Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Нимаи моҳи июли соли ҷорӣ намояндаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар робита ба мавҷи навбатии сирояти коронавирус дар муассисаҳои ислоҳотии кишвар ягон маҳдудият ҷорӣ карда нашудааст. «Мулоқот бо хешовандону адвокатҳо бо тартиби қаблӣ амалӣ карда мешавад. Талаботи ягона барои боздидкунандагон - ин мавҷудияти тести манфии коронавирус ва риояи меъёрҳои санитарӣ-эпидемиологӣ аст»,- зикр намуд манбаъ. Пас, оё адвокатҳо дар таҷрибаи худ ҳангоми фаъолиятҳояшон мавҷуд набудани маҳдудиятро мушоҳида мекунанд? Дар ин маврид бо назари адвокат Абдураҳмон Шарипов ошно шавед:
- Дар марҳилаи эълони пандемия ман ҳамчун адвокат барои иҷрои фаъолияти адвокатӣ дар асоси иштирокам ба ҳимояи шахсони гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда бо парвандаҳои ҷиноятӣ, ки нисбаташон чораҳои пешгирии намуди аз озодӣ маҳрум кардан татбиқ карда шуда, онҳо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ нигоҳ дошта мешаванд, барои иштирок дар ҳаракатҳои мурофиавии тафтишотӣ ва ё вохӯрӣ бо зерҳимояам ба ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ ворид мешудам.
Дар робита ба мавҷи навбатии сирояти коронавирус тибқи тартибу расмиёти мурофиавии иштироки шахсони дар ҳабс нигоҳдоришаванда барои аз тарафи судя, прокурор, муфаттиш бо иштироки адвокатҳо гузаронидани ҳаракатҳои мурофиавии тафтишотӣ танҳо бо риояи тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуданд. Яъне бо риояи масофаи иҷтимоӣ, пӯшидани ниқоби тиббӣ, дастпӯшаки тиббӣ ва истифодаи маҳлули антивирус муошират бо шахсони дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарордошта бе маҳдудият имконпазир аст.