Шиканҷа дар минбар ё нақши беранги Салимзода ва Ализода

Шиканҷа дар минбар ё нақши беранги Салимзода ва Ализода

Баъд аз бо нишон сарфароз кардани Иззатулло Шарифов, додхоҳони тоҷик андеша мекунанд, ки аз кӣ имдод талабанд: аз Путин ё Обама? Вале мансабдороне назири Прокурори генералӣ Шерхон Салимзодаи Одина, вазири адлия Рустам Менглиев, Омбудсмен Зариф Алиев, мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ҷумъахон Давлатов ҳанўз ҳам назди роҳбари давлат эҳсоси масъулият намекунанд...

Дар минбари СММ Салимзода ва Ализода

Рўзи душанбеи 25-уми феврал Шўрои ҳуқуқи Башари СММ дар Женева иҷлосияи 22-юми худро оғоз намуд, ки то 22-юми марти соли равон идома мекунад. Дар чор рўзи аввал вазирон ва намояндагони баландмартабаи беш аз 80 кишвари олам ширкат мекунанд.

Даъватшудагон илова ба он ки андешаҳои худро роҷеъ ба риояи ҳуқуқи башар дар кишварҳои худ иброз медоранд, боз бояд ба пурсишҳои Шўрои ҳуқуқи Башар низ посух диҳанд. Табиист, ки пурсиш роҷеъ ба нақзи ҳуқуқи инсон дар он мамолик, аз ҷумла, Тоҷикистон хоҳад буд.

4-уми март Гузоришгари вижаи Шўрои ёдшуда оид ба шиканҷа  Хуан Эрнесто Мендез аз натиҷаҳои боздиди нўҳрўзаи худ аз Тоҷикистон, ки 10-18-уми майи соли гузашта сурат гирифта буд, ҳисобот медиҳад. Ҳарчанд то ҳол расман эълон нашудааст, вале эҳтимол меравад Тоҷикистонро дар ин ҷаласа Прокурори генералӣ Шерхон Салимзода ва Омбудсмени Тоҷикистон Зариф Ализода намояндагӣ кунанд.

Табиист, ки дар ин ҷаласа як бори дигар нақзи ҳуқуқи зиндониён дар Тоҷикистон мавриди баҳс қарор хоҳад гирифт, хоса рўйдодҳои ахир ва сару садоҳо дар мавриди шиканҷаҳои гўшношунид ва маргу мир дар маҳбасҳои кишвар. Вале ин ду ҷаноби воломақом аз номи кишвар чӣ мегўянд, дар ҳоле ки иддае аз волидайни маҳбусони таҳти шиканҷа то остонаи мақари Президенти Тоҷикистон омаданд. Омаданд ва бо гўшҳои худ шуниданд, ки сарвари мамлакат аз ҳоли зори фарзандони онҳо хабар надорад.

Бехабарӣ

Бале, иштибоҳе аз мо нест ва густохӣ низ, хонандаи арҷманд. Мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон Ҷумъахон Давлатон гуфт, ки сарвари кишвар аз шиканҷа дар зиндонҳо хабар надорад.

Ин такондиҳандатарин хабаре буд, ки нигоранда ду ҳафта қабл шунид. Яъне он чӣ дар маҳбасҳои кишвар мегузарад ва ин сару садои матбуот, гирдиҳамоии волидайни маҳбусон дар назди Прокуратураи генералӣ, Дастгоҳи иҷроия, сўҳбатҳои расонаии мудофиини ҳуқуқи башар ва ғайраву ҳоказо  ҳатто бо гузашти моҳҳо ба гўши ҳукумат нарасидааст. Ё шояд ҷаноби мушовир кайҳо боз бо роҳбари давлат вонахўрдаанд? Дар ҳар сурат, пахши ин хабар то ҳадди омили мусбат аст, ба он маъно, ки чун президент хабар надорад ва мушовири вай мегўяд, ки акнун хабардор хоҳад шуд, пас метавон боз даричаи умедро боз гузошт. Вагарна мардум маҷбуранд вокунише кунанд ё дари дигареро бикўбанд. Мисле ки аз ҳукумати ИМА тавассути Роберт Блейк кўмакхоҳӣ карданд.

Аз Душанбе ба Вашингтон?

Борҳо шунидааму дидам, ки додхоҳони тоҷикистонӣ ба Владимир Путин шикоят кардаанд, ки ба ин ё он дардашон расидагӣ кунад. Инро ҳадди аққал барои худ нишони камаърифатии сиёсӣ ва ҳуқуқии теъдоде аз мардумонамон медонистам. Чанд рўз пеш зимни нишасти матуботии ёвари Котиби давлатии ИМА Роберт Блейк дар меҳмонхонаи “Ҳайат Рейҷенси”-и пойтахт дидам, ки нафаре мехост номаи 200 нафар аз волидайни маҳбусонро бо талаби истеъфои Изатулло Шарифов аз садри Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия ба ҳукумати ИМА расонад, то онҳо дар навбати худ онро ба Президенти Тоҷикистон расонанд. Чун ин амалро нишони каммаърифатӣ гуфтан имукон надорад, ба худ суол додам: Чаро чунин шуда? Чаро мардуми тоҷик аз ноумедӣ рў ба Сафорати кишвари аҷнабие овардааст?

Имиҷи давлату миллати мо ва роҳбари он чӣ мешавад?!!

Барои ба ду суоли аввал ҷавоб ёфтан, тадқиқоти илмӣ баргузор кардану олими иҷтимоишинос будан зарур нест. Дигар дар Тоҷикистон аксарият медонанд, ки баръакси низоми шуравӣ, ба доди муроҷиаткунандагон дар низоми давлатдории тоҷикон намерасанд.

