Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Шаҳрванди Тоҷикистон Тоҷиниссо Каримова, модари Зайдуллоев Шамсиддини фавтида, ки бо гумони паҳн намудани маводи мухаддир боздошт шудаву ба иддаои наздиконаш, дар натиҷаи латукӯб дар тавқифгоҳи муваққатии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст, мегӯяд, бо гузашти шаш моҳ аз қазия, ҳоло ҳам касе ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ӯ санаи 16-уми апрели соли 2015 бо навиштани як нома ба Прокурори генералии ҶТ Юсуф Раҳмон хоҳони холисона бархӯрд кардан ба ҳодиса шуда буд. Нахуст аз ӯ пурсидем, ки сабаби ба ин ниҳод муроҷиат карданаш норозигӣ аз тафтишот буд? Ва оё ба дастгирии Прокуратураи генералӣ бовар дорад?
Каримова Тоҷиниссо:- Бале. Ба ин ниҳоди пурқудрати давлатӣ бо боварӣ ва эҳтироми зиёд муроҷиат намудам. Прокуратура ниҳоде мебошад, ки дар доираи салоҳияти худ ҳифзи ҳуқуқ ва ҳимояи шаҳрвандони ҷумҳуриро дар асоси қонунҳои амалкунанда кафолат дода, инчунин, назоратро аз болои иҷроиши тамоми қонунҳо ба амал мебарорад.
- Агар малоли хотиратон набошад, метавонед аз оғозиқазияи фарзандатон бори дигар ёдовар шавед?
Каримова Тоҷиниссо:- Дар таърихи 8-уми апрели соли 2015, тахминан соатҳои 20-21 кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ягон асосу санад ба манзили истиқоматиамон даромада, писарам Зайдуллоев Шамсиддинро бо худ бурданд. Писарам баъди панҷ шабонарӯз, яъне 13-уми апрели соли 2015 дар тавқифгоҳи муваққатӣ ба марг расид. Агар ман медонистам, ки тӯли чанд рӯз писарамро то ба марг расидан латукӯб мекунанд, тамоми корро мекардам, то ӯро ба боздоштгоҳ набаранд.
- Пеш аз ин дар бораи гумонбар шудани писаратон иттилое дар даст надоштед?
Каримова Тоҷиниссо:- Писари ман ронандаи оддии «Аsian Еxpress» буд. Бегоҳи ҳамон рӯз, яъне 8-уми апрел ба ман хабар доданд, ки кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар дар назди тарабхонаи «Арбат» ӯро мезананд. Бо шавҳарам хостем ба он ҷо равем, аммо шунидем, ки моҷаро бартараф шуда, аҳволи писарам хуб аст. Нахуст аз фарзандам пурсидам, ки барои чӣ ин воқеа рух додааст? Гуфт, ки барои чизе гунаҳгор нест. Баъдтар донистем, ки чанд рӯз пештар аз ин қазия яке аз муштариёнро ба мошинаш савор кардааст, ки ӯ ба додугирифти маводи мухаддир алоқамандӣ доштааст.
- Баргардем ба самти асосии масъала. Дар идома чӣ иқдомҳо амалӣ шуданд?
Каримова Тоҷиниссо:- 13-уми апрел дар маитхона (МОРГ)-и Маркази ҷумҳуриявии тиббию судӣ аз тарафи коршиносони тиббӣ-судии Вазорати тандурустӣ ва ҲИА Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҷасади писарам Зайдуллоев Ш. С. экспертизаи тиббӣ-судӣ гузаронида шуд.
- Баъди ин аллакай парванда оғоз шуд?
Каримова Тоҷиниссо:- Санаи 25-апрели соли 2015 бо ташаббуси Прокурори генералӣ мӯҳтарам Юсуф Раҳмон оид ба фавти писарам Зайдуллоев Шамсиддин Саидҷонович парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ба ёрдамчии калони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба супоришҳои махсус Назаров С. Т. вогузор карда шуд. Аз 25-уми апрел то ҳол мӯҳлати тафтишоти пешакӣ ду маротиба дароз карда шудааст. Айни замон ягон намуд қарор қабул нашудаву ягон кас ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст.
- Аз ҷараёни тафтишот чӣ хулосабарориҳо сурат гирифт?
Каримова Тоҷиниссо:- Дар рафти тафтишот ва баъди гузаштани вақти муайян коршиносони тиббӣ-судӣ чунин хулоса додаанд, ки марги марҳум Зайдуллоев Шамсиддин Саидҷонович аз бемории пневманияи дутарафаи хунгард ва узвҳои нафаскашӣ фаро расидааст. Аммо ҳаминро бояд қайд намоям, ки писари ман гирифтори ягон намуди беморӣ набуд ва аз бад будани саломатиаш шикоят накардаасту дар ягон беморхона ҳамчун бемор ҳам ба қайд гирифта нашудааст.
