Фазлиддин Хоҷаев, рӯзноманигор: дар замони пандемияи Covid-19 мехоҳам паҳлуи ҳомиёни ҳуқуқ бошам

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон соли 2011 таъсис ёфта, ҳудуди 80 нафар, намояндагони ташкилотҳои ҳуқуқҳимоякунанда, адвокатҳо, рӯзноманигорон, равоншиносон ва коршиносонро баҳри бартарафсозии шиканҷа дар Тоҷикистон муттаҳид сохтааст. Бо муроҷиат ба аъзои Эътилоф, аз онҳо пурсон шудем, ки барои чӣ узви Эътилоф шудаанду кадом вазифаҳоро бар уҳда доранд ва дар замони пандемияи Covid-19 кадом корҳоро барои Эътилоф анҷом доданӣ ҳастанд? Инак, назари рӯзноманигор Фазлиддин Хоҷаев дар ин маврид:

- Ҳимояи ҳуқуқи одамон рисолатест, ки бояд аз ҷониби намояндагони касбу кори гуногун истиқбол гирифта шавад ва дастгирӣ ёбад. Айни замон Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон созмоне ба шумор меравад, ки дар ин самт фаъолияти густурда дорад ва зиёд ҳуқуқшиносонро барои ҳимоят аз ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҷалб намудааст. Зимнан, бояд ба ҳомиёни ҳуқуқ кумак расонида шавад, то тавонанд дар ҳамдастӣ бо дигар намояндагони табақаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ барои пойдор кардани адолат талош варзанд. Маҳз ҳамин боис гардид, ки ман барои ворид шудан ба узвияти Эътилоф таваҷҷуҳ намоям. Зеро, вақте ки дар ҳамкорӣ бо ҳомиёни ҳуқуқ ба инъикоси масоили ҳуқуқӣ мепардозӣ ва қишри бештари аҳолӣ аз ҳуқуқҳояшон огоҳӣ меёбанд, хушҳол мешавӣ. Чун, ҳама дар назди қонун баробаранд ва набояд ҳуқуқу манфиати касе аз каси дигар боло гузошта шавад. Яъне, дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон бояд ҳамеша шаффофият бошад ва адолат тантана кунад.

Тӯли чанд сол аст, ки дар фаъолияти Гуруҳи расонаии Эътилоф, хусусан таҳриру таҳияи матолиби вобаста ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона саҳм мегузорам.

Чун ҳоло вазъияти бавуҷудовардаи пандемияи Covid-19 нигаронкунанда аст, мехоҳам дар доираи фаъолияти Эътилоф ба паҳлуҳои вобаста ба пешгирии бемории коронавирус ва корҳои фаҳмондадиҳӣ тариқи матолиби таҳлиливу иттилоотӣ низ таваҷҷуҳ намоям ва дар ин марҳилаи воқеан вазнин паҳлуи ҳомиёни ҳуқуқ қарор дошта бошам.

NoTorture.Tj