Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Кормандони шўъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ як ҳамкасбашонро латукўб карданд, аммо равони зиндонаш карда натавонистанд. Суди ноҳияи Сомонӣ тавонист латхӯрда ва “маҳкумшуда”-ро сафед карда, дубора ба мақоми худ баргардонад.
Таърихи ин ҳодиса ҳамагӣ ду ҳафтаро ташкил медиҳад. Ҳодисае, ки назирашро таърихи милисаи тоҷик шояд ёд надошта бошад. Он ҳам дар чандсадметрии бинои Вазорати корҳои дохилӣ - қароргоҳе, ки вазир Рамазон Раҳимов мешинад, рух додааст.
Шояд вазир то ҳол хабар надорад, ки ниҳодаш расман вокуниш нишон надодаааст, аммо аз ҷомеаи Тоҷикистон ин хабар пинҳон намонд.
4-уми феврал кормандони корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қудратулло Хамедов, сокини шаҳри Душанбе ва сардори шўъбаи кофтукови ҷиноии Рўдакӣ-2-и назди Вазорати корҳои дохилиро аз манзили зисташ боздошт карда, ба шўъбаи корҳои дохилии ин ноҳия оварданд.
Гулчеҳра Ташрифова, ҳамсари Хамедов, дар сўҳбат ба “Нигоҳ” гуфт, маҳалле, ки онҳо зиндагӣ мекунанд, дар маркази пойтахт аст.
- Як зани ҳамсоя аз “дом”–и дигар, ба корҳои ғайриқонунӣ машғул аст. Шавҳарам ба вай фаҳмонд, ки аз ин корҳо даст кашад. Медонед, онҳо шабона маҳалларо ноором мекунанд... сокинони маҳалла ҳама медонанд, ки асли қазия чӣ аст! Вай зан бо чор милиса ва мардони дигар ба сари шавҳарам омада, вайро латукўб карданд. Мо натавонистем шавҳарамро аз зери мушту лагади онҳо берун кунем. Милисаҳо аз шавҳарам рутбаи пойин доштанд, ҷавон буданд, ҳақорат мекарданд... Кормандони шўъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ шавҳарамро 32 соат дар маҳкама нигоҳ дошта, ба адвокат ва табибон иҷозат надоданд, то бо вай вохўранд... ҳатто вайро гўшна нигоҳ доштанд. Мо мерафтем, “равед” мегуфтанд...,– шикоят мекунад хонум Гулчеҳра.
Гулчеҳра аз он дар ҳайрат аст, ки то ҳол касе аз роҳбарияти милиса ба суроғи шавҳараш наомада ва чизе напурсидааст.
- Шавҳарамро аз зарбу лат ҷигараш варам кардааст, қабурғаҳояш шикастаанд... Наход, барои оромӣ ва риояи одобу ахлоқ корманди милисаро латукўб кунанд?!! Шавҳарам ҳоло аз пайи муолиҷаи саломатиаш аст ва ҳуқуқҳои худро назди қонун ҳимоя мекунад. Мо ба суд муроҷиат мекунем. Онҳо дар боло касеро доранд, ки ин корро кардаанд... Наход асли масъаларо нафҳамида, шаҳрванд ва милисаро то ин ҳад озор диҳанд?,- мегўяд ҳамсари Қудратулло Хамедов.
Милисаи латхӯрда Қудратулло Хамедов беш аз 10 сол собиқаи корӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ дошта, рутбаи капитани милисаро дорад. Айни ҳол ў муолиҷаи тиббӣ мегирад. Ба гуфти ҳамсараш, санади тахшиси тиббиро дар даст доранд, ки аз зарби латукўб шавҳараш саломатиашро аз даст додааст.
Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои ҷабрдида, ба “Нигоҳ” ин хабарро тасдиқ кард. Ба гуфтаи ў, "кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ зерҳимояашро боздошт карда, чор шабонарўз ғайриқонунӣ нигоҳ доштаанд. Милисаҳои ноҳияи Сомонӣ мехостанд, ки бо далелҳои бўҳтономез ва қалбакӣ, ҳамкасби худро аз озодӣ маҳрум карда ва бад-ин васила хизматҳои беш аз 10-солаи касбии ўро аз байн баранд. Вале мо дар рафти мурофиаи судӣ бо далелҳои исботшаванда ҳуқуқҳои Хамедовро ҳимоя карда, амалҳои ғайриқонунии милисаҳои ноҳияи Исмоили Сомониро исбот кардем”.
Комил Кенҷаев, яке аз шоҳидони ҳодисаи латукўби капитани милиса мегўяд, ин ҳодисаи нангин дар рўзи равшан соатҳои 4–у ними рўз рух додааст.
- Ман баъди 10 дақиқаи ин хабар расида омадам. Қудратулло ҳамааш пури хун болои замин мехобид... Шавҳар ва бародари зани ҳамсояаш ўро ончунон зада буданд, ки тамом карда буд. Баъди даҳ дақиқаи расидани ман оперҳои ШКД–и Исмоили Сомонӣ омада расиданд... Хамедов худро муаррифӣ кард, аммо бо вуҷуди ин, ба ҳамон ҳолати хуну хатар ва бадани маъюб вайро тела дода–тела дода, савор карда бурданд. Боз онҷо зери мушту лагадаш гирифтанд... Вай зани ҳамсоя бошад мегуфт, “вая барен бшканенш дига наоренш.... Онҳо иҷро карданд”.
