Шикояти хонаводаи марҳум Гадозода аз шиканҷа шудани фарзандашон

Хонаводаи марҳум Гадозода Меҳроҷиддин оид ба дар ШВКД дар шаҳри Ваҳдат ба ҳалокат расидани писарашон ба мақомоти болоии ҳифзи ҳуқуқ шикоят намуданд.

Гуруҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои марҳум Гадозода Меҳриддин, ки ба гуфтаи мақомоти корҳои дохилӣ санаи 10-уми апрели соли равон барои гурехтан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ худро аз тирезаи ошёнаи 3-юми ШВКД дар шаҳри Ваҳдат поён партофтааст, ҳимоятгар ҷудо намуд.

Айни ҳол аризаҳо оид ба содиршавии ҷиноят ва ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани гунаҳгорон аз номи падари марҳум Гадозода М. - Гадоев Ф. ва ҳимоятгар ба Прокуратураи генералӣ, Маҷлиси Олӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шудаанд. Ҳамчунин, ба Прокуратураи генералӣ дархост оид ба талаб карда гирифтани парвандаи ҷиноятӣ аз Прокуратураи шаҳри Ваҳдат ва гузаронидани тафтиши пешакӣ аз тарафи худи Прокуратураи генералӣ пешниҳод гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки санаи 10-уми апрели соли ҷорӣ ҳодисаи аз ошёнаи сеюми ШВКД дар шаҳри Ваҳдат афтода ба ҳалокат расидани шаҳрванд Гадозода Меҳроҷиддин дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар расонаҳои хабарӣ сарусадои зиёдеро ба миён овард.

Масъулони Вазорати корҳои дохилӣ шаби 10-уми апрел дар хабарномае гуфтаанд, ки Меҳриддин Гадозодаи 31-сола бо мақсади гурехтан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ худро аз ошёнаи сеюми бинои ШВКД дар шаҳри Ваҳдат ба поён партофтааст. Вале хонаводаи марҳум ин назари мақомотро нодуруст ҳисобида, бар он назаранд, ки писарашон на дар натиҷаи аз баландӣ афтодан, балки зери таъсири азобу шиканҷа ба ҳалокат расидааст, зеро ҷароҳатҳои бадани марҳум ба ҷароҳати шахси аз баландӣ афтода монанд набудааст.

Вобаста ба ҳолатҳои кор нисбати парвандаи мазкур маълумоти иловагӣ нашр карда мешавад.

NoTorture.Tj