Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Вақте ин калимаро ба забон меорӣ, бояд масъулият ҳис кунӣ, ки ту касеро умедвор кардаӣ ва бо эҳсоси ин масъулият аз пайи иҷрои он шавӣ. Боз агар на фақат ба як инсон ваъда диҳем, балки ба халқи худ, ба онҳое, ки бо умед ба мо менигарану ба ваъдаи мо бовар доранд. Дар ин ҳолат бояд даҳчанд зиёд масъулият ҳис кард ва тамоми кӯшишро ба харҷ дод, то ваъдаи додаро иҷро кунӣ.
Чанде пеш мақомоти Тоҷикистон ба Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар Женева ваъда доданд, ки дар Тоҷикистон бар зидди шиканҷа мубориза мебаранд. Дар ҳамин нишаст Прокурори генералии Тоҷикистон ваъда додааст, ки ходимони сохторҳои қудратӣ ва ҳам табибон пайваста дар давраҳои омӯзишӣ иштирок мекунанд ва қонунро риоя мекунанд. «Дар марҳилаи солҳои 2011-2012 сї корманди прокуратура дар кишварҳои хориҷӣ давраи омӯзиширо гузаштанд»,- гуфтааст ҷаноби Салимзода. Ба гуфтаи ў, санҷиши кори ходимони сохторҳои интизомӣ, зиндонҳо, боздоштгоҳҳо, қисмҳои ҳарбӣ ва ҳам утоқҳои махсуси нигаҳдошти зиндониҳо пайваста тафтиш мешаванд.
Ин ваъдаи аввалини мақомоти қудратии мо нест, ки дар бораи мубориза бар зидди шиканҷа медиҳанд. Онҳо чандин маротиба аз он минбарҳо баромада, ваъда медиҳанд, ки зидди шиканҷа мубориза мебаранд. Ин бор ҳам ваъдаҳои пай дар пай дар ҳоле дода шуд, ки дар Тоҷикистон аломатҳои шиканҷа ба таври фаровон истифода мешавад ва ҳар корманди зиндон, ки мехоҳад аз шиканҷа истифода барад, метавонад бо кадом роҳу восита набошад, зиндониёнро зери шиканҷа қарор диҳад. Ба ҳар ҳол, ин суханонро тайи як моҳи охир ҳамонҳое мегӯянд, ки бевосита дар зиндон буданд ва ё пайваста аз он дидан мекунанд. Ба мисли қазияҳои ҳалокати Шодиев Баҳромиддин, Сафаралӣ Сангов, Назарқул Ҳалиқулов, Исмоил Бачаҷонов, Хуршед Бобокалонов, Ҳамза Икромзода ва дигарон, ки то имрӯз асрори марги онҳо маълум нест. Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ки онҳо худро ҳангоми бозпурсӣ аз тиреза берун партофтаанд ё ин ки дар ҳуҷраи худ худро ба дор овехтаанд ва ё аз беморӣ фавтидаанд… Суол пайдо мешавад, ки чаро маҳбус худро аз тиреза берун мепартояд, чаро худро ба дор мекашад, чаро худкушӣ мекунад?
Хулосаи мақомот дар бештар маврид он аст, ки ин худкушиҳо бо айби худи маҳбусон аст ва мақомот гуноҳ надоранд. Қариб дар тамоми қазияҳо чунин аст. Аммо наздикони ҳалокшудагон бо боварӣ мегӯянд, ки онҳоро зери латукӯб қарор додаанд ва онҳо худкушӣ кардаанд. Наздикони вафоткардагон ҳамеша даъво мекунанд ва ин табиї аст, аммо мақомот ҳам ҳамеша инкор мекунад ва санҷиши ошкорову боадолатона намегузаронад. Ва ё аз санҷиши онҳо пайвандони марҳум розӣ нестанду боз шикоят мекунанд.
Аммо агар андеша намоем, ҳар ду ҳам шаҳрванди Тоҷикистонанд ва ҳуқуқи баробар барои зиндагиро доранд. Барои мақомот чӣ зарур аст, ки якеро «боло»-ву дигареро «поён» нишон медиҳанд?
Барои ҳамаи ин бошад Прокурори генералӣ дар назди намояндагони созмонҳои хориҷӣ посух мегӯяд ва ҷавобгариро ба дӯши худ мегирад. Чаро манфиати як шахс болотар аз як мақомот ва як кишвар дониста мешавад? Агар нафаре аз кормандони мақомот шиканҷаро раво бинанд, пас онҳо ҳам мисли ҳамон гумонбар ва ё маҳбус ҷинояткор ҳастанд. Магар ба хотири як ҷинояткор мешавад мансабдорони баландмақоми кишвар дар хориҷа посух гӯянд ва хориҷиҳо чунин бардошт ҳосил намоянд, ки дар Тоҷикистон ягон қонун риоя намешавад ва шиканҷа дар авҷи аълояш аст? Гумон мекунем, ки намеарзад.
Ҳамакнун, ки Шерхон Салимзода ваъдаи муборизаи сахт бо шиканҷаро додааст, умед мекунем, ки пеш аз ҳама мақому манзалати давлату миллат ба инобат гирифта мешавад. Пеш аз ҳама обрӯйи Тоҷикистон ба инобат гирифта мешавад, на як корманди кадом мақомоте, ки зӯрнишондиҳӣ мекунад.
Ин душвор аст албатта ва мо ҳам барои иҷрои ин амали заруриву муҳим барор мехоҳем.
Ба пеш ҷаноби прокурор!