Ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва рӯзноманигорон ҷанбаҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоотро омӯхтанд

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва рӯзноманигорон ҷанбаҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоотро омӯхтанд

Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» рӯзҳои 2-3 декабри соли 2013 дар толори меҳмонхонаи «Меркурий» давраи омӯзишӣ дар мавзӯи «Кафолатҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот» баргузор кард.

Мақсади чорабинии мазкур мусоидат ба намояндагони Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, ҳимоятгарон ва кормандони ВАО ҷиҳати ба даст овардани маълумоти дорои аҳамияти ҷамъиятӣ оид ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ мутобиқ ба меъёрҳои миллию байнулмилалии дастрасӣ ба иттилоот буд.

Бино ба маълумоти ҳамоҳангсози лоиҳаи «Ҷанбаҳои ҳуқуқии дарстрасӣ ба иттилоот» Шоира Давлатова, дар ин давраи омӯзишӣ 25 нафар намояндагони созмонҳои аъзои Эътилоф ва рӯзноманигороне, ки масоили адолати судии ҷиноятӣ ва пешгирии шиканҷаро инъикос мекунанд, инчунин ҳимоятгарон аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ ширкат варзиданд.

Ба ҳайси коршиноси чорабинии омӯзишию амалӣ мушовири калони Иттиҳодияи ҷамъиятии «Гурӯҳи шарикони Претседент» Фотима Якупбаева аз шаҳри Бишкеки Қирғизистон фаъолият кард.

Дар ҷараёни давраи омӯзишӣ коршиноси байнулмилалӣ ба иштирокдорон тарзу усули муассири дастрас кардани иттилооти дорои аҳамияти ҷамъиятиро, ки шарикони қирғизӣ муваффақона ба кор мебаранд, тавзеҳ дод.

Чорабинии мазкур бо мусоидати молиявии Бунёди миллии дастгирии мардумсолорӣ (NED) гузаронида шудааст.

Маълумот: Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» созмони ҳомии ҳуқуқ буда, аз гурӯҳи адвокатҳои дорои иҷозатнома ва ҳуқуқшиносон иборат мебошад, ки манфиатҳои аҳли ҷомеаро ҳимоя мекунанд. Ташкилот иқтидори таҳлилӣ низ дорад. Ба лоиҳа ҳуқуқшиносон ва адвокатҳои амалкунандае, ки дар давраҳои омӯзишӣ оид ба ҳуқуқи ВАО ширкат варзида, дорои таҷрибаи корӣ дар масоили дастрасӣ ба иттилоот ва фаъолияти ВАО мебошанд, ҷалб шудаанд.

NoTorture.Tj