Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
11-уми июли соли 2022 сокини ноҳияи Восеъ Салимова Шарофат ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 237-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ) пешбинигардида боздошт карда шуд. Ин зан аз шиканҷа, бадрафторӣ ва таҳқир ҳангоми боздошт шикоят кард. Маълумоти бештар дар бораи ҳодиса бо суроғаи https://www.youtube.com/watch?v=XAhVuS04cQI..
Шарофатро дар тавқифгоҳи муваққатӣ се рӯз нигоҳ дошта, танҳо пас аз дахолати раиси ноҳияи Восеъ аз боздоштгоҳ раҳо карданд ва пас аз он комиссия барои таҳқиқи ин ҳодиса таъсис ёфт. Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба Шарофат Салимова барои шикоят аз муносибати бераҳмона ва таҳқиркунандаи шаъну шараф нисбати ӯ хизматрасонии адвокатӣ пешниҳод кард.
Аввали моҳи июл Шарофат ва бародараш, ки низ аз амалҳои ғайриқонунии кормандони ШВКД дар ноҳияи Восеъ зарар дидааст, дар бораи ҷиноят ба Прокуратураи генералии ҶТ ва ҳамзамон ба Прокуратураи ноҳияи Восеъ бо дархости ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани кормандони ШВКД шикоят бурданд. Адвокат оид ба ғайриқонунӣ будани боздошти зерҳимояаш ба Прокуратураи ноҳияи Восеъ низ муроҷиат кардааст.
Ариза дар бораи ҷиноят як қатор зинаҳоро гузашт: аз Прокуратураи генералии ҶТ ба Прокуратураи вилояти Хатлон, аз он ҷо ба Прокуратураи минтақавии Кӯлоб, ки дар навбати худ онро барои санҷиш ба Прокуратураи ноҳияи Восеъ фиристодааст.
18-уми августи соли 2022 Прокуратураи ноҳияи Восеъ аз оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ худдорӣ карда, изҳор дошт, ки далелҳои Салимова Ш. тасдиқи худро наёфтаанд. Адвокат аз рад шудани оғози парвандаи ҷиноятӣ ба Прокуратураи минтақавии Кӯлоб шикоят бурда, талаб намуд, ки маводҳоро аз Прокуратураи ноҳияи Восеъ барои тафтиши ҳаматарафа ва объективӣ ба истеҳсолоти худ гирад.