Додгоҳ маъмури зиндони шумораи якро равонаи зиндон кард

Додгоҳ маъмури зиндони шумораи якро равонаи зиндон кард

Додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе яке аз кормандони зиндони шумораи яки ин шаҳрро, дар лату кӯби як маҳбус муқасир донист ва ӯро барои панҷ солу панҷ моҳ равонаи зиндон кард.

Рустам Мирзоев, қозии ин парванда Маҳмуд Исмоъиловро бар асоси қисмаи 3 моддаи 316-и қонуни ҷазои Тоҷикистон, яъне "хориҷ шудан аз ҳадди салоҳият" муҷрим донист.

Гулҷеҳра Холматова, вакили мудофеъи хонаводаи Ҳамза Икромзода гуфт, ки қозӣ ҳукмро дар қиболи оқои Исмоъилов рӯзи чаҳоршанбеи 29 май эълом кард.

Бар асоси ҳукмномаи ин парванда, Ҳамза Икромзода бар асари лату кӯби оқои Исмоъилов худро ба дор кашидааст. Аммо волидони Ҳамза мегӯянд, ки Ҳамза худкушӣ накарда ва дар асари лату кӯби зиндонбонҳо фавтидааст.

Волидони Ҳамза Икромзода ҳукми додгоҳ дар қиболи фарди муқасир дар марги фарзандашонро “сабук” хондаанд.

Хонум Холматова мегӯяд, имкон дорад аз ин ҳукми додгоҳ ба додгоҳи истинофӣ шикоят барад.

Хонум Холматова афзуд, ки ба гуфтаи шоҳидони ҳодисаи лату кӯби Ҳамза дар зиндон, чаҳор корманди зиндон дар ин ҳодиса даст доштаанд ва шояд хонаводаи Икромзода алайҳи кормандони дигари зиндон низ шикоят бибарад.

Падари Ҳамза Икромзода гуфт, ки барои ҷилавгирӣ аз эъмоли хушунат алайҳи зиндониёни дигар, қасд дорад, ҳамаи гунаҳкорони марги фарзандашро ба додгоҳ кашад.

Қарор буд, муҳокимаи парвандаи марбут ба марги Ҳамза Икромзода дар зиндони шумораи яки шаҳри Душнанбе пушти дарҳои баста сурат бигирад, аммо қозии ин парванда пас аз пофишориҳои Файзалӣ Икромов, падари Ҳамза ва пайвандони дигари ин хонавода иҷоза дод, ки муҳокима бо ширкати ҳамаи хоҳишмандон аз ҷумла хабарнигорон доир шавад.

Ҳамза Икромзода 20-уми сентябри соли 2012 дар зиндони шумораи яки шаҳри Душанбе даргузашт. Дар марҳаллаи аввал ташхиси пизишки қонунӣ сабаби марги ӯро худкушӣ унвон карда буд, вале пайвандони Ҳамза Икромзода гуфтанд, ки ба худкушӣ кардани Ҳамза бовар надоранд, зеро онҳо гуфтаанд, ки дар андоми ҷанозаи ӯ нишонаҳое аз шиканҷа мушоҳида шудааст.

Баъд аз пофишориҳои зиёди падар ва бародани Ҳамза додситонӣ дубора ба ин ҳодиса расидагӣ карда ва се нафар аз кормандони зиндони шумораи якро дар сӯиистифода аз мансаб муттаҳам кард.

Ҳоло маълум нест, ки афроди муттаҳами дигар дар ин ҳодиса муҷозот хоҳанд шуд ё хайр. Вале ҳуқуқдонҳо мегӯянд, муҷозот шудани яке аз кормандони ин зиндон баёнгарӣ он аст, ки мавориди хушунат дар ин зиндон дарвоқеъ вуҷуд доштааст.

Ҳарчанд Иззатулло Шарифов, раиси Идораи умури зиндонҳои Тоҷикистон дар суҳбат ба расонаҳо, аз ҷумла Би-би-сӣ, ҷо доштани зӯроварӣ алайҳи зиндониён дар муассисоти бастаи ниҳоди худро такзиб карда буд.

Би-би-сӣ