Беҳрӯз Юсупов: Ҳар як нафар ҳуқуқ ба ҳимоя дорад

Дар як чорабинӣ бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳуқуқи инсон - 10-уми декабр, ки рўзи 8-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, як қатор адвокатҳо барои саҳми арзандаашон дар рушди ҳуқуқи инсон аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд. Адвокати Коллегияи адвокатҳои ноҳияи Данғара Беҳрўз Юсупов, ки аз ҷумлаи қадршудагон буд, назарашро оид ба фаъолияти адвокатӣ ва ҳимояи қурбониёни шиканҷа чунин иброз дошт:

- Ман касби адвокатиро ба он хотир интихоб кардам, ки яке аз самтҳои асосие, ки ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро ҳимоя мекунад, ин фаъолияти адвокатӣ мебошад. Фаъолияти адвокатиро аз соли 2010 оғоз кардам. Ҳар як нафаре, ки ҳуқуқҳояш поймол мегардад, ҳуқуқ ба ҳимоя дорад. Расонидани кўмаки ҳуқуқӣ ва риоя намудани манфиатҳои қонуние, ки дар қонунгузории ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст, яке аз вазифаҳои асосии адвокат мебошад.

Қурбониёне ҳам, ки таҳти шиканҷа қарор мегиранд, ҳуқуқ ба ҳимоя доранд ва вазифаи асосии адвокат ҳамчун ҳимоятгари шаҳрвандон бояд ҳимояи ҳуқуқҳои қонунан ҳифзшавандаи онҳо бошад. Шахсе, ки таҳти шиканҷа қарор мегирад, пеш аз ҳама ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандии ў поймол мегарданд. Дар ин сурат, мо вазифадорем, ки чунин шаҳрвандонро муайян карда, дар парвандаҳо фаъолона иштирок намоем.

 

 

NoTorture.Tj