Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон соли 2011 таъсис ёфта, ҳудуди 80 нафар, намояндагони ташкилотҳои ҳуқуқҳимоякунанда, адвокатҳо, рӯзноманигорон, равоншиносон ва коршиносонро баҳри бартарафсозии шиканҷа дар Тоҷикистон муттаҳид сохтааст. Бо муроҷиат ба аъзои Эътилоф, аз онҳо пурсон шудем, ки барои чӣ узви Эътилоф шудаанду кадом вазифаҳоро бар уҳда доранд ва дар замони пандемияи Covid-19 кадом корҳоро барои Эътилоф анҷом доданӣ ҳастанд? Инак, назари узви Эътилоф - адвокат Аскар Турсунов дар ин маврид:
- Ман аз соли 2005 узви Коллегияи адвокатҳои вилояти Суғд шудам ва ҳамчун адвокат фаъолият менамоям. Касби ман, яъне фаъолияти адвокатӣ ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсон ва шахсони ҳуқуқӣ равона гардидааст. Ба Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон нахуст ҳамчун шарик ворид шуда, сипас узви Эътилофи мазкур гардидам. Мақсади ман аз узвият дар Эътилоф ин аст, ки барои ба ҳадафҳояш расидан саҳми худро гузорам.
Ман асосан ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии қурбониёни шиканҷа ва татбиқи меъёрҳои байналмилалии аз тарафи давлатамон эътирофшуда машғулам ва дар фаъолитяти Эътилоф мунтазам иштирок карда истодаам.
Бояд зикр намоям, ки дар давраи пандемия низ фаъолияти худро идома дода, ба муроҷиаткунандагон муҳтавои тағйироту иловаҳои ба қонунгузорӣ вобаста ба бемориҳои сироятӣ воридгардидаро мефаҳмонам.