Дар идораи амният: «Ҳоло бо ту коре накардаем, нохунҳоят дар ҷояш аст»

Дар идораи амният: «Ҳоло бо ту коре накардаем, нохунҳоят дар ҷояш аст»

Як шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон мегӯяд, дар яке аз идораҳои амниятии Тоҷикистон лутукӯб ва шиканҷа шудааст. Ин нафар Муҳаммад Ҷамолифар аст, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ дорад. Вай мегӯяд, намедонад, ки дар кадом идора ё утоқ шиканҷа шудааст, чун ҷой барояш он қадар ошно нест, вале медонад, ки аз сӯйи кормандони мақомоти амниятӣ таҳқир шудаасту ҳамсару модараш низ. Вай бо чунин шикоят ба идораи рӯзномаи «ИмрӯзNews» омад ва розӣ шуд, ки ҳодисаи ба сараш омадаро қисса кунад.

«Бори аввал вақте аз Эрон ба Тоҷикистон омадам, 14 рӯз ин ҷо мондам. Аз мардумаш хушам омад… Соддагиву самимияташонро дӯст доштам. Агарчи, шароити зиндагӣ пасттар аз Эрон аст. Ҳаст сахтӣ, вале аз ин зиндагӣ бадам наомад. Баъзе камбудиҳое буд, ки азиятам медод, вале дар кулл, ин ҷо оромиш дорам. Ҷойе, зиндагӣ мекунам, соҳибхона мисли фарзандаш маро медонад ва кироя намегирад ва ман ҳарчи ки аз дастам меояд, барояшон мекунам. Хуллас, муҳаббатҳои зиёде карданд, ки ҷавобашро наметавонам ҷуброн кунам»,- гуфт Муҳаммад Ҷамолифар.

ИмрӯзNews:- Шумо чӣ тахассусе доред?

Муҳаммад Ҷамолифар:- Ман 7 сол корманди низомӣ будам. Аз кӯдакӣ, ки бо асбобҳои сохтмонӣ кор мекардем, устокориро медонам. Коре нест, ки мавриди алоқаи ман бошад, вале дӯст медорам, ки барои худ кор кунам…

ИмрӯзNews:- Бо чӣ ҳадафе ба Тоҷикистон омадед?

Муҳаммад Ҷамолифар:- Ман бори аввал бо визаи туристӣ ба Тоҷикистон омадам. Бори дуввум бо визаи меҳнатӣ. Мӯҳлаташ якмоҳа буд, ки тамдидаш кардам. Мушкилӣ дар ҳуҷҷатгузориям нест.

ИмрӯзNews:- Шояд дар Эрон мавриди фишор қарор гирифтед…

Муҳаммад Ҷамолифар:- На, ин гуна нест.

ИмрӯзNews:- Гуфтед, аз муносибати кормандони амниятӣ, ки ба Шумо раво диданд, шиква доред. Чаро?

Муҳаммад Ҷамолифар:- Ман хабар надоштам, ки соҳиби манзиле, ки як дӯсти тоҷикам онро таъмир менамояд, амниятӣ аст. Дӯстам дар он манзил кафелро бо машаққат тавассути мех мебурид. Бинобар ин, «болгарка»-и худро бурдаму барояш кӯмак кардам. Он рӯз масолеҳ тамом шуду асбобамро бурда, фардо овардам. Инро ҳам устоҳое, ки дар манзил коғази деворӣ мечапониданд, диданд ва ҳам ҳамсояҳо…

Рӯзи дуввум ҳам корро ба поён расонида натавонистаму асбобро гузошта рафтам. Бо гузашти ду рӯзи дигар хостам асбоби худро аз он хона биёрам. Баъд аз расидан ба он хона соҳибхонаро табрик гуфтаму асбобамро пурсидам, вале соҳибхона дар аввал гуфт, ки он рафиқат, ки корро бояд анҷом медод, пулро гирифта корро анҷом надодааст, қарздор аст. Бинобар ин, то қарзашро наорад, асбоб ин ҷо меистад. Ман ба онҳо гуфтам, шумо медонед, ман қасдам кӯмак кардан буд. Маблағе аз он нафар нагирифтаам, ин асбоб моли ман аст, на аз ӯ.

ИмрӯзNews:- Вокуниши соҳибхона чӣ буд?

