Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Волидони Саидалӣ Ҳақбердиеви бистучорсола аз деҳаи Яккахонаи ҷамоати Рӯдакӣ бо як нигарониву сӯзу гудоз мегӯянд, ки бар асари латукӯби кормандони Комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент, фарзанди онҳо ҷароҳатҳои гуногун бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Мирзоалӣ Ҳақбердиев, падари ин ҷавон мегӯяд, ки Саидалӣ фарзанди бузурги хонадон буда, соли ҷорӣ Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро бо ихтисоси фаъолият дар соҳаи гумрук хатм намудааст. Вай афзуд, ки «4-уми ноябри соли равон ман ба коре ба деҳаи дигар рафта будам. Тақрибан соатҳои 16:30 ё 17 яке аз ҳамсояамон ба ман занг зада гуфт, ки бачаатро бо «облавла» 2-3 нафар кормандони Комиссариати ҳарбӣ барои хизмати аскарӣ бурданд. Гуфтам, ки боке нест. Чунки фарзанди ман бояд 1 сол хизмат кунад. Ҳамчунин, фаҳмонидам, ки пагоҳ, насиб бошад, ҳамроҳи модараш ба военкомат рафта, писарам Саидалиро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ мефиристем. Аммо бегоҳирӯзӣ як тан аз ҳамдеҳагонам - Набишоҳ, ки вакили мо аст, телефонӣ гуфт, ки писарат дар беморхона дар ҳолати мадҳушӣ бистарист, зуд биё!».
Муродалӣ мегӯяд: «Замоне, ки ман ба беморхона расидам, бо раиси ҷамоати деҳот Исматулло Юсупов, ки ба тозагӣ ба ин ҷамоат раис таъин шудааст, вохӯрдам. Вай гуфт, ки бачаатро баъди ба Комиссариати ҳарбӣ овардан дидам, ки аз гӯшаш хун меомад ва саломатиаш чандон хуб нест. Аз ин рӯ, мо бо мошини ёрии таъҷилӣ ӯро ба беморхона овардем».
Мирзоалӣ мегӯяд, ки «бо шунидани ин суханон дасту поям суст шуду ба чашмонам торикӣ дамид. Ба палатаи бачаам, ки он ҷо духтурон буданд, даромадам. Писарам Саидалӣ беҳуш буду аз гӯшаш хун метаровид ва сараш низ захмӣ буд. Ин аҳволро дида, аз як ҷониб дилам ба фарзандам месӯхту аз ҷониби дигар, нафратам ба чунин ашхоси бемасъулияти комиссариати ҳарбӣ, дучанд мешуд. Охир, худ қазоват кунед, писари ман 5 сол дар донишгоҳ таҳсил намуда, соҳиби маълумоти олӣ гардид. Ният дошт, ки баъди адои хизмати ҳарбӣ дар соҳаи гумрук кору фаъолият намояд. Вале ҳамаи орзуҳои мову ӯро кормандони комиссариат бо ин облава ва латукӯб аз байн бурданд. Бигзор чунин ашхос дар назди қонун барои ин кирдори беадолатонаашон ҷавоб гӯянд».
Модари Саидалӣ, ки ин сӯҳбати моро дар палата бо ашки шашқатор мешунид, тоқаташ тоқ шуду бо сӯзу гудоз ва гиряи ҷонкоҳ гуфт: «Марги чунин облаваи касофат, ки як бачаи гул баринамро дар тӯли чанд соат маъюбу маслуқ кард! Кӣ ба ин бояд ҷавоб гӯяд?...».
Баъди нолаҳои ҷонкоҳ ӯ боз афзуд, ки «агар ин нафарон фарзанди маро ба зӯрӣ надошта, ба хубӣ ба ман муроҷиат мекарданд, ба Худо қасам, ки бо фотеҳаи нек писарам Саидалиро ба хизмати аскарӣ мефиристодам. Лекин, мебинед, инҳо бо ин облававу латукӯбашон бачаи маро ба чӣ ҳолат овардаанд?! Боз тӯҳмат ҳам мекунанд, ки бачаам худашро ҳангоми ба комиссариат овардан аз мошин партофтаасту ба чунин ҳол гирифтор шудааст».
Модари Саидалӣ бо оҳи ҷокоҳ мегуфт, ки ин дар ҳаққи писараш тӯҳмат аст, зеро ба қавли модар, ӯ як бачаи хоксор будаасту худ мехостааст баъди ҳуҷҷатҳои таҳсилашро пурра кардан ба хидмати ҳарбӣ равад.
Баъди ин қиссаҳои талхи волидайнро шунидан, хостем бо иҷозаи духтурон аз худи Саидалӣ пурсон шавем, ки асли воқеа чӣ буду чӣ ҳодиса рух дод. Ба ҳангоми сӯҳбат Саидалӣ бо садои хастаи паст ва дарди захмҳояш гуфт, ки 4-уми ноябр, тақрибан соатҳои 3-и рӯз бо ҳамроҳии писарамакаш кӯчаи деҳаро убур мекардаанд. Дар ҳамин вақт мошини номаълуме назди онҳо қарор гирифтааст. Аввал писари амакашро одамони аз ин мошин фаромада ба якборагӣ дохили мошин даровардаанд. Баъди чанде ӯро озод намуда, гуфтаанд, ки туро синнат аз 30 гузаштаву ба хидмати аскарӣ намегиранд.
