Барҳамдиҳии тадриҷии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон

Барҳамдиҳии тадриҷии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон

Бахшида ба оғози амалисозии лоиҳаи «Барҳамдиҳии тадриҷии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон» 5-уми декабри соли 2013 дар толори Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ нишасти хабарӣ баргузор мешавад.

Лоиҳаи мазкур дар 3 кишвар - Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо татбиқ мегардад. Дар Тоҷикистон лоиҳаро Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак» ва Намояндагии Ислоҳоти байнулмилалии маҳбасҳо дар Осиёи Марказӣ (PRI) амалӣ мекунанд.

Ҳифзи кӯдакон аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона хеле муҳим аст. Зеро беҷазоии шиканҷа нисбат ба кӯдакон боиси он мегардад, ки барои кӯдакони ҳимоянашуда истифодаи зӯроварӣ, на роҳу усули ҳуқуқӣ, воситаи ягонаи ҳалли мушкилот ва ноил шудан ба натиҷаҳо дар зиндагӣ мегардад. Хушунату зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон аксаран аз мадди назар дур мемонад, ба қайд гирифта намешавад ё мавриди тадқиқот қарор намегирад. Пажӯҳиш оид ба зӯроварӣ, ки онро СММ дар соли 2006 гузаронида буд, исбот кардааст, ки кӯдакони дар муассисаҳои парасторӣ ва маҳрумият аз озодӣ ҷойдошта амалан назар ба тамоми кӯдакони дигар бештар дучори хавфи зӯроварӣ мешаванд. Мониторинги муштараки ҳуқуқҳои кӯдак, ки Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак» гузаронидаанд, нишон додааст, ки паҳншавии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон зиёд аст.

Чӣ тавре ки ба NoTorture.Tj Гулчеҳра Раҳмонова, Роҳбари барномаҳои ҳуқуқии ТҶ «Маркази ҳуқуқи кӯдак» иттилоъ дод, мақсади асосии лоиҳа мусоидат ба коҳиши ҳолатҳои зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон мебошад. Дар баробари мусоидат ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, лоиҳа ба он равона шудааст, ки дар навбати аввал истифодаи ҳабси ҷудогонаи кӯдакон дар муассисаҳои пӯшида қатъ карда шуда, ба нигаҳдории якҷои кӯдакону калонсолон ҳеҷ гоҳ ва дар ягон муассиса роҳ дода нашавад.

Дар доираи лоиҳа воридсозии меъёрҳои байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ба қонунгузории миллӣ, таъмини кӯмаки ҳуқуқӣ ба кӯдаконе, ки дар вазъи душвори зиндагӣ қарор доранд, роҳандозии барномаҳои таълимӣ барои кормандони муассисаҳои пӯшидаи кӯдакона, таҳияи барномаи тавонбахшии равонии кӯдаконе, ки аз хушунату зӯроварӣ осеб дидаанд ва як қатор чорабиниҳои дигар пешбинӣ шудаанд.

Макони баргузории нишасти хабарӣ: Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷалол Икромӣ 7.

Замони баргузорӣ: 5-уми декабри соли 2013, соати 10:00.

Лутфан, барои маълумоти иловагӣ ба Гулчеҳра Раҳмонова муроҷиат кунед – 918 300 751, 221 81 25, имайл: g.rakhmanova.crp@gmail.com

NoTorture.Tj