Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Эътилофи созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башари Тоҷикистон гуфтааст, ки барои ироаи хадамоти ҳуқуқӣ ба хонаводаҳои муътариз алайҳи интиқоли зиндониён ба шаҳри Хуҷанд онҳоро бо вакили мудофеъ таъмин хоҳад кард.
Наргис Зокирова, раиси Бюрои ҳуқуқи башари Тоҷикистон, ки шомили ин эътилоф аст, рӯзи панҷшанбеи 8-уми ноябр ба Би-би-сӣ гуфт, ки ба манзури таъйиди иттилоъ дар мавриди шикаҷа ва дифоъ аз ҳуқуқи ин афрод, Эътилофи созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башари Тоҷикистон, ки беш аз даҳ созмони ғайридавлатӣ шомили он мебошанд, тасмим гирифтанд, ки ин афродро бо вукалои мудофеъ таъмин кунанд.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл ҳудуди 30 нафар аз пайвандони зиндониён дар назди бинои Додситонии кулли Тоҷикистон ба далели интиқоли фарзандони зиндонияшон ба маҳбасхонае дар шаҳри Хуҷанд ва ба гуфтаи онҳо эъмоли "шиканҷа" алайҳи онҳо таҷаммӯъ карданд. Хонум Зокирова гуфт: “Масъулони созмонҳое, ки дар шаҳри Хуҷанд дафтар надоранд, бевосита вукалоро дар он ҷо пайдо мекунанд. Ва кӯшиш мекунанд, ки дар рӯзҳои наздик ин вакилон тавонанд бо зиндониён мулоқот кунанд”.
Онҳо муддаъӣ буданд, ки фарзандони зиндониашон баъд аз додани шавоҳид дар мавриди марги Ҳамза Икромзода, яке аз зиндониёни фавтида шиканҷа шудаанд. Ин хонаводаҳо пас аз ин иқдом ба Бюрои ҳуқуқи башари Тоҷикистон, як созмони ғайридавлатӣ дар масоили ҳуқуқи инсон шикоят кардаанд.
Дар таҷаммӯъи худ дар муқобили Додситонии кулли Тоҷикистон бештари ин афрод аз он шикоят мекарданд, ки фарзандони зиндонии онҳо пас аз "латукӯб" дар вазъи вахим қарор доштанд.
Дар миёни ин афрод пайвандони Ҳамза Икромзода, сокини ноҳияи Ҳисор низ, ки беш аз як моҳи қабл дар зиндони шумораи як фавтид, будаанд. Онҳо мегӯянд, ки фарзандони сокинони дигар барои гуфтани ҳарфи ҳақиқат ба душворӣ рӯ ба рӯ шуда ва аз ин рӯ барои дифоъ аз ҳуқуқи ин зиндониён ба волидони онҳо пайвастаанд.
Дар ҳамин ҳол, бисёре аз вукалои мудофеъ дар Тоҷикистон сабаби ҷой доштани шиканҷа дар муассисаҳои баста дар ин кишварро беҷазо мондани кормандоне медонанд, ки ба ҳангоми таҳқиқи парвандаҳо аз шиканҷа ва зӯр истифода мекунанд.
Бар асоси иттилои таъйиднашуда, тасмими Идораи умури зиндонҳо аз интиқоли бархе аз зиндониён аз маҳбасхонаҳои Душанбе ба вилояти Суғд ба хотири таъмини амнияти ин зиндониён будааст.
Ҳарчанд масъулони ин идора ин хабарро таъйид накардаанд, вале гуфта мешавад, ки куллия шоҳидони парвандаи ҷиноӣ дар робита ба марги як зиндонӣ дар маҳбасхонаи шумораи яки шаҳри Душанбе ба зиндони шумораи 23-и шаҳри Хуҷанд интиқол ёфтаанд.
Ба гуфтаи яке аз пайвандони ин зиндониён, ки аз гирифтани номаш худдорӣ кард, вай низ хабар дар мавриди интиқоли шоҳидон ба хотири таъмини бехатариро шунидааст.
Вале ин манбаъ меафзояд, ки ба бехатар будани бародари зиндонии худ дар маҳбасхонаи шаҳри Хуҷанд бовар надорад. Аммо мушаххас нест, ки ба амнияти ин зиндониён дар зиндони шумора як чи чизе таҳдид мекардааст.