Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Вақте коршиносони ташхиси судии тиббӣ умеди охиринанд...
Мутахассисони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва тандурустӣ масъалаҳои марбут ба ташхиси тиббӣ-судӣ ва меъёрҳои Протоколи истамбулиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.
Яҳё Одинаев, директори Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббӣ-судӣ ба ин бовар аст, ки дар аксар ҳолат аз ҷониби вакилони дифоъ дархост барои гузаронидаи экспертизаи такрорӣ намешавад. Вай иттилоъ медиҳад, ки айни замон 5 маркази ташхиси тиббӣ-судӣ ва 24 шуъбаи ноҳиявӣ ва байниноҳиявӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Парвина Наврӯзова, аз ташкилоти ҷамъиятии “Маркази ҳуқуқи инсон” ва ҳамзамон узви гурӯҳи кории назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар “Оид ба ворид намудани меъёрҳои Протоколи Истамбул дар фаъолияти “коршиносони тиббӣ-судӣ ва табибони ёрии аввалия” дар хотимаи фаъолияти солонаи ин гурӯҳи корӣ афзуд, ки 70 нафар судэкспертҳо тайи ду соли ахир ба омӯзиш фаро гирифта шуданд. Вале ӯ изҳори нигаронӣ кард, ки то кунун шиканҷа вуҷуд дошта, вакилони дифоъ сари вақт зерҳимояашонро дида наметавонанд. Ҳамчунин мутахассис барои ташхиси тиббӣ дар кишвар кофӣ нест ва бар замми ин аксари онҳо меъёрҳоро намедонанд.
Коршинос Худойдод Ёрматов мегӯяд, бо татбиқи принсипҳои Протоколи истамбулӣ умедвори навгонист:
“Мо метавонем дар ҳолати муайян шудани шиканҷа даъво кунем, ки ҳолати шиканҷа мавҷуд аст. Дар таҷрибаи вакилиам соли 2012 ҳолате буд - як нафар зерҳимоятаам, ки дар муассисаи пӯшида адои ҷазо мекард, шиканҷа шуд. Барои муайян кардани ин ҳолат ташхиси тиббӣ гузаронидем, вале натиҷа чунин буд, ки осори шиканҷа дар бадани ӯ нест. Ҳол он ки наздикони ин маҳбус ба ман гуфтанд, ки ӯ мустақилона роҳ гашта наметавонаду бо асобағал роҳ меравад”, - ёдовар шуд ин ҳимоятгар.
Директори Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббӣ-судӣ мегӯяд, барои дақиқ кардани ҳолатҳои шиканҷа бояд талошҳо аз ҷониби вакилон анҷом шавад:
“Дар як сол то 30 ҳазор ташхиси тиббӣ гузаронида мешавад. Агар барои мо таъинот набошад, мо ташхиси такрорӣ гузаронида наметавонем”, - мегӯяд ӯ.
Фурқат Fаниев, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббӣ-судӣ зимни муаррифии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва коркарди бланкаҳои тиббию дастурамали дохилӣ оид ба фаъолияти экспертҳои тиббӣ-судӣ суханронӣ карда, афзуд, ки дар маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ тавсияҳои Протоколи истамбулӣ ҷой ёфтааст.
Ба қавли ӯ, меъёри амалкунанда номувофиқ буд ва барои мутобиқсозиву иҷрои чорабиниҳои нақшаи миллӣ ва танзими рушди соҳа корҳое анҷом шуданд.
Тибқи иттилои вай, минбаъд натанҳо барои бақайдгирии марказҳои экспертизаи тиббӣ-судии давлатӣ, балки барои бақайдгирӣ ё барои иҷозатнома додан баҳри ташкили экспертизаҳои ғайридавлатӣ низ замина фароҳам мешавад.
“Тавсияҳои Протоколи истамбулӣ дар санадҳои экспертизаи тиббӣ-судӣ, аз ҷумла, гузаронидани экспертизаи махсусан мураккаби тиббӣ-судии ибтидоии ҷабрдидагон, айбдоршавандаҳо ва шахсони дигар барои муайян кардани вазъи саломатӣ, дараҷаи талаф додани қобилияти меҳнатӣ дар ҳолати шиканҷа асос барои гузаронидани экспертизаи судии комплексӣ ҳисобида мешаванд”, - мегӯяд ӯ.
Парвина Наврӯзова низ таъкид месозад, ки талоши Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон низ ба он равона шудааст, ки корҳо дар доираи старегияи зиддишиканҷа пеш рафта, таъин кардани ташхиси пурра зарур аст, яъне ҳам мутахассис ва ҳам духтури равоншинос нафари шиканҷашударо бояд муоина кунанд.
Фурқат Fаниев афзуд, ки баъд аз анҷоми экспертизаи тиббӣ-судӣ дар муассисаҳои давлатии тиббӣ-судӣ хулосаи тиббӣ набояд аз ду нусха кам бошад.
Як нусха ба нафаре, ки экспертизаро таъин кардааст ва нусхаи дуввум ба бойгонии Маркази давлатии экспертизаи судӣ пешниҳод мешавад:
“Дар сурати муайянсозии шиканҷа ва ё дигар муносибати бераҳмона аз тарафи кормандони экспертизаи тиббӣ-судӣ нусхаи хулоса ба муассисаи дигари назоратӣ, яъне Прокуратураи генералӣ ирсол мешавад. Дар ин ҳолат се нусхаи хулосаро тартиб додан зарур аст”, - иброз дошт Ғаниев.
Эксперт вазифадор аст, ки миёни ӯ ва шахси муоинашаванда боварӣ ҳосил шуда, робита байни корманд ва эксперт барқарор шавад. Ин яке аз талаботи Протоколи истамбулӣ аст:
“Мавриди гузаронидани экспертизаи шахсони воқеӣ барои дақиқ кардани шиканҷа ва ё дигар намудҳои муносибати бераҳмона иштироки кормандони ҳифзи ҳуқуқ ғайримақсад аст. Чунки ин ҳолат барои ҳосил шудани боварӣ миёни эксперт ва шахси шиканҷашуда монеъ мегардад. Мо бояд бехатарии корманд ё экспертро дар назар дошта бошем”, - гуфт ӯ.
Вай афзуд, муайян кардани меъёрҳои шиканҷа ба ваколати мақомотҳои тафтишотии судӣ дохил мешавад ва дар баробари азияти ҷисмонӣ азоби руҳӣ низ як элементи шиканҷа аст.
Як тавсияи Протоколи истамбулӣ муайянсозии осеби расонидашудаи равонӣ мебошад, вале амалӣ кардани он дар Тоҷикистон баззаи қавиро тақозо мекунад.
Бегиҷон Юсуфов, муовини сартабиб оид ба корҳои табобатии беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонии Вазорати тандурустӣ мегӯяд, вазифаи давлат ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандонаш буда, дар Тоҷикистон эксперт (психиатр) дар беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ ба кор пардохтаанд.
“Нафароне, ки шиканҷаи равонӣ шудаанд, ба мо муроҷиат кунанд. Мо ҳолати онҳоро ташхис намуда, зарари рӯҳии ба шахс расонидашударо муайян месозем, то нафаре, ки даст ба шиканҷаи равонӣ задааст, ба ҷавобгарӣ кашида шавад”, -изҳор дошт ин табиб.