши ШКВД-и ноҳияи Шаҳритуз розӣ ҳастем. Оид ба латукӯби ноболиғ мо ба Суди ноҳияи Шаҳритуз тариқи айбдоркунии хусусӣ муроҷиат хоҳем кард. Дар масъалаи дахлнопазирии манзил ва тасарруфи маблағи пулӣ бошад, қарори прокуратураи ҳарбиро интизор хоҳем шуд,- изҳор дошт Ниёзов.

Сайраҳмон Назриев