Сипас, ба қавли Саидалӣ, вайро ду нафар ҳамдеҳаашон боздоштаву 3 нафари дигар аз дохили мошин ба берун омада, дасташро ба пушт то китфҳояш қат намуда, дохили мошин кардаанд. Баъдан, ба ҳамин минвол то назди идораи ҷамоат овардаанд, ки ба гуфтаи Саидалӣ, ҳама ин ҳодисаро котиби ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ Олим Солиев дидааст.
- Агарчи ман аз рафтан ба комиссариат саркашӣ намекардам, вале дастонамро тофта, ба мошини дигар, ки тамғаи «Опел» буд, савор карданд. Дар роҳ дар дохили мошин сарамро хам карда, ба сару баногӯш ва пушти сарам 3 мушт заданд… Ман аз ҳуш рафтаму дигар чизеро намедонам. Замоне чашм кушодам, ки дар беморхона будам ва ҳоло 4 рӯз аст, ки инҷояму духтурон маро муолиҷа мекунанд. Дигар чизе дар ёдам нест ва маҷоли сухан кардан ҳам надорам,- афзуд Саидалӣ.
Пас аз шунидани ин қиссаи талхи Саидаливу нолаҳои ҷонгудози модару шевани падар, бо табибоне, ки Саидалиро дар шӯъбаи нерохирургия муолиҷа мекарданд, ҳамсӯҳбат шудем. Онҳо гуфтанд, ки дар ҳақиқат рӯзи 4-уми ноябр тақрибан баъди соатҳои 18-и бегоҳ ин ҷавонро ба беморхона овардаанд. Пас аз ташхису муоинаи ренгенӣ маълум шудааст, ки сараш зарб хӯрдаву садопардаи гӯшаш дарида ва дасти росташ низ осеб дидааст. Табибон мегӯянд, ки дараҷаи маҷрӯҳии Саидалиро танҳо ташхиси ҳамаҷонибаи судии тиббӣ муайян мекунад ва ба қавли онҳо, то ба имрӯз муолиҷа идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, Тошев Урунбек, як тан аз кормандони Комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент, ки дар ин боздошт бевосита иштирок доштааст, ба ҳангоми сӯҳбат ва баёноти хеш ин гуфтаҳоро рад намуда, ёдовар шуд, ки таърихи 4-уми ноябр тақрибан соатҳои 15:16 дар деҳаи Яккахонаи ҷамоати деҳоти Рудакӣ сокини ин деҳа Саидалӣ Ҳақбердиевро боздошт намудаанд. Ӯ ба ҳангоми сӯҳбат ҳеҷ гуна муқовимат накардааст. Вай гуфтааст, ки соҳиби маълумоти олисту ҳамин сол Донишгоҳи шаҳри Хуҷандро хатм кардааст ва барои хизмати аскарӣ розӣ аст. Баъди ин сӯҳбат, ба қавли Тошев, онҳо ӯро ба мошин савор карда, хостаанд ба Комиссариати ҳарбӣ биёранд, аммо дар хамгашти деҳаи Ғӯсар ҳангоми суст шудани суръати мошин, Саидалӣ ғайричашмдошт худашро аз мошин берун партофтааст. Дар натиҷа ин захму осебро бардоштааст ва онҳо Саидалиро зуд ба комиссариат оварда, бо мошини ёрии таъҷилӣ ба беморхона фиристодаанд.
Исматулло Юсуфов, раиси ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ, ки деҳаи Яккахона мансуб ба ин ҷамоат аст, дар сӯҳбат гуфт, замоне, ки Саидалиро ба комиссариати ҳарбӣ овардаанд, ӯ гӯё бо Саидалӣ ҳамсӯҳбат шудааст ва дидааст, ки аз гӯшаш андак хун меравад. Ба вай гуфтаанд, ки Саидалӣ худашро гӯё аз мошин партофтаасту андаке захмӣ шудааст. Баъдан мошини ёрии таъҷилӣ омадаасту Исматулло ҳамроҳи духтурон Саидалиро ба беморхона бурда, бистарӣ намудааст ва то омадани волидонаш то нимашабӣ онҷо будааст.Исматулло мегӯяд, ки аз латукӯб шудани Саидалӣ дарак надорад ва Саидалӣ ба ӯ чизе нагуфтааст.
Хонандаи гиромӣ, ин як қиссае буд, ки ба гуфтаи волидайни Саидалӣ, бар асари боздошти ғайриқонунии фарзандашон дар як деҳаи дурдасти Панҷакент рух додаст, ки чунин боздоштҳо имрӯз миёни мардум бо унвони «Облава» машҳур асту ҳар як навдаъватро ба ҳарос овардааст. Мо инҷо дар тавозун ин қиссаро ба қалам додем. Ҳамчунин дарак ёфтем, ки бо даъвои волидони Саидалӣ Прокуратураи шаҳри Панҷакент ин қазияро мавриди баррасӣ қарор дода, маводро нисбати ин ҳодиса ба прокуратураи ҳарбӣ равон намудааст.
Паллаи мизони ҳақиқатро то кадом андоза ҳуқуқшиносон ва додситони ҳарбӣ рӯшан месозанд, мунтазир мешавем, то баъдан роҷеъ ба он боз маводе омода созем.