Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Магар аз сактаи дил тугма канда ва либоси бемор медарад?
Наздикони як сарбози қисми низомии 02011-и Вазорати дифоъ дар Рашт шикоят аз он доранд, ки фарзанди онҳо бар асари латту кӯб пас аз 5 рӯзи хидмат фавтидааст.
Бахтиёр Қурбонмадов, сокини 22-солаи шаҳри Кӯлоб, ки донишҷӯи факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб буд, санаи 19 апрел ҷасади ӯ ба хонаводааш дода шуд. Шикояти хонаводаи Бахтиёр нисбати мушоҳидаи изи латту кӯб дар ҷасади ӯ дар ҳолест, ки масъулони қисми низомии 02011-и Қушӯнҳои зудамали Вазорати дифоъ гуфтаҳои онҳоро рад карда, мегӯянд, Бахтиёр аз сактаи дил фавтидааст.
Як манбаъ аз Вазорати дифои Тоҷикистон низ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки Бахтиёр Қурбонмадов бинобар сабаби иваз шудани иқлим ва таъсири он ба саломатии ӯ даргузаштааст. Вале Борон Темуров, падаркалони Бахтиёр мегӯяд наберааш то замони ба қисми низомӣ рафтанаш аз саломатии худ шикояте намекард. Ва гуфтааст пас аз овардани ҷасадаш тугмаҳояш канда ва либосҳояш дарида буд. Акнун хонаводаи Бахтиёр тасмим доранд нисбати ин қазия ба мақомоти дахлдор шикоят баранд.
Дафтари Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон эълон кард, ки таҳқиқи марги сарбоз Бахтиёр Қубонмадовро дар қисми низомии 02011-и Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа дар минтақаи Рашт зери назорат гирифтааст.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ваколадтор оид ба ҳуқуқи инсон дар робита ба марги Бахтиёр Қурбонмадов бо прокурори ҳарбии горнизони минтақаи Рашт полковник Собирзода Идибег суҳбати телефонӣ дошта, муайян намудааст, ки бар асоси санҷиши пешакӣ Қурбонмадов аз сактаи дил вафот кардааст: “Айни ҳол оид ба қазияи мазкур санҷиши прокурорӣ давом дорад. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон рафти тафтишоти қазияи мазкурро зери назорат гирифтааст”.
Бахтиёр Қурбонмадов фарзанди калонии хонавода буда, дар соли сеюми факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар шӯъбаи ғоибона мехондааст.
Супурдани ҷасади Бахтиёр Қурбонмадов ба хонаводааш дар ҳолест, ки як моҳ қабл волидайни Меҳровар Мақсудов, як сарбози дигари қисми ҳарбии 08010 Қушӯнҳои хушкигарди Вазорати мудофиа низ иддао доранд, ки фарзанди онҳо мавриди латту кӯб қарор гирифта, ҳатто дар бемористон бистарӣ шуда буд.
Ба иддаои наздикони Меҳровар фарзандашон дар пайи латукӯб аз ҷониби ҳамхизматҳояш дар беморхонаи касалиҳои руҳии ноҳияи Рӯдакӣ бистарӣ шудааст, вале дафтари Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон иддаои наздикони сарбоз Меҳровар Мақсудов дар бораи латукӯбаш аз ҷониби ҳамхизматонро санҷида, иттилоъ доданд, ки осори латукӯбро пайдо накардааст.
Аввалҳои моҳи апрели соли ҷорӣ ин ниҳод иттилоъ дод, ки худи ин сарбоз аз касе шикоят надорад: “Дар пайи дарёфти хабар намояндаи омбудсмен барои санҷиш ба беморхонаи касалиҳои руҳии ноҳияи Рӯдакӣ рафта, маълум кард, ки сарбоз Меҳровар Мақсудов 22 марти соли 2016 барои муоинаи ҳолати руҳӣ ва гузаронидани экспертизаи психиатрӣ бистарӣ шудааст”.
Дафтари омбудсмен аз қавли духтурон иттилоъ додааст, ки ҳангоми муоинаи Мақсудов дар бадани ў осору нишонаҳои латукўб ошкор нашудааст”. Манбаъ афзуд, ки худи Меҳровар Мақсудов низ зимни суҳбат латукӯбашро рад карда, изҳор доштааст, ки нисбати касе шикоят надорад: “Феълан ин сарбоз дар бинои 2-юми беморхона бистарӣ буда, зери назорати пизишкон қарор дорад”. Феълан таҳқиқи ин қазия аз сӯи додситонии низомии Тоҷикистон идома дорад.