Пардохти ҷарима ба хонаводаи як қурбонии шиканҷа дар Тоҷикистон

Пардохти ҷарима ба хонаводаи як қурбонии шиканҷа дар Тоҷикистон

Вазорати адлияи Тоҷикистон ба ҳамсари Исмоил Бачаҷонов, ки дар яке аз зиндонҳои ин кишвар дар асари шиканҷа даргузашта буд, 30 ҳазор сомонӣ ҷарима пардохтааст.

Савринисо Гулова, модари се фарзанд ва ҳамсари Бачаҷонов, дар шикояти худ, ки тайи ҳудуди як соли ахир дар додгоҳи ноҳияи Сомонӣ баррасӣ мешуд, аз аз Идораи умури зиндонҳои ин вазоратхона пардохти 655 ҳазор сомонӣ ҷаримаро тақозо дошт. Аммо хонуми Гулова ба далели тӯл кашидани баррасии парванда ва вазъи вахими молии худ пешниҳоди Идораи умури зиндонҳои Тоҷикистонро барои мусолеҳаи додгоҳӣ дар ивази 30 ҳазор сомонӣ пазируфтааст.

Тасмим дар бораи мусолиҳаи Савринисо Гулова бо мақомоти Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи душанбеи 4-уми март дар ҷаласае дар пушти дарҳои баста иттихоз шуд. Аз манофеи Савринисо Гулова дар баррасии шикояташ дар додгоҳ Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Душанбе ҳимоят мекард.

Сергей Романов, раиси ин марказ, мегӯяд: "Албатта, қатъи парванда дар ивази 30 ҳазор сомонӣ он чизе нест, ки мо мехостем. Аммо ин тасмими муваккили мост ва мо бояд хоҳиши ӯро эҳтиром кунем". 

Ба гуфтаи оқои Романов, вазъи бади молии Савринисо Гулова ӯро водор ба қабули муомилаи Вазорати адлия кардааст. Ӯ мегӯяд: "Вазъи саломат ва молии ин зан хеле вахимтар аз он аст, ки метавонед тасаввур кунед. Ва ӯ аз додгоҳ хаста шуда буд. Розӣ шуд, ки фақат бо дарёфти 30 ҳазор сомонӣ бо идораи умури зиндонҳо мусолиҳа кунад".

Ба гуфтаи вукалои мудофеъи хонуми Гулова, дар сурати қабул накардани пешниҳоди идораи умури зиндонҳо имкон дошт ин қазияи додгоҳӣ хеле тӯл бикашад. Ин қазия аз мавориди нодири тақозои ҷарима барои шиканҷа дар Тоҷикистон аст.

Гуфта мешавад Идораи умури зиндонҳои Тоҷикистон қаблан ба чанд хонавода, ки дар қазияи фирор аз зиндон пайвандони худро аз даст дода буданд, ҷарима пардохтааст.

Исмоил Бачаҷонов, шавҳари Савринисо Гулова, ки дар соли 2009 ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир маҳкум ба зиндон шуда буд, соли 2011 дар яке аз зиндонҳои Тоҷикистон бар асари латукӯби зиндонбонҳо даргузашт. Додгоҳе дар шаҳри Душанбе дар робита бо ин ҳодиса се корманди боздоштгоҳи Вазорати адлияи Тоҷикистонро барои 8 сол ва як корманди дигарро барои се сол равонаи зиндон кард. Пас аз иҷрои қонуни афв нисбат ба ин афрод, як нафар аз онҳо аз зиндон озод шуда ва муҳлати маҳкумияти ду нафари дигар то шаш сол коҳиш дода шуд.

Мусолиҳаи пайвандони қурбониёни шиканҷа бо Идораи умури зиндонҳои Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки созмонҳои байналмилалӣ мукарраран аз мавориди густардаи шиканҷа ва озори боздоштшудагон дар муассисоти бастаи ин кишвар ибрози нигаронӣ мекунанд. Созмони Афви Байналмилал ахиран дар гузорише навишт: "Шиканҷа, латукӯб ва озор дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон амре маъмулӣ шуда ва фазои фасод ва бемуҷозот мондани омилони шиканҷаро густариш медиҳад". 

Парлумони Тоҷикистон дар оғози соли гузашта бо ислоҳи қонуни кайфарии ин кишвар барои истифода аз шиканҷа алайҳи боздоштшудагон муҷозоте таъйин кард, ки бо истиқболи гарми созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар мувоҷеҳ шуд. Бо ин вуҷуд, ҳуқуқдонҳо мегӯянд, ки собит кардани иртикоби ҷурм дар муассисоти бастаи Тоҷикистон, бавижа шиканҷаву озор, кори сахтест.

Тайи чанд соли ахир созмони Салиби Сурх дар мавриди гирифтани иҷозаи вуруди ғайримунтазира ба боздоштгоҳҳо ва зиндонҳо музокира мекунад. Вале ин музокирот то ҳол бенатиҷа будааст.

Би-Би-Си