Шарифов: "Ман барои зиндониён шароити хуб муҳайё кардаам"

Шарифов: "Ман барои зиндониён шароити хуб муҳайё кардаам"

Тайи моҳҳои ахир гузоришҳои ҷанҷолбарангезе дар бораи вазъи зиндонҳои Тоҷикистон ва мавориди шиканҷа ва маргу мири зиндониён мунташир шудааст.

Бавижа, ҳодисаи марги Ҳамза Икромзода дар яке аз зиндонҳои Душанбе, ки ба таври густарда дар матбуот бозтоб ёфт, бар вазъияти ҳуқуқи башар дар муассисоти бастаи Тоҷикистон соя андохтааст.

Ба дунболи ин ҳодиса, Саидалӣ Казаков, зиндонии дигар, пас аз озодӣ аз маҳбас дар мусоҳибаҳои матбуотии худ ба таври ошкор аз мавориди густардаи шиканҷа дар зиндонҳо сухан гуфт ва аз ҷумла иддао кард, ки Ҳамза Икромзода низ бар асари шиканҷа кушта шудааст.

Оқои Казаков, ки ба манзури муолиҷа ва дарёфти шуғл ба Русия рафтааст, ахиран бо Би-би-сӣ тамос гирифт ва гуфт, ки афроде ӯро дар Русия таъқиб мекунанд. Вай мӯътақид аст, ки сабаби таъқиби эҳтимолии ӯ "ошкоргӯиҳояш" дар бораи вазъи зиндониён дар Тоҷикистон аст ва раиси идораи умури зиндонҳоро дар ин амр мазнун медонад.

Барои рӯшанӣ андохтан ба ин масоил ҳамкорамон Заринаи Хушвақт бо Иззатулло Шарипов, раиси Идораи умури зиндонҳои Тоҷикистон, мусоҳибае анҷом дода ва аз ӯ нахуст пурсид, ки оё Саидалӣ Казаков дарвоқеъ аз сӯйи Идораи умури зиндонҳо таъқиб мешавад ё хайр?

Иззатулло Шарифов: Чаро ман Саидалӣ Казаковро таъқиб кунам? Казаковро ман надидаам. Дар як рӯзи қабули шаҳрвандон зане ба идора омад ва аз ман хоҳиш кард, ки писарашро, ки дар зиндони шумораи дуи шаҳр буд, ба муассисаи шумораи якум гузаронем. Ин зан гуфт, ки писараш бо ду маҳбус дар зиндон ҷангу даъво кардааст ва модар аз он метарсид, ки бо писараш ҳодисаи нохуше нашавад. Ман хоҳиши ин занро, ки модари Казаков буд, иҷро кардам. Ман Казаковро тамоман надидаам ва ҳатто намедонам, ки вай барои чи дар зиндон нишастааст. 

- Яъне ин иддао, ки афроди Шумо оқои Казаковро дар Русия таъқиб мекунанд, нодуруст аст?

- Мард бояд мард бошад. Дар ҳар яке аз муассисоти мо ҳазор маҳбус, 900 ва бештар аз он адои ҷазо мекунанд. Ман нисбат ба онҳо чи коре дорам, ки онҳоро таъқиб мекунам? Ҳамаи ин нодуруст аст! Таъқиб накардаам ва намекунам ва карданӣ ҳам нестам. Бигзор озодона суханҳояшон ва фикрҳояшонро гӯянд. Ба матбуот нависанд. Ман вазифадор ҳастам ва вазифаи аввалиндараҷаи ман нигоҳ доштани маҳбусон аст.

Маҳбусонро ман ба зиндонҳо даъват накардаам. Вайҳо (маҳбусон) ҷиноят содир карданд ва мувофиқи ҳукми суд (додгоҳ) мӯҳлат гирифта ва акнун ҳамон мӯҳлатро бояд адо кунанд, адои ҷазо дар муассисоти ислоҳӣ!

Ман вазифадор ҳастам, ки барои зиндониён шароити хуб фароҳам кунам. Ман инро барои суханпаронӣ намегӯям. Шароити хуб ба ин маънӣ, ки ҷойи хоби хуб дошта бошанд ва хӯроки хубу гарм хӯранд. Ман нисбат ба солҳои пеш, ҳатто аз даврони шӯравӣ ҳам, дар муқоиса бо се соли пеш шароити хуб муҳайё кардаам. Чунки онҳо (зиндониён) пеш аз ҳама инсон ҳастанд.