Инчунин, дар хулосаи коршиносӣ таҳти №61, саҳифаи 5 худи коршиносон қайд намудаанд, ки «пардаи болои шушҳо ҳамвору суфта. Шушҳоҳангоми палмосидан пурҳаво мебошанд, дар буриш сохтори шушҳо муқаррарӣ, гулобиранг ва хело ҳам пурхун, аз маҳалли буришҳо моеъи ҳубобчадор ҷорӣ мешавад». Яъне худи коршиносони тиббӣ-судӣ мавҷуд будани бемории пневманияро инкор кардаанд.
Дар баробари ин, табибони беморхонаи ёрии таъҷилӣ ва духтурони беморхонаи наркологӣ дар баёноташон қайд намудаанд, ки Зайдуллоев Ш. аз чунин беморӣ шикоят накардааст ва нишонаҳои бемории пневмания мавҷуд набуд.
- Хато накунем, баъди ин эксгуматсия анҷом дода шуд…
Каримова Тоҷиниссо:- Бале, санаи 27-уми майи соли 2015 тибқи қарори мақомоти тафтишотӣ дар бораи экспертизаи комиссионӣ бо иштироки шахсони холис, коршиносони тиббӣ-судӣ ва дигарон азназаргузаронии ҷасад, эксгуматсия анҷом дода шуд. Баъди анҷом додани экспертизаи комиссионӣ, дар рафти шиносоӣ бо хулосаи онҳо маълум гардид, ки барои дақиқ ва холисона додани хулоса аз тарафи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Салимзода Нусратулло Файзулло мутахассисони беҳтарини соҳаҳои пулмонология, анестезиология ва наркорениматология ҷудо гардида, ҳамчун аъзои комиссия иштирок намуда буданд.
Коршиносони тиббӣ-судӣ ва мутахассисони соҳавӣ ҳамагӣ 7 нафарро ташкил дода, 6 нафари онҳо ба як хулоса омадаанду як нафар коршиноси тиббӣ-судӣ Сангов Х. М. дар алоҳидагӣ хулосаи худро пешниҳод кардааст. Сангов Х. хулосаи ибтидоиро дар алоҳидагӣ дастгирӣ намуда, қайд мекунад, ки Зайдуллоев Ш. гирифтори бемории пневмания ва наркомания мебошад.
Дар ҳоле, ки писари ман дар қайди Диспансери наркологӣ танҳо 9-уми апрели соли 2015, баъди боздошташ аз ҷониби кормандони Агентӣ гузошта шудааст. Яъне, то замони боздошт ӯ дар қайди Диспансери наркологӣ набуд.
Ин воқеан шубҳаовар аст. Чи гуна метавон ба шаффофияти хулосаи ин комиссия бовар кард, ки шаш нафар аъзои комиссия ба як хулоса омадаанду як худи Сангов Х. ба хулосаи дигар!? Ҳол он ки, мутахассисони беҳтарини соҳаҳои пулмонология ва наркология мавҷудияти чунин бемориҳоро рад мекунанд.
Дар баробари ин, Сангов Х. дар хулосаи худ қайд менамояд, ки «тағйироти патологии қабурға, ки ҳангоми аз қабр баровардани ҷасади Зайдуллоев Ш. С. мушоҳида гардид, хусусияти баъдимаргӣ дорад, ки аз он ҷой надоштани хунрезиҳо дар ин мавзеъҳо ҳангоми экспертизаи тиббӣ-судии ибтидоии ҷасад (дар акси кушодани ҷасад низ ин ҳолат аён аст) далолат медиҳанд. Чунин шикаст метавонад ҳангоми экспертизаи тиббӣ-судии ибтидоии ҷасад, яъне буриши қабурғаи қисми пеши қафаси сина ба амал биёяд, ки чунин ҳолат дар фаъолияти корӣарзи вуҷуд дорад». Агар чунин мебуд, пас бояд дар хулосаи ибтидоӣ ба вуҷуд омадани чунин шикастро қайд менамуданд. Аммо ин навиштаҳои Сангов Х. дар хулосаи ибтидоӣ дарҷ карда нашудааст.
- Таври маълум, ба наздикӣ аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ гузаронидани экспертизаи комплексии бевосита таъин шуда буд? Шумо дар ин масъала чӣ назар доред?
