Парвина Наврӯзова: қисми зиёди тавсияҳои мо ба лоиҳаи Нақшаи амал оид ба амалисозии ислоҳоти маҳбасҳо ворид карда шуд

Ҳамсуҳбати мо Парвина Наврӯзова аз ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон», солҳо боз дар кишвар стандартҳои Протоколи Истамбулӣ - ҳуҷҷатеро, ки барои тафтиши самараноки ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона кумак мерасонад, пеш мебарад.

- Иҷрои стандартҳои Протоколи Истамбулӣ барои тафтиши самараноки ҳолатҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона муҳим аст. Ин стандартҳо хусусан дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ дар давраи пандемия то куҷо самаранок амалӣ гардидаанд?

- Мониторинги фаъолияти муассисаҳои тиббии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мутобиқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ дар давраи пандемия тавассути мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ амалӣ гардид.

Аммо дар робита ба пешгирии сирояти коронавирус муҳайё сохтани вохӯриҳои кӯтоҳмуддату дарозмуҳлат барои хешовандони маҳбусон муваққатан манъ карда шуд. Ба замми ин, мо худ аз сабаби хатари сироятёбӣ барои гузаронидани мониторингҳо омода набудем.

Аз ҳамин хотир, мо қисми бештари кори худ, аз ҷумла чорабиниҳои марбут ба боло бурдани иттилоотнокии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва стандартҳои СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар давраи пандемия дар ҷойҳои маҳрумият аз озодиро ба таври онлайнӣ гузаронидем.

Аз ҷумла, ба раёсати тиббии СРИҶҶ ВА ҶТ маводи иттилоотии Пешниҳодҳои Зеркумита оид ба пешгирии шиканҷа ба давлатҳои иштирокчӣ ва механизмҳои миллии пешгирикунанда дар робита ба пандемияи коронавирус (25-уми марти моли 2020 қабул шудааст) дастрас карда шуд.

Инчунин, ташкилот дар системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар қисми ислоҳоти тандурустӣ ва озодӣ аз шиканҷа фаъолона ислоҳот гузаронид.

- Тақдири ояндаи Стратегияи ислоҳоти маҳбасҳо чӣ гуна аст?

- Тавре медонед, 25-уми июни соли 2020 Стратегияи нави ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардид. Дар робита ба ин, зарурати коркарди муфассали Нақшаи амал оид ба амалисозии Стратегияи мазкур пеш омад.

Моҳи августи соли гузашта мо дар якҷоягӣ бо СРИҶҶ ВА ҶТ бо иштироки намояндагони мақомоти гуногун, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайра ҷаласаи корӣ гузаронидем. «Маркази ҳуқуқи инсон» як қатор пешниҳодот омода намуд, ки тасдиқ ва ба Нақшаи амали Стратегия ворид карда шуданд. Миёни онҳо тавсияҳоеро аз қабили таҳияи барномаҳои маҷмуии офиятбахшии айбдоршавандагон, судшавандаҳо, маҳбусон, гузаронидани мониторинги мустақили ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз ҷониби ташкилотҳои ҳуқуқҳимоякунанда, коркарди механизми тафтишот аз рӯйи тамоми ҳолатҳои фавт дар системаи пенитенсиарӣ ва ғайра вохӯрдан мумкин аст.

Тавсияҳои пешниҳодшуда тибқи шартҳои Протоколи Истамбулӣ таҳия карда шуданд. Лоиҳаи Нақшаи амал бо забони русӣ тарҷума ва барои омӯзиш ба Ҳукумат пешниҳод карда шуд.

Ба ғайр аз ин, дар якҷоягӣ бо СРИҶҶ ВА ҶТ мо Консепсия оид ба офиятбахшии маҳбусон ва системаи баҳогузории хатарҳо ва таснифоти маҳбусонро таҳия кардем. Умедворем, ки Консепсия барои таҳияи барномаҳои ҷудогонаи офиятбахшии маҳбусон дар доираи амалисозии Стратегияи мазкур ҳуҷҷати асосӣ мешавад.

Баъди тасдиқ шудани Нақшаи амал, мо ният дорем, ки дар соли 2021 хусусан дар мавриди иҷроиши он, аз ҷумла таҳияи барномаҳои офиятбахшии маҳбусон, инчунин пурзӯр кардани фаъолияти назоратии Институти чораҳои интизомии ҷазо, ғизову табобати маҷбурӣ, ки меъёрҳои мазкур ҳуқуқҳои маҳбусонро ба озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона нақз мекунанд, фаъолона корбарӣ намоем.

Ҳамзамон, мо дар таҳияи Нақшаи амал ба Лоиҳаи Стратегияи миллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон барои то соли 2030 фаъолона иштирок намудем, ки қисман тавсияҳо дар самти амалисозии стандартҳои Протоколи Истамбулӣ дар фаъолияти мақомоти тафтишотӣ, инчунин системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ пешниҳод карда шуданд.

- Тавре маълум аст, чанд сол пеш шумо барои омӯхтану амалисозии стандартҳои Протоколи Истамбулӣ вохӯриву чорабиниҳо гузаронида будед. Ҳоло ки шартҳо андаке маҳдуданд ва бисёриҳо ба низоми кори онлайнӣ гузаштаанд, фаъолнокии шумо дар ин самт суст нашудааст?

- Мо тариқи онлайнӣ ҳам корамонро фаъолона идома медиҳем. Дар робита ба пандемияи сирояти коронавирус гузаронидани чорабиниҳои гуногун ба таври муқаррарӣ хавф дошт. Аз ҳамин хотир, дар соли 2020 замимаи мобилӣ ва Бот дар Телеграм таҳти унвони «Ман ва ҳуқуқҳои ман» таҳия карда шуд. Замимаи мобилӣ тавсияҳо барои қурбониёни зӯроварӣ (қурбониёни шиканҷа ва хушунати хонаводагӣ, шахсони гирифтори ВИЧ, хизматчиёни ҳарбӣ), адвокатҳо, равоншиносону табибон, аз ҷумла шарҳи ҳуқуқҳои онҳо ва кафолатҳо, механизмҳои ҳимояи ҳуқуқӣ, баҳогузории оқибатҳои ҷисмониву равонии зӯроварӣ, пардохти ҷубронпулӣ, воситаҳои тамос бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ташкилотҳои ғайридавлатие, ки бевосита ба масоили тафтиши чунин парвандаҳо машғуланд ва расонидани дастгирии ройгони ҳуқуқӣ, тиббиву равониро дар бар мегирад.

Замимаи мобилӣ ва Бот дар Телеграм аз ҷониби коршиносони «Маркази ҳуқуқи инсон» дар якҷоягӣ бо аъзову шарикони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ таҳия гардида буд.

Ба замми ин, бо мақсади паҳн намудани замимаи мобилӣ «Маркази ҳуқуқи инсон» дар доираи чорабинии байналмилалии «16 рӯзи фаъолият муқобили зӯроварии гендерӣ» маъракаи иттилоотии «Ман ва ҳуқуқҳои ман»-ро роҳандозӣ намуд.

Дар давраи гузаронидани чорабинӣ аз 19-уми ноябр то 29-уми декабри соли 2020 матолибро дар доираи маъракаи иттилоотӣ 52 727 нафар хондаанд.

NoTorture.Tj