Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Як нафар ноболиғе, ки Суди ноҳияи Фархор ўро бо моддаи 248, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳгор донисту ба мўҳлати ду сол аз озодӣ маҳрум кард, аз он шикоят дорад, ки кормандони шўъбачаи кофтукови ҷиноятӣ ўро ҳангоми боздошт ва бозпурсӣ мавриди шиканҷа қарор дода, зери таҳдиду латукўб баёноти худиқрориашро гирифтаанд.
Дар парванда омадааст, ки ноболиғ рўзи 7-уми майи соли 2017 соатҳои 19-20 бо ҳамроҳии Раҳимов Акбарҷон ҳангоми дар кўчаи И. Сомонӣ, ҷамоати шаҳраки Фархор, ноҳияи Фархор буданашон шаҳрванд Холназаров Талбакро дар боғи фарҳангии ноҳия дар ҳолати ноҷурии саломатӣ дидаанд. Дар ҳолати парешонҳолӣ қарор доштани Холназаров Т.-ро дида А. Раҳимов ба ў пешниҳоди ба тариқи ошкоро тасарруф кардани маблағ ва ашёҳои бо худ доштаи охиронро менамояд. Судшавандаи ноболиғ ба ин таклифи Раҳимов А. розӣ шуда, аз рўи маслиҳати пешакӣ ҳангоми дар дохили боғи фарҳангии ноҳияи Фархор буданашон аз набудани одамони бегона дар гирду атрофашон истифода бурда, бо тариқи ошкоро ҷайбҳои курта ва шими дар тан доштаи ҷабрдида Холназаров Талбакро кофтуков карда, аз ҷайби охирон маблағи 3 ҳазор сомонӣ ва як адад телефони мобилии тамғаи «Нокиа», арзиши бозориаш 120 сомонӣ ва симкорти ширкати «Мегафон-Тоҷикистон», арзиши бозориаш 10 сомониро тасарруф мекунанд. Баъд мақсади аз ҷойи ҳодиса гурехтанро мекунанд, вале ҳолати парешонҳолии Холназаров Т. гузаштаву ў ба худ омада, тариқи ошкоро кофта гирифтани маблағи пулӣ ва телефонашро дида, изҳор менамояд, ки маблағ ва телефонашро баргардонанд. Ҳамзамон, изҳор медорад, ки онҳоро шинохтааст. Раҳимов А. аз маблағи тасарруфкардааш 1,5 ҳазор сомониро ба дасташ дода, боқимонда маблағи 1,5 ҳазор сомониро бо телефони мобилӣ ва симкорти ширкати «Мегафон-Тоҷикистон», ки маблағи 130 сомониро ташкил медиҳад, бо тариқи ошкоро тасарруф карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Онҳо маблағи бо тариқи ошкоро тасарруф кардаашонро байни худ тақсим карда, ба манфиати худ сарф менамоянд. Зарари расонидашуда маблағи 3130 сомониро ташкил медиҳад, ки ба ҷабрдида Холназаров зарари ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Айни ҳол зарари расонидашуда барқарор карда шудааст.
Ноболиғ ҳолати корро чунин қисса мекунад, ки рўзи 7-уми майи соли равон бо ҳамсояашон Акбар Раҳимов дар кўча сайругашт мекардаанд ва дидаанд, ки як нафар дар ҳолати мастӣ асту онҳоро ба наздаш даъват мекунад: «Мо аввал ўро дар маркази ноҳия дидем, ба назарамон нўшидагӣ менамуд. Баъдан даруни боғи марказии ноҳия рафт ва дар курсие нишасту моро назди худ даъват карда, аз кисааш як 5-сомонии фарсударо бароварда, хоҳиш намуд, то барояш таксӣ пайдо кунем. Мо омадем назди бозор, таксӣ наёфтем ва дигар тарафи ў нарафтему омадем хона».
