Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ (ГКҲ) -и Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти гуруҳ дар соли 2014 ва 9 моҳи соли 2018 маълумот дод.
- Аз ҷониби мо 237 шикояти шаҳрвандон оид ба истифодаи эҳтимолии шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд. Мо аз манфиатҳои 200 нафар шаҳрвандон дар судҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти давлатӣ намояндагӣ кардем. Дар натиҷаи талошҳои ташкилотҳои узви ГКҲ то имрӯз то ба суд рафтани парвандаҳо 25 нафар муҳокима шудаанд. Аз давлат дар симои мақомот ба шаҳрвандоне, ки аз амалҳои ғайриқонунии намояндагони давлат зарар дидаанд, 132 ҳазору 600 сомонӣ ҷуброн рӯёнида шуд. Аз ҷониби суд ҳамагӣ 7-то чунин қарор бароварда шудааст. Дар таҷрибаи судӣ оид ба ташкили таҷрибаи устувори аз ҷониби давлат пардохт шудани ҷуброни мувофиқ ба қурбониён ва хешовандони онҳо ташкилотҳо далелҳоро фаъолона гирдоварӣ мекунанд, барои баҳогузории зарари маънавии қурбониёни шиканҷа ё хешовандони онҳо коршиносони милливу байналмилалиро ҷалб месозанд, назари институти ҳуқуқии «Amicuscuriae»-ро дар рафти баррасии судӣ истифода мебаранд. Бо Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқшиносони амалкунанда ва адвокатҳо дар мавриди боло бурдани донишу таҷрибаҳо оид ба масоили озодӣ аз шиканҷа, механизму тартиби ҳимояи қурбониёни шиканҷа, стандартҳои Протоколи Истамбулӣ, инчунин ҷуброни зарари моддиву маънавӣ ҳамкориҳои густурда ба роҳ монда шудааст. ГКҲ маводҳои иттилоотӣ ва таҳлилиро оид ба масоили озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон интишор медиҳад,- мегӯянд масъулони гуруҳи мазкур.
Бояд зикр намуд, ки Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон соли 2011 ташкил ёфта, аз намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳуқуқшиносон ва адвокатҳое иборат аст, ки таҷрибаи амалии расонидани кӯмаки ҳуқуқиро доранд.
Хоҳишмандон метавонанд дар бораи фаъолияти ГКҲ муфассалтар тариқи торнамои Эътилоф - www.notorturetj.org ва тавассути саҳифаи Эътилоф - «Свобода от пыток/Озодӣ аз шиканҷа» дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот пайдо намоянд:
- Facebook: www.facebook.com/notorture.tj
- Google+:https://plus.google.com/107767311153916349012
- Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
- Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj
- Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw
- Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498
- Тelegram: http://t.me/notorturetj
- Instagram: notorture.tj