ГКҲ бо адвокатҳо ва намояндагони ТҒД дар Хоруғ вохӯрӣ доир намуд

Гуруҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рӯзи 14-уми октябр дар шаҳри Хоруғ - маркази маъмурии ВМКБ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва адвокатҳо вохӯрии корӣ гузаронид.

Гулчеҳра Холматова - роҳбари Гуруҳи кумаки ҳуқуқӣ ба адвокатҳо ва намояндагони ТҒД оид ба фаъолияти ГКҲ, инчунин дар бораи парвандаҳои марбут ба шиканҷа маълумот дода, масъалаи ҳамкории оянда бо адвокатҳои шаҳри Хоруғ, иштироки онҳоро дар парвандаҳои бо шиканҷа ва муносибати бераҳмона алоқаманд баррасӣ намуд. Ҳамоҳангсози ГКҲ Холматова Г. ҳамзамон саҳми муҳими ТҒД-ро дар самти огоҳсозӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон қайд кард.

Дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокдорон масоили гуногун, аз ҷумла роҳандозии амалии қонунгузориро оид ба ҷуброни зарари моддиву маънавӣ ба ҷабрдидагон, дастрасии адвокатҳо ба зерҳимояҳояшон, ки дар муассисаҳои пӯшида қарор доранд, инчунин фаъолияти гуруҳи мониторингии Эътилофро, ки дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис ёфтааст, баррасӣ карданд.

Иштирокдорони вохӯрӣ тавсияҳои худро оид ба огоҳсозӣ аз шиканҷаву муносибати бераҳмона ва ҳамкории самаранок дар ин самт пешниҳод намуданд.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст.

NoTorture.Tj