- Рўзи 2-юми июн бегоҳ дар хонаи ҳамсояамон маърака буд. Аз онҷо баромадем, ки маро кормандони милитсия дастгир карда, ба ШВКД-и ноҳия бурданд. Дар ШВКД маро латукўб карданд. Аввал маҷбур карданд, ки дуздии велосипедро ба гардан гирам, «не» гуфтам. Баъдан хостанд, ки дуздии телефонҳои мобилиро ба гардан бигирем, гуфтем, ки «не, мо надуздидаем». Ҳамчунин, соҳибони телефонҳои мобилиро оварданд, вале онҳо гуфтанд, ки «инҳо нестанд». Пас аз ин моро маҷбур карданд, то баёнот диҳем, ки гўё пулҳои ҷабрдидаро мо гирифта бошем. Вақте гуфтем, ки пули касеро нагирифтаем, яке аз милисаҳо бо номи Икром дар қафаси синаи ман заду маҷбур кард, ки брюки Акбарро, ки дастонаш баста буд, поён кунам. Ў мегуфт, ки «брюкашро поён кун, ўро таҷовуз мекунем». Ман не гуфтам ва боз маро заданд. Моро маҷбур мекарданд, то баёнот диҳем, ки гўё аз ҷабрдида Талбак Холназаров се дона купюраҳои 500-сомониашро гирифта бошему 500 сомониашро ман гирифта бошам. Лекин мо розӣ нашудем. Баъдан Акбарро ба дигар кабинет бурданд. Маро соати 3-и шаб ба ҷои кори акаам оварданд, ки дар нуқтаи шустушўйи мошинҳо (автомойка) кор мекард. Як милисааш бо номи «Коко» гуфт, ба акаам нагўям, ки маро латукўб кардаанд. Ман тарсида будам. Ҳарчанд акаам пурсид, чизе ба ў нагуфтаму гурусна хоб кардам. Рўзи дигараш соати 6-и субҳ боз омада маро аз автомойка аз хобам гирифта бурданд. Вақте моро дастгир карда буданд, падарам назди милисахона омадаасту пурсидааст, ки «писари ман инҷост?». Ба падарам милисаҳо гуфтаанд, ки «не, писарат инҷо нест». Вақте моро мезаданду маҷбур мекарданд, ки ҷиноятро ба гардан гирем, наздам на модарам, на ягон омўзгорам набуданд. Моро танҳо мепурсиданд. Ба мо на об медоданду на хўрока,- илова кард ноболиғ.
- Шаби дуюмаш маро соати 22-и шаб ба хона бурданд. Таҳдид карданд, ки агар бигўям маро латукўб карданд, судам мекунанд. Барои ҳамин, ба хонагиҳо чизе нагуфтам. Баъди ду ҳафта ба модарам гуфтам, ки маро милисаҳо латукўб карданд. Ҳангоми пурсиш ману Акбар танҳо будем ва на падару модарам ва на адвокат набуд,- нақл мекунад ноболиғ.
Бародари ноболиғ - Аҳком Каримов, ки ҳангоми дастгир шудани додараш ҳузур дошт, ҳолати корро чунин нақл мекунад: “Ҳамон рўз, 2-юми июн, бегоҳӣ маро корманди милиса Холматзода Икром бо тахаллуси «Коко» дидау мошинашро наздам манъ кард. Дидам, ки бародари дигарам ҳам дар мошини ў нишастааст. Вақте ман ҳам дар мошинаш нишастам, «Коко» ба сари мо дод мезад, ки додарамонро ёфта ба ў диҳем. Ӯ таҳқиру таҳдидамон мекард, ки “агар додаратонро ёбам, ўро худам суд мекунам”. Мо бо мошини ў ба хона омадем, вале додарам дар хона набуд. Вақте аз хона баромадем, ки додарам аз хонаи ҳамсоя баромадаву лаби ҷўй нишаста буд. Додарамро ба мошин савор карда, ба ШВКД-и ноҳия бурданд. Моро «Коко» гуфт, ки дар берун интизор шавем, ҳозир ҷавобаш медиҳад, хона мебаремаш. Вале чанд соат гузашту ўро ҷавоб надоданд. Пасон ҳамин «Коко» моро бо мошинаш оварда, акаамро дар автомойка фароварду маро то хона расонд. Ў ваъда дод, ки додарамро худаш ба хона меорад”.
Дар Прокуратураи ноҳияи Фархор ба мо гуфтанд, ки шикояте вобаста ба шиканҷа ба онҳо ворид нашудааст: «Агар шикоят ворид шавад, мо ҳатман онро санҷида мебароем. Ягон шикоят дар прокуратураи ноҳия бе санҷиш намемонад».
