Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Сокини 50-солаи ноҳияи Шаҳритуз Толибҷон Дӯстов баъди боздошташ аз тарафи кормандони ШКВД-и ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон фавтид. Наздикон марҳум даъво доранд, ки Толибҷон бар асари латукӯби кормандони милитсия ҷонашро аз даст додааст. То куҷо гумони наздикони Толибҷон Дӯстов воқеият дорад ва чӣ сабаб шудаааст, ки онҳо кормандони милитсияро дар марги наздикашон гумонбар медонанд, мо кӯшиш кардем то андозае ба ин суолҳо ҷавоб пайдо намоем.
Модари марҳум бар он бовар аст, ки писараш бар асари зӯроварӣ ва латукӯб аз тарафи кормандони милитсия ҷони худро аз даст додааст. Он замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабаби марги Толибҷонро эҳтимолан сактаи дил мегуфтанд. Дар Прокуратураи ноҳияи Қубодиён баъди ду рӯзи марги Толибҷон ба мо гуфтанд, ки таҳқиқи ҳолати марги шаҳрванд Дӯстов нав оғоз шудаю эҳтимолан сабаби маргаш сактаи дил бошад. «Таҳқиқу тафтиши ин ҳолатро Прокуратураи вилояти Хатлон талаб карда истодааст. Айни замон натиҷаи хулосаи коршиносони тиббии судиро интизорем. Танҳо баъди хулосаи дақиқи коршиносони тиббии судӣ мо метавонем мушаххас чизе бигӯем,- гуфт манбаи мо дар Прокуратураи ноҳияи Қубодиён.
Ин манбаъ илова кард, ки се корманди шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Дӯстӣ вобаста ба ҳолати марги Толибҷон Дӯстов мавриди пурсиши муфаттишони прокуратура қарор доранд.
Модари Толибҷон Дӯстов - Меҳрихон Давлатова зимни як суҳбати ихтисосӣ изҳор дошт, ки писарашро ҳангоми боздошт кормандони милитсия мавриди шиканҷа қарор додаанд.
- Пагоҳии рӯзи 25-уми июли соли 2017-ум Толибҷон бо рафиқаш Маҳмуд дар ҷои кори охирон вомехӯранд. Аз суханони дӯсташ, саломатии Толибҷон хуб буд ва ӯ худро нағз ҳис мекард. Вақте онҳо бо якдигар суҳбат доштаанд, дар ҳамин вақт касе ба ӯ занг зада, таклиф мекунад, ки вохӯранд. Толибҷон пешниҳод мекунад, ки дар қаҳвахонаи «Элдар», ки дар маркази ноҳияи Шаҳритуз воқеъ аст, вохӯранд. Баъд аз хомӯш шудани телефон, онҳо якҷоя барои вохӯрдан бо он шахс ба қаҳвахонаи «Элдар» мераванд. Шахсе, ки вохӯриро таъин карда буд, ҳамроҳи кормандони милитсияи ноҳияи Дӯстӣ даромада, Толибҷонро латукӯб намуда, дастонашро маҳкам карда, ба мошин савор кардаву ба самти номаълум мебаранд. Ҳолати латукӯб шудани Толибҷонро рафиқаш Маҳмуд надидааст, аммо дигар шахсоне, ки дар қаҳвахона ҳузур доштаанд, дидаанд. Ҳамин тавр, Толибҷонро бо мақсади ба ШВКД-и ноҳияи Дӯстӣ дастрас намудан, дар роҳ ӯро латукӯб намуда, ба самти ноҳияи Дӯстӣ мошинро меронанд. Вақте ки ба ноҳияи Қубодиён мерасанд, аз ҳисоби зӯроварӣ ва латукӯб саломатии писарам бад шуда, дар дохили мошини кормандони милитсия вафот мекунад. Кормандони милитсия ҷасади писарамро ба Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён бурда, ба духтурон мегӯянд, ки «мо ин шахсро дар роҳ дидем, ки дилашро қапида буд, саломатиаш бад буд, бинобар ин ба беморхона овардем». Баъд аз ҷасади писарамро ба духтурон супоридан, оҳистаҳак баромада мераванд,- қисса кард модари Дӯстов.
Ин модар мегӯяд, баъдан фаҳмидаанд, ки писарашро кормандони ШКВД-и ноҳияи Дӯстӣ дастгир карда будаанд ва вақте дар мошин ӯро латукӯб кардаанду Толибҷон фавтидааст, ҷасади беҷони ӯро ба Беморхонаи ноҳияи Қубодиён бурдаанд.
