Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Додситонии шаҳри Душанбе ду корманди собиқи пулиси ноҳияи Синоро, ки дар марги як сокини шаҳр муттаҳам буданд, бар асоси қонуни афв аз муҷозот озод кардааст.
Аммо пайвандони Сафаралӣ Сангов аз ин тасмими додистонии шаҳрӣ норозӣ буда ва ба Додситонии кулли Тоҷикистон шикоят бурдаанд.
Гулчеҳра Хоматова, вакили мудофеъи хонаводаи Сангов, рӯзи панҷшанбеи 18 октябр дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки Абдураҳмон Яқубов ва Қодир Ҳасанов бар асоси моддаи 322-и Қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне ба иттиҳоми "бетаваҷҷуҳӣ ҳангоми ифои вазифа" муттаҳам шуда буданд.
Хонуми Холматова мегӯяд, ки ҳарчанд дар замони муҳокимаи ин ду фард, ҷониби шокӣ тақозо кард буданд, ки расидагӣ ба аъмоли ин ду пулис тибқи моддаи 316 қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне сӯйиистифода аз мақом анҷом шавад.
Вале вай афзуд, ки додгоҳи ноҳияи Сино баъд аз оғози муҳокимаи парвандаи ҷиноӣ дар робита ба марги Сафаралӣ Сангов, парвандаро барои таҳқиқоти бештар ба додситонии шаҳрӣ равона карда буд.
Хонуми Холматова афзуд: “Ҳамакнун ин ду корманди пулис ба содир кардани ин ҷурм, яъне бетаваҷҷуҳӣ ҳангоми ифои вазифа иқрор карданд ва додситонии шаҳрӣ бар асоси моддаи 27 қонуни афв онҳоро озод кард. Вале мо дархост карда будем, ки ин кормандони пулис тибқи моддаи қонуни ҷазои Тоҷикистон муттаҳам шаванд ва муҳтавои аслии шикояти кунунии мо аз ин тасмими додистонӣ ҳамин аст.”
Ба гуфтаи вай дар ҳоли ҳозир масъулони додситонии кулл машғули таҳқиқи шикояти онҳо ҳастанд.
Сафаралӣ Сангов, сокини Душанбе, рӯзи 5 марти соли 2011 дар бинои пулиси ноҳияи Сино, баъд аз боздошт аз сӯйи маъмурони пулиси ин ноҳия шадидан захмӣ ва ба бемористони шаҳри интиқол ёфт.
Сангов баъд аз чанде дар бемористон ҷон дод ва пулис он замон эълом кард, ки Сангов худро аз табақаи дувуми бинои идораи пулис ба поён парт кардааст. Аммо пайвандони вай, аз ҷумлаи хонуми ӯ иддаъо кард, ки Сафаралӣ дар натиҷаи шиканҷаи кормандони пулиси ноҳия ҷон додааст.
Бо ин вуҷуд мақомоти пулиси Тоҷикистон пайваста исрор кардаанд, ки дар фаъолияти маъмурони интизомӣ мавориди шиканҷа алайҳи боздоштшудагон ошкор нашудааст.
Дар моҳи апрели соли 2012 дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур, Искандархон Муртазоев, Бахтовар Қаҳҳоров ва Умедҷон Мирзоев, се сокини шаҳри Душанбе иддаъо кардаанд, ки бозрасҳо ба ҳангоми бозпурсии онҳо аз шиканҷа истифода кардаанд.
Додситонии кулли Тоҷикистон дар соли 2011 аз таҳқиқи дасти кам даҳ мавриди шиканҷа дар боздоштгоҳ хабар дод. Ҳамчунин дар ҳоли ҳозир Додситонии кулии Тоҷикистон машғули таҳқиқоти ҳодисаи марги Ҳамза Икромзода, дар зиндони шумораи яки шаҳри Душанбе будааст, ки ба гуфтаи пайвандонаш Ҳамза дар асари шиканҷаи шадид дар зиндон ҷон додааст.
Соҳибназарон мегӯянд, ки дар ду соли ахир ифшои мавориди шиканҷа алайҳи иддае аз зиндониён ва боздоштшудагон аз сӯйи иддае аз маъмурони пулис ва кормандони зиндонҳо ва кашида шудани онҳо ба додгоҳҳо дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин ба гуфтаи онҳо дар солҳои ахир дар Тоҷикистон бурдани шикоят ба ниҳодҳои зирабт аз мавориди шиканҷа низ дар ҳоли афзоиш будааст.