Вақте мавод барои чоп омода мешуд, парванда дар баррасии Суди ноҳияи Фархор қарор дошт. Ба суд оид ба гузаронидани санҷиши прокурорӣ аз тарафи адвокати ноболиғ дархост карда шуд, вале ин дархост аз тарафи суд ба назар гирифта нашуд.
Сардори ШКВД дар ноҳияи Фархор зимни як сўҳбати ғайрирасмӣ гуфт, ки ў бе иҷозати роҳбарияти Раёсат ва ВКД наметавонад бо хабарнигорон сўҳбат кунад ва маслиҳат дод, то ба маркази матбуотии РВКД муроҷиат намоем. Танҳо ҳаминро гуфт, ки ваҷҳҳои овардаи судшавандаҳо ягон асоси воқеӣ надорад.
Дар Прокуратураи вилояти Хатлон ба мо гуфтанд, ки як ариза вобаста ба парвандаи ноболиғ ва Акбарҷон Раҳимов ворид шудааст. Вале ин ариза ҳангоме ба прокуратура ворид шудааст, ки парванда аллакай ба суд фиристода шуда буд.- Аз ин хотир, тибқи талаботи моддаи 250-и КМҶ ҶТ, агар парванда дар баррасии судӣ бошад, ҳамаи арзу шикоятҳо ба суд ирсол карда мешавад,- гуфт манбаи мо дар Прокуратураи вилояти Хатлон.
Бояд гуфт, ки дар рафти тафтишоти судӣ кормандони шўъбачаи кофтукови ҷиноятӣ Қаюмов Сомон, Холматзода Икром (Коко), Некрўз Муҳибов ва З. Хоҷаназаров даъвои ноболиғро рад карда, ваҷҳҳои овардаи ўро дар мавриди латукўбаш беасос ва тўҳмат хонданд. Онҳо гуфтанд, ки нисбати ноболиғ ягон зўроварӣ накарда ва ўро на рўзи 2-юми июн, тавре ноболиғ мегўяд, балки рўзи 3-юми июн дастгир карда, дар ҳузури омўзгор тибқи муқаррароти қонун пурсиш гузаронидаанд.
Қайд намудан зарур аст, ки Акбарҷон Раҳимов дар мурофиаи судӣ нишондоди ноболиғро тасдиқ кардааст. Ба гуфтаи ў, онҳоро кормандони ШВКД, ки дар боло зикрашон рафт, мавриди латукўб қарор дода, ҷинояти накардаро ба сарашон бор кардаанд. Аммо суд ягон ваҷҳи овардашударо муҳокима накарда, ба онҳо баҳои дурусти ҳуқуқӣ надодааст.
Раҳимов Бобоҷон, падари Акбарҷон Раҳимов, ки ҳамроҳи ноболиғ дастгир шудаю ташкилкунандаи ин ҷиноят дониста мешавад, мегўяд писарашро кормандони милитсия рўзи 2-юми июн шабона фиреб карда аз хона баровардаву дастгир кардаанд: «Онҳо ба як духтаре, ки рафторашро тамоми ноҳия медонад, супориш медиҳанд, ки ба Акбар занг занаду ўро ба мулоқот даъват кунад. Акбар ба духтар бовар карда, шаб баромада ба мулоқот меравад. Вақте ба ҷои таъиншуда мерасад, ўро чор нафар корманди милитсия дастгир карда, ба ШВКД мебаранд. Мо аз ин ҳама бехабар будем. Пагоҳаш, рўзи 3-юми июн ҳамон духтар соати 5-и субҳ омада хабар медиҳад, ки писарамро дар милисахона латукўб карда истодаанд. Ман таксӣ кор мекунаму саҳар барвақт одам гирифта, тарафи “Развилка” меравам. Ин духтар соати 5-и субҳ вақте ҳавлӣ медарояд, мебинад, ки касе нест, долон медарояд ва онҷо телефони писари калониамро дида, аз они худ мекунад. Баъдан ба оилаам, ки аз хона мебарояд, хабари дастгир шудани Акбарро мерасонад. Дертар