Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Барои паҳн кардани хабари бардуруғ оид ба марги Маҳмадраҳим Саидов дар ҷаримагоҳи яке аз маҳбасҳои пойтахт хешовандони маҳбус аз Раҳматилло Зойиров ба Прокуратураи генералӣ шикоят мебаранд. Дар ин бора ба Хабаргузории “Азия-Плюс” бародари маҳбус Сафарали Саидов хабар дод.
Ӯ дар суҳбат гуфт, хабари марги бародарашро тавассути ВАО фаҳмид. “Мо дар ташвиш монда, дар ҳамин ҳавои хунук аз ноҳияи Ҳамадонӣ ба маҳбас омадем, то шахсан аз саломатии Маҳмадраҳим огоҳ шавем”, - мегуяд ӯ.
Ба гуфтаи Сафарали Саидов ва духтари маҳбус Нилуфар Саидова саломатии Маҳмадраҳим Саидов хуб буда, дар ӯ осоре аз шиканҷа дида намешавад.
Ёдовар мешвем, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров чанде пеш дар бораи марги маҳбус Маҳмадраҳим Саидов иттилоъ дода буд. Аммо корманди дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Ҳусниддин Нидоев аз тавқифгоҳи мувақкатии №9/1 ва муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и пойтахт боздид намуда, шахсан эътимод ҳосил кард, ки дар он ҷо ҳеҷ касе аз сардӣ ҳалок нашудааст.