Ҳасан Ёдгоров - қурбонии шиканҷа, ки 4 сол боз адолати судӣ мехоҳад

"Аз таъсири шиканҷаи кормандони милиса то ҳанӯз азият мекашаму ниёз ба табобат дорам. Барои ба гардан гирифтани гуноҳи накарда маро боздошту сахт шиканҷа карданд, ҳатто дар баданам барқ гузоштанд, ки дигар тоб наовардам...".

Ин нуктаро Ҳасан Ёдгоров, сокини шаҳри Турсунзода, ки бо айби даст доштан дар шиканҷаи ӯ се корманди милиса боздошту дар додгоҳ муҳокима мешаванд, иброз дошт.

Ҳасан Ёдгоров дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки се сол қабл, то замони боздошташ дар Хонаи кӯдакони шаҳри Турсунзода кор карда, зиндагии оромона дошт. Достони зиндагии ин марди 35-сола пас аз боздошту шиканҷа шуданаш дигар шуд. Замоне таъминкунандаи рӯгори хонавода буд, аммо ҳоло бе ҷои кор аст. Дар талоши табобати дардҳои аз шиканҷа бардошта ва саргардони барқарор намудани адолати додгоҳӣ нисбати омилони шиканҷааш мебошад.

Чаро Ҳасан Ёдгоров гуноҳи накардаро ба гардан гирифт?

Айни ҳол дар Суди Олии Тоҷикистон баррасии парвандаи се корманди собиқи милисаро, ки ҳангоми кор дар мақомот Ҳасанро мавриди шиканҷа қарор додаанд, идома дорад.

Ҳасан Ёдгоров соли 2017 бо иттиҳоми куштор боздошт шуда буд. Ӯ мегӯяд, ки он замон зери шиканҷаи кормандони милиса маҷбур шуд ҷиноятро ба гардан гирад. Ҳудуди 8 моҳ дар ҳабси пешакӣ қарор дошт ва танҳо баъди ошкор намудани қотили асосӣ, ӯро раҳо карданд.

Муттаҳамон дар шиканҷаи ин сокини Турсунзода Шералӣ Азизов, ваколатдори калони оперативии шуъбачаи милитсия дар ҷамоати деҳоти Пахтаободи шаҳри Турсунзода, Саъдӣ Давлатмуродзода, ваколатдори оперативӣ дар шуъбаи кофтукови ҷиноятии ШВКД дар Турсунзода ва Эраҷ Наимов, ваколатдори калони оперативии шуъбаи корҳои махсусан муҳими Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мебошанд. Парвандаи онҳо наздики чор сол боз таҳқиқу баррасӣ мешавад. Ҳимояи ҳуқуқҳои Ҳасан Ёдгоровро адвокат Шарифов А. бар уҳда дорад.

Ҳасан Ёдгоров барои он ки ҷинояти қатли як нафарро ба гардан гирад ва нишондоди худиқрорӣ диҳад, аз сӯи корманди милиса мавриди шиканҷа қарор гирифтааст.

"Дар шиканҷаи Ҳасан афроди дигар низ даст доранд"

Чанде аз адвокатҳо ва наздикони айбдоршавандаҳо даст доштани милисаҳои пешинро дар шиканҷаи Ҳасан Ёдгоров беасос медонанд. Онҳо бар ин назаранд, ки дар шиканҷаи Ҳасан афроди дигар даст доранд. Яке аз пайвандони Эраҷ Наимов, яке аз муттаҳамон дар шиканҷа, ки нахост номаш бурда шавад, мегӯянд, бовар надорад, ки Эраҷ ба шиканҷаи Ҳасан даст задааст. Ӯ таъкид намуд, ки дар ин ҷиноят дигарон даст доранд, вале Эраҷ боздошту ба ҳабс гирифта шуд.

Дар парвандаи фикри айбдоркунӣ гуфта шудааст, ки шиканҷаи Ёдгоров аз cӯи Эраҷ Наимов ва ҳамкорони ӯ - Шералӣ Азизову Саъдӣ Давлатмуродзода сурат гирифтааст. Дар санади айбдоркунӣ навишта шудааст, ки барои оғози парванда аллайҳи кормандони милиса тафтиши ҳодисаи куштор ва муроҷиатҳои чандинкаратаи модари ҷабрдида асос шудааст.