телефонро, ки ў фурўхта буд, бо кўмаки нозири минтақавӣ баргардондем. Вақте ман баргаштам, оилаам ва акаам ҳодисаро нақл карданд. Пеши бародарам рафтам, ки раиси шаҳраки Фархор аст ва аз онҷо пеши ҷиянам омадам, ки дар мағоза буд. Ҳамроҳи Дилшоди додарзодаам, ки майори милитсия мебошаду дар ШВКД-и ноҳияи Фархор кор мекунад, ба ШВКД рафтем. То рафтани ман яке аз бародаронам аллакай 2 ҳазор сомонӣ бурда ба ҷабрдида дода будааст. Пасон, ман боз 1,5 ҳазор сомонии дигар бурда дар ҳузури кормандони милитсия ба ҷабрдида додам. Ҷабрдида баёнот дод, ки зарари расонида ба ў барқарор карда шуду даъвое нисбати писари ман ва ноболиғ надорад. Ба мо ваъда доданд, ки онҳоро ҷавоб медиҳанд, вале маълум шуд, ки фиреб кардаанду нисбати писарам ва ноболиғ парванда оғоз карда, онҳоро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашиданд. Дигар иҷозаи бо писарам вохўрданро надоданд. Вақте ноболиғро ҷавоб доданду омад ва қиссаи латукўбашонро аз тарафи милисаҳо нақл кард, ман ба прокуратураи ноҳия ариза навиштам, ба телефони боварии ВКД занг задам. Хоҳиш карданд, ки ноболиғро гирифта ба онҷо равем. Мо рафтем. Онҷо моро қабул карданд ва баёнотҳои ҳамаамонро гирифтанд. Пасон як полковник аз шўъбаи бехатарии хизмати дохилаи ВКД омаду боз баёнотҳои моро инҷо гирифт ва ваъда кард, ки дар наздиктарин мўҳлат ҷавоби шикоятамонро мегардонад. Мутаассифона, то имрўз ҷавобе нагирифтаем. Баъди ин маҷбур шудам ба Прокуратураи генералӣ равам. Онҷо маро муовини Прокурори генералӣ Назарзода Ҳотам қабул карда, баъди шунидани арзам ба прокурори ноҳия ва прокуратураи вилоят супориш дод, ки парвандаи писари маро зери назорат бигиранд. Мутаассифона, ягон натиҷае нашуд. Бо як азоб имкон ёфтам, ки як маротиба бо писарам дар СИЗО-и шаҳри Кўлоб вохўрам. Писарам гуфт, ки ў ин ҷиноятро содир накардааст ва бо истифода аз латукўб ҷиноятро ба гарданаш бор кардаанд. Ў гуфт, ки “дастонамро дар тиреза бо завлона маҳкам карданд ва «Коко» ноболиғро маҷбур кард, ки шими маро аз танам барорад. Ӯ не гуфт. Ўро низ заданд. Баъди ин ноболиғ шими маро поён кард ва «Коко» шими худашро низ поён карда, ба ман таҳдид кард, ки «ба номусат таҷовуз мекунам, агар ҷиноятро ба гардан нагирӣ ва дар интернет мепартоям, шарманда мешавӣ”.
- Дигар намедонем аз ин амали ғайриқонунии кормандони милитсия ба куҷо шикоят барем!?,- бо таассуф мегўяд Бобоҷон Раҳимов.
Адвокатҳои ноболиғ, ки Эътилофи зиди шиканҷа барояш ҷудо кардааст, аз ҳукми Суди ноҳияи Фархор норозиянд ва онро ғайриқонунӣ арзёбӣ намудаанд. Ба гуфти ҳимоятгарон, суд ҳукмро ноодилона ва бидуни ба назар гирифтани муқаррароти КМҶ содир кардааст. Онҳо аз болои ҳукми Суди ноҳияи Фархор ба Суди вилояти Хатлон шикояти кассатсионӣ бурдаанд.