Сарони идораҳо, мисли Прокурори генералӣ роҳбари давлатро ором мекунанд, ки “шиканҷа ҳаст, вале кам”. Аммо намегўянд, ки ин “кам” ҳам муҷиби машаққат ва ҳалокати инсонҳо шудааст ва дар асри 21 инро дигар дар зиндонҳои низомаш сахттарин махфӣ нигоҳ дошта намешавад.

Мутаассифона, калимаи “кам” ба оҳанги таҳаммулпазирӣ ба забон оварда мешавад, ки набояд хоси низоми тобеи қонун  ва мансабдорони содиқ ба роҳбари давлат бошад.  Чунин мавзеъгирӣ  хеле хатарнок аст, мисли суханҳои пойдарҳавои ҷаноби муфтӣ Сайидмукаррам Абдуқодирзода.

Қавли муфтӣ

Раиси Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки расман як ниҳоди ҷамъиятӣ буда, амалан тобеъи ҳукумати иҷроия аст, пас аз як дидор аз зиндон, ки моҳиятан кўшиши афкорсозие аз ҷониби Сарраёсати иҷрои ҷазо набуд, исту бест накарда, гуфт, ки шиканҷаро дар маҳбас надидааст. Рост мегўяд, ки ў шиканҷаро надидааст, зеро назди ў зиндонбонҳо касеро намезананд, дашном намедиҳанд. Нодидаро чӣ гуна метавон дидам гуфт? Бо шунидани ин суханҳо, хелеҳо ба муфтӣ бовар карданд. Вале ҷаноби муфтӣ бидуни истиҳола матбуотро иғвогар хонд.

Ин бардошти муфтӣ сабабҳои рў ба зиндон овардани ўро рушантар кард.

Вале муҳим он аст, ки дар ҳар кишвари дигар ҳамчунин баҳс низоми пенитенсиарӣ ё иҷрои ҷазоро беҳтар мекард, мансабдорони зиёдеро барои ҳимояи имиҷи кишвару роҳбари давлат сабаб мешуд, вале дар мо на. Баръакс, ин чиз боис шуд, ки шахрвандони Тоҷикистон аз хориҷиён ва он ҳам амрикоиён додхоҳӣ кунанд. Ба нишон сарфароз кардани Изатулло Шарифов - роҳбари Сарраёсати иҷрои ҷазо, бигзор барои хизматҳои шоёни чанд сол пеши ў ҳам бошад, нишон дод, ки марги Ҳамза Икромзода барои ҷомеаву низоми давлатдории мо сабақ нашуда, обрўю имиҷи Тоҷикистон ва ҳатто роҳбари давлат барои аксари мансабдорони идораву мақомоти зирабт муҳим набудааст.

Сабақи марги Ҳамза

Баъди марги фоҷеабор ва мармузи Ҳамза Икромзода ва инъикоси густардаи он дар матбуот, ки боиси сару садои зиёд дар ҷомеа гардид, мақомот роҳи халосӣ аз расонаӣ шудани шиканҷа дар зиндонҳоро дар интиқоли маҳбусони саркаш ва шоҳидони марги Икромзода диданд.

Ҳарчанд прокуратура дар мавриди таҳқиқи марги Икромзода парванда боз карда буд, вале анҷоми он касеро қонеъ намекард. Худкушии марҳум бар асари шиканҷа ҳаргиз исботи расмӣ наёфт, ҳарчанд даҳҳо тан омода буданд ба ин шаҳодат диҳанд. Вале шоҳидон ба Хуҷанд интиқол ёфтанд ва шиканҷаи онҳо он ҷо идома ёфт. Дар аввалин фурсат навори сабти телефонӣ аз ин шиканҷа дар расонаҳо паҳн гардид ва боз шаҳодатҳои дигар.

Прокуратура ин ҳамаро ҳам мавриди санҷиш қарор дод, вале натиҷа боз ҳам на ҳамаро қонеъ мекард. Дар зиндонҳои Хуҷанд ҳамоно даст аз шиканҷаи маҳбусон набардоштаанд. Охирин касе, ки дар ин маврид изҳори назар намуд, падари яке аз онҳо Маҳмурод Ризоев буд, ки мегуфт: “ҳафтаи охире, ки ўро хабар гирифта будам, 11 дандонаш набуд. Зарби латукўбе, ки дар бадани ў дидам... Ончунон задаанд, ки ҳатто ҳайвонро чунин наметавон зад. Чунин рафтори онҳо бори дигар собит мекунад, ки баъзе масъулини зиндон аз одамият дуранд...”.

Ин аст вокуниши ҷомеа ба марги як шаҳрванду ин аст масъулияти мансабдороне назири Прокурори генералӣ Шерхон Салимзодаи Одина, вазири адлия Рустам Менглиев, Омбудсмен Зариф Алиев, мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ҷумъахон Давлатов ва чанде дигар назди давлати Тоҷикистон ва президент Эмомалӣ Раҳмон.

Дар чунин вазъ муҳим нест, ки ду намояндаи Тоҷикистон дар Шўрои ҳуқуқи Башари СММ дар Женева чӣ мегўянд. Онҳо бояд ин ҷо назди мардум, ё ҳадди аққал назди роҳбари давлат посух гўянд, ки бо дур кардани шиканҷа ва лату кўб дар тавқифгоҳу зиндонҳои Тоҷикистон, ба қавли мардум  “ягон ҷояшон кам мешавад”?

Фирӯз МУҲАММАД, бознашр аз "Нигоҳ", №49(325) 27-уми феврали соли 2013