Каримова Тоҷиниссо:- Аз тарафи мақомоти тафтишотӣ экспертизаи комплексӣ таъин карда шуд, ки зарурат барои таъин намудани он набуд. Зеро, экспертизаи комплексӣ дар ҳолатҳое таъин карда мешавад, ки барои таҳқиқот маълумоти соҳаҳои гуногуни дониш зарур бошад. Агар чунин бошад, пас дар экспертизаи комиссионӣ дар баробари коршиносон боз мутахассисони беҳтарини соҳаҳои гуногун низ ҳамчун аъзои комиссия иштирок доштанд.
Ҳаминро бояд қайд намоям, ки иҷроиқарор дар бораи экспертизаи комплексӣ ба зиммаи Маркази ҷумҳуриявии тиббию судӣ ва ҲИА Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст, ки роҳбари ин марказ Шарифов М. С. дар экпертизаи тиббӣ-судии ибтидоӣ иштирок карда буд. Бинобар ҳамин, аз тарафи ӯташкил намудани таҳқиқи комплексӣ барои ман шубҳаовар мебошад.
Коршиносон хулоса додаанд, ки гӯё фарзандам аз пневмания мурдааст. Пас аз куҷо пайдо шуд пневмания? Захмҳо чӣ хел пайдо шуданд? Аз кӯдакиаш дар ягон беморхона хоб накардааст. Ана, ҳама табобатхонаҳоро санҷанд, ку ному насаби ҳамин бача ҳаст!? Дар ягон ҷо нест.
Аз ҷои кораш ҳамкоронашро даъват кардаанд, дар баёнотҳояшон гуфтаанд, ки ягон намуд касал набуд. Ҳар саҳар духтур мегузашт ва баъд вайро барои кор баромадан иҷозат медоданд. Ташхис месупориданд. Наркоман ки бошад, ба вай мошин медоданд?
Аз ҳамин лиҳоз, аз мӯҳтарам Юсуф Раҳмон эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки қазияи мазкурро таҳлил намудаву зери назорати қатъии худ қарор диҳанд ва барои объективона, пурра ва холисона гузаронидани экспертизаи комплексӣмусоидат намоянд.
- Мо медонем, ки Шумо дар тамоми давраҳои тафтишотӣ ҳамроҳ бо вакилони мудофеъ иштирок мекунед, бо мансабдорон вомехӯред, вазъиятро мефаҳмонед. Аммо агар аз мансабдорони ҷудогона касе Шуморо нафаҳмад, дар он сурат чӣ нақша пеш хоҳед гузошт?
Каримова Тоҷиниссо:- Дар ин ҳол, мехоҳам ба Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат кунам, то барои ҷазо гирифтани гунаҳкорон мусоидат намоянд. Писарам даргузашт, аммо намехоҳам дар оянда дигар модарон мисли ман дарду ғами фарзандро кашанд.
Охир, писари ман ягон гуноҳ надошт! Ӯ ягон бор насулфида буд, ягон маротиба ҳатто ҳарораташ баланд нашуда буд. Тӯҳмати бофтаву сохтаро ба гарданаш бор карданд.Ӯро латукӯб карданд, баданаш маиб, ҷойи дил сип-сиёҳ буд. Ягон кор карданд бачаро... Панҷ моҳ гузашт аз ҳодиса, аммо касе ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст. Наход фарзандро калон кунаму то ба марг расидан латукӯбаш кунанд!? Агар гуноҳ медошт, ҳабс мекарданд, 10 сол...
Баъди марги писарам, худам беморам. Охир, фарзандро бо умед ба воя мерасонӣ, ки дастгират бошад, боиси фахру сарбаландиат миёни ҷомеа гардад. Фарзанди ман ҳам писари банангу номус буд, аммо қурбон шуд. Худо ба ягон модари тоҷик чунин рӯзи сахтро нишон надиҳад!
Агар Худо хоҳаду шикоятам ба президенти кишвар расад, ҳатман хоҳиш мекунам, то боре маро барои сӯҳбати рӯ ба рӯ қабул намоянд. Дар ин сурат, тамоми рафти ҳодисаро аз забони худ ба самъашон мерасонам ва кӯмак мепурсам. Аз сарвари давлат, ҳамчун кафолати ҳаёти арзандаи шаҳрвандон, бахусус дастгирии модарон, хоҳиш мекунам, то ба масъулин баҳри адолатнок дида баромадани қазияҳои характери иҷтимоӣ дошта дастур диҳанд. Зеро, намехоҳам модаре мисли ман аз ғами фарзанд обу адо ва ашк бари рӯй бошад.
Боварии зиёд дорам, ки Ҷаноби Олӣ дарду ғуссаи ман ва модарони тоҷикеро мисли ман хуб дарк мекунанду дастгириашонро дареғ намедоранд.