Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
10-уми декабр, ки рўзи 8-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, як қатор адвокатҳо барои саҳми арзандаашон дар рушди ҳуқуқи инсон аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд. Адвокати Коллегияи адвокатҳои «Ҳақиқат»-и вилояти Суғд Гулнора Аминова, ки аз ҷумлаи қадршудагон буд, назарашро оид ба фаъолияти адвокатӣ ва ҳимояи қурбониёни шиканҷа чунин иброз дошт:
- Пеш аз он, ки ман касби адвокатиро интихоб кунам, қаблан дар Суди шаҳри Хуҷанд ба сифати котиби мурофиаи судӣ фаъолияти корӣ доштам.
Вақте ки мо қурбониёни шиканҷаро ҳимоя мекунем, бисёр дарҳо ба рўямон баста аст. Аз ҳамин сабаб, ҳастанд нафароне, ки даст мекашанд аз ҳимояи онҳо.
Фикри шахсии ман ҳамин аст, ки муносибат бо қурбониёни шиканҷа манфӣ аст. Онҳоро ҳеҷ кас гўш намекунад, на дар тафтишоти пешакӣ, на дар суд. Вақте онҳо дар суд шикоят мекунанд, ки зери шиканҷа қарор гирифтаанд, ё ин ки зери фишор нишондод додаанд, ҳеҷ кас ба ин аҳамият намедиҳад ва фикри онҳо ба назар ҳам гирифта намешавад. Барои беҳбудӣ мо бояд ҳаматарафа кор барем. Муносибати чӣ мақомоти тафтишоти пешакӣ ва чӣ ҳимоятгарон бояд дар сатҳи ҳамдигарфаҳмӣ бошад. Мо бояд якҷоя кор кунему ба хулоса оем, ки ба роҳҳои ғайриқонунӣ ба даст овардани нишондоду худиқрорӣ хотима бахшида шаваду гунаҳгор будан ё набудани шахсони боздоштшуда бо дигар роҳҳои тафтишотӣ муайян карда шавад. Агар ҳамин корро кунем, шиканҷа умуман аз байн бардошта мешавад.
Тавре мо медонем, дар Грузия худиқрории шахси дастгиршуда ҳангоми мурофиаи судӣ ҳамчун далел ба ҳисоб намерафтааст. Агар мо низ дар Тоҷикистон ҳаминро амалӣ намудаву пеш барем, ҳолатҳои шиканҷа худ ба худ аз байн мераванд.