Муҳаммад Ҷамолифар:- Соҳибхона ба масхара кардан шурӯъ кард, ки «ту кӣ ҳастӣ, чаро омадӣ, ман туро бори аввал мебинам». Дар ҳоле ки ҳам ӯ, ҳам писари холааш ва ҳам ҳамсоягонаш, ки як рӯз бо либоси корӣ бо онҳо футбол бозӣ карда будем, маро дидаанд.

Барояшон гуфтам, ки ин кори шумо дуздӣ аст, мусалмонӣ нест. Соҳибхона «болгарка»-ро бурда, пушти мошин гузошт. Писари холаи соҳибхона маро бо дастонаш тела карду ман ҳам дасташро рад кардам, ки ба ӯ расид. Шурӯъ шуд дар зинапояҳо ҷанг. Вай рафту соҳибхонаро даъват кард. Яке дастамро нигаҳ дошту дигар латукӯб кард, ки аз чашмам хун омад.

ИмрӯзNews:- Баъд чӣ шуд?

Муҳаммад Ҷамолифар:- Баъдан маро дар мошинашон нишонданду ба Кумитаи давлатии амният бурданд. Дар роҳ босуръат мошин меронданд ва намегузоштанд, то ман бо телефон дӯстонамро аз ин ҳодиса хабар кунам. Дӯстонам ҷойе, ки он дӯсти тоҷикамро кӯмак мекардам, рафта буданд. Барояшон гуфтам, ки маро соҳибхона гирифта, намедонам куҷо мебаранд. Аз онҳо рақами телефони консулро гирифта, бо консул сӯҳбат кардем, ки ба он ниҳод расидем.

ИмрӯзNews:- Дар дохили мошин латукӯб карданд ё дар берун?

Муҳаммад Ҷамолифар:- Тирезаи мошин пойин буд, аз берун дар сарам мезаданд ва телефонро аз дастам гирифтанд. Вақте аз мошин берун меомадам, вуҷудам меларзид. Бори аввал бароям рух медод. Ашкам мерехт, танҳо кӯмак мехостам. Дастбанд заданду дохили бино бурданд. Ҳар нафар, ки медид, мезад. Вақте ба як утоқ ворид карданд, дар қубури батарея дастбанд заданд. Бар замми ин, намегузоштанд, ки биншинам. Ҳар нафаре, ки ворид мешуд, дашном медод (аз ҷавонтарин то калонашон). Мегуфтанд, ки ин ҷо ҳар гапе бишнавӣ, касе ба додат намерасад. Як нафари дигараш мегуфт, ки дар қиёфааш назанед. Дигараш мегуфт, ки чаро дар қиёфааш задӣ?

Фикр мекунам, шансе, ки ёфтам, бо телефон хабар доданам аст. Вақте телефонамро рӯшан карданд, чанд смс-пайғом омад, донистанд, ки аллакай ман хабар додаам.

ИмрӯзNews:- Бо ҳамин қазия хотима ёфт?

Муҳаммад Ҷамолифар:- Сипас аз давронӣ кӯдакӣ, таваллуд ҷойи истиқомат пурсон шуда, ба навиштан пардохтанд, ҳарчи доштам дар ҷайбам, берун карданд. Ангуштаринҳоямро берун карданд. Ин муносибаташон ба он монанд буд, ки террористеро боздошт карда бошанд. Ман ки низомӣ будам, ёдам намеояд, ки касеро чунин бозпурсӣ карда бошам.

Як нафаре аз онҳо оқилтар буд, ки ҳамчун тарҷумон барояшон оварда буданд. Танҳо ӯ дашномам намедод. Дигар ҳар нафаре ворид мешуд, таҳқир мекард, худам, зану модарамро...

ИмрӯзNews:- Даъвои соҳибхона чӣ буд?

Муҳаммад Ҷамолифар:- Соҳибхона мегуфт, ки ин нафар беиҷоза вориди манзили ман шудааст. Ман мефаҳмонидам, ки ин хона таъмир мешуд, зану кӯдак дохилаш набуд.