Тибқи иттилои расмӣ, нисбати Шералӣ Азизов бо моддаҳои 143, 316, 323 ва нисбати Эраҷ Наимову Саъдӣ Давлатмуродзода бо моддаи 143-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз шудааст. Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 143 амали шиканҷа, 316 баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва 323 сохтакории хизматиро пешбинӣ мекунад.

Суди Олии Тоҷикистон тобистони соли 2019 муҳокимаи парвандаи кормандони собиқи милисаро оғоз намуда, баъдан онро барои тафтиши иловагӣ ба Прокуратураи генералӣ бозпас фиристод.

Ассо Шарифов, адвокати Ҳасан Ёдгоров мегӯяд, ки тафтиши иловагӣ шиканҷа шудани Ҳасан Ёдгоровро тасдиқ кардааст: “Дар тафтиши иловагӣ маълум гардид, ки осори шиканҷа бо истифода аз нерӯи барқ дар узви мардонаи сокини шаҳри Турсунзода боқист. Чунин ҳолатро ташхиси тиббӣ-судӣ низ тасдиқ кардааст. Ташхиси овозшиносӣ садои Азизов Шералиро низ маълум намудааст. Баъдан, як аксе, ки дар он дида мешавад пешонии Ёдгоровро ба замин задаанд, пайдо шуда, дар он нишонаҳои шиканҷа маълум шуд”,- афзуд адвокат Ассо Шарифов.

Таъсири шиканҷа ба ҳаёту саломатии Ҳасан

Дар мурофиаҳои судӣ пурсиши ҷабрдида, нишондодҳои шоҳидон ва назари худи айбдоршавандаҳо пурсида шудааст.

Дар оғози мурофиаҳои судӣ ҷабрдида Ҳасан Ёдгоров бори дигар дар ҳузури ҳайати мурофиаи додгоҳӣ гуфт, ки ғайр аз Шералӣ Азизов, Саъдӣ Давлатмуродзода ва Эраҷ Наимов дигарон низ дар азобу шиканҷаи ӯ даст доранд. Вай афзуд, исми ҳамаи афродеро, ки шиканҷааш кардаанд, намедонад, вале бо дидани онҳо шояд бархеяшро шиносад. Ӯ дар хитоб ба ҳар се милисаҳои пешин, ки пушти панҷараанд, гуфт: “Инҳо худашон ҳамаро медонанд, лекин милиса бар зидди милиса ҳеҷ вақт нишондод намедиҳад”.

Ӯ дар пурсишу посухи тӯлонӣ бо адвокатҳои айбдоршавандаҳо дар додгоҳ гуфт, ки “вақти шиканҷа ман ҳамаро намедидам, зеро дар сарам “халта” кашида буданд, ҳангоми бозпурсӣ дар баданам барқу дар даҳонам об монда буданд, ки тоқат кардан хеле мушкил буд”.

Ин сокини Турсунзода афзуд, ки дар натиҷаи бо қувваи барқ шиканҷа шудан ва мавриди латукӯб қарор гирифтанаш аз сӯи кормандони ҳифзи ҳуқуқ, саломатияшро аз даст дода, то ҳол табобат мегирад.

Дар пайи шиканҷа дар пойи рости Ҳасан бемории "кастеартроз", яъне дарди устухонҳо пайдо шуда, оҳани пойи чапаш низ аз ҷояш беҷо шудааст, ки бояд ҷарроҳӣ гузаронад.

"Ӯ зиёда аз шаш моҳ дур аз зану фарзандон ва аҳли оилааш буда, ба ӯ ва аҳли оилаашон зарари калони моддӣ расидааст. Барои ҳамин Ҳасан Ёдгоров фикр мекунад, ки дар натиҷаи ин кирдорҳои ҷиноятии кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба ӯ оқибатҳои вазнин расонида шудааст",-омадааст дар парвандаи фикри айбории кормандони пешини милиса.

