Далер Қурбонов: Касби адвокатиро дӯст доштам

Дар як чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон - 10-уми декабр, ки рӯзи 8-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, як қатор адвокатҳо барои саҳми арзандаашон дар рушди ҳуқуқи инсон аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд. Адвокат Далер Қурбонов, ки аз ҷумлаи қадршудагон буд, назарашро оид ба фаъолияти адвокатӣ ва ҳимояи қурбониёни шиканҷа чунин иброз дошт:

- Овони донишҷӯӣ, вақте ки ба таҷрибаомӯзӣ рафтем, касби адвокатиро дӯст доштам. Аз он, ки ба касе кӯмак карда метавонам, яъне ёрии ҳуқуқӣ расонида метавонам, аз ин ҳолат бисёр хушнуд мешудам. Аз ин хотир, ман ин касбро интихоб кардам.

Ман пеш аз ҳама ҳимоятгар ҳастам ва яке аз вазифаҳои пурмасъулиятам - ин ҳимоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон мебошад.

Бояд қайд намоям, ки қурбониёни шиканҷа назар ба дигарон зиёдтар ба ёрии ҳуқуқӣ ниёз доранд. Аз ин хотир, ман фикр мекунам, ки кӯмак расонидан ба ин категорияи шахсон бисёр кори зарурист.  

NoTorture.Tj