Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Наздикони Баҳромиддин Шодиев, як сокини Душанбе, ки ду сол қабл, пас аз боздошт аз сӯи маъмурони пулис фавтида буд, 180 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ талаб карданд.
Баҳромидин Шодиеви 28-сола моҳи октябри соли 2011 аз тарафи маъмурони милисаи ноҳияи Шоҳмансур бо иттиҳоми дуздӣ боздошт шуда ва пас аз даҳ рӯз дар беморхонаи Қарияи боло даргузашт. Пайвандонаш мегӯянд, ки ӯ қурбони латукӯби кормандони милиса шуд.
Модари Баҳромиддин Шодиев ба Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ариза навишта талаб кардааст, ки Вазорати корҳои дохилиро водор кунад, то барои зарари воридаи маънавӣ, ба хонаводаи онҳо 180 ҳазор сомонӣ пардохт намояд.
Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеи наздикони Баҳромиддин Шодиев рӯзи 2-юми апрел ба «Озодӣ» гуфт, ки Ниёзбӣ Бӯриева-модари Баҳромиддин Шодиев бо ариза ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат карда, аз Вазорати корҳои дохилӣ талаби пардохти 180 ҳазор сомонӣ кардаанд. Ба қавли хонум Холматова, ин ариза дар охирҳои моҳи гузашта пешниҳод шуда буд, аммо Вазорати корҳои дохилӣ то кунун дар робита ба ин қазия изҳори назар накардааст.
Дар ҳамин ҳол дар Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур таъйид карданд, ки аризаи пешниҳодии хонаводаи Баҳромиддин Шодиев ба дасти онҳо расидааст ва дар ҳафта ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Ҳамзамон Ниёзбӣ Бӯриева, модари Баҳромиддин Шодиев, гуфт, ки сарфи назар аз шикоятҳову талошҳои вай, танҳо як нафар ҳамагӣ ду сол муҷозот шуд, ки ин аз рӯйи адолат нест. Вай мегӯяд, ки бояд боз 3 нафари дигар, ки фарзандаш аз онҳо ном бурда буд, ки онҳо ба ӯ барқ мондаанду латтукӯбаш карданд, ҷазо медиданд. Ниёзбӣ Буриева меафзояд, ки то ҳоло беадолатии додгоҳро дар мавриди беҷазо мондани дастандаркорони марги фарзандаш намебахшад.
Танҳо пас аз ду соли таҳқиқи парвандаи марги Баҳромиддин Шодиев, ҳукми айбдоршаванда дар марги ин сокини Душанбе, рӯзи 11-уми феврали соли равон дар ҳузури волидону наздикони фавтида эълон шуд. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур собиқ муфаттиши ШКД-и ин ноҳия Абдураҳмон Додовро барои хунукназарие, ки сабаби марги Шодиев шудааст, ба 2 соли зиндон дар муассисаи ислоҳи меҳнатӣ маҳкум кард.
Наздикони Баҳромиддин Шодиев гуфтанд, ки маҳкумият ба ду соли зиндон, барои куштор ҳукми одилона нест. Идораи ҳуқуқи башар, як созмони мудофеи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ҳангоми эълони ҳукми додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур тасмим гирифт, ки дар нисбати ҳукми айбдоршудагон дар марги Баҳромиддин Шодиев ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд то тарафи ҷавобгар ба хонаводаи ӯ пардохти зарари маънавӣ кунад.
Аз ин қабл, дар моҳи марти соли ҷорӣ Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро муваззаф кард, то ба хонаводаи Сафаралӣ Сангов, як сокини 30-солаи Душанбе беш аз 46 ҳазор сомонӣ ҷуброн пардохт намояд.
Давлатхонум Ҳикматова, ҳамсари Сафаралӣ Сангов, аз додгоҳ хоста буд, то Вазорати корҳои дохилӣ барои зарари маънавӣ ва молӣ, ба ӯ 150 ҳазор сомонӣ товон диҳад.
Сафаралӣ Сангов моҳи марти соли 2011 бо ҷароҳатҳои вазнин аз шӯъбаи дувуми милисаи ноҳияи Сино ба бемористон оварда шуд, аммо ӯ баъди 4 рӯз даргузашт. Пайвандонаш марги ӯро натиҷаи шиканҷа ва латукӯб медонанд.