Дар ин парванда таъкид шудааст, ки Шарофат Нарзиқулова,бинобар он, ки ба ӯ зарари руҳӣ ва ҷисмонӣ расонидашудааст, расман ҷабрдида  эътироф гардидааст. Модари Ҳасан Ёдгоров вақте ба дидорбинии писараш ба ШВКД-и Турсунзода меравад, мавриди дашному ҳақорат ва таҳқири кормандони милиса қарор гирифтааст.

Ҳасан Ёдгоров, писари ин зан мехоҳад ҳар нафаре, ки дар шиканҷааш даст дораду ба сарнавишташ бозӣ кардааст, дар чаҳорчӯбаи қонун муҷозот шавад.

Ассо Шарифов, адвокати ӯ мегӯяд, онҳо талаб карда буданд, ки мақомот дар робита ба шиканҷаи зерҳимояаш нисбати дигарон низ чора андешанд. “Нисбати Шернаев Раҷабалӣ, муфаттиши Прокуратураи шаҳри Турсунзода барои хунукназарӣ намудан парванда боз шуд. Ӯро аз кор гирифтанд, вале баъдан бар асоси қонуни авф озод шуд. Ҳарчанд мо гуфтем, ки дар ҳаракатҳои вай кирдорҳои ба мисли ғайриқонунӣ ба ҳабс гирифтану ғайриқонунӣ айб эълон намудан дида мешавад, вале ин паҳлуи корро ба назар нагирифта, баҳо надоданду танҳо барои хунукназарӣ чораҷӯӣ шуду авф шуд”,- гуфт ӯ.

Худи Ҳасан Ёдгоров дар мурофиаи судӣ вақте дар бораи шиканҷа шудану ба таври маҷбурӣ нишондоди худиқрорӣ додан нақл мекард, исми Раҷабалӣ Шернаев, собиқ муфаттиши Прокуратураи шаҳри Турсунзодаро ба забон овард.

Агар қотили аслӣ пайдо намешуд...

Ҳасан Ёдгоров ба иттиҳоми қатли пешхидмати рус Дмитрий Каримов боздошт шуда, аз моҳи ноябри соли 2017 то миёнаҳои соли 2018 дар ҳабс қарор дошт. Дар пайи шиканҷа иттиҳомоти қатли Дмитрий Каримовро ба гардан мегирад, вале баъд аз ёфтани қотили ҳақиқӣ озод карда мешавад.

Дар наворе, ки моҳи декабри соли 2017 телевизиони Тоҷикистон пахш намуд, Ҳасан Ёдгоров нақл кард, ки чӣ гуна “ба тарафи чапу рост ва қафаси синаи Дмитрий Каримов зарба зада, вайро кушт". https://www.google.com/url?q=https://www.ozodi.org/a/court-three-police-torture/30107638.html&sa=D&source=hangouts&ust=1622535315022000&usg=AFQjCNFtE2td62mCowNpTvjH4r7fipVAoA

Ҳасан Ёдгоров вақте аз ҳабс озод шуд, ки гумонбари асосӣ дар ҷинояти куштор тасодуфан ошкор ва боздошт шуд.

Пас аз озод шудани Ҳасан Ёдгоров мақомот нахуст Шералӣ Азизову Саъдӣ Давлатмуродзода ва сипас Эраҷ Наимовро боздошт намуданд.

Бархе ҳуқуқшиносон мегӯянд, қазияи шиканҷа шудани Ҳасан Ёдгоров бозгӯкунандаи он аст, ки худсариву хунукназарӣ ва амалҳои ғайриқонунии кормандони мақомоти интизомӣ дар нисбати афроди гумонбар то ҳанӯз идома дорад. Ба қавли баъзе ҳуқуқшиносон, сатҳи пасти касбият, бо ҳар роҳу восита ба вазифа таъин шудану набуди назорати ҷиддӣ боиси анҷоми тафтишҳои ғайримунсифона шудааст. Як намунаи рӯшани чунин хунукназарӣ ва анҷоми корҳои ғайриқонунӣ шиканҷа додани Ҳасан Ёдгоров гуфта мешавад, ки ба қавли худи ӯ, на ҳама онҳое, ки азияту шиканҷааш додаанд, боздошт шудаанд.