Доимо ман дар мулоқот бо маҳбусон ва рӯзноманигорон ҳамин гапҳоро мегӯям. Дар як вохӯрӣ гуфтам, ки шумо чи касе набошед ва кадом ҷиноятеро, ки муртакиб нашуда бошед, пеш аз ҳама шумо инсон ҳастед ва мо бояд шуморо нигоҳубин кунем.

Як маҳбус савол дод, ки ман Шуморо се сол боз мешиносам, фақат Шумо мегӯед, ки Шумо инсон ҳастед. Пас Шумо кистед? 

Мо вазифадор ҳастем, ки шуморо нигоҳубин кунем. Дар озодӣ фарзандон, падару модар доред. Ва бояд шумо адои ҷазо карда ва саломат аз ин ҷо (зиндонҳо) бароед ва ба назди хешовандон равед.

Оқои Казаков гуфт, ки дар зиндонҳои Тоҷкистон мавориди густардаи шиканҷаи маҳбусон вуҷуд дорад- Саидалӣ Казаков мегӯяд, ки ӯ ба хотири додани шаҳодат дар бораи фавти Ҳамза Икромзода ва суханонаш дар бораи шиканҷа шудани ӯ аз сӯйи зиндонбонҳо таъқиб мешавад. Лутфан бигӯед, ки дар робита бо кушта шудан ва ё фавти ин зиндонӣ дар маҳбас шумо чи иқдомоте анҷом додед?

- Набуд! Тафтишот рафта истодааст, шиканҷа дар ин маврид набуд. Вай (Ҳамза) худро (ба дор) овехтааст ва дар ин бора натиҷаи духтури (пизишки) қонунӣ баромадааст. Ман ҳеҷ чиз гуфта наметавонам. Касе ки ҳамин корро карда бошад, бояд ҷазояшро бибинад.

Тафтишот идома дорад. Казаков дар ин кор шоҳид набуд. Ман модар ва хоҳару хешовандони Икромзодаро қабул кардам. Муносибати хуб кардам, фаҳмондам.

Ман тарафдори ҳақиқат ҳастам. Агар шиканҷа ҷо дошта бошад, зада кушта бошанд, нафароне, ки дар ин даст доранд, дар назди қонун ҷавоб хоҳанд дод.

- Ҷаноби генерал, бо таваҷҷӯҳ ба таҷрибаи кишварҳои дигари ҷаҳон дар фаъъолияти зиндонҳо, дар сурате, ки дар зиндон як ҳодисаи худкушӣ рух медиҳад, кормандони зидахл барои беназоратӣ муҷозот мешаванд. Оё дар робита бо ҳодисае, ки Шумо мегӯед худкушӣ буд, касе аз кормандони зиндон танбеҳ шуд?

- Ман супориш додам, назорат карданд. Мо ҳам ҳақи дознание (расидагӣ) ба ин ҳодисотро дорем. Таҳқиқот тамом шавад, нисбат ба кормандон чораҳои худро мебинем.

- Яъне таҳқиқоти дохилӣ низ анҷом меёбад ва Шумо ҳам иқдоме хоҳед кард?

- Албатта, мо ин хел намегузорем. Нафар худро овехтааст, сабабаш чист? Мо дар ҳоли аниқ (рӯшан) кардани ин ҳодиса ҳастем. Мо ин хел намегузорем.

- Дар Тоҷикистон 10 муассисаи баста, ки таҳти назорати идораи Шумо қарор доранд, вуҷуд доранд. Оқои Шарипов, лутфан бигӯед, ки мушкилоти умдаи ин муассисаҳо чист?

- Муассисаҳои мо муассисаҳои дар даврони шӯравӣ бунёдшуда ҳастанд. Яъне аз соли 1925 то инҷониб бунёд шудаанд. Мо дар шаҳри Кӯлоб муассисаи тафтишотии нав бунёд карем. Ва ҳамин тавр, дар шаҳри Хуҷанд ва Хоруғ сохтем.

Ҳоло дар маҳаллаи мавсум ба Кирпичний дар шаҳри Ваҳдат бинои зиндони ислоҳии низоми сахтро месозем. Бо чи маблағе ҳамаи инро месозем? (Албатта) бо сармояи давлат иҷро мекунем. Мо кӯшиш ва ҳаракат мекунем, ки маҳбусон дар кадом шароите, ки набошад, ҷазояшонро хуб адо намоянд.

- Оё маҳбусон дар ин зиндонҳо ба фаъъолиятҳое ҷалб шудаанд?

- Кор ҳам мекунанд. Дар давраҳои пеш ҳам кор мекарданд, вале ба таври бояду шояд не. Ҳоло маҳсулоте, ки мо истеҳсол (тавлид) мекунем, бозоргир нест. Маҳсулоти зиёде аз Чину дигар кишварҳо ба Тоҷикистон оварда мешавад. То гардиш дар бозор набошад, бар зарари мо тамом хоҳад шуд.

