Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Боздиди гурӯҳе аз намояндагони Шӯрои уламои Тоҷикистон аз маҳбаси Ёвон суолеро ба миён овард, ки чаро муллоҳо метавонанд аз зиндонҳо боздид кунанд, вале ҳомиёни ҳуқуқи инсон не?
Ҷумъахон Футуров, муовини сарвари Раёсати ислоҳи ҷазои Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, ин мулоқот тибқи барномаи махсус сурат мегирад, ки аз сӯи раёсат тарҳрезӣ шуда, ҳадаф аз он тарбияи маҳбусон аст: «Имрӯз сӯҳбат дар бораи қавонони динӣ буд. Мо дар маҳбасҳо масҷид дорем. Аз ин хотир, намояндагони дин барои дилбардории онҳо ва онҳоро огоҳ кардан аз дини ислом, ки дини сулҳу салоҳ аст, рафта буданд. Ин чорабиниҳо барои маҳбсуон як тарбияи хуб мешавад»
Маълум шудааст, ки намояндагони Кумитаи дини Тоҷикистон низ ба ин ҳайат шомил будаанд. Ин дар ҳолест, ки созмонҳои ҷамъиятӣ ва байнулмилалӣ бо вуҷуди талошҳои чандинсола натавонистаанд ба зиндонҳои Тоҷикистон роҳ ёбанд.
Ҳанӯз моҳи августи соли 2011 ҳукумати Тоҷикистон ризоият дода буд, ки Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх аз зиндонҳои кишвар дидан кунад. Он замон вазорати корҳои хориҷӣ эълом дошт, ки аз Салиби Сурх танҳо хоста мешавад замону макони мавриди назарашро мушаххас кунад.
Аммо бо гузашти қариб ду сол Кумитаи Салиби Сурх натавонистааст, вориди зиндонҳои Тоҷикистон шавад ва бо вазъи маҳбусон ошно гардад. Дар намояндагии ин созмон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки як ҳайати вижа дар ин маврид ин шабу рӯз бо мақомоти Тоҷикистон вориди музокирот шудааст ва умедворанд, ки ба ҳамин наздикӣ иҷозаи вуруд ба зиндонҳоро пайдо мекунанд.
Аммо танҳо Салиби Сурх нест, ки мехоҳад дар пасманзари хабарҳои вахими солҳои охир бо вазъи зиндониёни Тоҷикистон аз наздик ва бевосита ошно шавад.
Наргис Зокирова, раиси Дафтари ҳуқуқи башари Тоҷикистон, ки узви Эътилофи зидди шиканҷа, иттиҳоди беш аз 20 созмони ҷамъиятӣ аст, мегӯяд: «Аз маҳбасҳо чанд моҳи охир иттилои зиёд дар бораи шиканҷа дастраси мо шуд, ки баъзан ҳатто зиддунақиз ҳастанд. Мо онҳоро тафтиш, ё такзиб карда наметавонем. Аммо ҳоло ба ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон муроҷиат кардем, то тавонем тавассути он як гурӯҳи махсус ташкил кунем ва ба зиндонҳо роҳ ёбем. Умедворем, ин ҳамкории мо натиҷа хоҳад дод».
Дар ҳамин ҳол, Ҷумъахон Футуров мегӯяд, иҷозаи вуруди созмонҳои байнулмилалӣ ба маҳбасҳо ҳаққи истисноии ҳукумати Тоҷикистон аст, агар зарур донад, роҳ медиҳад, агар на, ҳеҷ як қонуни кишвар нақз намешавад:
«Мо барои кишвар ва ватани худ кор мекунем. Барои бегонаҳо кор намекунем. Чӣ зарурат ба он аст, ки онҳо ба мо кор кунанд? Ин доираи масъулияти мост ва мо худ бо он сарукор мегирем. Ин ҷо халқи Тоҷикистон нишастааст, на ягон кишвари дигар, ки зарурати дахолати созмонҳои байнулмилалӣ бошад».
Ҳудудан ду соли охир зиндонҳои Тоҷикистон ба манбаи хабарҳои зиёде дар бораи шиканҷа ва ҳалокати маҳбусон табдил ёфтаанд. Бо шарофати воситаҳои муосири алоқа чандин навори видоеӣ ва аксҳо аз дохили зиндон ба олами берун роҳ ёфт. Маҳбусон бо истифода аз телефонҳои ҳамроҳ дар бораи вазъ дар дохили зиндон ба наздикони худ хабар медиҳанд ва пайвандони онҳо ин хабарҳоро расонаӣ мекунанд. Ҳалокати мармузи Ҳамза Икромзода, як маҳбуси зиндони рақами 1–и Душанбе яке аз пурсарусадодтарин рӯйдодҳо шумурда мешавад. Ҳамчунин соли гузашта як нафар дар маҳбаси “Кирпичний” худро ба ҳалокат расонд. Аз нақзи ҳаққи як маҳбус барои ақди никоҳ дар зиндон Қурғонтеппа расонаҳои зиёде хабар доданд. Ҳарчанд мақомот рад мекунанд, аз ҳамин зиндон дар бораи гуруснашиинии маҳбуси дигар хабар мерасад. Дар робита бо қазияи Икромзода 59 маҳбус, ки гуфта мешавад, шоҳиди марги ӯ буданд, ба Хуҷанд интиқол ёфтанд ва дар моҳи декабр навори шиканҷаи чанде аз онҳо дар расонаҳо нашр шуд.
Коршиносон мегӯянд, маҳбусон ҳарфи зиёде барои гуфтан доранд, аммо мақомот мекӯшанд онҳоро тариқи уламои дину арбоби ҳунар ором кунанд ва ба ҳамин минвол нагузоранд, ки сирри дохили маҳбас ба берун барояд. Мақомоти давлатӣ мегӯянд, вазъ дар маҳбасҳо хуб аст ва сирре барои пинҳон кардан нест, аммо ҳамзамон ҳомиёни ҳуқуқи башар ва намояндагони созмонҳои шаҳрвандиро ба дохили маҳбас роҳ намедиҳанд.
Дар ҳамин ҳол ним дар соли охир бори дуюм аст, ки намояндагони Шӯрои уламо ва Кумитаи дини Тоҷикистон аз маҳбас дидан мекунанд. Моҳи декабри соли гузашта раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдулқодирзода бо маҳбусони зиндонҳои шаҳри Душанбе мулоқот карда, дар як мавъизаи намози ҷумъа дар масҷиди марказии пойтахт вуҷуди шиканҷаи зиндониёнро рад карда буд. Ӯ хабарҳо дар бораи шиканҷаву зӯроварӣ дар маҳбасҳоро “иғвогарӣ” унвон кард.