Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар мактуби ҷавобӣ ба адвокат Абдураҳмон Шарипов таъмини табобати зерҳимояи ӯ Шаҳбол Мирзоев ва ҷудо кардани маблағи ҷуброни зарар барои ин сарбозро бар дӯш гирифтааст.
Дар ин бора ба торнамои NoTorture.Tj адвокати ваколатдор Абдураҳмон Шарипов иттилоъ дод. Вай афзуд, ки ин мактуби ҷавобӣ дар нимаи аввали моҳи май навишта шуда, ба дасти ӯ дар авоили моҳи июн расидааст. Муҳтавои номаи мазкур чунин аст:
«12» 05 с.2014 №31/16/4-66
Ба адвокати ваколатдор
Шарипов А.П.
Мӯҳтарам Шарипов А.П.!
Роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости Шуморо, таҳти №28 аз 04.04.2014 сол дида баромада, ба маълумоти Шумо мерасонад, ки дар буҷаи Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохт намудани ҷуброни зарар ва расонидани ёрии моддӣ ба ҷароҳатбардоштагон ва осебдидагон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» маблағгузорӣ пешбинӣ шудааст.
Табобати таъҷилии ҷабрдида сарбози қаторӣ Мирзоев Шаҳбол Нӯъмонович дар шӯъбаи ҷарроҳии асабӣ №2 Маркази миллии тиббии ҶТ аз тарафи мутахассисони соҳавӣ ҳаматарафа аз ҳисоби Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Минбаъд ҳам табобати консервативӣ ва табобати санаторию фароғатӣ барои барқароршавии саломатӣ, ки мутахассисони соҳавӣ тавсия додаанд, таъмин карда мешавад ва маблағи ҷуброни зарар дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» ҷудо карда мешавад.
Фармондеҳ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ
Рӯзи 29-уми майи соли 2014 Эътилофҳои ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷаи Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва як қатор созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон низ дар робита ба қазияи Шаҳбол Мирзоев бо номаи саркушод ба Фармондеҳи Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ муроҷиат карда, барҳам додани муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар байни сарбозонро тақозо доштанд. Ин номаи саркушод дар торнамои NoTorture.Tj ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастраси ҳамагон аст.