- Пас, ба масъалаи шароити нигаҳдорӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон бозмегардем. Яке аз масоиле, ки бархе аз зиндониён ва пайвандони онҳо ба он таъкид мекарданд, мавориди пулситонӣ аз маҳбусон аз сӯйи кормандони зиндонҳо будааст. Лутфан бигӯед, ки пулситонӣ аз сӯйи кормандони Шумо ҷо дорад, ё хайр?

- Барои чи пул бигиранд? Ин хел нест, ҳеҷ кас пул намегирад. Агар пул гирифтанд ва мо аз ин огоҳ шавем, тафтиш мекунем, ошкор месозем ва касе ки пул гирад, ба ҷавобгарӣ (маҳкама) кашида мешавад.

- Вале маоши як зиндонбон дар Тоҷикистон дар чи сатҳ аст?

- Маоши кормандони мо монанди кормандони дигари Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аст.

- Яъне ҳудуди 600-700 сомонӣ? Ва гуфта мешавад, ки бисёре аз ин кормандон соҳиби мошинҳои гаронқимат ҳастанд?

- Мошинҳо надоранд. Хайр, онҳое, ки доранд, дар Русия хешу таборонашон кор мекунанд. Ҳозир кӣ мошин надорад? Аз падараш ва ё аз писараш аст. Фақат кормандони мо мошин доранд ва ё пулро фақат дар системи мо мегиранд? Ман зидди он ҳастам, ки аз хешу табори маҳбусон пул тамаъ кунанд.

Дар ҳар баромади (суханронии) худ дар назди маҳбусон, мо ба онҳо мегӯем, ки хешовандонатон пул надиҳанд, ба маҳбас телефон наоранд. Худи ҳамин доштани телефон дар маҳбас қонуншиканӣ аст.

Шумо дар мавриди Саидалӣ Казаков сӯҳбатро сар кардед, ҳеҷ вақт натарсад, дар куҷое ки набошад, биёяд назди ман, ман ӯро қабул мекунам.

- Пас Казаков таҳти таъқиби Шумо нест ва дар пайгарди қонунӣ низ қарор надорад?

- Ман накардам ва намекунам. Ман мард ҳастам. Ҳамон Казаковро гӯед, ки худаш ё бо модараш ба қабули ман биёяд ва ман пурсам. ки кӣ ӯро азобу шиканҷа дод ва ман ҷазо диҳам. Ман ӯро надидаам ва намедонам. Лекин мардум ҳозир ҳамаи корро монда, дар гирди Казаков ва Ҳамза Икромзода ба ҳамин муассисаҳои ислоҳӣ часпидаанд.

Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид аз зиндонҳо дидан кард ва бо касе, ки хост, сӯҳбат кард ва ақидаи худро ба мо ва рӯзноманигорон гуфт. Вай ҳангоми мулоқот бо раҳбари давлат, ки ман ҳам ширкат доштам, гапҳои хуб нисбат ба ҳамин системаи мо гуфт. Вай аз ҷумла гуфт, ки бигзор кишварҳои дигари атроф омада тартибу интизом, тозагӣ, хӯрду хӯрок, муомила ва муносибати кормандон бо маҳбусон дар зиндонҳоро аз Тоҷикистон ёд бигиранд.

Ин суханҳои ман, Иззатулло Шарипов нест. Ин суханони шахсест, ки ӯро тамоми ҷаҳон мешиносад, эътироф мекунад. Ин суханҳоро ӯ гуфт. Кор бе камбудӣ намешавад, албатта, дар система камбудиҳо ҳастанд, мо ин камбудиҳоро бартараф мекунем.

Шахсоне ҳастанд, ки муомилаи нодуруст мекунанд. Лекин як чизро фаромӯш накунед, ки тюрма (зиндон) тюрма аст, санатория (осоишгоҳ) санатория аст ва лагери (урдугоҳи) пионерӣ лагер аст.

Ман гуфта будам ва мегӯям, ки маҳбусони мо эрка (лус) шудаанд. Мехоҳанд, ки онҳоро ба зиндони Ваҳдат бибарем, то он ҷо адои ҷазо кунанд, ки дидани хешовандонашон осон шавад.

Аз ин ҷо ба Хуҷанд баред, ки он ҷо осон шавад. Дар даврони шӯравӣ маҳбус дар кишвари худаш адои ҷазо намекард, онҳоро дар маҳбасхонаҳо гирд мегардонданд.