Ҳамсўҳбатам мегўяд, хеле дардовар аст, ки “оперҳо” ба ҷойи пешгирӣ кардани ҷиноят, нафари зери мушту лагад мондаро бо сарулибоси пур аз хун ва тани боҷароҳат боздошт карда бурданд. Аммо онҳоеро, ки капитанро зери лагад гирифтанд, боздошт накарданд. Ба болои ин хостанд Хамедовро авбош гуфта, аз кор ронанд ва парвандаи ҷиноӣ боз кунанд:
- Ба ҷойи ҳимояи чунин кормандон мо баръакс тарафи ҷинояткоронро мегирем, аҷаб ҳукумат ва мақомотдорӣ! Милисаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар рафти мурофиаи судӣ иддао карданд, ки Хамедовро дар ҳолати мастӣ боздошт кардаанд, ки ба тартиботи ҷамъиятӣ халал мерасонд. ҳамзамон дар мурофиа гуфтаанд, ки Хамедов ба бинои кории онҳо рафта, мизу курсиҳои онҳоро шикастааст ва барои ҳамин вайро боздошт кардаанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳамсари Хамедов мегўяд, милисаҳо шавҳарашро аз пеши чашми вай ва шоҳидон дар кўча бо таври хушунатомез боздошт карда, бо худ бурдаанд. Шавҳараш маст набуд.
Бузургмеҳр Ёров мегўяд, асли қазия ин аст: “Қудратулло Хамедов бо яке аз ҳамсояҳояш аз сабаби рафторҳои ношоистаи ахлоқӣ баҳс мекунанд. Вай зан гуфтааст, ки "ман дар боло “криша дорам бин, ки чӣ корат мекунам. Баъд кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамроҳи он зан ба сари Қудратулло Хамедов рафта, дар шоҳидии ҳамсараш ва дигарон сардори шуъбаи корҳои кофтуковии Рўдакиро латукўб карда, илова бар ин, бо худ гирифта мебаранд. Аз рўи ин амали “авбошӣ” кормандони ШКД-и Сомонӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе муроҷиат мекунанд ва прокуратура парванда мекунад. Кормандони корҳои дохилӣ гуфтанд, ки Қудратулло Хамедовро дар ҳолати мастӣ боздошт кардаанд ва вайро ба шуъбаи корҳои дохилии худашон овардаанд. Гўё ҳангоми мастӣ қудратов мизу курсиҳои онҳоро шикастааст, ки ҳақиқат надорад”.
Суди ноҳияи И. Сомонӣ даъвои милисаҳои ноҳияи мазкурро, ки мехостанд ҳамкасби худро муттаҳам ва равони зиндон кунанд, рад кард.
Бузурмеҳр Ёров мегўяд, ки суд ҳукм баровард, ки бидуни санад кормандони корҳои дохилӣ ҳуқуқи боздошт ва 32 соат нигоҳ доштани Хамедовро надоштанд. Илова бар ин, агар вай нушокии спиртӣ менўшид, бояд ки расман тасдиқ мекарданд. ҳамсари Хамедов мегўяд, ки маҳалли зисти онҳо пушти меҳмонхонаи “Гранд отел” аст ва хелеҳо медонанд, ки дар инҷо чӣ гапу корҳо ва бо иштироки киҳо мегузаранд.
- Дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи И. Сомонӣ бо ҳар баҳона аз шарҳи ин масъала ба “Нигоҳ” худдорӣ карданд. Аммо як манбаъ, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, оперҳои мо аз пеши худашон ягон кор намекунанд. “Ба инҳо фармон шудааст ва онҳо амал кардаанд. ҳоло дар ин бора чизе гуфта наметавонем ва барои вазири корҳои дохилӣ ҳам дар ин бора гузориш омода шуда истодааст,– гуфт ў.
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба ТоjNews гуфтанд, аз ин қазия хабар доранд, аммо бе иҷозати роҳбарият қазияро шарҳ дода наметавонанд.
Ин ҳам дар ҳоле, ки шиканҷа ва латукўби боздоштшудагон дар шуъбаҳои корҳои дохилӣ кори маъмулӣ дониста мешавад, аммо ин аввалин бор аст, ки корманди мақомоти корҳои дохилӣ аз ҷониби ҳамкасбони худ мавриди латукўб ва шиканҷа қарор мегирад.
Ҳарчанд асли қазияро ҳар ҷониб гуногун маънидод мекунанд, аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро кормандони милиса хостанд ҳамкасби рутабдори худро пушти панҷара гусел кунанд? Оё онҳо мехостанд, ки ҷиноятеро пинҳон нигоҳ доранд? Онҳо фармони киро иҷро мекарданд?
Инҳо суолҳоеанд, ки танҳо рафти тафтиши хидматӣ онҳоро маълум карда метавонад. Интизор бояд буд, ки вазорат онро ба охир расонад.