Азиз Маҳмадраҷабов, духтури эҳёгари шуъбаи эҳёгарии Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён дар суҳбат бо мо ҳолати воридшавии Толибҷон Дӯстовро ба ин беморхона чунин қисса кард: «Вақте Толибҷон Дӯстовро ба беморхонаи мо оварданд, ман навбатдор будам. Мо ӯро аз назар гузарондем, дар ӯ нишонаҳои ҳаётӣ набуд, яъне ӯ вафот карда буд. Мо фишору кори дилашро санҷидем, мутаассифона, на фишор буду на кори дил ҳис карда мешуд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки то беморхона ворид шудан Толибҷон вафот карда буд. Аммо дар мо дастурамалест, ки новобаста аз он, ки дар ҷасади воридшуда ба беморхона нишонаҳои ҳаётӣ ҳаст ё не, мо бояд кӯмаки тиббӣ расонем, яъне кӯшиши ба ҳаёт баргардондани ӯро бикунем. Чаро? Зеро, аслан ду намуди марг мешавад, марги биологӣ ва марги клиникӣ. Агар марги клиникӣ бошад, имкони ба ҳаёт баргардонданаш ҳаст. Аз ҳамин хотир, мо амалиётҳои дастурамалии худро мегузаронем».
Дар тақвияти гуфтаҳои духтури эҳёгар, мудири шуъбаи эҳёгарии ин беморхона Зулқайнар Турдиев илова кард, ки «вақте ман омадам, аллакай ба Толибҷон Дӯстов духтурони эҳёгари мо Зиёдалиев, Эрмуминов ва Маҳмараҷабов нафаси сунъӣ медоданду қафаси синаашро маҳс мекарданд. Аз онҳо пурсидам, ки чӣ гап аст? Онҳо гуфтанд, ки ҷасадро тақрибан 20 дақиқа пеш овардаанд. Ман худам шахсан боз бо асбоби махсус кори дил ва фишорашро санҷидам, ки ягон нишонаи ҳаёт набуд. Дар мо як қоидаи ҳатмӣ аст, ки новобаста аз он, ки нафареро мурда гуфта меоранд, ё воқеан мурда аст, мо бояд баъзе амалиётҳои ба ҳаёт баргардондани ӯро ба анҷом расонем. Ин дар фаъолияти мо ҳатмӣ аст. Аз ин хотир, духтурони мо ҳамаи он талаботҳои дастурамалиро ба анҷом расониданд. Мутаассифона, Толибҷон ҳангоми ба беморхона ворид шудан аллакай мурда будааст. Як нуқтаро бигӯям, ки агар бемори воридшуда дар ҳолати марги клиникӣ бошад, ӯро ба ҳаёт баргардондан мумкин аст. Чунки, мувофиқи мушоҳидаҳо, баъзе ҳолатҳое ҳаст, ки то 5-6 дақиқиаи баъди ба марги клиникӣ афтидани бемор, дар сурати дуруст гузаронидани амалиётҳои ба ҳаёт баргардондан, метавон ӯро ба ҳаёт баргардонд. Ҳамаи он амалиётҳое, ки мо ба анҷом расонидем, бо ҳамин мақсад буд».
Ба суоли он ки «дар бадани ҷасад ягон доғи шубҳанок мушоҳида накардед?», духтур гуфт, ки «ман ростӣ ба инаш эътибор надодам, зеро мо ба ин вақт надоштем, тамоми кӯшишҳои мо барои ба ҳаёт баргардондан буд». Ҳамчунин ӯ гуфт, ки роҳи нафаси Толибҷон тоза буд ва нишонаҳои маҳкам будани роҳи нафас аз ҳисоби қайд кардан набуд.
З. Турдиев илова кард: «Зердастон ба ман маълумот доданд, ки ба беморхона ҷасадеро овардаанд. Вақте ба беморхона ҷасадро оварданд, мо ному насаби марҳумро намедонистем ва ба ҳамин хотир, ӯро ҳамчун шахси номаълум дар дафтари қайдҳо ба қайд гирифтаем».
Мувофиқи қайди дафтари шуъбаи эҳёгарӣ, ҷасади Толибҷон Дӯстов соати 14:30 дақиқаи 25-уми июли соли 2017 ворид шудааст. Дар дафтари қайд омадааст: “Оварда шуд шаҳрванди номаълум, ҷинси мард, тахминан 50-55-сола, дар ҳолати марги биологӣ. Ҷасадро ба беморхона сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҷамоати Ҷилликул, Иброҳим Зоҳиров, соли тавалудаш 1989, бо мошини шахсиаш овардааст”.
Гуфтаҳои духтурони болозикрро бародари шафқати ин шуъба Бахтиёр Холматов низ тасдиқ карда, афзуд, ки «воқеан Тоҷиддин Дӯстовро дар ҳолати марги биологӣ оварда буданд. Нафаре, ки ҷасадро ба беморхона овардааст, гуфтааст, ки ҷасадро намешиносад ва ӯро дар канори роҳ дида, ба мошинаш бор карда овардааст».
Мо кӯшиш кардем бо Иброҳим Зоҳиров вобаста ба ҳолати кор суҳбат дошта бошем. Вале кӯшишҳои мо бо сабабҳои гуногун бе натиҷа анҷом ёфт.