Ба гуфтаи роҳбари Гуруҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Гулчеҳра Холматова, «татбиқи шиканҷа намудан ва истифодаи далелҳо, ки бо ёрии он гирифта шудааст, ҳамаи низоми адолати судиро вайрон намуда, волоияти қонунро халалдор намуда, боварии ҷомеаро ба имконияти ин низом бобати таъмини адолати судӣ коста мегардонад. Ҳар як қурбонӣ дарду азоби тоқатфарсоро аз сар мегузаронад ва аз ҳама бадаш, ӯ умед ба адолат ва бовариро ба давлат аз даст медиҳад. Дар ин маврид қурбониён зиёдтар осебпазиранд, зеро баррасии парванда чор сол идома менамояд. Парвандаи ҷиноятӣ ба тафтиши иловагӣ бо қайди “нопуррагии далелҳо барои эътирофи гуноҳ ва таъини ҷазо” фиристода мешавад. Бинобар ғайрикасбӣ баррасӣ намудани парвандаи ҷиноятӣ, ба Ёдгоров Ҳ. ва модари ӯ зарур омад, ки такроран дар ҳаракатҳои тафтишотӣ иштирок намуда, бо ин восита мавриди виктимизатсияи такрорӣ қарор гиранд. Шиканҷа ва дигар намуди муносибатҳои бераҳмона, пастзанандаи шаъну эътибор метавонанд ба ҷабрдидагон ва аъзои оилаи онҳо таъсири манфӣ расонанд. Шармнокӣ, пастзанӣ ва аз даст додани шаъну эътибор дар аксар мавридҳо бо стигматизатсияи онҳо дар ҷомеа ва зудҷудокунии онҳо аз ҷомеа мешавад. Ихтилои баъди зарбаи равонӣ ҳам ба худи қурбониён ва ҳам ба наздикони онҳо таъсир расонида, метавонад дар наслҳои оянда таъсиргузор бошад. Давлат уҳдадор аст, ки дастрасиро ба барномаҳои дарозмуддати офиятбахшӣ барои ҳамаи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона, барои ҷуброн ва офиятбахшии шахсони мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қароргирифта таъмин намояд. Давлат бояд ҳамаи механизмҳои зарурии байналмилалиро ратификатсия намуда, мутобиқати пурраи меъёрҳои қонунгузории миллиро ба стандартҳои байналмилалӣ таъимин намояд”.

Шиканҷа - мушкиле, ки солҳо боз ҳал намешавад

Дар Тоҷикистон масълаи шиканҷа намудани боздоштшудаҳо дар гузашта низ борҳо садо додааст. Мақомот мегӯянд, ки дар пайи танқидҳои зиёд муҷозотро барои бадрафторию шиканҷа сангинтар намудаанд. Аммо нигарониҳои баъзе хонаводаҳо аз шиканҷа шудани наздиконашон ҳоло низ ба гӯш мерасанд. Тибқи қонунгузориҳои Тоҷикистон, шахсе, ки даст ба шиканҷа мезанад, то 15 сол аз озодӣ маҳрум хоҳад шуд. Бо вуҷуди пешбинӣ шудани чунин муҷозот, бархе ҳуқуқшиносон мегӯянд, ки шиканҷа дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам ба як мушкили доғ табдил ёфтааст.

Дар гузориши Амрико дар бораи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар соли 2020-ум зикр шудааст, ки шиканҷа дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон дар соли гузашта кам нашудааст. Созмони Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки танҳо дар соли 2020-ум 25 шикоят дастрас кардаанд, ки марбут ба ҳолатҳои шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмонаву пастзанандаи шаъну шараф мебошанд.

Ёдгоров Ҳасан ва модари ӯ давоми 4 сол дар суроғи адолат боварии худро аз даст надодаанд. Онҳо дар мурофиаҳои судӣ иштирок намуда, ҳар дафъа ҳолатҳои қаблиро ба ёд оварда, паст задани шаъну шарафи худро боз як бори дигар аз пеши назар мегузаронанд ва ин сарнавишт барои онҳо хотима намеёбад. Дар натиҷа, андуҳи ба саломатӣ зараровари онҳо ба охир намерасад.

NoTorture.Tj