- Вале чаро ахиран маҳбусонро аз Душанбе ба шаҳри Хуҷанд интиқол додед?

- Худам ҳаминро гуфтанӣ будам. Мо маҳбусонро, ки дар додгоҳҳои шаҳрҳои мухталиф маҳкум мешаванд, дар тӯли як моҳ ба шаҳрҳои дигар интиқол медиҳем. Аз сабаби он, ки вагони мо, ки аз идора асту аз тариқи роҳи оҳан аз қаламрави Узбекистон меравад, Узбекистон ду-се сол боз намемонад, ки мо аз қаламрави ин кишвар гузарем.

Мо ба воситаи мошинҳо маҳбусонро ба Суғд мебарем, вале ағба (гардана) хавфнок буд. Тунели нав кушода нашуда буд ва роҳ хавфнок буд. Дигар маҳбусонро набурдем ва шумораи онҳо зиёд шуд. Худам рафта дидам ва гуфтам, ки аз сабаби он, ки роҳ душвор аст, ман ба дӯшам ин ҷавобгариро (масъулият) намегирам.

Тунел кушода шуд, баъди чаҳор-панҷ рӯз мо барои он, ки роҳ ях набандад, зеро дар як мошин мо зиёда аз панҷоҳ маҳбусро ҷо мекунем, ман худам 100 маҳбусро ба он ҷо бурдам ва ҳамин қадар аз онҳоро аз он ҷо ба Душанбе овардам.

Вале баъдан гуфтанд, ки шоҳидони Ҳамза Икромзодаро ба Хуҷанд бурданд. Охир шоҳид, ки бошад, чаро прокуратураи ҷумҳурӣ (додситонӣ), ки тафтишот мебарад, нагуфт, ки инҳоро набаред.

Агар барои ҳаминҳо лозим шавад, ман худам ба Хуҷанд меравам ва бо самолёт (ҳавопаймо) меорам. Ин ҷо аз нуқтаи назари корҳои оперативӣ мо барои мӯътадил сохтани вазъияти муассиса кор мекунем.

Шукрона кардан даркор (лозим) аст, ки маҳбасхонаҳои мо тинҷ (ором) аст. Тамоми кӯмакҳоро мерасонем. Дастовезҳоро чи қадаре, ки набошад, мо ба маҳбусон мерасонем. Дар манзили падару модар дар як рӯз се бор хӯроки гарм намехӯранд. Мо ин ҷо се бор хӯроки гарм медиҳем.

Боз бо телефонҳо моро бадном мекунанд, ки инро овардеду онро не. Ман дар охир мехоҳам бигӯям, ки хешовандони маҳбусон ором бошанд, ҳеҷ гоҳ ба эҳсосот дода нашаванд, мо маҳбусонро хуб нигоҳ мекунем. Бигзор аз худи онҳо пурсанд.

- Аммо чаро аз рафтани хабарнигорон ва вукалои мудофеъ ба зиндонҳо монеъ мешавед? Созмонҳои байналмилалӣ низ дар изҳороташон бештар ба ин нукта таъкид мекунанд, ки зиндонҳои Тоҷикистон ба рӯйи намояндагони ин созмонҳо баста аст ва аз ин рӯ, вуҷуди мавориди шиканҷаро дар он ҷоҳо баъид намедонанд.

- Маҳбасхонаҳо ҷойи хабарнигорон нест. Ман ба ин ҳам нигоҳ накарда, тобистони имсол ҳамаро ба зиндонҳо бурдам ва маҳбасхонаҳоро ба онҳо нишон додем. Ба забони русӣ мегӯянд, ки "Закритое учереждение", яъне муассиса муассисаи баста аст. Ва ҳар кас наметавонад ба он ҷо дарояду барояд.

Мо аз қонун берун намебароем, бар мо прокурори (додситон) назоратӣ назорат мекунад. Ин масъулон ҳар рӯз дар зиндонҳо назорат мекунанд. Зиндон зиндон аст!

Мо сафарҳои хидматӣ ба кишварҳои хориҷӣ доштем ва моро намегузоштанд, ки бо маҳбусон сӯҳбат кунем ва ё рӯзноманигоронро низ он ҷо намегузоранд. Чаро мехоҳанд, ки дар Тоҷикистон рафтуомад ба зиндонҳо озод бошад?

Вале ғамхории давлат ва президентро бинед, ки дар як муддати кӯтоҳ шумори зиёде аз зиндониён дар Тоҷикистон афв шуданд. Вале бархе аз ин зиндониён дубора гуноҳ карданд ва ба зиндон баргаштанд.

- Сипос барои сӯҳбат!

BBC