Бояд ёдовар шуд, ки тафтиши ҳолати марги Толибҷон Дӯстовро Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар уҳда гирифт. Нисбати ин ҳолат бо моддаи 316, қисми 1-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Айни замон, мувофиқи баъзе маълумотҳои ба даст омада, муфаттишон нисбати ваколатдори оперативии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ШКВД-и ноҳияи Дӯстӣ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 316, қисми 1-и КҶ ҶТ оғоз кардаанд ва тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки Прокуратураи генералии ҶТ бо имзои муовини аввали Прокурори генералӣ Ҳ. Назарзода ба модари Толибҷон Дӯстов дар ҷавоби аризаи шикоятиаш навиштааст: “Ба аризаи сокини вилояти Хатлон, ноҳияи Шаҳритуз, шаҳраки Шаҳритуз, кӯчаи ба номи Н. Хисрав-30 Давлатова М. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи Шуморо дар хусуси аз ҷониби кормандони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ба ҳалокат расонидани Дӯстов Т. мавриди баррасӣ қарор дод. Муайян карда шуд, ки ваҷҳҳои дар ариза зикргардида қисман тасдиқи худро ёфтаанд. Аз ин рӯ, аз ҷониби Прокуратураи генералӣ оид ба ҳолати баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабии кормандони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо моддаи 316, қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, пешбурди тафтиши пешакии он ба муфаттишони Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст».
Мувофиқи маълумотҳои мо, дар аввал парвандаи ҷиноятӣ нисбати се нафар корманди ШКВД-и ноҳияи Дӯстӣ бо моддаи 316, қисми 1 оғоз шуда буд. Баъдан парвандаи ҷиноятӣ аз нав банду баст шуда, нисбати як нафар - М. Идиев бо моддаи 316, қисми 3 КҶ ҶТ оғоз ва бо ҳамин модда бо ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ айб эълон карда шудааст.
Нуқтаи дигар ин аст, ки мувофиқи хулосаи Санади шаҳодаткунонии ҷасади Толибҷон Дӯстов, сабаби марги ӯ “асфиксияи механикӣ ва сактаи дил” гуфта шудаааст. Аммо ҳамсари марҳум З. Сафарова ба ин натиҷаи хулосаи судэкспертҳо розӣ нашуда, тавассути адвокатҳояшон дархост мекунанд, ки ташхиси судӣ - тиббии коммисионӣ гузаронида шавад. Ин дархости ҷабрдида қонеъ карда мешавад ва ташхиси комиссионӣ гузаронида мешавад ва хулоса медиҳад, ки сабаби марги Т. Дӯстов асфиксияи механикӣ гардидааст. Яъне, ба гуфти комиссия, бинобар сабаби истеъмоли маводи мухаддир ва маводи алкоголӣ дили Дӯстов беҳузур шуда, роҳи нафасашро маҳкам кардааст. Ҳамсари Дӯстов ба ин хулосаи коршиносони судӣ - тиббӣ низ розӣ нашуда, такроран дархост кардааст, ки ҷасади шавҳараш аз нав ташхис шавад ва ташхисро коршиносони судӣ-тиббии ё Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё Дивизияи 201-и Федератсияи Русия дар Тоҷикистон гузаронанд. То лаҳзаи омода шудани маводи мазкур ба дархости ҷабрдида аз тарафи муфаттишон посухе нашудааст.
Зикр кардан бамаврид аст, ки духтурони шуъбаи эҳёгарӣ зимни суҳбат бо мо гуфтанд, ки вақте ҷасади Т. Дӯстов ба беморхона ворид шуд, дар ӯ аломатҳои қайд кардан набуд. Мо ин суолро аз онҳо махсус пурсидем ва посух ҳам доданд, ки «дар чунин ҳолатҳо мо ҳатман роҳҳои нафасро тафтиш мекунем ва агар мушоҳида шавад, ки роҳи нафас маҳкам шудааст, онро бо дастгоҳи махсус дарҳол тоза мекунем. Аммо дар ҳолати Дӯстов, мо ташхис кардем, роҳҳои нафасаш тоза буд ва зарурати тоза кардани он набуд». Ин гуфтаҳои духтурони шуъбаи эҳёгарии Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён натиҷаи ташхис ва хулосаи коршиносони судию тиббиро зери суол қарор медиҳад.
Тавре дар боло қайд кардем, аллакай тафтишот ба итмом расидаю нисбати корманди ШКВД-и ноҳияи Дӯстӣ бо моддаи 316, қисми 3, банди “а”-и КҶ ҶТ айб эълон карда шудааст. Аммо наздикони Толибҷон Дӯстов бар он боваранд, ки ӯ дар натиҷаи латукӯби кормандони ШВКД-и ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон фавтидааст ва бояд нисбати онҳо бо моддаи 143, прим 1 КҶ ҶТ (Шиканҷа) парвандаи ҷиноятӣ оғозу айб эълон карда шавад.
Мо кӯшиш мекунем то ба охир ин қазияро пайгирӣ намуда, аз натиҷаи тафтишоту баррасиҳои судӣ ба хонандаи худ маълумоти бештар пешкаш намоем.