Умед Ниёзов, адвокати Маслиҳатхонаи ҳуқуқии рақми 1-и шаҳри Қўрғонтеппа, ки масъулияти ҳимояи ҳуқуқҳои ноболиғро дар марҳилаи кассатсионӣ бар дўш дорад, чунин ибрози назар кард: «Парванда нисбати ноболиғ ва шарики ў Акбарҷон Раҳимов аз аввал то охир бо як баёноти ҷабрдида такя карда ба анҷом расидааст. Ба ғайр аз ин, дар суд дигар далеле пешниҳод нашуд, ки гунаҳгории ноболиғро исбот кунад. Масъалаи дигар ин аст, ки дар рафти мурофиаи судӣ ноболиғ баёнот додааст, ки кормандони шўъбачаи кофтукови ҷиноятии ШВКД-и ноҳияи Фархор ўро рўзи 2-юми июн дастгир карда, бе тартиб додани протокол ва бе иштироки намояндаи қонунии ў пурсиш гузаронидаанд. Яъне, зерҳимояи моро як шабонарўз ғайриқонунӣ дастгир намуда, болои ин, нисбаташ муносибати ғайриинсонӣ кардаанд. Дар рафти мурофиаи судӣ шоҳид Акбарҷон Раҳимов ва намояндаи қонунии ноболиғ инро тасдиқ намуданд. Мутаассифона, суд ваҷҳҳои овардаи зерҳимояи моро ба эътибор нагирифтааст.
Нишондоди ноболиғро оид ба ғайриқонунӣ дастгир шудан ва зери шиканҷаву азобу уқубати ҷисмонӣ қарор гирифтанаш дар муҳокимаи судӣ намояндаи қонунии ў ва Раҳимов Акбарҷон Бобоҷонович бо пуррагӣ тасдиқ намуда, оид ба ҳамин ҳолат айнан мисли ноболиғ нишондод доданд.
Мутобиқи қисми 4-и моддаи 171-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми пешбурди амали тафтиши татбиқи зўроварӣ, таҳдид ва дигар чораҳои ғайриқонунӣ, ҳамчунин ба вуҷуд овардани хавф барои ҳаёт ва саломатии шахсони дар он ширкаткунанда мумкин нест.
Тибқи талаботи моддаи 88, прим 1-и КМҶ ҶТ, далелҳо ғайри қобили қабул дониста мешаванд, агар онҳо бо вайрон кардани талаботи Кодекси мазкур бо роҳи маҳрум кардан ё маҳдуд кардани ҳуқуқҳои иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ, ки бо қонун кафолат дода шудаанд, вайрон кардани тартиби ҷамъоварии далелҳо ё дигар қоидаҳои мурофиавии ҷинояти ҳангоми пешбурди тосудӣ ё муҳокимаи судии парванда бадастовардашуда, ба саҳеҳияти маълумотҳои воқеии бадастовардашуда таъсир расонида бошанд ё имкони таъсиррасонӣ дошта бошанд, аз ҷумла бо:
- Истифодаи шиканҷа, муносибати бераҳмона, зўроварӣ, таҳдид, фиреб ё дигар кирдори ғайриқонунӣ.
Қисми 2-и моддаи мазкур пешбинӣ намудааст, ки қобили қабул набудани далелҳо, инчунин маҳдуд кардани истифодаи онҳо дар мурофиаи ҷиноятӣ, аз тарафи таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя бо ташаббуси худи онҳо ё бо дархости тарафҳо муайян карда мешаванд. Маълумоти воқеӣ дар бораи истифода шудани шиканҷа ё муносибати бераҳмона нисбати гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда, новобаста ба ворид шудани аризаи онҳо ё дархости ҳимоятгар аз нигоҳи қобили қабул будани нишондодҳои онҳо ҳамчун далел, мавриди тафтиш ва баҳодиҳӣ қарор дода мешаванд.
Суди марҳилаи якум дар рафти муҳокимаи судӣ ва дар хонаи машварат ҳангоми қабул намудани ҳукм бархилофи моддаҳои дар боло нишондодашуда ҳукми беасос ва бар хилофи қонун қабул намудааст. Зеро, тибқи талаботи моддаҳои дар боло нишондодашуда, суд бояд ҳамаи он далелҳоеро, ки аз тарафи мақомоти тафтишоти пешакӣ ба суд пешниҳод карда шуда буд, бинобар ғайриқонунӣ ба даст оварда шуданашон далелҳои ғайри қобили қабул меҳисобид».
- Бояд қайд кунам, ки се дархосте, ки аз тарафи ҳимоя ба суд карда шуд, то эълони ҳукм кушода монданд, ки бархилофи талаботҳои КМҶ ҶТ мебошад. Ҳамаи инро ба назар гирифта, ҳукми Суди ноҳияи Фархорро нисбати ноболиғ ноодилона ва ғайриқонунӣ дониста, аз ин хотир ба марҳилаи кассатсионӣ шикоят бурдем,- изҳор дошт Умед Ниёзов.