Сипас пурсон шуданд, ки иқомати қонунӣ дорам, шиносномаам ҳаст ё не? Дунболи он буданд, ки як айбе аз ман ёбанд. Беҳтарин гапашон ин буд, ки депорташ кунед, дафъ шавад. Вақте шиносномаамро оварданд, диданд, ки ҳуҷҷатҳои лозимаро дорам, танҳо такя карданд, ки дари он хона кушода буду ту воридаш шудӣ. Хуллас рӯйи ин такя карда, шарҳи ҳодисаро навиштанд. Сипас имзо кардам, вале намедонистам, ки чӣ менависанд. Танҳо талошам ин буд, ки аз онҷо берун равам. Хондану навиштан бо сириллик метавонам, вале дастхати ҳамаро наметавонам бихонам. Нақли қавлро аз забони соҳибхона менавиштанд, то ман муқассир шинохта шавам, ки чаро вориди хона шудаам…

ИмрӯзNews:- Чанд муддат дар дохили бино будед?

Муҳаммад Ҷамолифар:- Ду-се соат гузашту ҳолатам беҳтар шуд ва баданам аз ларзиш монд. Дастбандро кушоданд. Ин дафъа оҳанги суханонашон дигар шуда буд, чун диданд, ки ҳуҷҷатгузориам нуқсе надорад. Мегуфтанд, ки мову шумо ҳамзабонем. Баъди соҳибистиқлолӣ аввалин сафорати шумо дар кишвари мо боз шуд. Мо эрониҳоро эҳтиром мегузорем… Сипас гарду хоки танамро таконда раҳоям карданд.

ИмрӯзNews:- Посухи Шумо чӣ буд?

Муҳаммад Ҷамолифар:- Таъкид мекарданд, ки ин ҳарфҳоро ҷойе нагӯям. Гуфтам, чаро нагӯям, аввалин коре мекунам, консул меравам ва сипас бо хабарнигорон сӯҳбат мекунам. Агар касе ҳарфамро гӯш накард, веблогнависӣ мекунам. Хотиротамро аз Тоҷикистон менависам. Ҳам аз мардум ва ҳам аз амнияташ. Исрор мекунам. То ҷавоб нагирам, кори худро идома медиҳам. Як нафарашон мегуфт, ҳоло бо ту коре накардаем, нохунҳоят дар ҷояш аст.

Намедонам, чӣ коре кардам, ки амният бо ман даргир шуд. Магар амнияти Тоҷикистонро ба хатар андохтам?! Агар ман муқассирам, чаро маро идораи амният мебаранд ва чаро ин қадар таҳқир мешавам?

ИмрӯзNews:- Дар кишвари Шумо ба ин гуна амали кормандони ҳифзи ҳуқуқ чӣ гуна бархӯрд мекунанд?

Муҳаммад Ҷамолифар:- Агар дар Эрон як низомӣ коре кунад, ба чанд додгоҳ бояд ҷавоб диҳад: дар додсарои низомӣ, додгоҳи умумӣ…

Вақте низомӣ ҳастӣ, бояд сарат пойинтар бошад. Яъне вазифаат ин аст, ки амниятро ҳифз намоӣ, вазифаат ин нест, ки гандагӣ кунӣ. Пас ҳоло аслиҳа, дастбанд ва қудрат дорӣ, ҳар коре метавонӣ бо мардуму ҳамсоя ва дигарон бикунӣ.

ИмрӯзNews:- Шумо ба консул ё сафорати Эрон дар Тоҷикистон шикоят набурдед?

Муҳаммад Ҷамолифар:- Ба консул шикоят бурдам ва гуфтам, ки ҷанг кардем. Худам ҳам муқассирам. Аввалин шикоятам низ аз консул буд, ки барояшон гуфтам.

Дуввум гуфтам, ки шикояти ман барои ҷангу даъво нест, барои ин аст, ки чаро маро ғорат карданд ва чаро маро амният бурданд? Чӣ далеле доранд, ки маро дашном мекунанд?! Ё магар касоне, ки дар амният ҷамъ шудаанд, нороҳатии равонӣ доранд? Як духтури нағз онҷо бигзоранд, то тести равоншиносӣ гузаронад. 50-60%-ро ҳукм ба девонагӣ менамояд. Чунки онҳо наметавонанд худ ва асаби худро идора кунанд.

ИмрӯзNews:- Акнун чӣ тасмим доред?

Муҳаммад Ҷамолифар:- Меҳоҳам бо масъулини ниҳоди амниятии Тоҷикистон дар ин маврид рӯ ба рӯ сӯҳбат намоям, то дар ин бора ҷавоб гӯянд.

Назири Нусрат, рӯзномаи "ИмрӯзNews", №207 (517), 23-юми ноябри соли 2012